Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Акнун бояд ки бидонӣ, ки хушӣ чӣ бувад: бидон, ки чизҳо дар ҳаққи табъ бар се қисм аст: баъзе он аст, ки мувофиқи табъи туст ва бо он бисозад, балки тақозо он мекунад, он мувофиқро хуш гӯянд; ва баъзе аст, ки номувофиқ ва носозгор аст ва бар хилофи муқтазои табъ аст, онро нохуш гӯянд; ва он чи на мувофиқ бувад ва на мухолиф, на хуш гӯянд ва на нохуш. Акнун бояд ки бидонӣ, ки ҳеч чиз туро хуш наёяд, то аз он огоҳӣ наёбӣ ва огоҳ будан аз чизҳо ба ҳавос бувад ва ба ақл ва ҳавоси панҷ аст ва ҳар якеро лаззате аст ва ба сабаби он лаззат вайро дӯст доранд, яъне, ки табъ бад-он майл кунад: лаззат ҳоссаи чашм дар суратҳои некӯст ва дар сабзаву оби равон ва мисли ин, лоҷарам инро дӯст доранд; ва лаззати гӯш дар овозҳои хуш аст ва мавзун; ва лаззати шам дар бӯйҳои хуш ва лаззати завқ дар матъамҳо; ва лаззати ламс дар малмусоти нарм ва ин ҳама маҳбуб аст, яъне, ки табъро бад-он майл аст ва ин ҳама баҳоимро бошад.
Акнун бидон, ки ҳосаи шашум ҳаст дар дили одамӣ, ки онро ақл гӯянд ва нур гӯянд ва басират гӯянд, ҳар иборат, ки хоҳӣ мегӯӣ, он чи одамӣ бадон мумаййиз аст аз баҳоим вайро низ мадракот аст, ки он вайро хуш ояд ва он маҳбуби вай бошад, чунон ки ин дигар лаззот мувофиқи ҳавос ва маҳбуби ҳавос бувад. Ва аз ин бувад, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Се чиз дар дунё дӯсти ман кардаанд: занон ва бӯи хуш ва равшаноии чашми ман дар намоз аст», намозро зиёдат дараҷа ниҳод. Ва ҳар кӣ чун баҳоим бувад ва аз дил бехабар бувад, ҷуз ҳавос надонад, ҳаргиз бовар накунад, ки намоз хуш бувад ва вайро дӯст тавон дошт ва касе, ки ақл бар вай ғолибтар бувад ва аз сифоти баҳоим дуртар бувад, назора ба чашми ботин дар ҷамоли ҳазрати Илоҳият ва аҷоиби сунъ ва ҷалоли зоту сифоти вай дӯсттар дорад аз назора ба чашми зоҳир дар суратҳои некӯ ва дар сабза ва оби равон, балки ин ҳама лаззатҳо дар чашми вай ҳақир гардад, чун ҷамоли ҳазрати Илоҳият ба вай макшуф шавад.
Пайдо кардани асбоби дӯстӣ, то аз он ҷо маълум шавад, ки мустаҳаққи дӯстӣҷуз Ҳақ таъоло нест Бидон, ки асбоби дӯстӣ панҷ аст:
Сабаби аввал — он аст, ки одамӣ худро дӯст дорад ва бақои худ дӯст дорад ва ҳалоки худ душман дорад — агарчи адаме бошад беаламу ранҷ.
Ва чаро дӯст надорад? Ва чун иллати дӯстӣ мувофиқати табъ аст, чӣ чиз бувад вайро мувофиқтар ва созгортар аз ҳастии вай ва давоми ҳастии вай ва камоли сифоти вай? Ва чӣ бувад мухолифтар ва носозгортар аз нестии вай ва нестии сифоти камоли вай? Бад-ин сабаб низ фарзандро дӯст дорад, ки бақои вай ҳамчун бақои худ донад, чун аз бақои худ оҷиз аст, он чи ба бақои вай монад, ба ваҷҳе онро низ дӯст дорад ва ба ҳақиқат худро дӯст медорад, ки он олати вай бошад дар бақои вай ва дар бақои сифоти вай ва ақорибро дӯст дорад ва низ молро дӯст дорад, ки он олати вай бошад дар бақои вай ва дар бақои сифот ва эшонро болу пари хеш донад ва худро бо эшон комил шиносад.
Сабаби дуввум — некӯкорист, ки ҳар кӣ бо вай некӯӣ карда бошад, вайро дӯст дорад ба табъ ва аз ин гуфтаанд: «Ал-инсону ъабиду-лэҳсони»1. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ё раб, ҳеч фоҷирро бар ман даст мадеҳ, то бо ман некӯӣ кунад, ки он гоҳ дили ман вайро дӯст гирад». Ва ба ҳақиқат ин низ боз он ояд, ки худро дӯст дошта бошад: ки эҳсон он бувад, ки коре кунад, ки сабаби бақои вай бувад ё сабаби камоли сифоти вай бувад; валекин одамӣ тандурустӣ дӯст дорад на ба иллате ва табибро дӯст дорад ба иллати тандурустӣ ва барои он, ҳамчунин хештанро дӯст дорад на ба иллате ва касеро, ки бо вай некӯӣ кунад, дӯст дорад, барои некӯӣ кардан.
Сабаби сеюм — он ки некӯкорро дӯст дорад, агар бо вай некӯӣ накарда бошад, чи агар касе бишунавад, ки дар мағриб подшоҳе некӯкор аст ва олиму одил ва ҳама халқ аз вай ба роҳатанд, табъ ба вай майл гирад, агарчи донад ҳаргиз ба мағриб нахоҳад расид ва эҳсони вай нахоҳад дид.
Сабаби чаҳорум — он ки касеро дӯст дорад, ки некӯ бувад, на барои чизе, ки аз вай ҳосил кунад, валекин барои зоти вай ва некӯии вай: ки ҷамол худ маҳбуб аст ба табъ дар нафси хеш; ва раво бувад, ки касе сурати некӯ дӯст дорад, на барои шаҳват, чунон ки сабза ва оби равон дӯст дорад
1 Одамӣ бандаи некӯкорӣ аст.
ва на барои он ки бихӯрад, валекин чашмро худ ҷамоли вай лаззате бувад ва ҷамолу ҳусн маҳбуб аст; ва агар ҷамоли Ҳақ таъоло маълум шавад, дуруст шавад, ки вайро дӯст тавон дошт ва маънии ҷамол пас аз ин гуфта ояд, ки чист.
Сабаби панҷум — дар дӯстии муносибат аст, миёни ду табъ: ки кас бувад, ки табъи вай бо дигаре мувофиқ бувад ва вайро дӯст дорад, на аз некӯӣ ва ин муносибат гоҳ бувад, ки зоҳир бувад, чунон ки кӯдакро унс ба кӯдак бувад ва бозориро ба бозорӣ ва олимро ба олим ва ҳар касеро бо ҷинси хеш ва гоҳ бувад, ки пӯшида ва дар асли фитрат ва дар асбоби самовӣ, ки дар вақти валодат муставлӣ бошад, муносибате афтода бошад, ки кас роҳ бад-он набарад, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт ва аз он иборат кард, ки: «Ал-арвоҳу ҷунудун муҷаннадатун фамо туъорафу минҳо уътулифа ва мо тунокару минҳо ухтулифа», яъне, ки арвоҳро бо якдигар ошноӣ бошад ва бе якдигаре бошад: чун дар асл ошноӣ афтода бошад, бо якдигар улфат гиранд ва ин ошноӣ иборат аз он муносибат аст, ки гуфта омад, ки роҳ ба тафсили он натавон бурд.
(Пайдо кардани ҳақиқати некӯӣ, ки чист) Бидон, ки касе, ки ба баҳоим наздик аст ва роҳҷуз ба эҳсоси чашм надонад, бошад, ки гӯяд, некӯӣҳеч маънӣ надорад, ҷуз он ки рӯй сурху сапед ва аъзо мутаносиб бувад ва ҳосили он бо шаклу лавн ояд ва ҳар чӣ шаклу лавн надорад, мумкин набувад, ки некӯ бувад ва ин хато аст: чи уқало гӯяд, ки ин хатте некӯст ва овозе некӯ ва асбе некӯ ва сарое ва шаҳре некӯ ва боғе некӯ; пас маънии некӯӣ он бувад, ки ҳар камол, ки ба вай лоиқ бувад, ҳосил бувад ва ҳеч чиз дарнабояд ва камоли хат таносуб ҳуруфи вай бувад ва дигар маъонӣ ва шак нест, ки дар нигаристан ба хати некӯ ва сарои некӯ ва асби некӯ лаззате аст, пас некӯӣ ба сурати рӯй махсус нест; лекин ин ҳама маҳсус аст ба чашми зоҳир ва бошад, ки касе бад-ин иқрор диҳад, валекин гӯяд, ки чизе, ки ба чашм онро натавон дид, некӯ хаёлоти ҷаҳл аст: ки мо мегӯем, ки фулон хулқи некӯ дорад ва муруввате некӯ дорад ва гӯянд илми бовараъ сахт некӯ бувад ва шуҷоат бо саховат сахт некӯ бувад ва парҳез бо коре ва қаноат ва кӯтоҳтабъӣ аз ҳама чизе некӯтар, ин ва амсоли ин маъруф аст ва ин ҳама ба чашми зоҳир натавон дид, балки ба басирати ақл дартавон ёфт ва дар китоби «Риёзатуннафс» бигуфтаем, ки сурат ду аст: зоҳиру ботин ва хулқи некӯсурати ботин аст ва маҳбуб аст ба табъ ва далел бад-ин он, ки касе шофеъиро дӯст дорад, балки Абӯбакр ва Умарро дӯст дорад, муҳол набувад ва чӣ гуна муҳол бувад, ки кас бувад, ки дар ин дӯстии мол ва ҷон базл кунад ва ин дӯстӣ барои шаклу сурати эшон набувад, ки эшонро худ надидааст ва сурати эшон акнун хоке шудааст, балки ин дӯстӣ барои ҷамоли сурати ботини эшон аст. Ва он илму тақво ва сиёсат аст ва амсоли ин ва ҳамчунин пайғомбаронро бад-ин дӯст доранд: ва ҳар кӣ Сиддиқро дӯст дорад, ба ҳар сурат, ки бошад, дӯст дорад, ки вайро бад-он сифат дӯст дорад, ки вай сиддиқ бад-он аст ва сидқ ва илми сифат як ҷузв аст аз зоти сиддиқ, ки ҷузъи лоятаҷаззӣ гӯянд, ин на шакл дорад ва на лавн ва ин наздики гурӯҳе ҷойгир аст ва наздики гурӯҳе ҷойгир нест ба ҳар сифат, ки ҳаст вайро шаклу лавн нест ва маҳбуб он аст, на пӯст ва гӯшти зоҳир.
Пас, ҳар киро ақл бувад, ҷамоли ботин инкор накунад ва онро дӯсттар дорад, аз сурати зоҳир, ки бисёр фарқ бувад миёни касе, ки суратеро дӯст дорад, ки бар девор нақш кунанд ва миёни касе, ки пайғомбареро дӯст дорад, балки кӯдаки хурд чун хоҳанд, ки касеро дӯст дорад аз мурдагон, чашм ва абрӯи вайро сифат накунанд, балки саховат ва илму қудрати вай сифат кунанд ва чун хоҳанд, ки душман дорад, зиштии ботили вай ҳикоят кунанд, на зиштии зоҳир ва бад-ин сабаб саҳобаро дӯст доранд ва Абӯҷаҳлро душман.
Пас, пайдо шуд, ки ҷамол ду аст: зоҳир ва ботин ва ҷамоли сурати ботин маҳбуб аст ҳамчун зоҳир, балки маҳбубтар аст, наздики он ки андаке ақл дорад.
