Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас, шинохтани амсоли ин наво дар имонро қавӣ гардонад.
(Пайдо кардан таваккули муъил)
Бидон, ки муъилро мусаллам нест, ки дар ба водӣ шавад ва асбоби касби даст бидорад, балки таваккули муъил ҷуз ба дараҷаи саввум набувад ва он таваккул муктасиб аст. Чунон ки сиддиқ мекард, барои он ки камоли таваккул ба ду маънӣ мусаллам бувад: яке он ки бар гуруснагӣ сабр тавонад кард ва ба ҳар чӣ бувад, қаноат тавонад кард, агарчи гиёҳ бувад ва дигар он ки имон дорад, ки бошад, ки рӯзии вай гуруснагӣ ва марг аст ва хайрати вай дар он аст ва иёлро бад-ин натавон дошт, балки ба ҳақиқати нафс вай низ иёли вай аст, агар қуввати сабр надорад, бар гуруснагиву изтироб хоҳад кард, вайро таваккул ба тарки касб нашояд ва агар иёл низ қуввати сабр дорад ва ба таваккул ризо диҳад, ҳам тарки касб раво набувад, пас фарқ беш аз ин нест, ки хештанро ба қаҳр фаро гуруснагӣ доштан раво бувад, аммо иёлро раво набувад; ва чун касеро имон тамом бувад ва ба тақво машғул гардад, агарчи касб накунад, асбоби ризқи вай зоҳир бувад: чунон ки кӯдак дар раҳми модар оҷиз аст аз касб, рӯзии вай аз роҳи ноф ба вай мерасад, чун берун ояд, аз синаи модар мерасонад, чун таоми дигар тавонад хӯрдан ба вақти хеш дандон биёфаринад, агар модару падар бимиранд ва ятим монад, чунон ки шафқатро бар модар муваккал кард, раҳмати ятим дар дили халқ падидор ояд, пеш аз ин мушфиқ яке бувад ва дигарон ба вай боз гузошта буданд, чун модару падар бирафт, сад ҳазоронро ба шафқат барангехт, чун меҳтар шуд, вайро қудрати касб дода ва боист онро бар вай мусаллат кард, то худро темор дорад ба шафқате, ки бар вай муваккал аст, чунон ки модар темор медошт ба шафқате, ки бар вай муваккал буд, агар ин боист аз вай баргирад, то аз касби хеш ятим шавад ва рӯй ба тақво оварад, ҳама дилҳоро аз шафқати вай пур кунад, то ҳама гӯянд ин мард ба Худои таъоло машғул аст, ҳар чӣ беҳтар ва некӯтар ба вай бояд дод, пеш аз ин мушфиқи вай танҳо буд бар хештан, акнун ҳамаи халқ бар вай шафқат бурдан истанд, чунон ки бар ятим, аммо агар касб тавонад кард ва ба батолату коҳилӣ машғул бувад, ин шафқатҳо дар дилҳо падид наёварад, вайро таваккул ба тарки касб раво набувад, ки чун ба нафси хеш машғул аст, бояд ки темори хеш дорад, агар рӯй ба ҳақ оварад ва аз хештан ятим шавад, он гоҳ Худои таъоло дилҳоро бар вай раҳим ва мушфиқ гардонад ва бад-ин сабаб аст, ки ҳаргиз ҳеч муттақиро надидаанд, ки аз гуруснагӣҳалок шуд.
Пас, ҳар кӣ дар ин тадбир маҳкам нигоҳ кунад, ки худованди мамлакат кори мулку малакут чун тадбир кардааст ва чӣ гуна ба камол ниҳодааст, ба зарурат ин оят вайро мушоҳид шавад, ки гуфт: «Ва мо мин доббатин фи-л-арзи илло ъалаллоҳи ризқуҳо». Ва бидонад, ки кори мамлакат чунон зебо ва ба тадбир кардааст, ки ҳеч кас зоеъ намонад, магар ба нодир ва он аз он бошад, ки хайрати вай дар он бувад ва аз он набошад, ки касб даст бидошт, ки он ки моли бисёр касб карда бошад, низ ба нодир бошад, ки зоеъ шавад ва ҳалок гардад. Ва Ҳасани Басрӣ, ки ин ҳол ба мушоҳида бидид, гуфт, ки: хоҳам, ки ҳама Басра иёли ман бошанд ва як дона гандум ба диноре бувад. Ваҳб ибнулВард гуфт, ки: агар осмон оҳанин шавад ва замин рӯин ва ман андар хештан андӯҳи рӯзии худ бинам, мушрик бошам. Ва Худои таъоло ризқ ба осмон ҳаволат кард, то бидонанд, ки ҳеч кас роҳ бад-он набарад, ҷамоате дар наздики Ҷунайд рафтанд, гуфтанд:
рӯзии хешро чи кунем? Гуфт: «Агар донед, ки куҷост, талаб кунед».
Гуфтанд: аз Худои таъоло рӯзии хешро суол кунем, гуфт: «Агар донед, ки фаромӯш кардааст, бо ёди вай диҳед». Гуфтанд: таваккул кунем ва менагӯем, то худ чи бувад, гуфт: «Таваккул ба озмоиш шак бувад».
Гуфтанд: пас ҳилат чист? Гуфт: «Даст аз ҳилат бидоштан». Пас, дар ҳақиқат замони ризқ кифоят аст, ҳар кӣӯро ба зомин оварад, бояд ки рӯй ба вай оварад.
Мақоми дигар дар таваккул
Нигоҳ доштан ва идхор аст
Бидон, киҳар кӣ яксола кифояти хеш биниҳод, аз таваккул бияфтод, ки асбоби хафӣ супурд ва эътимод бар асбоб зоҳир кард, ки ҳар соле мукаррар шавад, аммо он ки ба зарурати вақт қаноат кард, аз таом, чандон ки сер шавад ва аз ҷома, чандон ки пӯшида монад, вай ба таваккул вафо кард, аммо идхор кунад1қадри чиҳил рӯзро, равост, Хавос мегӯяд, ки таваккул бад-ин ботил нашавад, магар ки зиёдат шавад ва Саҳли Тустарӣ мегӯяд: «Идхор таваккулро ботил кунад». Абӯтолиби Маккӣ мегӯяд, ки агар чиҳил зиёдат шавад, таваккул ботил нашавад, чун эътимод бар идхор накунад. Ва Ҳусайни Мағозалӣ аз муридони Бушр буд, гуфт: «Як рӯз марде каҳл2 дар пеши Бушр омад, Бушр як каф сим ба ман дод. Ва гуфт: бад-ин таом хар, ҳар чӣ хуштар ва некӯтар ва ҳаргиз ин сухан аз вай нашунида будам, бирафтам ва таом биёвардам, то вай бихӯрд ва ҳаргиз надида будам, ки бо касе чизе хӯрда буд, чун бихӯрд, бисёрии таом бимонд, он марди каҳил ҳама фаро ҳам гирифт ва бардошт ва бибурд ва маро аҷаб омад, ки бе дастуре чунин кард, Бушр гуфт: туро аҷаб омад?
Гуфтам: оре. Гуфт: ин Фатҳи Мавсалӣ буд, имрӯз аз Мавсал ба зиёрати мо
1 Идхор – захира кардан.
2 Пир.
омадааст, таом баргирифт, то моро биёмурзад, ки чун таваккул дуруст шуд, идхор зиён надорад».
Пас, ҳақиқат он аст, ки асли таваккул кӯтоҳ аст ва ҳукми ин он аст, ки идхор накунад, пас агар кунад ва мол дар дасти хеш ҳамчунон донад, ки дар хизонаи Худои таъоло ва бад-он эътимод накунад, таваккул ботил нашавад ва ин ки гуфтем, ҳукми марди танҳост, аммо муъил бад-он яксола биниҳад, таваккули вай ботил нашавад, магар ки зиёдат кунад.
Расул салавотуллоҳу алайҳи барои иёл ва заъфи дили эшон як сол биниҳодӣ ва барои хеш аз бомдод, то шабонгоҳ нигоҳ надоштӣ ва агар нигоҳ доштӣ, таваккул вайро зиён надоштӣ: ки будани он дар дасти вай ва дар дасти дигаре наздики вай ҳар ду яке будӣ, лекин халқро биёмӯхт бар дараҷаи заъфи эшон ва дар хабар аст, ки яке аз асҳоби суфа1 фармон ёфт, дар миёни ҷомаи ӯ ду динор ёфтанд, расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ду доғ бувад ва ин ду ваҷҳро мутаҳаммил аст: яке он ки хештанро ба муҷаррадӣ фаро намуда бошад ба талбис, ин ду доғ бувад аз оташ бар сабили азоб, дигар он ки талбис накарда бошад, валекин ин идхор вайро нуқсони дараҷа оварад дар он ҷаҳон, чунон ки нишони ду доғ бар рӯй аз ҷамол нуқсон кунад», чунон ки дар ҳаққи дарвеши дигар гуфт: «Чун фармон ёфт, ки дар қиёмат ҳамеояд, рӯи вай чун моҳи шаби чаҳордаҳ ва агар як хислат набудӣ, чун офтоб будӣ, он ки ҷомаи зимистонӣ зимистони дигарро биниҳодӣ ва тобистонӣ тобистони дигарро ва гуфт, ки: шуморо ҳеч чиз камтар аз яқин ва сабр надодаанд», яъне, ки нигоҳ доштани ҷома аз нуқсон яқин бошад. Аммо, ҳеч хилоф нест, ки дар кӯзаву суфра ва матҳара ва он чи бардавом ба кор ояд, идхор раво бувад, ки суннати Худои таъоло бад-он рафтааст, ки ҳар соле нону ҷома падид ояд аз ваҷҳи дигар, аммо ҳар соате ин ханурҳои тоза падидор наёяд; ва суннати Худои таъоло хилоф кардан раво набувад, аммо ҷомаи тобистон дар зимистон ва зимистон дар тобистон ба кор наёяд, нигоҳ доштан дар ин вақт аз заъфи яқин бошад.
– ФАСЛ –
(Идхор барои чӣ касон авлотар аст)
Бидон, ки агар касе чунон бувад, ки идхор накунад, дили вай музтариб хоҳад шуд ва чашм бар халқ хоҳад дошт, вайро идхор авлотар; балки агар чунон бувад, ки дили вай ором нагирад ва ба зикр машғул нашавад, магар ки зиёъе дорад, ки кифояти вай дарояд, вайро ин авлотар, ки ба қадри
1 Асҳоби суфа мӯъминони бечизе буданд, ки дар замони пайғамбар (с) аз бехонумонӣ дар суфаи масҷид манзил доштанд.
кифоят зиёъ дорад: ки мақсуд аз ин ҳама дил аст, то ба зикри Худои таъоло мустағриқ шавад. Ва баъзе аз дилҳо чунон аст, ки будани мол вайро машғул дорад ва дар дарвешӣ шокир бувад, ин шариф бувад ва баъзе он ки бе қадри кифоят шокир набувад, ин касро зиёъ авлотар, аммо он ки бе зиёдате ва таҷаммул шокир набошад, ин дил на аз ҷумла дилҳои аҳли дин аст, ин худ дар ҳисоб наёяд.
Мақоми саввум
(Шинохтани асбоб дар дафъи зарар)
Бидон, киҳар сабаб, ки қатъӣ ё ғолиб аст, аз роҳи он бархостан шарт нест дар таваккул, балки агар мутаваккил дари хона бибандад ва қуфл барниҳад, то дузд коло набарад, таваккул ботил нашавад ва агар силоҳ баргирад ва аз хасм ҳазар кунад, ҳамчунин ва агар ҷубба баргирад, то дар роҳ сармо наёяд, ҳамчунин; ва агар сер хӯрад, масалан, то ҳарорати ботин дар роҳ асари сармо камтар кунад, ин чунин асбоби дақиқ муноқизи таваккул бувад, ҳамчун доғ ва афсун, аммо он чи аз асбоби зоҳир аст, даст бидоштани он шарт нест. Аъробие дар пеши расул салавотуллоҳу алайҳи омад, гуфт: «Уштур чи кардӣ?» Гуфт: «Бигузоштам ва таваккул кардам», гуфт: «Бибанд ва таваккул кун». Аммо агар ранҷе расад аз одамӣ, эҳтимол кардан ва дафъ нокардан аз таваккул аст, чунон ки Худои таъоло гуфт:
«Вадаъ азойиҳум ва таваккал ъалаллоҳи». Ва гуфт: «Ва ланасбиранна ъало мо азайтумуно ва ъалаллоҳи фалйатаваккали-л-мутаваккилуна»; аммо агар ранҷ аз мору каждум ва сибоъ бувад, сабр нашояд, дафъ бояд кард:
пас ҳар кӣ силоҳ баргирифт дар ҳазар кардан аз адӯ, мутаваккил бад-он бувад, ки эътимод бар қувват накунад ва нишони мутаваккилӣ он бувад, ки агар бо хона шавад, дузд коло бурда бошад, розӣ бувад ба қазои Худои таъоло ва ранҷур нашавад, балки берун шавад ба забони ҳол мегӯяд, ки қуфл на барои он бармениҳам, то қазои ту дафъ кунам, лекин то суннати туро мувофиқат кунам, бор худоё, агар касеро бад-ӯ ин мол тасаллут кунӣ, розиям, ба ҳукм он ки надонам, ки ин барои рӯзии дигаре офарида ва ба орият ба ман супурдӣ ё ба ман офаридӣ? Пас, агар дари хона бибандад ва чун боз ояд, коло дар хона набинад ва ранҷур шавад, фоидаи вай он аст, ки бидонист, ки таваккули вай дуруст нест ва он ишва бувад, ки нафси вай медод, аммо агар хомӯш бувад ва гила накунад, боре дараҷаи сабр биёфт ва агар дар шикоят кардан истад ва дар талаби дузд истиқсое намояд, аз дараҷаи сабр низ бияфтод ва бидонист, ки вай низ на аз собирон аст ва на аз мутаваккилон, то боре даъвое дар боқӣ кунад ва ин фоидаи тамом бошад, ки аз дузд ҳосил ояд.
Суол: агар касе гӯяд, ки агар бад-он мӯҳтоҷ набудӣ, дар набастӣ ва нигоҳ надоштӣ; чун нигоҳ дошт, барои ҳоҷат ва бурданд, чӣ гуна мумкин гардад, ки ранҷур нашавад?
Ҷавоб: он аст, ки бад-он мумкин гардад, ки: то Худои таъоло бад-ӯ дода буд, гумон мебарад, ки магар хайрати вай дар он аст, ки ин бо вай бувад ва нишони ин он, ки Худои таъоло ба вай дода буд ва акнун хайрати вай дар он аст, ки бо вай набувад ва нишони ин он, ки аз вай бозситад: пас ба хайрати хеш дар ҳар ду ҳол шод бошад ва имон оварад, бад-он ки худованд накард дар ҳаққи вай, илло он ки хайрати вай бувад; вай хайрати вай надонад, худованд беҳтар донад, чун бемор, ки падаре мушфиқ дорад ва табиб, агар таом ва гӯшт диҳад, вай шод шавад, гӯяд, агар на он астӣ, ки осори тандурустӣ мебинад, надодӣ ва агар гӯшт бозгирад, шод шавад, гӯяд, агар на он астӣ, ки медонад, ки зиёни ман дар он аст, бознигирифтӣ ва то ин имон набошад, таваккул дуруст набошад ва ҳадис беасл бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