Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

шавад ва ҳама дар сурати кул як ташбеҳи мураккабро ташкил мекунанд. Масалан, дар ин байтҳо:

Ба сӯзи ишқ шоҳонро чӣ кор аст,
Ки санги лаъл холӣ аз шарор аст.

Зи дарди ишқ шаҳ бегона бошад,
Ки ҷон ганҷ дар вайрона бошад.

Санъати ирсоли масал иллат ва далели мисраи якумӣ шуда омадааст, яъне ташбеҳи мураккаб ба воситаи ирсоли масал сурат гирифтааст.

Ё ин ки дар ин байти Ҳилолӣ:

Зоҳир аст аз ҳалқаҳои зулф моҳи оразат,
Дар миёни соя он ҷо офтоб афтодааст.

Мазмуни мисраи аввал дар мисраи дуюмӣ боз ҳам барҷастатар ва нозуктар ифода ёфтааст. Офтоб ба ҷои рӯй ва соя ба ҷои зулф истиора шудааст ва гӯё офтоб дар байни соя воқеъ шудааст ва ҷо-ҷо аз байни ҳалқаҳои зулф намоён шуда меистад. Агар дар мисраи аввал ораз ба моҳ ташбеҳ шуда бошад, дар мисраи дуюм рӯй ба офтоб ва зулф ба соя монанд шудааст: дар айни ҳол таносуби калом ҳам нағз риоя шуда ва ҳамааш як ташбеҳи мураккабест, ки мутобиқи воқеъ аст.

Ташбеҳоти мураккаб бештар дар осори бадеии шоироне, ки дар сабки ҳиндӣ шеърсароӣ мекунанд, мушоҳида мешавад. Аз ҷумла Носиралӣ, Бедил, Файзии Ҳиндӣ, Соиб, Ғанӣ, Шавкат ва дигар шоирон буда, мактаби махсуси адабӣ ташкил дода буданд. Ҳатто ин сабк аз Хусрави Деҳлавӣ сар шуда, бо шоирони мазкур камол ёфтааст. Дар сабки ҳиндӣ мушкилписандӣ, таъкид, истиора ва ташбеҳҳои печ дар печи хаёлӣ ҳукмфармост, ки инро шоирони содданависи лирик намеписанданд. Ҳатто Мушфиқӣ дар як шеъри худ ин сабкро танқиди сахте кардааст.

Аз рӯи маъное, ки дар натиҷаи тағйири ифода ва сохти ҷумла ба амал омадааст, ташбеҳ боз чанд хел мешавад.

Ташбеҳи баргашта

(Тафзилӣ)

Ташбеҳи баргашта он аст, ки шоир аз ташбеҳи худ бармегардад ва монандшавандаро аз монандкунанда афзал мешуморад. Ин навъ ташбеҳро ташбеҳ-ул-марҷӯъ низ меноманд.

Масалан, баъзан шоирон рӯйро ба моҳ ва лола ташбеҳ мекунанд, лекин баъд аз гуфтаи худ баргашта, моҳ «хусуф дорад» ва «лола нопойдор аст» гӯён аз монандкунанда айб меёбанд. Агар ба иборати дигар ифода намоем, монандшавандаро

пешина
аз 303
навбатӣ