Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

мояд ва чунон холҳои хурд менамояд, ки онро ба пои магас ҳам гузарондан мумкин нест. Ин муболигаест, ки аз иғроқ ҳам гузашта ба дараҷаи муболиғаи ғулӯ расидааст.
Дар байти дуюм Бедил аз ғаму ғусса дилтанг шудани худро ба тарзи ғулӯ тасвир кардааст. Дили шоир чунон танг шудааст, ки чашми мӯрча дар пеши дили ӯ мисли баҳри азимест ва чунон баҳри азимест, ки дар хубоби1 он осмон мегунҷад. Дар ин байт ҳам шоир дар санъати ғулӯ доди сухан додааст.
Ин байти Тоҳираи Насафӣ низ мисоли ғулӯ шуда метавонад:

Меравад аз фироқи ту хуни дил аз ду дидаам, Даҷла ба даҷла, ям ба ям2, чашма ба чашма, чӯ ба чӯ.

Ибора ва ифодаҳои муболиғадор гоҳо моҳияти ҳақиқатро нишон медиҳанд, гоҳо аз ҳудуди ҳақиқат мелаҷҷанд, ки он гоҳ муҳокимаи мантиқии онро қабул намекунад. Аммо бо ҳама ин хонанда аз он муболиға, иғроқ ва ғулӯҳо завқи бадеӣ гирифта, дар хусуси ҳолат ва чигунагии он ба таври возеҳ тасаввур ҳосил мекунад ва аз маҳорату санъат ва суханбозиҳои нависанда мафтун мегардад.
Порчаҳои зерин низ мисоли муболиғаи таблиғ, иғроқ ва ғулӯ мебошанд.

Бо сиришкам Даҷлаву Ҷайхун ду рӯди ошност,
Аз ду рӯди дидаи мо бод ёрокро дуруд4.
(Камол).

Кӯҳ аз сели сиришкам дар садо омад, бале,
Гиряи ман сангро дар нолаи зор оварад.
(Ҳилолӣ)

Барҳазар бош имшаб, эй ҳамсояи байтулҳазан³
К-аз сиришки чашми ман девор нам хоҳад кашид.
(Пури Баҳои Ҷомӣ)

Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае,
Хунбаҳои сад чаман6 аз ҷилваҳоят як адо.
(Бедил)

Эй мир, оламе зи атои ту баҳраманд,
Лутфат чаро кунад ба мани хаста моҷаро?
Аспе, ки аз барои ман инъом кардаӣ,
Он ҳам ба Каҳкашони фалак мекунад чаро.
(Сайидо)

1 Хубоб — ҳуббачаи рӯи об, ки дар вақти борон пайдо мешавад.
2 Ям — дарё.
3 Дуруд — салом.
4 Байтулҳазан — хонаи ғам, маҷозан хонаи ошиқ.
5 Ё ки «сад чаман».

пешина
аз 303
навбатӣ