Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар байти охир зикри анкабут ба муносибати ташбеҳи хол ба магас аст. Чунки тортанак ба атрофи магас танида онро сайд мекунад.
Муҳимтарин шарти ташбеҳ ин аст, ки ташбеҳкунанда аз ташбеҳшаванда болотар истад, сифат ва хислатҳои чизи ташбеҳкунанда аз чизи ташбеҳшаванда мукаммалтар ва олитар бошад, то ки барои беҳтар намоён шудани хислатҳои чизи ташбеҳшаванда ёрӣ дода тавонад. Нависандагони бузург ҳамеша кӯшиш кардаанд, ки дар тасвир ташбеҳкунандаҳои муносиб ёбанд, чунин монандкунандаҳое пайдо кунанд, ки барои хеле барҷаста тасвир кардани предмети ташбеҳшаванда имконият диҳад.
Чунонки дар мисоли зерин Камол ба муқобили шакарлаб рақибро ба магас ташбеҳ кардааст ва таркиби шакари бемагас бисёр муносиб афтодааст:
Бе заҳмати рақиб даме бо шакарлабе
Гар даст медиҳад, магаси бешакар бувад.
Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» дар бораи беэътидолии тахайюл фикру мулоҳизаи дуруст ва амалӣ ронда, беэътидолии тахайюлро ба панҷ қисм ҷудо мекунад: беэътидолии тахайюл дар муболиға, таносуби лафзӣ ё иҳом, истиороту ташбеҳот ва ҳусни таълил (далеловарии), ирсоли масал. Вай дар бораи беэътидолии тахайюл дар баъзе истиорот ва ташбеҳоти адабиёти классикии форсу тоҷик чунин мулоҳизаҳо овардааст.
Яке аз мавқеъҳои бузурги беэътидолии тахайюл ҳамоно дар истиорот ва ташбеҳот мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки истиора ва ташбеҳ то ҳангоме ки қарибмаҳаз (сарчашмаш наздик) буда, бо аслу воқеият муносибат ва созиш дорад, дар шеър латофат ва зебоӣ падид меоварад, вале вақте ки дар тахайюл беэътидолӣ рӯй овард, он гоҳ ташбеҳот ва истиора фаразӣ ва ғайриамалӣ воқеъ шуда, оқибат ҳолати берун аз мавзӯъро ҳосил мекунад ва ба рӯи бунёдҳои дигаре (мавҳумӣ ва ғайривоқеӣ) қоим мегардад. Чунон ки Мирзо Бедил мегӯяд:
Табассуме, ки ба хуни баҳор теғ кашид,
Ки ханда бар лаби гул нимбисмил афтода.
Аслан сурати хаёл ин будааст, ки табассуми маъшуқа аз гули нимшукуфта хушнамотар аст ва ин маъниро шоир ин тавр баён кардааст, ки табассум қотилест, ки барои рехтани хуни баҳор теғ кашидаасту зарбаташ бар гул афтодааст ва аз ҳамон зарбат аст, ки хандаи гул ба ҳоли нимбисмил боқӣ мондааст.
Беэътидолие, ки дар ин тахайюл вуҷуд дорад, ба воситаи истиорот аст: хуни баҳор, теғи табассум ва бисмил шудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё