Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Яъне ҳар чи мавҷуд аст, пеш оварем.
ҳар се кор аз вай аҷаб омад, пурсиданд, ки ин чист? Гуфт: «Он зани боҷамол аз барои он дорам, то дини маро нигоҳ дорад ва чашму дили ман ба ҷои дигар нагузорад; ва шуморо нагуфтам, ки таом хӯред, ки он музди ман буд, то кор кунам, ки агар камтар хӯрдаме, дар кори эшон тақсир кардаме; ва он фаризаи ман буд; ва пои бараҳна аз он рафтам, ки миёни худовандони заминҳо адоват буд, нахостам, ки хоки замин дар кафши ман равад ва ба дигар замин бурда ояд. Ва бад-ин маълум шавад, ки сидқу ростӣ дар корҳо аз такаллуф авлотар.
Адабисеюм – Он ки бар мизбон таҳаккум накунад, чун донад, ки душвор хоҳад буд; ва агар мухайяр кунад вайро миёни ду чиз, осонтар ихтиёр кунад, ки расул алайҳиссалом чунин кардӣ дар ҳама корҳо. Ва касе наздики Салмон шуд разийаллоҳу анҳу порае нони ҷавин ва намак пеш овард, гуфт: «Агар саътар будӣ, бо ин намак беҳ будӣ». Салмон чизе надошт, митҳара ба саътар гарав кард, чун нон бихӯрд гуфт: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣқанаъано бимо разақано»1, Салмон гуфт: «Агар туро қаноат будӣ, митҳараи ман ба гарав набудӣ». Аммо ҷое, ки донад, ки душвор набувад ва он кас шод шавад, раво бувад, ки аз ӯ дархоҳанд.
Шофеӣ раҳматуллоҳи алайҳи ба Бағдод дар хонаи Заъфаронӣ будӣ ва ҳар рӯз Заъфаронӣ нусхати алвони таом ба таббоха додӣ. Як рӯз Шофеӣ ба хатти хеш лавне таом дарафзуд, чун Заъфаронӣ он хатт дар дасти канизак бидид, шод шуд ва ба шукрона канизакро озод кард.
Адабичаҳорум – Он ки худованди хона эшонро гӯяд, ки чӣ хоҳед ва чӣ орзу кунед; чун дар дил розӣ бувад бад-он чи эшон ҳукм кунанд, ки он чи орзуи эшон бувад, савоб дар он бештар бувад; ва расул ъалайҳи-ссалавоту ва-с-салом мегӯяд: «Ҳар ки ба орзуи бародаре мусалмон қиём кунад, ӯро ҳазор ҳазор ҳасана бинависанд ва ҳазор ҳазор саййиа аз вай биситуранд ва ҳазор ҳазор дараҷа вайро бардоранд ва аз се биҳишт вайро насиб кунанд фирдавсу адн ва хулд». Аммо пурсидан, ки чизе оварам ё на? Он макрӯҳ аст ва мазмум; балки он чи бошад, биёварад; ва агар нахӯрад, боз баргирад.
Фазилати мизбонӣ
Бидон, ки он чи гуфтем дар он аст,ки касе нохонда бар зиёрат шавад, аммо ҳукми даъват кардан дигар аст.
Ва гуфтаанд, ки: чун меҳмоне биёяд, ҳеч такаллуф макунед ва чун бихонед, ҳеч бозмагиред, яъне ҳар чи тавонед бикунед. Ва дар фазилати
1 Сипос Худойро, ки бад-он чи рӯзии мо карда, моро шикебо сохт.
