Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Бадаст: ваҷаб.
равшанӣва торикии дил ҳамчун асари доруҳост дар маҷоз, ки як зарра аз вай зоеъ нашавад ва батар аз вай адли руҷҳон ва нуқсони он пайдо шавад, «Фаман йаъмалу мисқола зарратин хайран йараҳу» ин бошад, аммо ҳазм эҳтиёт аст, ки бошад, ки шурби ғараз қавитар бувад, вай заифтар пиндорад ва саломат дар он бувад, ки олати ғараз нест гардонад. Ва далели дигар он, ки бо ҷимоъ, агар касе дар роҳи ҳаҷ тиҷорате дорад, ҳаҷҷи вай зоеъ набувад, лекин савоби вай чун савоби мухлис набошад, валекин чун фазл асли вай аст ва он дигар табаъ аст, савоби вайро ба ҷумла ҳабта накунад, агарчи нуқсоне орад ва агар касе ғазо барои Худои таъоло мекунад, валекин аз ду ҷониб метавон шуд, ки яке тавонгаранд ва ғанимат бисёр бошад аз эшон ва яке аз дарвешон ба ҷониби тавонгарон шавад, набояд ки ғазои вай ҳабта шавад ба ҷумлагӣ, ки одамӣ аз он холӣ набошад, ки дар хештан фарқе ёбад ё наёбад валъиёзу биллоҳ, агар ин шарт бувад, дарёфтани савоб бим бувад, ки бад-ин шарт ҳеч амале дуруст наёяд, хосса маълиси дарс ва тасниф ва он чи рӯй дар халқ дорад, ки то касеро ба як роҳ аз хештан фаро наситонад, аз ин холӣ набошад, ки масалан таснифи вай ба дигаре изофат кунанд ва сухани вай бар дигаре банданд, ки аз он огоҳӣ ёбад, агарчи он огоҳиро кореҳ бошад.
Боби саввум
(Дар сидқ)
Бидон, ки сидқ ба ихлос наздик аст ва дараҷаи вай бузург аст ва ҳар кӣ ба камоли он расад, номи вай сиддиқ аст ва Худои таъоло дар Қуръон бар вай сано кардааст ва гуфта: «Риҷолун садақу мо ъоҳидуллоҳа ъалайҳи»1
.
Ва гуфт: «Лийасъала-с-содиқина ъан сидқиҳим»2 ва расулро салавотуллоҳу алайҳи пурсиданд, ки: камол дар чист? Гуфт: «Гуфтор ба ҳақ ва кирдор ба сидқ»: пас маънии сидқ шинохтан муҳим аст ва маънии сидқ ростӣ аст ва ин сидқу ростӣ дар шаш чиз бувад, ҳар кӣ дар ҳама ба камол расад, вай сиддиқ бувад:
Сидқи аввал дар забон аст, ки ҳеч дурӯғ нагӯяд, на дар хабар, ки аз гузашта диҳад ва аз ҳоли хеш, на дар ваъда, ки диҳад дар мустақбал, ки пеш аз ин гуфтаем, ки дил аз забон сифат гирад, аз сухани каҷ гуфтан каҷ гардад; ва аз рост рост гардад; ва камоли ин сидқ ба ду чиз аст: яке он ки ба таориз низ нагӯяд, чунон ки гӯӣ рост гӯяд ва касе чизи дигар фаҳм кунад! Валекин ҷое бувад, ки рост гуфтан маслиҳат набошад, чунон ки дар
1 Мардоне, ки бар паймон бо Худо рост истоданд.
2 То Худой бипурсад ростгӯёнро аз ростии эшон.
ҳарб ва миёни ду зан ва дар сулҳ додани мардумон дар дурӯғ рухсат аст, лекин камол он аст, ки дар чунин ҷой то тавонад таъриз кунад ва сареҳ нагӯяд, пас агар гӯяд, чун содиқ бувад ва қасду ният барои Худои таъоло бувад ва барои маслиҳат гӯяд, аз дараҷаи сидқ наяфтад; камоли дуввум
— он ки дар муноҷот бо Ҳақ таъоло сидқ аз худ талаб кунад: чун гӯяд ваҷҷаҳту ваҷҳийа ва рӯи дили вай бо дунё бувад, дурӯғ гуфта бошад ва рӯй ба Худои таъоло наёварда бошад ва чун гӯяд: ийока наъбуду, яъне, ки бандаи туам ва туро мепарастам ва он гоҳ дар банди дунё бувад, ё дар банди шаҳавот бувад ва шаҳавот зери дасти вай набошад, балки вай зери дасти шаҳавот бувад, дурӯғ гуфта бошад, ки вай бандаи он аст, ки дар банди он аст ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Нафсу ъабдуд-дирҳими ва таъсу абду-д-динори», вайро бандаи зару сим хонад; балки то аз ҳама дунё озодӣ наёбад, бандаи ҳақ нашавад ва тамомии ин озодӣ ва ҳуррияти он бувад, ки аз худ низ озод шавад, чунон ки аз халқ озод шуд ва бад-он чи бо вай кунад, розӣ бувад ва ин тамом сидқ бувад дар бандагӣ ва касро, ки ин набувад, ном сиддиқ набувад, балки ном содиқ низ набошад.
Сидқи дуввум дар ният бувад, ки ҳар чӣ бад-он тақарруб кунад, ҷуз Худои таъоло нахоҳад бад-он ва омехта накунад, ин ихлос бувад ва ихлосро низ сидқ гӯянд, ки ҳар кӣ дар замири вай андешаи дигар бошад, ҷуз тақарруб, козиб бувад дар ибодат, ки менамояд.
Сидқи саввум дар азм бувад, ки касе азм кунад, ки агар вайро вилояте бошад, адл кунад ва агар моле бошад, садақа бидиҳад ва агар касе падид ояд, ки ба вилоят ё ба маҷлис ё ба тадрис авлотар бувад, таслим кунад ва ин азм гоҳ бувад, ки қавӣ ва ҷозим бувад ва гоҳ бувад, ки дар вай заифӣ ва тардиде бошад: он қавии бе тардидро сидқи азм гӯянд, чунон ки гӯянд ин шаҳват козиб аст, яъне асле надорад ва содиқ аст, яъне қавӣ аст ва сиддиқ он бувад, ки ҳамеша азми хайрот дар хештан ба ғояти қувват ёбад, чунон ки Умар гуфт разийаллоҳу анҳу, ки: маро гардан бизананд дӯсттар аз он дорам, ки амир бошам бар қавме, ки Абӯбакр дар он миён буд, ки вай азми қавӣ ёфт аз хештан бар сабр кардан бар гардан задан ва кас бошад, ки агар вайро мухаййар кунанд миёни куштани вай ва миёни куштани Абӯбакр, ҳаёти худ дӯсттар дорад ва чанд фарқ бувад миёни ин ва миёни он, ки куштани хеш бар амирии Абӯбакр дӯсттар дорам?
Сидқи чаҳорум дар вафо бувад ба азм, ки бошад, ки азм қавӣ бувад бар он, ки дар ҷанг ҷон фидо кунад ва чун муқаддаме падид ояд, вилоят таслим кунад, валекин чун бад-он вақт расад, нафс тан дарнадиҳад ва андар ин гуфт: «Риҷолун садақу мо ъоҳидуллоҳа ъалайҳи», яъне ба азми хеш вафо карданд ва хештан фидо карданд ва дар гурӯҳе, ки азм карданд, ки мол базл кунанд ва бад-он вафо накарданд, чунин гуфт: «Ва минҳум ман ъоҳидуллоҳа лаина отайно мин фазлиҳи ланассаддақанна ва ланакунанна мина-с-солеҳина. Фаламмо отиҳум мин фазлиҳи бахилу биҳи»1, то он ҷо ки гуфт: «Бимо кону якзибуна» эшонро козиб хонд андар ин ваъда; Сидқи панҷум — он бувад, ки ҳеч чиз дар аъмол фаро нанамояд, ки ботини вай бад-он сифат набувад: масалан агар касе оҳиста равад ва дар ботини вай он виқор набувад, содиқ набувад ва ин сидқ ба рост доштани сирр ва алоният ҳосил ояд ва ин касеро бувад, ки сирр ва ботини вай беҳтар аз зоҳир бувад, ё ҳамчун зоҳир бувад ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Бор Худоё, сарирати ман беҳтар аз алоният гардон ва алонияти ман некӯ кун», ҳар кӣ бад-он сифат набувад, дар далолат кардани зоҳир бар ботин козиб бувад ва аз сиддиқ бияфтад ва агарчи мақсуди вай риё набувад; Сидқи шашум — он ки дар мақомоти дин ҳақиқати он аз хештан талаб кунад ва ба авоил ва завоҳири он қаноат накунад, чун зӯҳду муҳаббат ва таваккул ва хавфу риҷо ва ризову шавқ, ки ҳеч мӯъмин аз андаки ин аҳвол холӣ набувад, валекин заиф бувад, он ки дар ин қавӣ бошад, ӯ содиқ бувад, чунон ки гуфт: «Иннама-л-муъминуна-л-лазина оману биллоҳи ва расулиҳи сумма лам йартобу»2, то он ҷо ки гуфт: «Увлайка ҳуму-ссодиқуна», пас касеро, ки имони вай тамомӣ бувад, вайро содиқ гуфт ва масали ин он бувад, ки касе аз чизе тарсад, нишони он бувад, ки меларзад ва рӯи вай зард бувад ва таому шароб натавонад хӯрд, агар касе чунин аз Худой битарсад, гӯянд ин хавфи содиқ аст, аммо агар гӯяд, ки аз маъсият метарсам ва даст аз он надорад, инро козиб гӯянд ва дар ҳама мақомот ҳамчунин тафовут бисёр аст.
Пас, ҳар кӣ дар ин ҳар шаш содиқ бувад ва он гоҳ ба камол бувад, вайро сиддиқ гӯянд ва он ки дар баъзе аз ин содиқ бувад, вайро сиддиқ нагӯянд, валекин дараҷаи вай ба қадри сидқи вай бувад.
АСЛИ ШАШУМ
(Дар муҳосабат ва муроқибат)
1 Касоне аз эшон бо Худо паймон бастанд, ки чун ба онон аз фазли худ бибахшанд, садақа диҳанд ва аз некӯкорон бошанд. Пас Худо ба эшон аз фазли худ ғоят фармуд, бухл варзиданд.
2 Мӯъминон он касонанд, ки ба Худо ва паёмбараш имон оварданд ва пас аз он шубҳа накарданд, ин чунин касон содиқон ва ростгӯёнанд.
Бидон, ки Худои таъоло мегӯяд: «Дар қиёмат тарозуҳо рост биниҳем ва бар ҳеч кас зулм накунем ва ҳар кӣ мисқоли як ҳабба хайр кардааст ё шарр биёварем ва дар тарозу ниҳем ва ҳисоби халоиқро мо кифоятем — «Ва назаъу-л-мувозина-л-қисти лийавми-л-қиёмати фало тазлим нафсун шайъан», пас чун ин ваъда бидод, халқро бифармуд, то дар ин ҷаҳон ба ҳисоби хеш назар кунанд ва гуфт: «Ва-л-танзур нафсун мо қаддамат лиғадин». Ва дар хабар аст, ки: «Оқил он аст, ки вайро чаҳор соат бувад:
соате дар ҳисоби хеш кунад ва соате бо Ҳақ таъоло муноҷот кунад ва соате дар тадбири маоши хеш кунад ва соате бар он чи вайро аз дунё кардаанд, биёсояд». Ва амирулмӯъминин разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ҳосибу анфусакум қабла ан туҳосибу — ҳисоби хеш бикунед, пеш аз он ки ҳисоби шумо бикунанд». Ва Худои таъоло мегӯяд: «Йо айуҳа-л-лазина оману асбиру ва собиру ва робиту — сабр кунед ва собиру бо нафс ва шаҳвати хеш нек бикӯшед, то беҳтар ояд ва робиту, пой бар ҷое бидоред дар ин ҷиҳод», пас аҳли басират ва бузургон ин бишинохтанд, ки дар ин ҷаҳон ба бозаргонӣ омадаанд ва муомилати эшон бо нафс аст ва суду зиёни ин муомилат биҳишту дӯзах аст, балки саодат ва шақовати абад аст, пас нафси худро ба ҷои анбоз биниҳодаанд ва чунон ки бо анбози аввал шарт кунанд, он гоҳ вайро гӯш доранд, он гоҳҳисоб кунанд ва агар хиёнат карда бошад, уқубат ва итоб кунанд, эшон низ бо нафси хеш бад-ин шаш мақом биистанд: мушоритат ва муроқибат ва муҳосибат ва муоқибат ва муҷоҳидат ва муотибат:
Мақоми аввал — дар мушоритат
Бидон, ки чунон ки анбоз, ки мол ба вай диҳанд, ёвар аст дар ҳусули ранҷ, валекин бошад, ки хасм шавад, чун рағбати хиёнат кунад ва чунонки бо анбози аввал шарт бояд кард ва гӯш бояд дошт ба вай бардавом ва он гоҳ дар ҳисоб микос1 бояд кард, нафс бад-ин авлотар: ки суди ин муомилат абадӣ бувад ва суди муомилати дунёӣ рӯзе чанд ва ҳар чӣ бинамонад, наздики оқил бе қадр аст, балки гуфтаанд: шарре, ки бимонад, беҳтар аз хайре, ки намонад; ва чун ҳар нафасе аз анфоси умр гавҳаре нафис аст, ки аз вай ганҷе метавон ниҳод ва рӯи ҳисоб ва микос авлотар, пас оқил он бувад, ки ҳар рӯз пас аз намози бомдод як соат ин корро дил фориғ кунад ва бо нафси хеш бигӯяд, ки маро ҳеч бизоат нест, магар умр ва ҳар нафасе, ки рафт, ба дил надорад, ки анфос маъдуд аст дар илми Худои таъоло ва наяфзояд албатта ва чун умр гузашт, тиҷорат
1 Расидагӣ ба ҳисоб — мурофиа.
натавон кард ва кор акнун аст, ки рӯзгор танг аст ва дар охират рӯзгор фарох аст ва кор нест ва имрӯз рӯзи кори туст, ки Худой азза ва ҷалла умр дод ва агар аҷал даррасида, дар орзуи он будӣ, ки як рӯз мӯҳлат диҳанд, то кори хеш рост кунӣ, акнун ин мӯҳлат бидод, зинҳор эй нафс, то ин сармояро бузург дорӣ ва зоеъ накунӣ, ки набояд ки фардо, ки мӯҳлат набошад, ҷуз ҳасрат намонад; имрӯз ҳамон ангор, ки бимурдӣ ва дархостӣ, то як рӯзи дигар мӯҳлат диҳанд ва доданд, чи зиён бошад пеш аз он ки вақт зоеъ шавад ва саодати хеш аз вай ҳосил накунӣ? Ва дар хабар аст, ки: «Фардо ҳар рӯзеро, ки бисту чаҳор соат аст, бисту чаҳор соат хазина пеши банда ниҳанд, якеро дар боз кунанд, пурнур бинад аз ҳасанот, ки дар он соат карда бошад, чунон шодӣ ва роҳату нишот ба дили вай расад аз он ки, агар он шодӣ бар аҳли дӯзах қисмат кардандӣ, аз оташ бехабар шудандӣ ва ин шодӣ аз он бувад, ки донад, ки ин анвор василати қабули вай хоҳад буд наздики Ҳақ таъоло ва як хизонаи дигар дар боз кунанд, сиёҳ ва музлиму мукаддар ва ганде азим аз вай ҳамеояд, ки ҳама бинӣ аз он фароз ҳамегиранд ва он соати маъсият бошад, чандон ҳавлу хиҷлат ва ташвир ба дили вай расад, ки ба аҳли биҳишт қисмат кунанд, биҳишт бар ҳама мунағғас шавад; ва яке дигар дар боз кунанд, фориғ бувад, на зулмат ва на нур; ва он соате бошад, ки зоеъ карда бошад, чандон ҳасрату ғабн ба дили вай расад, ки касе бар мамлакате азим ва бар ганҷе бузург қодир буда бошад ва беҳуда бигузорад, то зоеъ шавад; ва ҳама умри вай як як соат бар вай арза кунанд. Пас, гӯяд1: ё нафс, ин чунин бисту чаҳор хизона имрӯз пеши ту ниҳоданд. Зинҳор то ҳеч фориғ нагузорӣ, ки ҳасрати онро тоқат надорӣ. Бузургон гуфтаанд: агар, ки аз ту афв кунанд, на савоб ва дараҷаи некӯкорон фавт шавад ва ту дар ғабни он бимонӣ? Пас, бояд ки аъзои хешро ҷумла ба вай супорад ва гӯяд: зинҳор то забон нигоҳ дорӣ ва чашм нигоҳ дорӣ ва ҳамчунин ҳафт андом, ки ин ки гуфтаанд, ки: дӯзахро ҳафт дар аст, дарҳои вай ин аъзои туст, ки ба ҳар яке аз вай ба дӯзах тавон шуд, пас маъосии ин аъзо ба ёд оварад ва таҳзир кунад; пас ӯро дар ибодате, ки дар ин рӯз тавонад кард, ба ёд оварад ва бад-он таҳриз кунад ва азм кунад ва битарсонад нафсро, ки агар хилоф кунад, вайро уқубат кунад, ки нафс ҳарчанд ҷумуҳ асту саркаш аст, валекин панд напазирад ва риёзат дар вай асар кунад; ва ин ҳама муҳосибат аст, ки пеш аз амал бошад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва аъмалу анналлоҳа йаъламу мо фи анфусикум фа аҳзаруҳу»2 ва расул гуфт:
«Зирак он аст, ки ҳисоби хеш бикунад ва чунон кунад, ки пас маргро
1 Мақсуд ин аст, ки шахсе пас аз намози бомдод ва андешаҳои пешин бо нафси худ чунин гӯяд.

пешина
аз 176
навбатӣ