Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

бидеҳ.
Кайфияти таяммум
Бидон, ки ҳар кас, ки об наёбад; ё он миқдор беш надорад, ки вай бо рафиқон бихӯрад; ё бар роҳ даде бошад; ё касе, ки аз вай бим бувад; ё об мулки дигаре бувад, ба вай нафурӯшад, илло ба зиёдати қимати вай; ё ҷароҳате дорад; ё беморӣ дорад, ки агар об бирасад, ҳалок шавад; ё бими дароз гаштани беморӣ бувад; бояд ки сабр кунад, то вақти намоз дарояд, он гоҳҷое, ки хоки пок бошад, талаб кунад, пас ду даст бар вай занад, чунон ки гард бархезад ва ангуштон ба ҳам бозниҳад ва нияти истибоҳати намоз кунад ва ҷумлаи рӯй бад-ӯ масҳ кунад ва такаллуфи он накунад, ки хок ба миёни мӯйҳо расад. Пас ангуштарӣ берун кунад, пас дигарбора ду даст бар хок занад, пас ангуштҳо аз якдигар гушода дорад, пас пушти ангуштҳои рост бар шиками ангуштҳои чап ниҳад. Пас ангуштҳои чап бар пушти соиди рост биронад, пас кафи чап бар рӯи соиди рост биронад, пас ибҳоми чап бар пушти ибҳоми рост биронад, пас дасти рост бар дасти чап ҳамчунин биронад, пас кафи ҳар ду даст ба ҳам дармолад, пас ангуштҳо ба миёни якдигар даргузорад ва бимолад. Чун чунин кунад ба як зарбат, кифоят афтад, агар ин натавонад, раво бошад, ки зиёдат кунад, чунон ки ғубор ба ҷумлаи даст бирасад то ба оринҷ. Чун бад–ин таяммум як фариза бигузорад, чандон, ки хоҳад суннат мекунад, аммо агар фаризаи дигар хоҳад кард, таяммум ба сар шавад.
ҚИСМИ СЕЮМ
Таҳорат аз фазалоти тан
Ва он ду навъ аст:
Навъи аввал – шӯхҳо (чиркҳо) аст: чун шӯх, ки дар миёни мӯи сар ва маҳосин бошад ва ин ба шона ва обу гилу гармоба изолат (аз байн бурдан, зудудан) тавон кард. Ва ҳаргиз дар сафару ҳазар шона аз расул алайҳиссалом ҷудо набудӣ. Ва пок доштан худро аз он шӯхҳо суннат аст.
Ва дигар он, ки дар гӯшаи чашм гирд ояд, дар вақти вузӯ ба ангушт пок бояд кардан. Ва дигар он, ки дар гӯш аст, чун аз гармоба бароӣ онро тааҳҳуд бояд кардан. Ва дигар он чи дар бинӣ бошад ва бар дандон бошад – аз зардӣ ва ин ба мисвок ва мазмаза (об дар даҳон гардондан) ва истиншоқ (об дар бинӣ кардан) бишавад. Ва дигар он чи бар банди ангуштон гирд ояд ва бар пушти пой ва пошна ва он чи дар сари нохун бувад ва он чи бар ҳама тан бошад, изолати ин ҳама суннат аст.
Ва бидон, ки бар ҷое, ки шӯх бошад, таҳорат ботил нашавад ва он обро аз пӯст монеъ набошад, магар ки бисёр шавад дар зери нохун бар хилофи одат, он гоҳ бошад, ки монеъ бувад. Ва покии ин шӯхҳо ба оби гарм ва гармоба суннат аст.
— ФАСЛ —
[Воҷибҳо ва суннатҳои гармоба] Ҳар ки дар гармоба шавад, бар вай чаҳор чиз воҷиб аст ва даҳ суннат.
Ду воҷиб дар аврати вай, ки аз ноф то зону аз чашмҳо нигоҳ дорад ва аз дасти ходим низ нигоҳ дорад, ки басудани (молидани) он аз дидан фаротар аст; ва ду дар аврати дигарон, ки чашми хеш нигоҳ дорад ва агар касе аврат бараҳна кунад бар вай ҳисбат (манъ) кунад – чун биме набошад – чи агар накунад, осӣ гардад ва ҳар ки ин накунад, осӣ аз гармоба берун ояд. Ва аз Ибни Умар разийаллоҳу анҳумо ҳикоят кардаанд, ки дар гармоба нишаста буд рӯзе, рӯй дар девор ва чизе ба чашм бозбаста. Ва бар занон ҳамин воҷиб бувад. Ва наҳй омадааст занонро ба гармоба гузоштан, аслан, илло ба узре зоҳир.
Ва аммо суннатҳо он, ки ният кунад, ки суннати покӣ ба ҷой орад, то ба вақти намоз ороста бошад, на барои чашми халқро. Ва сими (пули) гармобабон аз нахуст бидиҳад, то ӯро дил хуш бувад ба об рехтани вай ва бидонад, ки чи ба вай медиҳад. Пас пои чап ба пеш ниҳад, ки дар шавад ва бигӯяд: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, аъузу биллоҳи мина-рриҷси-н-наҷаси-л-хабиси-л-мухбиси; мина-ш-шайтони-р-раҷим», чи гармоба ҷои шайтон аст. Пас, ҷаҳд кунад, ки гармоба холӣ кунанд барои вай, ё вақте шавад, ки холитар бошад. Пас, зуд дар хонаи гарм шавад, то бештар арақ кунад. Ва чун дар шавад, даст бишӯяд дар вақт ва об бисёр нарезад, чандон резад, ки агар гармобабон бибинад, кароҳияташ наёяд.
Ва чун дар шавад, салом накунад ва агар даст фаро гирад, боке набувад ва агар касе салом кунад, ҷавоб диҳад, ки: «ъофокаллоҳу»1. Ва сухан бисёр нагӯяд ва агар Қуръон хонад, овоз барнадорад ва агар аз шайтон истиозат («аъузу биллоҳ» гуфтан) кунад ба овоз, раво бувад. Ва вақти намози шом ва фурӯ шудани офтоб ва миёни намози шому намози хуфтан ба гармоба наравад, ки ин вақти интишори шайтон бошад. Ва чун дар хо-
1 Худо туро аз ранҷу бало нигоҳ дород.
наи гарм шавад, аз оташи дӯзах ёд кунад ва як соат зиёдтар бинишинад, то бидонад, ки дар зиндони дӯзах чун хоҳад буд, балки оқил он бувад, ки дар ҳар чи нигоҳ кунад, аз охират ёд кунад: то агар торикӣ бинад, аз зулмати гӯр ёд оварад ва агар море бинад, аз морҳои дӯзах ёд кунад; ва агар сурате зишт бинад, аз Мункару Накир1 ва забония (фариштагони азоб дар дӯзах) ёд кунад; ва агар овозе ҳавлнок (тарснок) шунавад, аз нафхаи сур (дамидани сур дар рӯзи қиёмат) ёд оварад; ва агар радду қабуле бинад, аз радду қабули рӯзи қиёмат ёд кунад. Суннатҳои шаръӣ ин аст.
Аммо аз ҷиҳати тиб гуфтаанд: ҳар моҳе як бор оҳак ба кор доштан судманд бувад. Ва чун берун ояд, оби сард бар пой резад аз ниқрис2 эмин шавад ва дарди сар нахезад. Ва оби сард бар сар нарезад. Ва чун аз гармоба берун ояд – ба тобистон – ва бихусбад: ба ҷои шарбате кор кунад.
– ФАСЛ –
[Навъи дуввуми таҳорат аз фазалоти тан] Аммо ҷинси дигар покӣ аст аз фазалоти тан ва он ҳафт аст:
Аввал – мӯи сар аст ва ситурдан (тарошидан) авлотар ва ба покӣ наздиктар, магар аҳли шарафро. Аммо баъзе ситурдан ва баъзе раҳо кардан ва ҳар ҷои мӯи пароканда гузоштан одати лашкариён аст ва кароҳияту наҳй омадааст аз он.
Дуввум – сиблат бо лаб рост кардан суннат аст ва фурӯ гузоштан наҳй аст.
Саввум – мӯи зери даст дар чиҳил рӯз як бор кандан суннат аст ва чун дар ибтидо одат кунад, осон бошад агар одат накарда бошад, ситурдан авлотар: то хештанро таъзиб накарда бошад.
Чаҳорум – мӯи она (зери ноф) аст ва изолати он ба оҳак ё ба ситурдан суннат аст ва бояд, ки аз чиҳил рӯз таъхир накунад.
Панҷум – нохун боз кардан суннат аст, то шӯх дар вай гирд наёяд. Пас агар гирд ояд андаке, таҳорат ботил нашавад, чи расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам он шӯх бидид дар нохуни гурӯҳе, бифармуд, то нохун боз кунанд ва қазои намоз нафармуд. Дар хабар аст, ки чун нохун дароз шавад, нишастангоҳи шайтон бувад. Ва бояд, ки ибтидо бад-он ангушт кунад, ки фозилтар аст; ва даст аз пой фозилтар ва рост аз чап; ва он ан-
1 Ду фариштае, ки дар гӯр суол мекунанд.
2 Қисме бемории по, ки шахсро замингир мекунад.
гушт, ки ишорати шаҳодат ба вай аст, фозилтар аст, ибтидо ба вай кунад ва он гоҳ аз ҷониби рости вай мешавад, то ба вай расад; ва ҳар ду даст рӯй дар рӯй чун ҳалқа тақдир кунад; пас, аз ангушти шаҳодати рост ибтидо кунад ва мешавад, то ба кеҳини рост, пас, аз кеҳини чап ибтидо кунад, то ибҳоми рост хатм кунад.
Шашум – ноф буридан аст ва он вақти вилодат бошад.
Ҳафтум – хатна кардан аст марду занро.
– ФАСЛ –
[Дар одоби маҳосин] Маҳосин, ки дароз шавад, раво бошад, ки миқдори як қабза бигузорад ва дигар бибурад, то аз ҳад берун нашавад, Ибни Умар ва ҷамоате аз тобеиён1 чунин кардаанд – ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин. Ва гурӯҳе гуфтаанд, ки фаро бояд гузошт.
Ва бидон, ки дар маҳосин даҳ чиз кароҳият аст.
Аввал – хизоби сиёҳ кардан, ки дар хабар аст, ки ин хизоби аҳли дӯзах аст ва хизоби кофирон аст, аввал касе, ки ин кардааст, Фиръавн аст. Ва Ибни Аббос разийаллоҳу анҳумо ривоят мекунад, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки дар охируззамон қавме бошанд, ки ба сиёҳӣ хизоб кунанд ва эшон бӯи биҳишт наёяд. Ва дар хабар аст, ки бадтарин пирон ононанд, ки хештанро ба ҷавонон монанда кунанд ва беҳтарин ҷавонон ононанд, ки хештанро ба пирон монанда кунанд: ва сабаби ин наҳй он аст, ки ин талбисе (макр, сохтакорӣ) аст ба ғарази фосид.
Дуввум – хизоби сурхӣ ва зардӣ аст ва ин агар ғозиён (мардони ҷанг) кунанд, то куффор бар эшон дилер нашаванд ва ба чашми заъфу пирӣ бад-эшон нанигаранд, ин суннат аст ва бад-ин ғараз баъзе аз уламо низ хизоби сиёҳӣ кардаанд; аммо агар ин ғараз набувад, ҳам талбис бошад:
раво набувад.
Саввум – сапед кардани маҳосин ба гӯгирд, то пиндоранд, ки пир шудааст ва ҳурмати вай беш доранд ва ин аз ҳамоқат бувад, ки ҳурмат ба илму ақл бошад ва ба пириву ҷавонӣ набувад. Ва Анас разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармон ёфт (вафот кард) ва дар ҳама мӯи вай бист мӯи сапед набуд.
Чаҳорум – он ки мӯи сапедро аз маҳосин бибурад ва аз пирӣ нанг дорад. Ва ин чунон астӣ, ки аз нуре, ки Худои таъоло вайро додааст, нанг
1 Касоне, ки бо асҳобу ёрони пайғамбар ҳамзамон будаанд медорад; ва ин аз ҷаҳл бошад.
Панҷум – кандани мӯй ба ҳукми ҳавас ва савдо, то ба ибтидои ҷавонӣ ба сурати беришон намояд; ва ин аз ҷаҳл бошад, ки Худойро таъоло фариштагонанд, ки тасбеҳи эшон он бошад, ки: «Субҳона ман заййана-рриҷола би-л-лиҳо ва-н-нисоа би-з-завоиби» – «Пок аст он Худой, ки мардонро ба маҳосин ва занонро ба гесӯ биёрост».
Шашум – маҳосин ба дукорд (қайчӣ) гирд кардан – чун думи кабӯтар, то дар чашми занон некӯтар намояд.
Ҳафтум – он ки аз мӯи сар дар маҳосин афзояд ва зулф аз баногӯш фурӯ гузорад, зиёдат аз он ки одати аҳли салоҳ аст.
Ҳаштум – он ки ба чашми эъҷоб дар сиёҳӣ ё дар сапедии вай нигарад, ки Худои таъоло дӯст надорад касеро ба уҷб дар худ нигарад.
Нӯҳум – он ки ба шона кунад барои чашми мардумон, на барои ба ҷо овардани суннат.
Даҳум – он ки башӯлида бигузорад барои изҳори зӯҳд, то мардумон пиндоранд, ки вай худ бад-он намепардозад, ки мӯй ба шона кунад.
Ва ин миқдор кифоят аст дар аҳкоми таҳорат.
АСЛИ ЧАҲОРУМ
Дар намоз аст
Бидон, ки намоз устуни дини мусалмонӣ аст ва бунёди дин аст ва пешрави ҳама ибодатҳост. Ва ҳар ки ин панҷ намози фариза ба шарти хеш ва ба вақт ба ҷой оварад, аҳдест вайро бо Ҳақ таъоло, ки дар амону ҳимояти он бошад. Чун аз кабоир (гуноҳони бузург) даст боздошт, ҳар гуноҳи дигар, ки бар вай равад, ин намоз каффорати (пӯшонандаи) он бошад.
Расул алайҳиссалом гуфт: «Масали ин панҷ намоз ҳамчун масали оби равшан аст, ки бар дари сарои касе меравад ва ҳар рӯз панҷ бор хештан бад-он об бишӯяд: мумкин шавад, ки бар вай ҳеч шӯх бимонад?» Гуфтанд: «Не, ё расуллуллоҳ». Гуфт: «Ин панҷ намоз гуноҳро ҳамчунон бибарад, ки об шӯхро (чиркро)». Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Намоз сутуни дин аст: ҳар ки аз намоз даст бидошт, дини худро вайрон кард».

пешина
аз 176
навбатӣ