Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

(Одоби мутаваккил чун коло дузд бибарад) Бидон, ки мутаваккил бояд шаш адаб нигоҳ дорад:
Яке он ки, агарчи дар бибандад, истиқсо накунад ва банд бисёр наниҳад ва аз ҳамсоягон посбонӣ нахоҳад, лекин осон фаро гирад: Молик ибни Динор риштае бар дари хона бастӣ ва гуфтӣ: агар ба сабаби саг набудӣ, набастаме.
Адаби дуввум — он ки ҳар чӣ донад, ки нафис бувад ва дузд бар он ҳарис дар хона наниҳад, ки он сабаби тарғиби дузд бувад дар маъсият:
Молики ибни Динорро закот фиристоданд, пеши он кас фиристод, ки боз баргир, ки шайтон васвос бар дили ман афканд, ки дузд бибарад, нахост, ки ӯ дар васвос бувад ва дузд дар маъсият афтад: чун Абӯсулаймони Доронӣ ин бишунид, гуфт: «Ин аз заъфи дили сӯфиён аст, вай дар дунё зоҳид аст, вайро аз он чи, ки дузд бибарад?!» Бад-ин сабаб ин назар тамомтар аст.
Адаби саввум — он ки чун берун ояд, ният кунад, ки агар дузд бибарад, биҳил аст, то бошад, ки, агар дарвеш бошад, ҳоҷати вай бад-он барояд ва агар тавонгар бувад, бад-ин сабаб бошад, ки моли дигаре надуздад ва моли вай фидои моли дигаре бошад ва ин шафқате бошад бар дузд ва ҳам бар моли дигар мусулмон ва бидонад, ки бад-ин ният қазои Худои таъоло бинагардад ва ҳамчунин вайро савоби садақа ҳосил ояд ба ҷои дираме ҳафтсад, агар бибаранд ва агар на, ки вай нияти хеш бикард, чунон ки дар хабар аст, ки: касе дар сӯҳбат бо зан азл накунад ва тухм биниҳад, агар фарзанд ояд ва агар на, вайро музди ғуломӣ нависанд, ки дар роҳи Худои таъоло ҷанг мекунад, то вайро бикушанд ва ин бад-он сабаб аст, ки вай он чи ба вай бувад, бикард, аммо агар фарзанд будӣ, хулқ ва ҳаёти вай ба вай набудӣ ва савоби вай бар феъли вай будӣ.
Адаби чаҳорум — он ки андӯҳгин нашавад ва бидонад, ки хайрати вай он бувад, ки бибурданд ва агар гӯяд, ки дар сабили Худои таъоло кардам, талаб накунад ва агар бо вай диҳанд, низ бознаситонад ва агар бозситонад, мулки вай бувад, ки ба муҷарради ният аз мулки вай нашавад, валекин дар мақоми таваккул маҳбуб набошад. Ибни Умарро уштуре бидуздиданд, биҷуст, то бомдод, он гоҳ гуфт: «Фи сабилиллоҳи»
ва бо масҷид омад ва намоз мекард, яке биёмад, ки уштур фулон ҷой аст, наълайн дар пой кард ва пас гуфт: «Астағфируллоҳа» ва бинишаст ва гуфт: «Гуфта будам, ки дар сабили Худои таъоло карда, акнун гирди он нагардам». Ва яке аз машоих гӯяд, ки: бародареро ба хоб дидам, дар биҳишт, валекин андӯҳгин, гуфтам: дар биҳишт чаро андӯҳгинӣ? Гуфт:
«Ин андӯҳ то қиёмат бо ман хоҳад буд, ки мақомоти азим ба ман намуданд дар иллиййин, ки дар ҳама биҳишт он набувад, шод шудам, чун қасди он кардам, мунодӣ омад, ки вайро бозгардонед, ки ин касеро бувад, ки сабил ронда набувад, гуфтам: сабил рондан кадом бувад? Гуфт:
«Ту гуфтӣ, ки фулон чиз дар сабили Худой ва он гоҳ ба сар набурдӣ, агар ту тамом кардӣ, ин низ тамом ба ту додандӣ». Ва яке дар Макка аз хоб бедор шуд, ҳамёне зар дошта буд, надид, яке аз бузургони обидон он ҷо буд, вайро муттаҳам кард, он кас вайро ба хона бурду гуфт: «Зар чанд буд?» Гуфт: «Чандин, чандон», ки вай гуфт, ба вай дод, чун берун омад хабар шунид, ки ҳамёни вай яке аз ёрони вай ба бозӣ баргирифтаст, бозгашт ва зар бо наздики вай бурд, ҳарчанд гуфт, қабул накард, гуфт:
«Он дар нияти хеш сабил кардам», охир бифармуд, то ҳама ба дарвешон доданд. Ва ҳамчунин, агар касе ноне мебарад, то ба дарвеше диҳад, дарвеш рафта бошад, кароҳият доштаанд, бо хона бурдан ва бихӯрдан, ба дарвеши дигар додаанд.
