Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Бидонед он чиро дар нафси шумост, Худованд медонад, пас аз вай битарсед.
шояд». Ва гуфт: «Ҳар кор, ки пеш ояд, бияндешед, агар рост аст, бикун ва агар бероҳӣ аст, аз вай дур бош». Пас, ҳар рӯз бомдод нафсро ба чунин шарт ҳоҷат бувад, магар касе, ки рост биистод, он гоҳ низ ҳар рӯз аз кори нав холӣ набувад, ки дар он низ ба шарт ҳоҷат бувад.
Мақоми дуввум — дар муроқибат
Ва маънии муроқибат посбонӣ ва нигоҳ доштан бувад ва чунон ки бизоат ба шарик супурданд ва бо вай шарт карданд, бояд ки аз вай ғофил намонанд ва гӯш ба вай медоранд, нафсро низ ба гӯш доштан ҳар лаҳзате ҳоҷат бошад, ки агар аз вай ғофил монӣ, бо сар табъи хеш шавад аз коҳилӣ ва шаҳват рондан. Ва асли муроқибат ин аст, ки бидонад, ки Худой азза ва ҷалла бар вай муталлеъ аст дар ҳар чӣ мекунад ва меандешад ва халқ зоҳири вай мебинанд ва Ҳақ таъоло зоҳиру ботини вай мебинад, ҳар кӣ ин бишинохт ва бар дили вай ин маърифат ғолиб шуд, зоҳиру ботини вай боадаб шавад: чи он ки бад-ин имон надорад, кофир аст ва агар имон дорад, далере азим аст мухолифат кардан ва Ҳақ таъоло мегӯяд: «Алам йаълам биинналлоҳа йаро — намедонӣ, ки Худованди таъоло туро мебинад?». Ва он ҳабаше, ки расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Гуноҳ бисёр дорам, маро тавба бошад?»
Гуфт: «Бошад». Гуфт: «Дар он вақт, ки мекардам, ӯ медид?» Гуфт: «Дид».
Гуфт: «Оҳ», як наъра бизад ва ҷон бидод. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Худойро чунон параст, ки ту вайро мебинӣ, агар натавонӣ, боре бидон, ки вай туро мебинад; ва ҷуз бад-он ки бидонӣ, ки вай бар ту рақиб аст, дар ҳама аҳвол кор рост наёяд»: чунон ки гуфт: «Инналлоҳа кона ъалайкум рақибан», балки тамомтар он бошад, ки бардавом дар мушоҳидаи вай бошӣ ва вайро мебинӣ, якеро аз пирон муриде буд, ки вайро аз дигар муридон муроот беш мекард, дигар муридонро ғайрат омад, мурғе ба ҳар яке дод, ки ин бикушед, чунон ки касе набинад? Ҳама ҷое танҳо шуданд ва бикуштанд он мурид мурғ бозовард, гуфт: «Чаро накуштӣ?» Гуфт: «Ҳеч ҷое наёфтам, ки куштаме, ки касе набинад, ки вай ҳама ҷо мебинад». Пас дараҷаи вай бад-ин маълум гардонид дигаронро, ки вай ҳамеша дар мушоҳида аст ва ба касе дигар илтифот намекунад. Ва чун Зулайхо Юсуфро алайҳиссалом ба худ даъват кард, аввал бархост ва он бутро, ки ба худоӣ дошт, рӯй бипӯшид, Юсуф алайҳиссалом гуфт: «Ту аз санге шарм медорӣ, ман аз офаридгори ҳафт осмону замин, ки мебинад шарм надорам?» Яке Ҷунайдро гуфт: «Чашм нигоҳ наметавонам дошт, ба чӣ нигоҳ дорам?» Гуфт: «Бад-он ки бидонӣ, ки назари Ҳақтаъоло ба ту беш аз назари туст, бад-он кас» ва дар хабар аст, ки Худои таъоло гуфт, ки: «Биҳишти адн касонеро аст, ки чун қасди маъсият кунанд, аз азамати ман ёд оваранд, бинишинанд ва шарм доранд». Ва Абдуллоҳ ибни Динор гӯяд: «Бо Умар ибни Хаттоб разийаллоҳу анҳу дар роҳи Макка будам, ҷое фуруд омадем, ғуломи шубоне гӯспанд аз кӯҳ фуруд овард, Умар гуфт: як гӯспанд ба ман фурӯш, гуфт: ман бандаам ва ин мулки ман нест. Гуфт: хоҷаро гӯй, ки гург бибурд, вай чӣ донад? Гуфт:
худой донад, агар вай надонад. Умар бигирист, хоҷаи вайро талаб кард ва ӯро бихариду озод кард ва гуфт: ин сухан туро дар ин ҷаҳон кард ва дар он ҷаҳон маро озод кунад иншоаллоҳи таъоло».
– ФАСЛ –
(Муроқибати сиддиқон ва муроқибати порсоён) Бидон, ки муроқибат бар ду ваҷҳ аст: яке муроқибати сиддиқон аст, ки дили эшон ба азамати Ҳақ таъоло мустағриқ бувад ва дар ҳайбати вай шикаста бувад ва дар вай ҷои илтифот ба ғайр набошад, ин муроқибат кӯтоҳ бувад, чун дил рост биистод ва ҷавореҳ худ табаъ бувад, аз муноҷот бозмонад, ба маъосӣ чун пардозад? Вайро ба тадбиру ҳилат ҳоҷат набувад, ҷавореҳро нигоҳ дорад ва ин он бувад, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ман асбаҳа ва ҳумумуҳу ҳамму воҳидун кафоҳуллоҳу ҳумума-д-дунё ва-л-охирати — ҳар кӣ бомдод ба як ҳиммат хезад, ҳама корҳои вайро кифоят кунанд». Ва кас бошад, ки дин мустағриқ чунон бошад, ки бо вай сухан гӯӣ, нашунавад ва касе пеш фаро шавад, вайро набинад, агарчи чашм боздорад. Абдуллоҳ ибни Зайдро гуфтанд: ҳеч касро донӣ, ки вай аз халқ машғул шудааст ба ҳоли хеш? Гуфт: «Якеро донам, ки ин соат дарояд». Утбатулғулом даромад. Вайро гуфт: «Дар роҳ киро дидӣ?» Гуфт: «Ҳеч касро» ва роҳи вай дар бозор буд. Ва Яҳё ибни Закариё бар зане бигузашт, дасте ба вай зад, ба рӯй афтод, гуфтанд: чаро чунин кардӣ? Гуфт: «Пиндоштам, ки деворе аст». Ва яке мегӯяд, ки ба қавме мегузаштам, ки тир меандохтанд ва яке дур нишаста буд аз эшон, хостам, ки бо вай сухан гӯям, гуфт: «Зикри Худои таъоло авлотар аз сухан гуфтан», гуфтам: ту танҳоӣ? Гуфт: «На, ки Худои таъоло бо ман аст ва ду фаришта», гуфтам: аз қавм сабақ1 ки барад? Гуфт: «Он ки Худои таъоло вайро биёмурзад», гуфтам: роҳ аз кадом ҷониб аст? Рӯй ба осмон карду бархост ва бирафт ва гуфт: «Бор Худоё, бештари халқи ту шоғиланд аз ту». Шиблӣ дар наздики Саврӣ расид — раҳматуллоҳу алайҳумо — вайро
1 Мусобиқа.
дид ба муроқибат нишаста сокин, ки мӯй бар тани вай ҳаракат намекард, гуфт: «Ин мароқабат бад-ин некӯӣ аз ки омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз гурбае, ки вайро ба сӯрохи муш дидам, дар интизори муш сокинтар аз ин буд».
Абӯабдуллои Ҳафиф — қадасаллоҳу руҳаҳулазиз — гӯяд, ки маро нишон доданд, ки дар Сур пире ва ҷавоне ба муроқибат нишастаанд бардавом, он ҷо шудам, ду шахсеро дидам рӯ ба қибла, се бор салом кардам, ҷавоб надоданд; гуфтам: ба Худой бар шумо, ки ҷавоби салом диҳед, он ҷавон сар бароварду гуфт: «Ё Ибни Ҳафиф, дунё андак аст ва аз ин андак андаке беш намондааст, аз ин андак насиби худ бисёр биситон, ё Ибни Ҳафиф наҳмор фориғӣ, ки ба саломи мо ҳамепардозӣ?» Ин бигуфт ва сар фурӯ бурд, гуруснаву ташна будам, гуруснагӣ фаромӯш кардам ва ҳамагии ман эшон бигирифтанд, биистодам ва бо эшон намози пешин ва намози дигар бикардам, гуфтам: маро панд деҳ, ё Ибни Ҳафиф, мо аҳли мусибатем, моро забони панд набувад, се рӯз он ҷо биистодам, ки ҳеч чизе нахӯрдем ва на хуфтем, пас бо хештан гуфтам, савганд бар эшон диҳам, то маро панде диҳанд, он ҷавон сар бароварду гуфт: «Сӯҳбати касеро талаб кун, ки дидори вай туро аз Худои таъоло ёд диҳад, на ба забони гуфтор»; ин аст ҳол ва дараҷаи муроқибати сиддиқон, ки ҳамагии эшон ба Ҳақ таъоло мустағриқ бувад.
Дараҷаи дуввум — муроқибати порсоён ва асҳобулямин аст ва ин касоне бошанд, ки донанд, ки Худои таъоло бар эшон мутталеъ аст ва аз вай шарм медоранд. Валекин дар азамат ва ҷалоли вай мадҳуш ва мустағриқ нашуда бошанд, балки аз худ ва аҳволи олам бохабар бошанд.
Ва масали ин чунон ки касе танҳо коре кунад ва хештан бараҳна дорад, кӯдакеро бинад, аз вай шарм дорад, ба ихтиёри хеш бипӯшад: ва масали он дигар он, ки ногоҳ подшоҳе фаро вай расад, ки вайро худ ин аз ҷой бияндозад ва мадҳуш шавад аз ҳайбати вай. Пас, касе ки дар ин дараҷа бувад, вайро аҳволу хотир ва ҳаракоти хеш ҳама муроқибат бояд кард ва дар ҳар коре, ки бихоҳад кард, вайро ду назар бувад:
Назари аввал — пеш аз он ки бикунад, ба аввали хотир, ки дар дил ояд, гӯш дорад ва ҳамеша дилро муроқибат мекунад, то дар вай чи андеша падид меояд: нигоҳ кунад, агар Худои таъоло рост тамом кунад ва агар дар ҳавои нафс аст, биистад ва аз Худои таъоло шарм дорад ва худро маломат кунад, ки чаро рағбат дар вай падид омад ва фазиҳати он бар худ тақрир мекунад. Ва дар ибтидои ҳама андешаҳо ин муроқабат фариза аст, ки дар хабар аст, ки дар ҳар ҳаракате ва сукунате, ки банда ба ихтиёри хеш бикунад, се девон дар пеши вай ниҳанд: яке, ки чаро ва дигар, ки чун, се дигар, ки киро? Маънии аввали чаро он бувад, ки гӯянд ин бар ту бувад, ки барои Худои таъоло бикунӣ, ё ба шаҳвати нафс ва мувофиқати шайтон кардӣ? Агар аз ин саломат ёбад ва бар вай буда бошад Худойро, гӯянд чун, яъне, ки чун кардӣ? Ки ҳар ҳақеро шарте ва адабе ва илмест, он чи кардӣ, чунон ки шарти илм бувад, кардӣ, ё ба ҷаҳл осон гирифтӣ?
Агар аз ин саломат ёбад ва ба шарт карда бошад, гӯянд киро? Яъне, ки бар ту воҷиб бувад, ки ба ихлос кунӣ ва Худойро таъоло кунӣ ва бас, барои вай кардӣ, то чазо ёбӣ, ё ба риё кардӣ, то музд аз он кас талаб кунӣ, ё ба насиби дунё кардӣ, то муздат бияфтад? Ва агар барои дигаре кардӣ, дар машаққат ва уқубат афтодӣ, ки бо ту гуфта буданд; «Алаллоҳи-динул-холису»1 ва гуфта буданд: «Инна-л-лазина тадъуна мин дуниллоҳи ъибодун»2ҳар кӣ ин бишинохт, агар оқил бошад аз муроқибати дил ғофил набошад. Ва асл он аст, ки хотири аввал нигоҳ дорад, ки агар дафъ накунад, рағбат аз вай падид ояд, он гоҳҳиммат гардад, он гоҳ фасд шавад ва бар ҷавореҳ биравад. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Иттиқиллоҳа ъинда ҳаммика изо ҳамамта — дар он вақт, ки ҳиммати кор падид ояд, бипарҳез ва аз Худой битарс». Ва бидон, ки шинохтани он ки аз хотир чист, ки аз ҷиҳати ҳақ аст ва чист, ки аз ҳавои нафс аст, илме мушкил ва азиз аст ва касеро, ки қуввати он набошад, бояд ки ҳамеша дар сӯҳбати олиме бошад бовараъ, то анвори вай ба вай сироят — мекунад ва аз уламое, ки ҳарис бошанд, бар дунё ҳазар кунад, ки шайтон ниёбати хеш ба эшон дода бошад. Худои таъоло ваҳй фиристод ба Довуд алайҳиссалом, ки: «Ё Довуд, аз олиме, ки дӯстии дунё вайро маст бикардааст, суол макун, ки вай туро аз дӯстии ман бияфканад; эшон роҳзанонанд бар бандагони ман». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Худои таъоло дӯст дорад касеро, ки дар шубҳат тезбин бошад ва дар вақт ғалабаи шаҳват комилақл бошад», ки камол дар ин ҳар ду аст, ки ҳақиқати ҳол ба басират нофиз шиносад ва он гоҳ ба ақли комил шаҳватро дафъ кунад ва ин ҳар ду худ ба ҳам равад ва ҳар киро ақле набошад дофеъи шаҳавотро, ӯро басирати нофиз набошад дар шубуҳот; ва барои ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Ҳар кӣ маъсияте бикард, ақле аз вай ҷудо шуд, ки ҳаргиз бознаёбад»: ва Исо салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Корҳо се аст, ҳаққи равшан ба ҷой овар ва ботиле равшан бигузор ва мушкили он ба олим гузор».
Назари дуввум — муроқибат бошад дар вақти амал ва ҳама аъмоли вай аз се холӣ набувад: ё тоате бувад ё маъсияте ё мубоҳе. Муроқибат дар тоат он бувад, ки ба ихлос кунад ва ба ҳузури дил бувад ва он тамом
1 Дунё холис Худойрост.
2 Касонеро, ки ҷуз Худо мехонед, бандагонанд.
нигоҳдорад ва ба ҳеч чиз, ки дар вай зиёдат фазилате бошад, даст аз он надорад; ва муроқибат дар маъсият он бувад, ки шарм дорад ва тавба кунад ва ба каффорат машғул шавад? Ва муроқибат дар мубоҳ он бувад, ки бо адаб бошад ва дар неъмати Худой мунъимро бинад ва бидонад, ки дар ҳама вақте дар ҳазрати вай аст, масалан, агар бинишинад, боадаб нишинад ва агар бихусбад бар дасти рост, рӯй ба қибла хусбад ва ба мисли ин агар таоме бихӯрад, ба дил фориғ аз тафаккур набошад, ки он аз ҳама аъмол фозилтар: ки дар таоме чандон аҷоиби сунъ аст дар офариниши сурат ва рангу бӯй ва таъму шакл ва дар аҷзои одамӣ, ки он таом ба кор дорад, чун ангушт ва даҳону дандон ва ҳалқу меъда ва ҷигару масона ва он чи барои қабули таом аст ва он чи барои ҳифзи он аст, то ҳазм афтад ва он чи барои дафъи суфл аст ва ин ҳама аҷоиби санъати вай аст ва тафаккур дар ин ибодат бузург аст ва ин дараҷаи уламост; ва гурӯҳе чунон бошанд, ки чун ин аҷоиби сунъ бинанд, ба азамати сонеъ тараққӣ кунанд ва дар ҷалолу ҷамол ва камоли вай мустағриқ шаванд ва ин дараҷаи муваҳҳидон ва сиддиқон аст ва гурӯҳе дар таом ба чашми хашм ва кароҳият нигаранд ва бар хилофи шаҳват ва дар зарурати хеш нигаранд ва бад-он машғул бошанд, ки кошкӣ бад-ин мӯҳтоҷ набудандӣ ва дар зарурат тафаккур кунанд ва ин дараҷаи зоҳидон аст; ва гурӯҳе ба чашми шаҳват нигаранд ва ҳама андеша боз он оваранд, ки чи гуна кунанд, то беҳтарин ва хуштарин бихӯранд ва зиёдат хӯранд ва он гоҳ бошад, ки табахро ва таббохро ва меваро ва таомро айб кунанд, надонанд, ки ин ҳама санъати Ҳақ таъоло аст. Ва айби санъат айби сонеъ бувад ва ин дараҷаи аҳли ғафлат бувад ва дар ҳама мубоҳот ҳамин дараҷот фаро пеш ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё