Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Амал кунед, киро ҳар кас барои он чи барои ӯ офарида шуда осон аст.
туро ба саодат ҳукм кардаанд, агар тамом ба сар барӣ ва агар ба толату утлат бар ту ғолиб кардаанд ва ин беҳуда дар дили ту афканданд, ки гӯӣ, ки агар дар азал ба ҷаҳли ман ҳукм кардаанд, такрор чӣ суд дорад? Аз ин ҷо маншури ҷаҳолати хеш бархон ва нишон он аст, ки ҳаргиз ба дараҷае нахоҳӣ расид. Ва дар ҷумла охират бар дунё қиёс кун «Мо халқукум ва мо баъсукум илло канафсин воҳидатин1 — ва савоъун маҳйоҳум ва мамотуҳум»2 ва чун ин бишинохтӣ, ин ҳар се ишкол бархезад ва тавҳид қарор гирад ва маълум шавад, ки миёни шаръу ақл ва тавҳид ҳеч чиз таноқуз нест ба наздики касе, ки вайро чашми басират кушода кардаанд.
Ва андар ин беш аз ин итноб накунем, ки ин китоб инчунин суханҳо эҳтимол накунад.
(Пайдо кардан имони дигар, ки бинои таваккул бар он аст) Бидон, ки гуфтем, ки таваккулро бинобар ду имон аст: яке тавҳид ва он шарҳ кардем ва дигар он ки бидонӣ, ки офаридгор вай аст ва ҳама ба вай аст ва бо ин ҳама раҳим аст ва ҳаким ва латиф аст ва инояту шафқати вай дар ҳаққи ҳар мӯрчае ва пашшае то ба одамӣ расад, бештар аст аз инояту шафқати модар бар фарзанд — чунонки дар хабар омадааст ва бидонӣ, ки олам ва ҳар чӣ дар олам аст, бар ваҷҳе офаридааст аз камолу ҷамол ва лутфу ҳикмат, ки варои ин мумкин набувад ва бидонӣ, ки ҳеч чиз аз раҳмату лутф бознагирифтааст ва ҳар чӣ офаридааст, чунон мебояд, ки офаридааст ва агар ҳама уқалои рӯи замин ҷамъ шаванд ва эшонро ба камоли ақлу зиракӣ роҳ диҳанд, андеша кунанд, то сари мӯй ё пари пашшае ҳаст, ки на чунон ки мебояд ё камтар мебояд ё меҳтар ё некӯтар ё зишттар, ин наёбанд ва бидонанд, ки ҳама чунон мебояд, ки ҳаст ва он чи зишт аст, камол дар он аст, ки зишт бувад ва агар набудӣ, ноқис будӣ ва ҳикмате фавт шудӣ, ки агар зишт набудӣ, масалан кас худ қадри некӯӣ надонистӣ ва аз он роҳат наёфтӣ ва агар ноқис набудӣ, худ комил набудӣ, ки комилу ноқис ба изофат тавон шинохт, чунон ки чун писар набувад, падар набувад ва чун падар набувад, писар набувад, ки ин чизҳо дар муқобилаи якдигаранд ва муқобила миёни ду чиз бувад ва чун дуӣ бархезад, яке дар муқобил наёяд ва он гоҳ муқобила ботил шавад. Ва бидон, ки ҳикмати корҳо раво бувад, ки бар халқ пӯшида бувад, валекин бояд ки имон бувад бад–он, ки ҳикмат бошад, ки вай ҳукм кардааст ва чунон мебояд ки ҳаст, пас ҳар чӣ дар олам беморӣ ва аҷз аст, балки
1 Офариниш ва ангезиши шумо чун як тан аст.
2 Ба зистани эшон баробар аст.
маъсияту куфр аст ва ҳалоку нуқсон аст. Ва фақру дарду ранҷ аст дар ҳар яке ҳикматест ва чунон мебояд: ки онро ки дарвеш офарид, аз он бувад, ки салоҳи вай дар дарвешӣ бувад, ки агар тавонгар будӣ, табоҳ шудӣ ва онро, ки тавонгар офарид, ҳамчунин ва ин низ дарёе азим аст, ҳамчун дарёи тавҳид ва бисёр кас низ андар ин ғарқ шудаанд ва ин ба сари қадар пайваст аст; дар ошкор кардани он рухсат нест ва агар хавз кунем1 дар ин дарё сухан дароз шавад; аммо сарҷумлаи имони вай ин аст ва таваккулро низ бад-ин ҳоҷат аст.
(Пайдо кардани ҳақиқати таваккул)
Бидон, ки таваккул ҳолате аст аз аҳволи дил ва он самараи имон аст ба тавҳид ва камол лутфи офаридгор ва маънии он ҳолат эътимоди дил аст бар вакил ва устувор доштани вай ва ором гирифтан бо вай, то дил дар вай бандад ва ба сабаби халал шудан2 асбоби зоҳир шикастадил нашавад, балки бар худованд эътимод дорад, ки рӯзе ба вай расонад. Ва масали ин он аст, ки бар касе даъвои ботил кунанд ба талбис, вакиле фаро кунад, то он талбис дафъ кунад, агар вайро ба се сифати вакил имон бувад, дили вай бар вакил эътимод кунад ва эмин бувад? Яке он ки олим бувад ба вуҷуҳи талбисот ба илме тамом, дигар он ки қудрат дорад бар изҳори он чи донад ба ду чиз: яке ба қуввати дил, ки далер бувад ва дигар ба фасоҳати забон, ки кас бошад, ки донад, валекин накунад аз баддилӣ3 ё аз кундзабонӣ ва сеюм он ки мушфиқи тамом бувад бар муваккал, то ҳарис бошад бар нигоҳдошти ҳаққи вай, чун ин се эътиқод дорад, ба дил имон бувад ва эътимод кунад бар вай ва аз ҷиҳати хеш ҳила ва тадбир дар боқӣ кунад4? Ҳамчунин, ки маънии «Ниъама-л-мавло ва ниъама-л-вакилу»5 бишинохт ва имон овард, ки ҳар чиз, ки ҳаст ба Худой аст ва ҳеч фоили дигар нест ва боз ин ҳама дар илму қудрат ҳеч нуқсон нест ва раҳмату иноят чандон аст, ки варои он натавонад буд, ба дил эътимод кунад бар фазли Худои таъоло ва ҳилату тадбир дар боқӣ кунад ва бидонад, ки рӯзии вай муқаррар аст ва ба вақти хеш ба вай мерасад ва корҳои вай чунон ки дархури фазлу карам ва бузургӣ ва худовандии вай аст, сохта
1 Фурӯ рафтан.
2 Хароб шудан.
3 Тарс.
4 Дар боқӣ кардан: тамом кардан, даст бардоштан.
5 Хуб оқо ва мавло ва хуб вакиле аст (Худованд).
кардаанд ва бошад, ки ин яқин бошад бад-ин сифот, валекин дар табъ баддиле бошад, ки ҳаросон бошад: ки на ҳар чӣ одамӣ яқин донад, табъи вай он яқинро тоат дорад, балки бошад, ки тоат ҳамедорад, ки ба яқин медонад, ки хатост, чунон ки агар ҳалво мехӯрад, касе ба наҷосат ташбеҳ кунад, чунон шавад, ки натавонад хӯрд, агарчи медонад, ки дурӯғ аст ва агар хоҳад, ки бо мурдае дар хона бихусбад, натавонад, агарчи ба яқин донад, ки мурда чун ҷимод аст ва барнахезад, пас таваккулро ҳам қуввати яқин бояд, ҳам қуввати дил, то он гоҳ он изтирор аз дил бишавад ва то ором ва эътиқоди тамом ҳосил шавад, таваккул набувад: маънии таваккул эътимоди дил аст бар Ҳақ таъоло дар корҳо ва Халил — салавотуллоҳу алайҳро имон ва яқини тамом буд, валекин гуфт: «Рабби арани кайфа туҳйиа-л-мавто қола ав лам туъмин қола бало валокин лийатмаъинна қалби»1, гуфт: «Яқин ҳаст, валекин то дил ором гирад, ки ороми дил табаъи тахайюл ва ҳис бошад дар ибтидои ҳол, он гоҳ чун ба ниҳоят расад, дил низ табаъи яқин шавад ва туро ба мушоҳидати зоҳир ҳоҷат наёяд».
(Дараҷоти таваккул)
Бидон, ки таваккул бар се дараҷа аст: яке он ки ҳоли вай чун он мард бошад, ки дар хусумати вакил фароз кунад, ҷалду ҳодӣ ва фасеҳ ва далеру мушфиқ, ки эмин бошад бар вай, дараҷаи дуввум он ки ҳоли вай чун бошад, ки дар ҳар чӣ фаро вай расад, ҷуз модар надонад, агар гурусна шавад, вайро хонад ва он табъи вай бошад ва на ба таклиф ихтиёр кунад ва ин муттаваккиле бошад аз таваккули хеш бехабар, аз мустағриқе, ки бошад ба вакил, аммо он аввалро аз таваккули хеш хабар бувад ва ба такаллуф ва ихтиёр хештанро фаро таваккул оварда бошад, дараҷаи саввум он ки ҳоли вай чун мурда бошад пеши мурдашӯй: хештанро мурдае бинад мутаҳаррик ба қудрати азалӣ на ба худ, чунон ки мурда мутаҳаррик ба ҳаракати ғосил бошад, агар коре пеши вай ояд, дуо низ накунад, на чун кӯдаке, ки модарро хонад, балки чун кӯдаке бувад, ки донад, ки агар модарро нахонад, модар худ донад, тадбири вай кунад.
Пас, дар мақоми бозпасин ҳеч ихтиёр набувад ва дар мақоми дуввум ҳеч ихтиёр набувад, магар ибтиҳол2 ва дуо ва даст дар вакил задан ва дар мақоми аввал ихтиёр бувад, валекин дар тадбири асбобе, ки аз суннат ва
1 Худоё, ба ман бинамо, ки чӣ гуна мурдагонро зинда месозӣ, гуфт: «Худо», магар имон наёвардаӣ?
Гуфт: «Иброҳим», оре, валекин барои он ки дилам ором гирад.
2 Тазаррӯъу зорӣ ва дуо.
одати вакил маълум шудааст. Масалан чун донад, ки одати вакил он аст, ки то вай ҳозир наёяд ва сиҷил ҳозир накунад, вай хусумат накунад, лобуд ин суннат ба ҷой оварад, он гоҳҳама интизор гардад, то вакил чӣ гӯяд ва чӣ кунад ва он чи равад, ҳама аз вакил бинад ва иҳзори сиҷил низ ҳам аз вай донад, ки аз ишорати вай шинохтааст, пас касе, ки дар таваккул дар ин мақом бувад, тиҷорат ва ҳиросат ва асбоби зоҳир, ки аз суннати Худои таъоло маълум шудааст, даст надорад, валекин боз он ба ҳам мутаваккил бувад ва эътимод бар тиҷорат ва ҳиросати хеш надорад, балки бар фазли худованд дорад, ки аз ҳиросат ва тиҷорат ба мақсуд расонад, чунон ки ҳаракот ва асбоби ҳиросат бар вай биронад ва чунон ки вайро ҳидояти он дорад, пас ин корҳо мекунад ва он чи бинад, аз Худои таъоло бинад, чунон ки шарҳи ин биёяд ва маънии ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи ин бувад, ки ҳавли ҳаракат бувад ва қуввати қудрат бувад, чун донад, ки ҳаракат ва қудрати вай ҳар ду ба вай нест, балки ба Офаридгор аст, он чи бинад аз вай бинад. Ва дар ҷумла чун ҳаволат аст корҳо бо асбоб аз назари вай берун шуд, то ҳеч чиз ҷуз Ҳақ таъоло набинад, мутаваккил бувад.
Аммо аълои мақомоти вай он аст, ки Боязиди Бастомӣ гуфтааст, ки:
Абӯмусои Дайламӣ гӯяд: вайро пурсидам, ки таваккул чист? Гуфт: «Ту чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Машоих гуфтаанд, он ки, агар чапу рост ҳама мору каждум ва аждаҳо бувад, сари дили вай ҳаракат накунад». Гуфт: «Ин саҳл аст, валекин агар аҳли дӯзахро ҷумла дар азоб бинад ва аҳли биҳиштро ҳама дар неъмат ва миёни эшон ба дил тамйиз кунад, мутаваккил набошад». Аммо он чи Абӯмусо гуфтааст: аълои мақомот таваккул аст ва шарти вай он нест, ки ҳазар накунад: ки сиддиқ пошна1 дар сӯрохи мор ниҳод дар он вақт, ки дар ғор буд ва вай мутаваккил буд, валекин ҳароси вай на аз мор буд, балки аз офаридгори мор буд, ки морро вай қуввату ҳаракат диҳад ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи дар ҳаққи ҳама набинад, аммо он чи Абӯязид гуфтааст: бад-он имон, ки асли таваккул аст, ишорат кардааст ва ин имон азиз аст ва он имон аст ба адлу ҳикмат ва фазлу раҳмат, ки донад, ки ҳар чӣ кунад, чунон мебояд, ки мекунад, пас дар ин маънӣ азоб ва неъмат фарқ накунад.
Пайдо кардани аъмоли мутаваккил
Бидон, киҳама мақомоти дин бар се асл гардад, илм ва ҳол ва амал, аммо илм ва ҳоли таваккул шарҳ карда омад ва амал монд: ва бошад, ки
1 Мақсуд он аст, ки Абубакр пошнаи по дар сӯрохи мор ниҳод, ки онро баста бошад, аз як сӯ сӯрохро баста буд ва аз сӯи дигар ба эътимод бар Худо бо пошнаи по ин корро карда буд.
касе тахайюл кунад, ки шарти таваккул он бошад, ки ҳама корҳо бо Худои таъоло гузорад ва ба ихтиёри хеш ҳеч кор накунад, албатта, то касб накунад ва ҳеч чиз фардоро наниҳад ва аз мору каждум ва шер нагурезад ва агар бемор шавад, дору накунад, ин ҳама хатост, ки ҳама бар хилофи шаръ аст: ва шаръ бар таваккул сано кардааст, чӣ гуна мухолиф бошад шаръро?!
Балки ихтиёри одамӣ ба даст овардани моле бошад, ки надорад, ё дар нигоҳдошти он, ки дорад, ё дар дафъи зараре, ки ҳосил наёмадааст, ё дур аз иллати зараре, ки ҳосил омадааст ва таваккул дар ҳар яке ҳукме дорад ва ин чаҳор мақом, лобуд шарҳ бояд кард:
Мақоми аввал
(Дар касб ва ҷалби манфиат)
Ва ин бар се дараҷа бувад: аввал сабабе — ки аз суннати Худой донистаем, ки бе он коре ҳосил наёяд, даст бидоштани он аз ҷунун бувад на аз таваккул, чунон ки касе даст ба таом набарад ва дар даҳон наниҳад, то Худои таъоло серӣ биёфаринад ё таомро ҳаракате диҳад, то ба даҳони вай шавад; ё касе никоҳ ва сӯҳбат накунад, то Худои таъоло фарзанд биёфаринад ва пиндорад, ки ин таваккул аст, ин ҳамоқат бувад, балки ҳар сабаб, ки қатъӣ аст таваккул дар вай ба амал ва ҳаракати даҳон ва дандон ҳам Худои таъоло офаридааст; ва ҳол он ки эътимоди дили вай бар фазли Худои таъоло бувад, ба фарри таом ва бар даст, ки бошад, ки дар ҳол даст мафлуҷ шавад ва таом касе ғасб кунад, пас бояд ки назари вай ба фазли вай бувад дар офариниши он ва дар нигоҳдошти он, на бар ҳавл ва қуввати хеш.

пешина
аз 176
навбатӣ