Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Лайли зи ду лаб фишонда гавҳар,
Маҷнун чу дар об монда шакар,
Лайли чу маҳу ситора ёрон,
Маҷнун зи мижа ситораборон,
Лайли дами субҳ пеш мебурд,
Маҷнун чу чароғ пеш мемурд,
Лайли ба карашма зулф бар дӯш,
Маҷнун ба вафош ҳалқа дар гӯш,
Лайли зи бурун паранд¹ медухт,
Маҷнун зи дарун сипанд месухт.
Лайли чу гули шукуфта меруст,
Маҷнун ба гулоб дида мешуст,
Лайли сари зулф шона мекард,
Маҷнун дӯри ашк дона мекард,
Лайли маи мушкабӯй дар даст,
Маҷнун на зи май, зи бӯи май маст,
Қонеъ шуда ин аз он ба бӯе,
В-он розӣ аз ин ба ҷустуҷӯе,
Мисоли дигар барои тазод аз Низомӣ:
Дурусташ шуд, ки ин даврони бадаҳд
Бақам² бо нил дорад, сирка бо шаҳд,
Ҳавои хонаи хокӣ чунин аст,
Гаҳе занбӯру гоҳе ангубин³ аст.
Амал бо азл⁴ дорад, меҳр бо кин.
Турӯш талх аст бо ҳар чарб ширин.
ТАФСИР
Тафсир эзоҳу шарҳ додани ягон чизи мубҳам ва иҷмол аст.
Дар адабиёти бадеӣ матлаберо ба таври иҷмол баён карда, баъд дар мисраъ ё байт ва ё ҷумлаи дигар онро шарҳу эзоҳ додан санъати тафсир ном дорад.
Аз Саъдӣ:
Асири банди шикамро ду шаб нагирад хоб:
Шабе зи меъдаи холӣ, шабе зи дилтангӣ.
Се чиз пойдор намонад: моли бетиҷорат ва илми бебақо ва мулки бесиёсат.
Ду кас ранҷи беҳуда бурд ва саъйи бефоида кард: яке ки мол гирд карду нахӯрд ва дигар он ки илм омӯхту амал накард.
Аз Шӯкӯҳӣ:
Ду кас дар деҳа имшаб хоб диданд,
Ки чорӣ дар шаби маҳтоб диданд:
Яке аз ҷӯй оби соф медид,
Дигар аз барф пур атроф медид.
¹ Паранд — матои абрешимини нафис.
² Бақам — чӯбе, ки аз он ранги сурх ҳосил мешавад.
³ Ангубин — асал.
⁴ Азл — аз кор гирифтан, аз амал ва мансаб фаровардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё