Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ГАРДИШ
(Илтифот)

Нависанда гоҳе дар вақти ифодаи эҳсосоти рӯҳӣ, дар лаҳзаҳои тасвири дарду аламҳои шадиди қалбӣ якбора ҷӯш хӯрда, ҷилови суханро аз баёни воқеаю ҳолат ба тарафи нидоҳои музтарибона мегардонад ва ё баръакс аз нидо ба ғоиб ба баёни воқеа мегузарад. Ин санъатро санъати илтифот ё гардиш меноманд.

Барои мисол мунтахабе аз як қасидаи «Ҳабсия»-и Масъуди Саъди Салмон меорем, ки яке аз беҳтарин намунаҳои шеъри аламбахш ва ҳаяҷонафзост:

Нолам зи дил чу ной ман андар ҳисори Ной1
Пастӣ гирифт ҳиммати ман з-ин баланд пой.
Орад ҳавои Ной маро нолаҳои зор,
Чуз нолаҳои зор, чӣ орад ҳавои Ной?!
Гардун ба дарду ранҷ маро кушта буд агар,
Пайванди умри ман нашуд назми ҷонфазоӣ,
Назме ба қомам-андар чун бодан латиф,
Хатте ба дастам-андар чун хатти дирабоӣ!
Овах, ки паст гашт маро ҳиммати баланд,
Зангори ғам гирифт маро табъи ғамзидой.
Авнам2 накард ҳикмати рози фалакнигор,
Судам надошт дониши ҷоми ҷаҳоннамой.
Қоритар аст бар дилу ҷонам балову ғам
Аз теғи обдодаву аз румҳӣ3 саргазой.
Чун пушт бинам аз ҳама мургон дар ин ҳисор,
Мумкин бувад, ки соя кунад бар сарам ҳумой4?
Гардун чӣ хоҳад аз мани саргаштаи заиф?
Гетӣ чӣ ҷӯяд аз мани дармондаи гадой?!
Эй меҳнат, ар зи кӯҳ шудӣ, соате бирав,
В-эй давлат, ар на бод шудӣ, лаҳзае бипой!
Гар шери шарза5 нестӣ, эй фазл, кам шикор6,
В-ар мори гурза7 нестӣ, эй ақл, кам газ0й!
Эй тан, ҷаза8 макун, ки маҷозист ин ҷаҳон,
В-эй дил, тамаъ мабар, ки сипанҷест9 ин сарой!

1 Н о й — номи қалъаест, ки шоир нуздаҳ сол дар он ҷо ҳабс шудааст.
2 А в н — нонат, имдод, ёрд.
3 Р у м ҳ — найза.
4 Ҳ у м о й — мурғи баҳосият, мурғи афсонавӣ, ки сояи он ба сари ҳар кас афтад, гӯё подшоҳ мешавад.
5 Ш а р з а — хашмгин, даҳшатнок.
6 К а м ш и к а р — камтар шиканҷа кун, камтар азоб деҳ.
7 Г у р з а — як навъ мор.
8 Ҷ а з а ъ — бетоқатӣ, бесабрӣ, изҳори дилтангӣ, нолаву зорӣ.
9 С и п а н ҷ — хонаи муваққатии тобистона чун коза; сарои сипанҷ — дунё.

пешина
аз 303
навбатӣ