Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Сабаби сеюм — он ки бошад, ки иллат музмин бувад, наздики бемор он дору, чун афсун бувад, ки манфиати он нодир бувад ва касе, ки тиб надонад, бошад, ки бештари доруҳо чунин нагирад, Рабеъ ибни Хасим гӯяд, ки: қасд кардам, ки илоҷ кунам иллати хешро, лекин андеша кардам, ки Од ва Самуд ва гузаштагон бо табибони бисёр дар миёни эшон ҳама бимурданд ва тиб суд надошт, зоҳир он аст, ки вай тибро аз асбоби зоҳир намешинохтаст.
Сабаби чаҳорум — он, ки бемор нахоҳад, ки беморӣ зоил шавад, то савоби беморӣ вайро мебувад ва хештан дар сабр биёзмояд, ки дар хабар аст, ки: «Худои таъоло бандаро ба бало биёзмояд, чунон ки зар ба оташ биёзмоянд, кас бувад, ки аз оташ холис берун ояд ва кас бувад, ки табоҳ берун ояд». Саҳл дигаронро дору фармудӣ ва худ иллате доштӣ, дору накардӣ, гуфт: «Бемори нишаста бо ризо ба беморӣ фозилтар аз бемори бар пой бо тандурустӣ».
Сабаби панҷум — он ки гуноҳ бисёр дорад ва хоҳад, ки беморӣ каффорати ин бошад, ки дар хабар аст, ки: «Тиб дар банда овезад, то он гоҳ, ки вайро аз гуноҳон пок кунад, ки бар вай ҳеч гуноҳ набувад, чунон ки бар тагарг ҳеч гард набувад». Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Олим набувад, ҳар кӣ бар беморӣ ва мусибат андар тан ва мол шод набувад, дар умеди каффорати гуноҳон». Ва Мӯсо алайҳиссалом дар беморе нигарист ва гуфт:
«Бор Худоё, бар вай раҳмат накунӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна раҳмат кунам бар вай, дар чизе, ки раҳмат бар вай бад-он хоҳам кард? Ки гуноҳи вайро каффорат бад-ин кунам».
Сабаби шашум — он ки донад, ки аз тандурустӣ батар шодӣ ва ғафлат хезад ва туғён, хоҳад, ки беморӣ бимонад, то бо сари ғафлат наяфтад; ва ҳар кӣ ба вай хайр хоста бошанд, ҳамеша вайро танбеҳ мекунанд ба бало ва беморӣ ва аз ин гуфтаанд, ки мӯъмин холӣ набувад аз се чиз: дарвешӣ ва беморӣ ва хорӣ ва дар хабар аст, ки: «Худои таъоло гуфт, ки: беморӣ банди ман аст ва дарвешӣ зиндони ман, касеро дар банду зиндон кунам, ки дӯст дорам», пас чун тандурустӣ ба маъсият кашад, офият дар беморӣ бувад. Амирулмӯъминин Алӣ ибни Толиб разийаллоҳу анҳу қавмеро дид, ороста, гуфт: «Ин чист?» Гуфтанд: рӯзи иди эшон аст, гуфт: «Он рӯз, ки маъсият накунам, рӯзи иди ман аст». Яке аз бузургон касеро пурсид, ки чӣ гунаӣ? Гуфт: «Ба офият», гуфт: «Он рӯз, ки маъсият накунӣ, ба офият бошӣ ва агар кунӣ, он кадом беморӣ аст саъбтар аз он» ва гуфтаанд, ки: Фиръавн даъвои худоӣ аз он кард, ки чаҳорсад сол бизист, вайро ҳаргиз на табе омад ва на дарди саре гирифт ва агар вайро як соат дарди шақиқа бигирифтӣ, парвои он фузулаш набудӣ ва гуфтаанд, ки чун банда як ду бор бемор шавад ва тавба накунад, малакулмавт гӯяд: ё ғофил, чанд бор расули худ фиристодам ва суд надошт?! Ва гуфтаанд:
набояд, ки мӯъмин чиҳил рӯз холӣ бошад аз ранҷе ё беморие ё хавфе ё зиёне. Расул салавотуллоҳу алайҳи занеро никоҳ хост кард, гуфтанд:
вайро ҳаргиз беморие набудааст, пиндоштанд, ки ин саное аст, гуфт:
«Нахоҳам вайро». Ва як рӯз дар пеши расул алайҳиссалом ҳадиси судоъ мерафт, аъробие гуфт: «Судоъ чӣ бошад, ки маро ҳаргиз набудааст», гуфт: «Дур аз ман!» ҳар кӣ хоҳад, ки дар аҳли дӯзах нигарад, дар вай бинигаред ва Оиша — пурсид аз расул салавотуллоҳу алайҳи ки: «Ҳеч кас дар дараҷаи шаҳидон бошад?» Гуфт: «Бошад, касе, ки дар рӯзе бист бор аз марг ёд оварад ва шак нест, ки беморӣ маргро беш бо ёд оварад».
