Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
калимаҳои сиёҳ ва сафед (абри сиёҳ ва оби сафед) истифода шудааст, ки ниҳоз зидди якдигаранд. Дар байти дуюм ду ҳолати қаҳрамон — ханжидан ва гиристани ӯ, ки ду ҳолати зидди ҳамдигар аст, тасвир шудааст. Калимаҳои ширин ва талх сифати он ду ҳолатро ифода менамоянд ва низ сифатҳои зидди якдигаранд. Байтҳои минбаъда ҳам дар асоси ҳамин гуна тазод ва муқобила гуфта шудаанд.
Чанд мисоли тазоду муқобила аз Камоли Хуҷандӣ:
-
Агар бошад мақоли нутқ пеши ту ба рӯзи шаб, Сӯхан ҷуз аз сари зулфу узори ту чаро гӯянд.
-
Гуфтай: «Хуб резамат, то душманам дорӣ, Камол», Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.
-
Васфи қадди ту пеши абрӯи ту
Кач нишинем, рост баргӯем.
Дар байти якум шабу рӯз, ки зидди якдигар аст, зикр шудааст. Вале дар ин байт боз калимаҳои зулф ва узор (рӯй) муқобили якдигар гузошта шудаанд, зеро шоир байни шабу рӯз ва зулфу узор муносибат пайдо кунонидааст: зулф ва шаб дар сиёҳӣ ба якдигар нисбате доранд, узор ва рӯз низ дар сафедӣ молики муносибат ҳастанд. Ин аст, ки ба воситаи санъати таносуб зулфу узор на танҳо байни худ тазод воқеъ шудаанд, балки инчунин ба муқобили шабу рӯз истодаанд.
Дар байти дуюм калимаҳои душман ва дӯст тазод ҳастанд, инчунин шахси якум ба шахси дуюм муқобил гузошта шудааст.
Дар байти сеюм қад ба абрӯ муқобил монда шудааст, зеро қад рост ва абрӯ кач аст. Дар ин байт кач нишастан ва рост гуфтан ҳам тазод мебошад. «Кач нишастан» ба воситаи санъати таносуб ба «абрӯ» алоқа дорад ва «рост» ба «қад».
Дар ин байти Ҳилолӣ:
Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуш рақибест,
Дар боғи сухан як гули бехор набошад.
Калимаҳои «ҳабиб» (дӯст) ва «рақӣб» (душман), инчунин калимаҳои «боғ»-у «гул» ва «хор» тазоданд.
Дар порчаи зерини Ҳилолӣ, ки аз «Лайлӣ-ю Маҷнун»-и ӯст, дар ҳар байт ду ҳолате, ки зид ва акси якдигар аст, тасвир ёфтааст:
Лайлӣ-ю карашма бар карашма,
Маҷнуну ду чашм чун ду чашма.
Лайлӣ ба дил ҳазор роҳат,
Маҷнуни ба сина сад ҷароҳат.
Лайлӣ шароби ҳусни дар сар,
Маҷнуну дили кабоб дар бар.
Лайлӣ зи ҳусни боғ дар боғ,
Маҷнуну зи ишқ доғ дар доғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё