Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтам: малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳарду,
Кони намаки ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳарду.

Мисол аз Роҷии Бухороӣ:

— Қадат ба ноз чӣ?
— Сарв!
— Чӣ сарв?
— Сарви чаман.
— Лабат ба лутф чӣ?
— Лаъл?
— Чӣ лаъл?
— Лаъли Яман.

Мисоле аз Турсунзода:

Ӯ медиҳад ин гуна Ватанро ба касе? Не!
Хоҳад, ки шавад хор ба олам нафасе? Не!
Хоҳад, ки фитад мурғи дилаш дар қафасе? Не!

Монад, ки расад бар сари қабри ту хасе? Не!
Ин хобу хаёлест, ки доранд фашистон.

ТАҶОХУЛИ ОРИФ

Шоир гоҳе дар лаҳзаҳои пуризтироб ва ҳаяҷонноки тасвир худ ба худ паси ҳам суолҳо медиҳад. Ғараз аз ин суолҳо ҷавоб гирифтан набуда, балки афкор ва эҳсосоти қалбиро боз ҳам ба таври равшантар, возеҳтар ва мутаассиртар адо кардан, мухотабро ба ҳайрат андохтан ва қаноат ҳосил намудан аст. Бинобар он ки ин гуна суолҳо таҷоҳулона мебошанд, яъне шоир худро ба нодонӣ зада суол медиҳад ва дар айни ҳол худи суол ҷавоб мешавад, ин гуна санъатро дар илми бадеъ таҷоҳули ориф меноманд, ки дидаву дониста, вале худро ба нодонӣ зада пурсидан аст. Ин маънӣ ба таъбири барҷастаи халқӣ гӯлпурсӣ номида мешавад.

Мисол аз Рӯдакӣ:

Сарв аст он ё боло, моҳ аст он ё рӯй?
Зулф аст он ё чавгон, хол аст он ё гӯй?

Мисол аз Унсурӣ:

Агар нагашт абрӯш ошиқ, чанд бошад кӯжпушт?
В-ар на май хӯрдаст чашмаш, чанд бошад пурхумор.

Мисол аз Шопури Нишопурӣ:

Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат ё дили ғамхори ман?
Шаб сияхтар ё дилат ё холи ман ё холи ту?
Шаҳд хуштар ё лабат ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар ё дурр ё дандони ту?

пешина
аз 303
навбатӣ