Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Табларза шикаст пайкарашро,
Табхол газид шаккарашро.
Болин талабид зодсарваш
В-аз сарв фитода шуд тазарваш1
Афтод чунон ки дона аз кишт,
Сарбанди касаб ба рӯи ӯ хишт.
(Низоми)
Сарви озоди Лайлӣ аз беморӣ болин талабид ва тазарваш аз болои сарв фурӯ афтод, яъне мурд ва ба тавре ки дона — хӯша аз ниҳоли худ меафтад, Лайлӣ ҳам афтод ва рӯймоли шо- ҳӣ ба рӯяш пӯшида гашт.
Бинобар ин шарт нест, ки ташбеҳи мураккаб мутлақо аз ғайри адоти ташбеҳ ташкил ёбад.
Дар ташбеҳи мураккаб, чунонки дар баъзе мисолҳои бо- лой дида мешавад, гоҳо адоти ташбеҳ низ ба кор меравад, дар он сурат ки ҷумла ҷумлаи мураккаби тобеи монандӣ бошад, дар ҷумлаи пайрав истеъмол меёбад:
Манам хӯ карда бар бӯсаш
Чунон чун боз бар муста2.
Чунон бонг орам аз бӯсаш,
Чунон чун бишканам писта.
(Рӯдакӣ).
Боз як намуди дигари ташбеҳи мураккаб мавҷуд аст, ки шо- ир дар зеҳни худ чизеро ба як чизи дигар муносибе аз ғайри зикри адоти ташбеҳ монанд мекунад. Ин гуна ташбеҳ зеҳнӣ ва тасаввурӣ буда, хеле дилчасп аст. Мо намунаи ин ташбеҳ- ро дар осори Камол, Бедил, Сайидо, Туғрал ва ғайра тасодуф мекунем:
Номи моҳ бурдам шабе, рӯи туам омад ба ёд,
Дар дили шаб ҳалқаи мӯи туам омад ба ёд,
Ашкро дидам ба сар ғалтон миёни хоку хун,
Куштагони чашми ҷодуи туам омад ба ёд.
Чун шунидам зикри тӯбӣ гаҳ баланду гоҳ паст,
Эътидоли қадди дилҷои туам омад ба ёд.
Мекушудам ҳамчу гул авроқи девони Камол,
Бӯи ҷон омад аз он, бӯи туам омад ба ёд.
(Камол)
Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад,
Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад.
(Ҷомӣ)
Фаромӯш набояд кард, ки гоҳо дар дохили ташбеҳи мурак- каб якчанд санъати бадеӣ мавҷуд аст. Махсусан истиора, таш- хис, ирсоли масал, таносуби калом ва монандӣ инҳо дида ме-
1 Т а з а р в — кирковул, мурғи хурӯсмонанди саҳрой.
2 М у с т а — тӯъмаи ҷонварон, мурғони шикорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё