Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Инак, чанд мисоли барҷаста аз Калим ва дигар намояндагони сабки ҳиндӣ зикр мекунем.
Аз Калим:

Хоксорон бештар аз файз қисмат мебаранд,
Кулбаи деворкӯтоҳон пур аз маҳтоб буд.

На ҳар ки садрнишин шуд, азиз шуд, ки губор
Агар ба дида расад, тӯтиё нахоҳад шуд.

Аз Урфӣ:

Дар маҳфиле, ки тоза дароӣ, гирифта бош,
Аввал ба боғ ғунча гиреҳ бар ҷабин занад.

Аз Соиб:

Ҷони муштоқон ғубори ҷисмро сарсар1 бувад,
Зудтар охир шавад шамъе ки равшантар шавад.

Аз Бедил:

Бебаҳраро зи монеи имдоди кас чӣ суд?
Дарё ҳарифи косаи вожун намешавад.
Кулфатзидои оинаи дилҳо тавозӯъ аст,
Аз теша метавон гираҳи санг боз кард.

Аз Сайидо:

Пирони солхӯрда сухан пухта мекунанд,
Шохи ниҳол меваи худ нимрас кунад.

Надорад модар аз таъдиби2 фарзанди худ осоиш,
Садафро сина пурнам мегузорад ҳифзи гавҳарҳо.

Аз Моҳир:

Булбул нашавад нағмасаро бар гули раъно,
Маъшуқи дурӯ ошиқи якранг надорад.

Аз Нуриддини Ҳаравӣ:

Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест,
Оби равон бе хасу хошок нест.

Ирсоли ду масал

Гоҳо шоир барои тақвияти сухани худ якбора ду масал дар як байт зикр мекунад, ки ин санъатро ирсолулмасалайн меноманд. Ин намуди ирсол хеле душвор аст ва мисолаш дар адабиёт кам ба назар мерасад.

1 Сарсар — шамоли сахти хунук.
2 Таъдиб — адаб омӯхтан бо мақсади адабомӯзӣ ҷазо додан.

пешина
аз 303
навбатӣ