Бас бад-ин асбоб гурӯҳе илоҷ накардаанд ва расул салавотуллоҳу алайҳи бад-ин мӯҳтоҷ набуд, илоҷ аз он кард. Ва дар ҷумла ҳазар аз асбоби зоҳир мухолифи таваккул нест, Умар разийаллоҳу анҳу ба Шом мерафт, хабар расид, ки он ҷо тоъуни азим аст, гурӯҳе гуфтанд: наравем, гурӯҳе гуфтанд: аз қадар ҳазар накунем, Умар гуфт: «Аз қадари Худой ба қадари Худой гурезем». Ва гуфт: «Агар якеро аз шумо ду водӣ бувад, яке пургиёҳ ва яке хушк, ба ҳар кадом, ки гӯспанд барад, ба қадри бурда бошад», пас Абдурраҳмон ибни Авфро талаб кард, то вай чӣ гӯяд, вай гуфт, ки: ман аз расул салавотуллоҳу алайҳи шунидам, ки: чун бишунавед, ки ҷое вабост, он ҷо маравед ва чун он ҷо бошед, ҳам он ҷо мақом кунед ва бимагурезед, пас Умар шукр кард, ки рои вай мувофиқи хабар буд ва саҳоба бар ин иттифоқ карданд, аммо наҳй аз берун омадан он аст, ки чун тандурустон берун оянд, беморон зоеъ монанд ва ҳалок нашаванд ва он гоҳ чун ҳаво дар ботин асар кард, берун омадан суд надорад. Ва дар баъзе аз ахбор аст, ки гурехтан аз ин ҳамчунон аст, ки касе аз масофгоҳ бигурезад ва ин ба он аст, ки дилҳои беморон танг шавад ва кас набувад, ки эшонро таом ва шароб диҳад ва ба яқин ҳалок шаванд ва халоси он кас, ки бигурезад, дар шак бошад.
– ФАСЛ –
(Пинҳон доштани беморӣ шарти таваккул аст) Бидон, ки пинҳон доштани беморӣ шарти таваккул аст, балки изҳор ва гила кардан макрӯҳ аст, илло ба узре, чунон ки табибро гӯяд ва ё хоҳад, ки заъфи хеш изҳор кунад ва рууннат ва ҷалдиро як сӯ ниҳад, чунон ки Алиро разийаллоҳу анҳу пурсиданд: дар беморӣ, ки беҳтар ҳастӣ ва ба хайр ҳастӣ? Гуфт: «На», дар якдигар нигоҳ карданд ва тааҷҷуб доштанд, гуфт:
«Пас ба Худои таъоло ҷалдӣ ва мардӣ намоем?!» Ин ба ҳоли вай лоиқ бувад, ки бо он қувват ва бузургӣ аҷзи хеш менамояд ва аз ин бувад, ки гуфт: «Ё раб, сабр рӯзӣ кун». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Аз Худои таъоло офият хоҳ, бало махоҳ». Пас, чун узре набувад, агар беморӣ изҳор кунад, бар сабили шикоят ҳаром бувад ва агар шикоят набувад, раво бошад, валекин авлотар даст бидоштан бувад: ки бошад, ки дар вай зиёдате гӯяд ва бошад, ки гумони гила афтад ва гуфтаанд, ки: нола бар бемор бинависанд, ки он изҳоре бошад. Ва иблис аз Айюб алайҳиссалом ҳеч наёфт, магар нола ва Фузайл ибни Айёс ва Бушр ва Ваҳб ибнулВирд чун бемор шудандӣ, дари сарой бибастандӣ, то касе надонад ва гуфтандӣ:
нахоҳем, ки касе ба аёдати мо ояд, ки он гоҳ гила бояд кард аз беморӣ.
АСЛИ НӯҲУМ
(Дар муҳаббат ва шавқу ризо)
Бидон, ки дӯстии Ҳақ таъоло олитарин мақомот аст, балки мақсуди ҳама мақомот ин аст, чи рубъи муҳликот барои таҳорат аст, аз ҳар чӣ аз дӯстии Ҳақ таъоло машғул кунад ва ҳама мунҷиёт, ки пеш аз ин гуфтаем, муқаддимоти ин аст, чун тавба ва зӯҳд ва сабру хавф ва ғайри он ва он чи пас аз ин аст, самарат ва табъи ин аст, чун шавқу ризо ва ғояти камоли банда он аст, ки дӯстии Ҳақ таъоло бар вай ғолиб шавад, чунон ки ҳамагии вай фаро гирад, агар ин набувад, боре ғолибтар бувад аз дӯстии дигар чизҳо. Ва шинохтани ҳақиқати муҳаббат чунон мушкил аст, ки гурӯҳе аз мутакаллимон инкор кардаанд ва гуфтаанд, ки: касе, ки аз ҷинси ту набувад, вайро дӯст натавон доштан ва маънии дӯстии Худой фармонбардорист ва бас ва ҳар кӣ чунин пиндорад, аз асли дин чизе надониста бувад ва шарҳи ин муҳим аст ва мо аввал шоҳиди шаръ ба исботи дӯстии Худои таъоло бигӯем, он гоҳҳақиқат ва аҳкоми вай бигӯем.
(Фазилати дӯстии Худои таъоло)
Бидон, киҳама аҳли исломро иттифоқ аст бар он, ки дӯст доштани Худои азза ва ҷалла фариза аст ва Худои таъоло мегӯяд: «Юҳиббуҳум ва юҳиббунаҳу»1 ва расул салавотуллоҳу алайҳи мегӯяд: «Имони кас дуруст нест, то он гоҳ ки Худойро ва расули вайро аз ҳар чӣҳаст, дӯсттар надорад». Ва пурсиданд, ки имон чист? Гуфт: «Он ки худо ва расулро аз ҳар чӣҷуз он аст, дӯсттар дорӣ». Ва гуфт: «Банда мӯъмин нест, то он гоҳ, ки Худойро ва расулро аз аҳлу мол ва ҷумлаи халқ дӯсттар надорад». Ва
1 Эшонро дӯст дорад (Худо) ва Ӯро дӯст дорад (мардумон).