Адаби панҷум — он ки бар дузд ва золим дуои бад нагӯяд, ки бад-ин ҳам таваккул ботил шавад ва ҳам зӯҳд, ки ҳар кӣ бар гузашта таассуф хӯрад, зоҳид набувад. Рабеъ ибни Хасимро асбе бибурданд, ки чандин ҳазор дирам арзид, гуфт: «Медидам, ки мебурданд», ҳозирон, ки буданд, бар вай дуои бад карданд, гуфт: «Макунед, ки ман вайро биҳил кардам ва ба садақа ба вай додаам». Якеро гуфтанд, золими хешро дуои бад кун, гуфт: «Зулм бар хештан кардааст на бар ман, вайро он шарр кифоят аст, зиёдат натавонам гуфт бар вай». Ва дар хабар аст, ки: «Банда бар золим дуои бад мекунад, то ҳаққи хеш ба тамомӣқасос кунад ва бошад, ки золимро чизе бар вай бимонад!».
Адаби шашум — он ки андӯҳгин шавад барои дузд ва шафқат орад бар вай, ки бар вай маъсияте бирафт ва дар азоби он гирифтор шуд ва шукр кунад, ки вай мазлум аст ва золим нест ва он нуқсон, ки дар мол афтод, дар дин наяфтод ва агар андӯҳи касе, ки маъсиятеро ҳалол дошт, дилро машғул накунад, аз насиҳат ва шафқат бар халқ даст бидошта бувад.
Фузайл писарро дид, ки колош бибурда буданд, мегирист, гуфт: «Бар коло мегирйӣ?» Гуфт: «На, барои он мискин, ки чунин коре бикард ва дар қиёмат вайро ҳеч ҳуҷҷат набувад!»
Мақоми чаҳорум
(Дар илоҷ ва изолати зараре, ки ҳосил омада бошад) Бидон, ки илоҷ бар се дараҷа аст: якеқатъӣ: ки илоҷи гуруснагӣ ба нон ва илоҷи ташнагӣ ба об ва илоҷи оташ, ки дар ҷое афтад, бад-он ки об бар вай занӣ, даст бидоштани ин аз таваккул нест, балки ҳаром аст. Дуввум он ки на қатъӣ бошад ва на заннӣ, валекин мӯҳтамал бувад, ки асар кунад, чун афсуну фол ва доғ ва шарти таваккул даст бидоштан ин аст — чунон ки дар хабар аст — чи кардан ин нишони истиқсо бувад дар асбоб ва эътимод бар он; ва қавитарин ин доғ аст, он гоҳ афсун ва заифтарин фол аст, ки онро тира1 гӯянд.
Дараҷаи саввум миёни ин ҳар ду дараҷа аст: он ки қатъӣ набувад, валекин ғолиб занн бувад, чун фасд ва ҳиҷомат ва мусҳил хӯрдан ва илоҷи гармӣ ба сардӣ ва илоҷи сардӣ ба гармӣ даст бидоштан, ин ҳаром нест ва шарти таваккул низ нест ва бувад, ки дар баъзе аз аҳвол кардани он аз нокардан авлотар бувад ва дар баъзе нокардан авлотар ва далел бар он ки шарти таваккул тарки ин нест, қавли расул алайҳиссалом аст ва феъли вай:
Аммо қавл он ки гуфт: «Бо бандагони Худои таъоло дор ва ба кор доред». Ва гуфт: «Ҳеч иллат нест, ки на онро доруе аст, магар маргро, лекин бошад, ки донанд ва бошад, ки надонанд». Ва пурсиданд, ки дору ва афсун қадри Худои таъоло бигардонад? Гуфт: «Ин низ аз қадр бувад».
Ва гуфт: «Ба ҳеч қавм аз малоика барнагузаштам, ки нагуфтанд, уммати хешро ҳиҷомат фармой». Ва гуфт: «Ҳафдаҳум моҳ ва нуздаҳум ва
1 Фол задан ба тайарон ва паридани туюр.
бистуякум ҳиҷомат кунед, ки набояд, ки ғалабаи хун шуморо ҳалок кунад», бигуфт, ки: хун сабаби ҳалок аст ба фармони Худои таъоло ва фарқ нест миёни он, ки хун аз тан берун кунед ё мор аз ҷома ё оташ аз хона фурӯ кашед, ки ин ҳама асбоби ҳалок аст ва тарки ин шарт таваккул аст. Ва гуфт: «Ҳиҷомати сешанбеи ҳафдаҳуми моҳ иллати яксола бибарад» — ва ин дар хабаре ба қатъ1 ривоят кардаанд ва Саъд ибни Муозро фасд фармуд ва Алиро разийаллоҳу анҳу чашмдард буд, гуфт:
«Аз ин махӯр, яъне рутаб ва аз ин хӯр, яъне барги чағундар ба кашки ҷав пухта». Ва Саҳибро гуфт: «Хурмо мехӯрӣ ва чашмдард?» Гуфт: «Ба дигар ҷониб мехӯрам», бихандид.
Ва аммо феъли вай он аст, ки ҳар шабе сурма дар кардӣ ва ҳар соле дору хӯрдӣ ва чун ваҳй омадӣ, сари ӯ ба дард омадӣ, дар сар ҳино бастӣ ва чун ҷои риш шудӣ, ҳино бар он ниҳодӣ ва вақт будӣ, ки хок баркардӣ ва ин бисёр аст ва «Тиббуннабӣ» китобе аст, ки кардаанд. Ва Мусоро салавотуллоҳу алайҳи иллате падид омад, бани Исроил гуфтанд, ки доруи ин фулон аст, гуфт: «Дору накунам, то вай офият фиристад», он иллат дароз бикашид, гуфтанд: доруи ин маъруф аст ва маҷбур аст ва дарҳол беҳ шавад, гуфт: «Нахоҳам иллат бимонад», ваҳй омад, ки: ба иззати ман то дору нахӯрӣ, офият нафиристам, бихӯрд ва беҳтар шуд, чизе дар дили вай афтод, ваҳй омад, ки хостӣ, ки ҳикмати ман ба таваккули хеш кунӣ? Манфиатҳо дар доруҳо кӣ ниҳод ҷуз ман? Ва яке аз анбиё шикоят кард аз заъф, ваҳй омад, ки гӯшт хӯру шир. Ва қавме гила карданд аз зиштии фарзандон ба расули рӯзгор, ваҳй омад, ки бигӯй, то занони эшон дар обастанӣ биҳӣ хӯранд, бихӯрданд ва фарзандон некӯ шуданд, пас баъд аз он дар обастанӣ биҳӣ хӯранд ва дар нифос рутаб.
Пас, аз ин ҷумлат маълум шуд, ки дору сабаби шифост, чунон ки нону об сабаби серӣ аст ва ҳама ба тадбири мусаббибуласбоб аст. Ва дар хабар аст, ки Мӯсо алайҳиссалом гуфт: «Ё рабб, беморӣ аз кист ва сиҳат аз кист?» Гуфт: «Ҳар ду аз ман аст», гуфт: «Пас табиб ба чӣ кор меояд?»
