Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар ин байти Низомӣ як байти Фирдавсӣ бо зикри ном тазмин шудааст:
Чӣ хуш гуфтааст Фирдавсии Тӯсӣ
«Ки марги мард бувад сағро арӯсӣ».
Дар порчаи зерин Ҳофиз як байти Камоли Исфаҳониро тазмин намудааст:
Гар боварат намешавад аз банда ин сухан,
Аз гуфтан Камол далеле биёварам:
«Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,
Ин меҳр бар кӣ афканам, ин дил куҷо барам?»
Агар соҳиби байту мисраи тазминшаванда шоири машҳуре бошад, гоҳ номи ӯ зикр нашавад ҳам, ба навъе ишора меёбад. Дар порчаи зерини Ҳофиз мисраи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» тазмин шудааст, ки аз они Рӯдакӣст:
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме!
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме!»
Аз Музтариби Бухорӣ:
Аз замоне ки дар ин водӣи хунхорам ман,
Хотирошуфтаи он турраи таррорам ман,
Зеваророи рухи шоҳиди ашъорам ман,
Дар тилисми ғами даҳри ту гирифторам ман,
На зи Руму на зи Ҳинду на зи Булгорам ман,
На зи Кӯлобу Бадахшу на зи Чатрорам ман,
На зи Пирмасту Кӯмишкенту на аз Каҷдумакам,
«Аз Карокӯламу пуршӯраму кони намакам,
Намакат гирад, агар лаззат диҳад бар намакам».
Байти охирини ин порча, ки дар Бухоро хеле шӯҳрат доштааст, аз як шоири номаълум буда, Музтариб онро тазмин кардааст.
Туғрал дар мисраи Бедил гуфтааст:
Нола ҳамон беҳ ки зи дил сар кунам,
Гӯши фалакро зи фиғон пур кунам...
Туғрали маҳмуми маи Бедилам,
«Бода надорам, ки ба соғар кунам».
С. Айнӣ дар айни тазмин мегӯяд:
Шаб, ки ба ҳаҷри ту фиғон сар кунам,
Сомиаи аҳли ҷаҳон кар кунам.
Нола кунам, гиря кунам зор-зор,
Хотири ҳамсоя муқаддар кунам.
1 Сомиа — қувваи шунавоӣ.
2 Муқаддар — парешон, тира.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё