Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Дараҷаи дуввум — асбобе, ки қатъӣ набувад, валекин дар ғолиб мақсуд бе он ҳосил наёяд ва ба нодир мумкин барад, ки бе он ҳосил ояд:
чун баргирифтани зод дар сафар, ин даст бидоштан шарти таваккул нест, ки ин суннати расул салавотуллоҳу алайҳи аст ва сирати салаф, лекин мутаваккил бад-он бувад, ки эътимоди дили вай бар зод набувад, ки бошад, ки бибаранд, балки эътмод бар офаринанда ва нигоҳдорандаи он бувад, лекин агар бе зод дар биёбон шавад, раво бувад ва аз камоли таваккул бувад, на чун таом нохӯрдан, ки он таваккул нест, валекин ин касеро раво бувад, ки дар вай ду сифат бошад: яке он ки чандон қувват касб карда бошад, ки агар як ҳафта гурусна бояд буд, битавонад ва дигар он ки ба хӯрдани гиёҳ зиндагонӣ тавонад кард, ки муддате чун чунин бувад, ғолиб он бувад, ки бодия аз он холӣ набувад, то он гоҳ, ки таом аз ҷое, ки он набиюсид, падид ояд.
Ва Хавос аз мутаваккилон буд ва бад-ин сифат будӣ ва дар бодия рафтӣ, танҳо бе зод, аммо ҳамеша сӯзану нохунпирой ва ҳаблу далв бо вай будӣ, ки ин аз асбоби қатъӣ аст: ки об бе далв аз чоҳ берун наёяд ва дар бодия ҳаблу далв набошад ва чун ҷома дарида шавад, чизи дигар ба ҷои сӯзан кор накунад, пас таваккул дар чунин асбоб ба тарки он набувад, балки эътимоди дил бар фазли Худои таъоло бувад на бар он, пас агар касе дар ғоре нишинад, ки он роҳи гузари халқ набувад ва он ҷо гиёҳ набувад ва гӯяд таваккул мекунам; ин ҳаром бувад ва хештан ҳалок карда бувад ва суннати Худои таъоло надониста бошад, ҳамчун таваккуле бувад дар хусумат, ки сиҷил ба наздики вакил набарад ва аз ибодати вай дониста бошад, ки бе сиҷил сухан нагӯяд.
Ва яке аз зуҳҳод дар рӯзгори гузашта аз шаҳр берун шуд ва дар ғоре нишаст ва таваккул кард, то рӯзӣ ба вай расад, як ҳафта баромад ва наздик шуд ба ҳалокат ва чизе пайдо наёмад, ваҳй омад бар расули он рӯзгор, ки вайро бигӯй ба иззати ман, ки рӯзӣ надиҳам, то бо шаҳр наравӣ ва дар миёни халқ наистӣ, чун бо шаҳр шуд, аз ҳар ҷое чизе оварданд, чизе дар дили вай афтод, ваҳй омад, ки вайро бигӯй, ки хостӣ, ки ба зӯҳди хеш ҳукми ман ботил бикунӣ, надонистӣ, ки чун рӯзии бандаи хеш аз дасти бандагони дигар диҳам, дӯсттар дорам аз он ки аз дасти қудрати хеш?! Ва ҳамчунин, агар касе дар шаҳр пинҳон шавад ва дари хона дарбандад ва таваккул кунад, ин ҳаром бувад, ки шояд ки аз роҳ асбоби қатъӣ бархезад, аммо чун дар набандад ва ба таваккул нишинад, раво бувад, ба шарти он ки ҳама чашми вай бар дар набувад, то касе чизе оварад ва ҳама дили вай бо мардумон набувад, балки дил бо Худои таъоло дорад ва ба ибодат машғул бошад ва ба ҳақиқат шиносад, ки чун аз роҳ асбоб ба ҷумлагӣ барнахост, аз рӯзӣ дарнамонад ва ин ҷо он дуруст ояд, ки гуфтаанд, ки: агар бандае аз рӯзии хеш бигурезад, рӯзӣ вайро талаб кунад ва агар аз Худои таъоло суол кунад, то вайро рӯзӣ бидиҳад, гӯяд: эй ҷоҳил туро биёфаридем ва рӯзӣ надиҳем? Ин ҳаргиз набувад! Пас, таваккул бад-он бувад, ки аз роҳ асбоб барнахезад ва он гоҳ рӯзӣ аз асбоб бибинад, аз мусаббибуласбоб бинад, ки халқҳама рӯзии Худои таъоло мехӯранд? Лекин баъзе ба мазаллату суол ва баъзе ба ранҷу интизор чун бозоргонон ва баъзе ба кӯшишу ранҷ кашидан чун пешаварон ва баъзе ба азизӣ чун суфиён, ки чашм бар Ҳақ таъоло доранд ва он чи ба эшон расад, аз ҳақ фаро ситонанд ва халқро дар миён набинанд.
Дараҷаи саввум — асбобе, ки на қатъӣ бошад ва на дар ғолиб бад-он ҳоҷат бувад, балки он аз ҷумлаи ҳилат ва истиқсо шиносанд ва нисбати вай бо касб ҳамчун нисбати фолу афсун ва доғ бувад бо беморӣ, ки расул салавотуллоҳу алайҳи мутаваккилонро васф бад-он кард, ки афсун ва доғ накунанд, на бад-он ки касб накунанд ва аз шаҳрҳо берун шавад ва ба бодия шаванд.
Пас, дар ин мақом се мартабат аст таваккулро: аввал дараҷаи Хавос, ки дар бодия мегардид ва ин баландтар ва ин бад-он қувват бувад, ки гурусна мебошад ё гиёҳ мехӯрад ва агар наёбад, бок надорад; ва бидон, ки хайрати вай дар он аст, ки он кас, ки зод баргирад, мумкин аст, ки аз вай биситонанд, то бимирад, эҳтимоли нодир ҳамеша бар роҳ бувад ва аз он ҳазар воҷиб нест, дуввум мартабат он аст, ки касб накунад, валекин дар бодия низ нашавад, балки дар масҷиде дар шаҳре мебошад ва чашм бар мардумон надорад, балки бар лутфи Худои таъоло дорад, саввум мартабат он аст, ки ба касб берун шавад, валекин касб ба суннат ва адаби шаръ кунад, чунон ки дар китоби «Касб» бигуфтаем ва аз истиқсо ва ҳилату тадбирҳои борик ва устодӣ дар ба даст овардани ризқҳазар кунад, агар ба чунин асбоб машғул шавад, дар дараҷаи касе бувад, ки афсун хонад ва доғ кунад ва мутаваккил набувад.
Ва далел бар он ки даст бидоштани касб шарти таваккул нест, он ки Сиддиқ аз мутаваккилон буд ва аз ин дараҷа ба ҳеч ҳол маҳрум набуд ва чун хилофат қабул кард, размаи1ҷома баргирифт ва ба бозор шуд, то тиҷорат кунад, гуфтанд: дар хилофат ин чун кунӣ? Гуфт: «Пас агар иёли хешро зоеъ гузорам, дигаронро зудтар зоеъ гузорам», пас вайро қуте аз Байтулмол пайдо карданд, пас рӯзгор ҷумла ба хилофат дод, пас таваккули вай бад-он бувад, ки бар мол ҳарис набувад ва он чи ҳосил омадӣ, аз кифоят ва сармояи хеш надидӣ, балки аз Ҳақ таъоло дидӣ ва моли худ дӯсттар аз моли дигарон надоштӣ.
Ва дар ҷумла таваккул безӯҳд рост наёяд, пас зӯҳд шарти таваккул аст, агарчи таваккул шарти зӯҳд нест. Абӯҳафси Ҳаддод пири Ҷунайд буд ва аз мутаваккилон буд, гуфт: «Бист сол таваккул пинҳон доштам, ҳар рӯз ба бозор як динор касб кардаме, ки ба як қирот аз он ба гармоба нашудаме, балки ҳама ба садақа бидодаме». Ва Ҷунайд ба ҳузури вай дар таваккул сухан нагуфтӣ ва гуфтӣ, ки: шарм дорам, ки дар пеши вай ҳадиси таваккул кунам, ки он мақоми вай аст; аммо суфиён, ки дар хонагоҳҳо нишинанд ва ходим берун шавад, таваккули эшон заиф бувад: ҳамчун таваккули касе, ки касб мекунад ва онро шарт бисёр бувад, то таваккул боз он дуруст ояд, аммо агар бар футӯҳ бинишинад, ин ба таваккул
1 Баста.
наздиктар бувад, аммо чун ҷои маъруф шуд, он ҳам чун бозоре бошад ва бим бувад, ки сукуни дил бар он бувад, аммо агар дилро бад-он илтифоте набувад, ҳам таваккул муктасиб бошад ва асл он аст, ки чашм бар мардумон надорад ва бар ҳеч сабаб эътимод надорад, магар бар мусаббибуласбоб. Хавос гӯяд: «Хизрро дидам ва ба сӯҳбати ман розӣ буд, валекин вайро бигузоштам, ки дил ба вай эътимод кунад ва ором гирад ва таваккули ман ноқис шавад». Ва Аҳмад ибни Ҳанбал муздуре дошт, шогирдро гуфт: «То зиёдат аз музди вай чизе ба вай диҳад, фаро наситад». Чун берун шуд, Аҳмад гуфт: «Аз паи вай бибар, ки биситонад».
Гуфт: «Чаро?» Гуфт: «Он вақт дар ботини хеш тамаъи он бидида бувад, аз он наситад, чун тамаъ гусаста шуд, биситонад».
Ва дар ҷумла таваккул муктасиб он бувад, ки эътимоди вай бар сармоя набувад ва нишони он бувад, ки агар бидузданд, дили вай нагардад ва навмедӣ аз ризқ падидор наёяд, чун эътимод бар фазли Худой аст, донад, ки аз ҷое, ки набиюсад, падид оварад ва агар наёварад он бувад, ки хайрати вай дар он бувад.
(Илоҷи ба даст овардани ин ҳолат)
Бидон, ки ин сухан азиз ҳолате бувад, ки касе бизоате дорад, агар бидузданд ва ба зиён ояд, дили вай барҷой мебошад, лекин агарчи азиз аст ва нодир аст, муҳол нест ва ин бад-он бувад, ки имон ва яқин ҳосил ояд ба камоли фазлу раҳмат ва ба камоли қудрат: то бидонад, ки бисёр касеро бесармоя рӯзӣ медиҳад ва бисёр сармоя, ки сабаби ҳалоки он кас аст, пас хайрат бошад, ки дар ҳалок шудани он бувад. Расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Банда бошад, ки шаб андешаи коре мекунад, ки ҳалоки вай дар он бошад, Худой азза ва ҷалла аз фавқи арш ба назари иноят ба вай нигарад ва он аз вай сарф кунад, бомдод андӯҳгин бархезад ва гумони бад мебарад, ки ин кӣ кард ва чаро кард ва ин қасде бувад, ки ҳамсоя кард ва ин Амр кард ва фулон кард ва он раҳмати Худои таъоло бувад, ки ба вай расидааст». Ва аз ин бувад, ки Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Бок надорам, ки бомдод дарвеш хезам ё тавонгар, ки надонам, ки хайрат дар кадом аст».
Ва дигар он ки бидонад, ки бими дарвешӣ ва гумони бад талқини шайтон аст, ки: «Аш-шайтону йаъидукуму-л-фақра». Ва эътимод дар чунин назари ҳақ камоли маърифат аст, хосса ки бидонистааст, ки рӯзӣ аз асбоби хафӣ низ, ки касеро бад-он набарад, бисёр аст. Ва дар ҷумла бар асбоби хафӣ низ эътимод накунад, балки бар замони худованд асбоб кунад. Обиде мутаваккил дар масҷиде буд, аммо чанд бор гуфт, ки: ту чизе надорӣ, агар касб кунӣ фозилтар, гуфт: «Ҷуҳуде дар ин ҳамсоягӣҳар рӯз замони ду нон кардааст, ки ба ман мерасонад». Гуфт: «Агар чунин аст, акнун раво бувад, агар касб накунӣ». Гуфт: «Эй ҷавонмард ту боре, агар имомӣ накунӣ авлотар, ки замони ҷуҳуде наздики ту аз замони Ҳақ таъоло қавитар аст, имомии масҷиде ба дигаре деҳ». Гуфт: «Нон аз куҷо хӯрӣ?» Гуфт: «Сабр кун, то аввал намозе, ки аз паси ту кардаам, боз кунам, яъне ки туро ба замони Худои таъоло имон нест». Ва касоне, ки ин озмудаанд, аз ҷое, ки набиюсанд, футуҳҳо дидаанд ва имони эшон бад-ин, ки: «Ва мо мин доббатин фи-л-арзи илло ъалаллоҳи ризқуҳо» маҳкум шудааст. Ҳазифаи Маръаширо пурсиданд, ки: чӣ аҷаб дидаӣ аз Иброҳими Адҳам, ки ту хидмати вай кардаӣ? Гуфт: «Дар роҳи Макка гуруснагии саъб кашидем, чун дар Кӯфа омадем, асари он бар ман бидид, гуфт: заиф шудӣ аз гуруснагӣ? Гуфтам: оре. Гуфт: коғазу давот биёвар, биёвардам, бинавишт: бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим, эй он ки ҳама мақсуд дар аҳволи туӣ ва ишорати ҳама ба туст, ман саногӯй ва шокирам бар икроми ту, валекин гуруснаву ташна ва бараҳнаам, ман ин се, ки насиби ман аст, зомини онам, он се ки насиби туст, ту зомин бош ва руқъа ба ман дод ва гуфт берун шав ва дил дар ҳеч халқ мабанд, ҷуз дар Ҳақ таъоло ва ҳар киро аввал бинӣ ба вай деҳ, чун берун шудам якеро дидам бар уштуре нишаста, ба вай додам бархонд ва бигирист ва гуфт:
куҷост худованди руқъа? Гуфтам: дар масҷид, кисае зар ба ман дод, шашсад динор, пурсидам, ки: ин кист? Гуфтанд: тарсое, наздики Иброҳим омадам ва ҳикоят кардам. Гуфт: даст ба он мабар, ки ҳамакнун худованди ин биёяд, дарвақт тарсо биёмад ва бар пойи вай бӯса дод ва мусулмон шуд». Абӯяъқуб гӯяд: «Даҳ рӯз дар Ҳарам гурусна будам, бетоқат шудам, берун омадам, шалғаме андохта дидам, гуфтам:
баргирам. Гуфтӣ: касе аз ботини ман мегӯяд, ки даҳ рӯз гурусна будаӣ, он гоҳ насиби ту шалғаме пӯсида?! Даст бидоштам ва бо масҷид омадам, шахсеро дидам, ки қамтараи шакар ва мағзи бодом пеши ман биниҳод ва гуфт: дар дарё будам, боде баромад, назар кардам, ки агар саломат ёбам, ин бо аввал дарвеш диҳам, ки бинам, аз ҳар яке кафе баргирифтам ва гуфтам: боқӣ ба ту бахшидам ва бо худ гуфтам, ки бодро фармудаанд дар миёни дарё, ки рӯзии ту рост кунад ва ту аз ҷои дигар талаб мекунӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё