Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

КИНОЯ ВА ТАЪРИЗ

(Киноя)

Киноя маънои зид ва мухолифро қасд карда гап задан ва ба иборати дигар акси гапи гӯянда мурод аст. Масалан, аз хубӣ баҳс карда бадиро ифода кардан ва аз бадӣ баҳс карда нағзиро фаҳмонидан киноя аст. Чунончи:
«Ӯ дар ҷавоб хандида мегуфт:
— Гӯсолаеро, ки аз пода берун равад, гург мехӯрад, бинобар ин ба дараҷаи говӣ расида натавонам ҳам, барои муҳофизати худ дар миёни говон буданро беҳтар медонам» (С. Айнӣ).

Нависанда аз мазмуни мақоли «гӯсола аз пода берун равад, гург мехӯрад» кинояе сохтааст, ки ништари обдоре нисбат ба уламои даври амир аст.

Ҷумлаи зерин низ барои киноя мисоли барҷастаест:
«Аммо ин ҳақорат, ки бевосита ба соҳиби он асп мерасад, ба домани «бузурвории ӯ» ҳеҷ гарде намерасонид» (С. Айнӣ).

М. Турсунзода низ байтҳои кинояомез дорад. Аз ҷумла дар байти:

Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.

«Меҳмон» киноя аст, аз ҳамин сабаб ба даруни ноҳунак гирифта шудааст.

Барои ин гуна киноя ин порчаи Низомӣ, ки Маҷнун ба Нӯфал дар сурати иҷро нанамудани ваъдааш гуфтааст, мисоли барҷастае мебошад:

Маҷнун чу шунид бӯи озарм1
Кард аз сари кин кумайтро2 гарм.
Бо Нӯфали теззан барошуфт,
К:-эй аз ту расида ҷуфт бо ҷуфт!
Аҳсант, зиҳӣ умедворӣ,
Беҳ з-ин набувад тамомкорӣ!
Ин буд баландии кулоҳат,
Шамшер кашидани сипоҳат?!
Ин буд ҳисоби зӯрмандет
В-ин буд фусуни деҳбандет?
Ҷавлон задани самандат ин буд
В-андохтани камандат ин буд?
Роят, ки хилофи рон ман кард,
Некӯ ҳунаре ба ҷон ман кард!
Он дӯст, ки буд Салом, бар ман
Кардиш кунун тамом душман!

Ин байтҳои Камол низ кинояҳои латиф дорад:

1 Озарм — лутфу марҳамат, шафқату раҳм.
2 Кумайт — асп.

пешина
аз 303
навбатӣ