(Пайдо кардани он ки мустаҳаққи дӯстӣ ба ҳақиқати Худой аст азза ва ҷалла) Бидон, ки мустаҳаққи дӯстӣ ба ҳақиқат ҷуз Худои таъоло нест ва ҳар кӣ дигареро дӯст дорад, аз ҷаҳл бувад, магар бад-он ваҷҳ, ки тааллуқ ба вай дорад, чунон ки расулро салавотуллоҳу алайҳи дӯст дошт, ҳамчун дӯсти вай буд, ки ҳар кӣ касеро дӯст дорад, расул вайро ва маҳбуби вайро дӯст дорад, пас дӯстии уламо ва муттақиён ҳамон дӯстии Худои таъоло бувад; ва ин бад-он бидонӣ, ки ба асбоби дӯстӣ нигоҳ кунӣ:
Аммо асбоби аввал он аст, ки худро ва камоли худро дӯст дорад ва аз зарурати ин он аст, ки Ҳақ таъолоро дӯст дорад: ки ҳастии вай ва ҳастии камоли вай ва сифоти вай ҳама аз ҳастии вай аст, агар на фазли вай будӣ, ба офариниши вай ҳаст набудӣ ва агар на фазли ӯ будӣ, ба нигоҳдоштӣ вай намондӣ ва агар на фазли ӯ будӣ, ба офариниши аъзо ва авсоф ва камоли вай аз вай ноқистар набудӣ, пас аҷаб аз он касе, ки аз гармо бигурезад ва сояи барги дарахтеро дӯст дорад ва дарахтро, ки қавоми соя ба вай аст, дӯст надорад, худ надонад, ки қавоми ҳастии зот ва сифоти вай ба ҳақ аст, чӣ гуна вайро дӯст надорад, магар ки ин худ надонад ва шак нест, ки ҷоҳил вайро дӯст надорад, ки дӯстии вай самарати маърифати вай аст.
Сабаби дуввум он ки касеро дӯст дорад, ки бо вай некӯӣ кунад ва бадин сабаб ҳар киро дӯст дорад, ҷуз Худои таъоло аз ҷаҳл бошад: ки бо вай ҳеч кас некӯӣ натавонад кард ва накардааст, магар Ҳақ таъоло ва анвоъи эҳсони вай бо бандагони худ дар шумор надонад овардан, чунон ки дар китоби «Шукр ва тафаккур» гуфтаем, аммо он эҳсон, ки аз дигарон мебинӣ, он аз ҷаҳл аст: ки ҳеч ба ту надиҳад, то он гоҳ, ки вайро муваккале бифиристад, ки хилофи он натавон кард: ки дар дили вай афканад, ки савоб ва манфиати вай дар дину дунё дар он аст, ки чизе фаро вай диҳад, то ба муроди хеш расад, пас он вай ба хештан дод, ки аз ту сабабе сохт, то ба савоби охират расид ё ба сано ва номи некӯ ё ғайри он, аммо он ба ҳақиқати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба ту дод, ки бе ғаразе вайро муваккале кард ва бад-ин эътимод гумошт, то он ба ту таслим кард ва ин дар асли шукр баён кардаем.
Сабаби сеюм он ки некӯкорро дӯст дорад, агарчи бо вай некӯӣ накарда бошад, чунон ки ҳар кӣ бишунавад, ки дар мағриб масалан подшоҳе некӯкор аст, одил ва мушфиқ ба халқ, ки хизонаи хеш барои дарвешон дорад ва ризо надиҳад, ки ҳеч кас зулм кунад дар мамлакати вай ба зарурати табъ вайро дӯст дорад, агарчи донад, ки ҳаргиз вайро нахоҳад дид ва аз вай некӯӣ ба вай нахоҳад расид, бад-ин сабаб ҷуз Ҳақ таъолоро дӯст доштан ҷаҳл аст: ки эҳсони худ ҷуз аз вай нест ва ҳар кӣ дар олам эҳсон кунад, ба илзом ва фармони вай кунад ва он гоҳ он неъмат, ки ба дасти халқи Худой аст, худ чанд аст? Эҳсон он аст, ки ҳама халоиқро биёфарид ва ҳамаро ҳар чӣ боист, бидод, то он чи низ ҳоҷат набувад, валекин зинат ва оростагӣ дар он бувад, бидод ва ин бад-он бидонад, ки дар малакути осмону замин ва дар наботу ҳайвон тааммул кунад, то аҷоиб бинад ва инъому эҳсони баниҳоят бинад.

пешина
аз 176
навбатӣ