Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Қомати ту росттар ё сарв ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?
Меҳру маҳ рахшандатар ё рои ман ё рӯи ту?
Осмон гардандатар ё ҳӯи ту ё кори ман?
Въздан ту кӯҷтар1 ё пушти ман ё абрӯват?
Қавли ту беаслтар ё бод ё пиндори ман?
Сабри ман кам ё вафои некувон ё шарми ту?
Хубии ту бештар ё андӯҳу тимори2 ман?
Чашми ту хунрезтар ё чарх ё шамшери шоҳ?
Ғамзаи ту тезтар ё теғ ё бозори ман?

ТААҶҶУБ

Яке аз санъатҳои бадеӣ санъати тааҷҷуб аст. Шоир дар вақти тасвири ягон лавҳаи бадеӣ бо роҳи тааҷҷуб ва ҳайрат чизеро мепурсад ва ӯ аввал фикри пештараи худро рад карда, баъд бо роҳи изҳори сифат ва хислатҳои чизи аввал рад кардашуда матлаби худро собит мегардонад. Ҳамин усули тасвирро санъати тазҷҷуб меноманд.
Мисол аз Унсурӣ:

Нест Монӣ абр, пас чун боғ аз ӯ Артанг3 шуд?
Нест озар бод,4 пас чун боғ аз ӯ шуд пурингор5?
Чун дарахти гул, ки ҳарчанд абри наврӯзаш ҳаме Бештар шӯяд мар-ӯро, бештар гардад нигор.
Пеш аз ин аз гул гулоб омад, ҳаме в-акнун нигор К-аз гулоб ояд ҳаме гул, нодир6 аст ин рӯзгор.

Унсурӣ:

Гар на мушк аст, аз чи маънӣ аз сари зулфайни ёр Мушкбезу мушкбӯю мушхрангу мушкбор?
Гар дили моро набаст, аз худ чаро шуд банд-банд?
В-ар қарори мо назад ӯ худ чаро шуд барқарор?
Гар нашуд абрӯш ошиқ, аз чӣ бошад кӯзпушт?
В-ар на маҳмур аст чашмаш, чанд бошад дар хумор?
Ҳеҷ кас дидаст моҳе, к-андар ӯ сунбул дамад?
Ҳеҷ кас дидаст сарве, к-офтоб орад ба бор?

РУҶУЪ

(Бозгашт)

Санъати руҷӯъ ё бозгашт аз он иборат аст, ки нависанда тасвири худро бо калима ва ибораҳои боз ҳам барҷаставу латифтаре иваз ва тасҳеҳ кардани мешавад. Нависанда дар

1 Кӯҷ — дуто, хам, кач.
2 Тимор — ғамхорӣ, нигоҳубин, таъмин.
3 Артанг — бо намудҳои арҷан, жанг, арсанг ба маънои китоби пурнақшунигори Монии рассом.
4 Озар — оташ.
5 Пурингор — пурнақш.
6 Нодир — камёб.

пешина
аз 303
навбатӣ