Худои таъоло таҳдид кард ва гуфт: «Агар падару фарзанд ва ҳар чӣҳаст аз маскану мол ва тиҷорат аз Худои таъоло ва расул дӯсттар медоред, сохта бошед, то фармони ман даррасад «қул ин кона обоукум ва абноукум ва ихвонукум... ал-ойа». Ва яке расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Туро дӯст дорам». Гуфт: «Дарвеширо сохта бош». Гуфт: «Худоро дӯст дорам», гуфт: «Балоро сохта бош» ва дар хабар аст, ки Малакулмавт алайҳиссалом ҷони Халил меситад, Халил алайҳиссалом гуфт: «Ҳаргиз дидӣ, ки Халил1ҷони халил2 ситонад?» Ваҳй омад, ки ҳаргиз дидӣ, ки халил дидори халилро кореҳ бувад, гуфт: «Акнун ҷон баргир, ризо дорам» ва дар дуо расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Аллоҳумма ирзуқни ҳуббака ва ҳубба ман аҳаббака ва ҳубба ман йуқаррибуни ило ҳуббика ва аҷъал ҳуббака аҳаббу илайа мина-л-моъи-л-бориди», гуфт: «Бор худоё, маро рӯзӣ кун дӯстии дӯстони хеш ва дӯстии он ки маро ба дӯстии ту наздик гардонад ва дӯстии худро бар ман дӯсттар гардон аз оби сард бар ташна». Ва аъробие биёмад ва гуфт: «Ё расулуллоҳ, қиёмат кай хоҳад буд?» Гуфт: «Он рӯзро чи биниҳодаӣ?» Гуфт: «Намозу рӯза бисёр надорам, аммо Худой ва расулро дӯст дорам», гуфт: «Фардо ҳар касе бо он бувад, ки вайро дӯст дорад». Ва Сиддиқ разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ҳар кӣ хоҳад, ки холиси муҳаббати Ҳақ таъоло бичашад, аз дунё фориғ шавад ва аз халқ маҳҷур». Ҳасани Басрӣ гуфт: «Ҳар кӣ Худои таъоло бишинохт, вайро дӯст дорад ва ҳар кӣ дунёро бишинохт, вайро душман дорад ва мӯъмин то ғофил нашавад, шод нашавад, чун андеша кунад, андӯҳгин гардад. Ва Исо алайҳиссалом ба қавме бигузашт, зору заиф, гуфт:
«Шуморо чӣ расид?» Гуфтанд: аз бими Ҳақ таъоло бигудохтем, гуфт: «Ҳақ аст бар Худои таъоло, ки шуморо эмин кунад аз азоб», ба қавме дигар бигузашт, аз эшон зортар ва низортар ва заифтар, гуфт: «Шуморо чӣ расидааст?» Гуфтанд: орзуи биҳишт моро бигудохт, гуфт: «Ҳақ аст бар Худои таъоло шуморо ба орзуи хеш даррасонад», ба қавме дигар бигузашт, аз ин ҳар ду заифтар ва низортар ва рӯи эшон чун нур метофт, гуфт: «Шуморо чӣ расидааст?» Гуфтанд: дӯстии Худои таъоло моро бигудохт, бо эшон бинишаст ва гуфт: «Шумо муқаррабонед, маро муҷолисати шумо фармудаанд». Сиррии Сақатӣ гуфт: «Фардо ҳар касеро бо анбиё бозхонанд ва гӯянд: ё уммати Мусо, ё уммати Исо, ё уммати Муҳаммад, магар дӯстони Худойро, ки гӯянд: ё авлиёи Аллоҳ биёед наздики Худои таъоло, дилҳои эшон аз шодӣ мунхалаъ3 шавад. Ва дар
1 Дӯст.
2 Дӯст.
3 Аз ҷо канда шавад.
баъзе аз кутуби анбиё аст, ки бандаи ман, туро дӯст дорам, ба ҳаққи ман, ки ту маро дӯст дорӣ.
Ҳақиқати дӯстӣ
Бидон, ки ин чунон мушкил аст, ки гурӯҳе инкор кардаанд дар ҳаққи Худои таъоло, шарҳи ин муҳим бувад; агарчи сухан дар ин борик аст ва ҳар касе надонад ва фаҳм накунад, валекин мо ба мисолҳо чунон равшан кунем, ки ҳар касе, ки ҷаҳд кунад, фаҳм кунад:
Бидон, ки асли дӯстӣ пештар бибояд шинохт, ки чист: бад-он, ки маънии дӯстӣ майли табъ аст ба чизе, ки хуш бувад, агар он майл қавӣ бошад, онро ишқ гӯянд; ва душманӣ нафрати табъ аст, аз чизе, ки нохуш бувад ва он ҷо, ки хуш ва нохуш набувад, дӯстӣ ва душманӣ набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё