Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Туро ба соҳили Уммон ба сад дирам бихаранд,
Бароӣ лангари киштӣ, ки бас гаронҷонӣ.

Шоир Бисотии Самарқандӣ дар тавсифи асп, ки аз подшоҳе ба ӯ тӯҳфа шудааст, чунин гуфтааст:

Шоҳ аспе ба шоире бахшид,
Ки зи тундеш чашми чарх надид;
Буд тунд ин қадар, ки аз дунё
Нафасе то ба охират бирасид.

Дар ин байти Возеҳи Бухороӣ низ кинояи нозук ҳаст:

Рақиб гуфт, ки: «Афтодаам, маро бардор»,
Дуош кардаму гуфтам: «Худош бардорад!»

Ғайр аз ин, киноя қисме аз санъатҳои фолклор аст, ки бо порчаҳои хурду кӯтоҳе воқеаеро ба таври мисол баён карда, аз он воқеаи дигарро мурод карда нишон медиҳад:

  1. Бо ҷумлаи «дами табара пахта мегирад», ба воситаи пул, зиёфат ва амсоли инҳо дастрас шудани мақсаде ифода мешавад.
  2. Ҷумлаи «Ҳамаро мон, аммаро меҳмон кун» чунин одатеро, ки баъзеҳо кори муҳими заруриро монда ба кори булҳавасонаи шахсӣ машғул мешаванд, мазаммат мекунад.
  3. Ҷумлаи «гӯшти хар — дандони саг» дар ҳолати ҷанг ва кашмакаши одамҳои ҷангараи бадаҳмол гуфта мешавад.
  4. «Дарро задам — девор кафид» — дар ҳаққи одами каҷфаҳме, ки ҳақиқати гапро нафаҳмида ғавғо бардорад, гуфта шудааст.
    Ҳамаи инҳо кинояҳои нозуки халқӣ мебошанд.

Таъриз

Таъриз ду хел аст:

  1. Ба кор ва гуфтори нописанди касе зид сухан рондан аст,
    ки инро эътироз ҳам мегӯянд.
  2. Дигаре ба қавл ва феъли касе на ба таври сареҳ ва равшан, балки ба восита ва ба тариқи киноя дахл ва таарруз кардан аст. Таъриз ба забони халқ талху пичинг номида мешавад, ки дараҷаи баланди киноя мебошад.
    Заҳири Форёбӣ подшоҳ Қизил Арслонро бо чунин суханҳо мадҳ карда буд:

Нӯҳ курсӣи фалак ниҳад андеша зери пой,
То бӯса бар рикоби Қизил Арслон диҳад.

Саъдӣ дар ҷавоби ин байти Заҳир чунин таъризе гуфтааст:

Чӣ ҳоҷат, ки нуҳ курсӣи осмон
Ниҳӣ зери пои Қизил Арслон!..

3 Гаронҷон — одами нофорам ва дагалтабиат.

пешина
аз 303
навбатӣ