Гуфт: «Эшон нон ва рӯзии ман мехӯранд ва бандагони маро дилхушӣ медиҳанд», пас таваккул дар ин низ ба илм ва ба ҳол аст, ки эътимод бар офаридгор дору кунад, на бар дору, ки бисёр кас дору хӯрд ва ҳалок шуд.
– ФАСЛ –
(Чаро аз доғ наҳй омадааст)
Бидон, ки доғ низ одат аст гурӯҳеро, валекин кардани он аз таваккул
1 Хабаре, ки силсилаи ровиёни он дар васат қатъ шуда бошад.
бияфканад, балки аз он худ наҳй омадааст ва аз афсун наҳй нест, ба сабаби он ки сӯхтани оташ ҷароҳате бо хатар аст ва аз сирояти он бим бувад, на чун фасд ва ҳиҷомат ва манфиати он низ чунон зоҳир нест, ки манфиати ҳиҷомат ва чизи дигаре ба ҷои он биистад. Умрон ибну-л- Ҳасинро иллате афтод, гуфтанд: доғ кун, накард, чун илҳоҳ карданд, бикард ва гуфт: «Пеш аз ин нуре медидам ва овозе мешунидам ва малоика бар ман салом мекарданд, то ин доғ бикардам, он ҳама аз ман дар ҳиҷоб шуданд», он гоҳ тавба ва истиғфор кард ва Матраф ибни Абдуллоҳро гуфт: «Баъд аз муддате Худои таъоло он каромат бо ман дод».
(Пайдо кардани он ки дору нохӯрдан дар баъзе аз аҳвол фозилтар ва он мухолифати расул салавотуллоҳу алайҳи набувад) Бидон, ки бисёре аз бузургон илоҷ накарданд ва бошад, ки касе гӯяд:
агар ин камоле будӣ, расул салавотуллоҳу алайҳи дору нахӯрдӣ! Пас, ин ишкол бад-он бархезад, ки бидонӣ, ки дору нахӯрданро шаш сабаб аст:
Аввал он ки — мукошиф бувад ва бидониста бувад, ки аҷал фаро расидааст ва аз ин бувад, ки Сиддиқро гуфтанд: табиберо бихонем? Гуфт:
«Табиб маро дид». Ва гуфт: «Инни афъалу мо уриду — ман он кунам, ки хоҳам».
Сабаби дуввум — он ки бемор ба хавфи охират машғул бувад ва дил илоҷ надорад, чунон ки Абӯддардоро гуфтанд: аз чӣ менолӣ? Гуфт: «Аз гуноҳон?» Гуфтанд: чӣ орзу дорӣ? Гуфт: «Раҳмати Худои таъоло».
Гуфтанд: табибро хонем? Гуфт: «Маро табиб бемор бикардааст». Ва Абӯддардоро чашм ба дард омад, гуфтанд: илоҷ накунӣ? Гуфт: «Шуғл дорам аз ин муҳимтар». Ва мисоли ин чунон бувад, ки касеро пеши малике мебурданд, то сиёсат кунанд, касе вайро гӯяд, нон нахӯрӣ, гӯяд, чӣ парвои нон ва гуруснагӣ аст?! Ин таън набошад дар касе, ки нон хӯрад ва мухолифати вай набошад ва ин мустағриқе ҳамчунон аст, ки Саҳлро гуфтанд: қут чист? Гуфт: «Зикри ҳаййи қайюм аст», гуфтанд: туро аз қавом мепурсем? Гуфт: «Қавом илм аст», гуфтанд: аз ғизо мепурсем? Гуфт: «Ғизо зикр аст», гуфтанд: аз таоми тан мепурсем? Гуфт: «Даст аз тан бидор ва ба сонеъ таслим кун».

пешина
аз 176
навбатӣ