Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Лӯълуъ чӣ қадар дорад андар миёни баҳр,
Зарро чӣ қимат бошад андар самими кон.
(Унсурӣ).

Насиҳати ҳама олам чу бод дар қафас аст,
Ба гӯши мардуми нодон чу об дар гирбол.
(Саъдӣ).

Ҳар сангпора менашавад гавҳари нафис,
Ҳар нофи оҳуе надиҳад нофаи татор.

Ку маҳе эмин аз офати хусуф,
Ку мае эмин аз балои хумор.
(Қивомии Мутарризӣ).

Чу дашном гӯй, дуо нашнавӣ,
Ба ҷуз киштии хештан надравӣ.

Ту чароғе ниҳода дар раҳи бод,
Хонае дар мамарри селобе.
Муинтаҳои камол нуқсон аст,
Гул бирезад ба вақти серобӣ.
(Саъдӣ).

Ҳар ки биштофт, боз пастар монд,
Зуд бетир монд тирандоз.
(Абдулҳасани Оғочӣ).

ТАЗМИН

Тазмин он аст, ки шоир барои тақвияти фикр ва ҳиссиёт ягон шоҳбайт ва ё мисраи барҷастаю хушоянди ягон шоири саромади пешина ва ё муосирро дар шеъри худ нақл мекунад.
Дар ин маврид одатан номи шоирро пеш аз нақли байти тазминшаванда моҳирона зикр мекунад.

Масалан, дар ин шеъри Саъдӣ як байти Фирдавсӣ оварда шудааст:

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод,
Ки раҳмат бар он турбати пок бод:
«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст».

Камол як мисраи ҳамин байти Фирдавсиро аз ғайри номбар кардани муаллифи он тазмин кардааст:

Бад-он лаб маёзор мӯре, Камол,
«Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст».

1 Нофаи татор — киноя аз мушкаи Хутан.
2 Мамар — гузаргоҳ.

пешина
аз 303
навбатӣ