зиёфат ахбор бисёр омадааст ва он бар одати араб аст, ки эшон дар сафар ба ҳилла1 бар якдигар расанд ва ҳаққи чунон меҳмон гузордан муҳим аст ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Касе, ки меҳмондор нест, дар вай хайр нест». Ва гуфт: «Барои меҳмон такаллуф макунед, ки он гоҳ вайро душман гиранд; ва ҳар ки меҳмонро душман дорад, Худойро душман дошта бувад; ва ҳар ки Худойро душман дорад, Худои таъоло вайро душман дорад». Ва меҳмоне ғариб, ки фаро расад, барои вай воме кардан ва такаллуфе кардан раво бошад, аммо барои дӯстон, ки ба зиёрати якдигар оянд, набояд ки он сабаби тақотӯъ (бурида шудани омаду шуд) шавад. Абӯрофеъ мавлои расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Расул алайҳиссалом маро гуфт: «Фалон ҷуҳудро бигӯй, то маро орд вом диҳад, то моҳи раҷаб, ки маро меҳмоне фаро расидааст». Он ҷуҳуд гуфт:
«Надиҳам, то гараве набошад». Бозомадам ва бигуфтам: «Ё расулуллоҳ, гарав мехоҳад». Расул гуфт: «Валлоҳ, ман дар осмон аминам ва дар замин аминам, агар бидодӣ, боздодаме, акнун зиреҳи ман гарав кун». Бибурдам ва гарав кардам».
Ва Иброҳим алайҳиссалом ба талаби меҳмон як-ду мил бишудӣ ва нон нахӯрдӣ, то меҳмон биёфтӣ. Ва аз сидқи вай дар машҳади вай он зиёфат бимондааст, ки то ин ғоят ҳеч шаб аз меҳмон холӣ набудааст ва гоҳ бувад, ки саду дувист меҳмон бувад он ҷо ва бар он деҳҳо вақф кардаанд.
Одоби даъват ва иҷобат
Суннати касе, ки даъват кунад, он аст, ки ҷуз аҳли салоҳро нахонад, ки таом додан қувват додан аст ва фосиқро қувват додан ионат кардан бувад ба фисқ; ва фуқароро хонад, на тавонгаронро. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Бадтарин таомҳо таоми валимае аст, ки тавонгаронро хонанд ва дарвешонро маҳрум кунанд». Ва бояд ки хешону дӯстони наздикро фаромӯш накунад, ки сабаби ваҳшат бошад; ва ба даъват қасди тафохуру лоф накунад, лекин андешаи он кунад, ки суннат ба ҷой орад ва роҳат ба дарвешон мерасонад; ва ҳар киро ки донад, ки бар вай душвор хоҳад буд иҷобат, вайро нахонад, ки сабаби ранҷ гардад; ва ҳар ки дар иҷобати вай роғиб набошад, вайро нахонад, ки агар иҷобат кунад, таоми вай ба кароҳият хӯрда бошад ва он сабаби хатияте (гуноҳ, кори зишт) бошад.
Аммо одоби иҷобат он аст, ки фарқ накунад миёни дарвешу тавонгар ва аз даъвати дарвеш тараффӯъ (такаббур, ҳавобаландӣ) накунад, ки расул алайҳиссалом масокинро иҷобат кардӣ; ва Ҳасан ибни Алӣ
1 Як даста меҳмон, ки як дафъа ворид шаванд.
разийаллоҳу анҳумо рӯзе ба қавме дарвешон баргашт, нонпорае дар пеш доштанд ва мехӯрданд, гуфтанд: «Ё ибни расулуллоҳ, мувафиқат кун». Ва фуруд омад аз сутур ва мувофиқат карду гуфт: «Худои таъоло мутакаббиронро дӯст надорад». Чун бихӯрд, гуфт: «Акнун фардо шумо низ маро иҷобат кунед». Ва дигар рӯз эшонро таомҳои некӯ бисохт ва бинишаст бо эшон ба ҳам ва бихӯрданд.
Адаби дуввум – он ки агар донад, ки мизбон миннат бар вай хоҳад ниҳод, наздики вай тааллуле (узру баҳона овардан) кунад ва иҷобат накунад, балки мизбон бояд ки иҷобати вай фазле ва миннате шиносад; ва ҳамчунин агар бидонад, ки дар моли вай шубҳате аст, ё агар дар он мавзеъ мункаре аст: чун фарши дебо ва миҷмари симин, ё бар девор сурати ҷонварон аст ё бар сақф, ё самоъ руду мазомир (чангу най) аст, ё касе масхарагӣ мекунад ё фаҳш мегӯяд, ё занони ҷавон ба назораи мардон меоянд; ин ҳама мазмум аст ва нашояд ба чунин ҷой ҳозир шудан.
Ҳамчунин агар мизбон мубтадеъ1, ё фосиқ ё золим ё мақсуди вай лофу такаббур аст, бояд ки иҷобат накунад; ва агар иҷобат кунад – ва чизе аз ин мункарот бинад ва манъ натавон кард – воҷиб бошад берун омадан.
Адабисеюм – он ки ба сабаби дурии роҳ манъ (итминоъ, худдорӣ) накунад, балки ҳар чи эҳтимол тавонад кард – дар одат – эҳтимол кунад. Ва дар Таврот аст, ки: «Як мил бирав ва беморро иёдат кун; ва аз ду мил ҷанозаро ташйеъ кун; ва аз се мил даъватро иҷобат кун; ва аз чаҳор мил бародари динро зиёрат кун».
Адабичаҳорум – он ки агар рӯзадор бувад, манъ накунад, лекин ҳозир шавад ва агар мизбонро ваҳшат набошад, бар бӯи хуш ва ҳадиси хуш қаноат кунад, ки мизбонии рӯзадор ин бошад; ва агар ранҷа хоҳад шуд, бикушояд, ки музди шодии дили мусалмоне аз рӯзаи нофила бисёр фозилтар; ва расул алайҳиссалом инкор кардааст бар касе, ки чунин кунад ва гуфтааст, ки: «Бародари ту барои ту такаллуф кунад ва ту гӯӣ: ман рӯзадорам; базаҳкор бошӣ!».
Адабипанҷум – он ки иҷобат бар нияти рондани шаҳвати шикам накунад, ки ин кори баҳоим бувад, валекин нияти иқтидо кунад ба суннати расул алайҳиссалом; ва нияти ҳазар кунад аз он ки расул алайҳиссалом гуфтааст, ки: «Ҳар ки даъват иҷобат накунад, осӣ аст дар Худой ва расул»: Ва бад-ин сабаб гуфтаанд гурӯҳе, ки: «Иҷобати даъват воҷиб аст».
Ва нияти он кунад, ки бародари мусалмонеро икром кунад, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки мӯъминро икром кунад, Худои таъолоро икром карда бошад». Ва ният кунад, ки шодӣ ба дили вай расонад, ки дар хабар аст,
1 Касе, ки қарори тоза дар дин гузорда бошад.
ки: «Ҳар ки мӯъминеро шод кунад, Худои таъолоро шод карда бошад».
Ва нияти зиёрати мизбон кунад, ки зиёрати бародарон аз ҷумлаи қурботи азим аст. Ва нияти сиёнати (нигоҳдорӣ) худ кунад аз ғайбат, то нагӯянд, ки аз бадхӯӣ ва такаббур наёмад.
Ин шаш ният аст, ки вайро бар ҳар яке савобе бошад ва мубоҳот дар чунин ният аз ҷумлаи қурбот гардад. Ва бузургони дин ҷаҳд кардаанд, то дар ҳар ҳаракате ва сукуне эшонро нияте будааст, ки бо дин муносибат дорад, то аз анфоси эшон ҳеч зоеъ нашавад.
Аммо одоби ҳозир шудан
Он аст, ки дар интизор надорад ва таъҷил накунад ва бар ҷои беҳтар нанишинад; он ҷо нишинад, ки мизбон ишорат кунад; ва агар дигар меҳонон садр ба вай таслим кунанд, вай роҳи тавозӯъ гирад; ва дар баробари ҳуҷраи занон нанишинад; ва дар ҷое, ки таом аз он ҷо берун оранд, бисёр нанигарад; ва чун бинишинад, касеро, ки ба вай наздик бошад, таҳият кунад ва бипурсад; ва агар мункаре бинад, инкор кунад; ва агар тағйир натавонад кард, берун ояд. Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтааст: «Агар сурмадоне симин бинад нашояд, ки биистад». Ва чун шаб бихоҳад биистад, адаби мизбон он аст, ки қибла ва таҳоратҷой ба вай намояд.
Аммо одоби таом ниҳодан
Аввал – он аст, ки таъҷил кунад ва ин аз ҷумлаи икроми меҳмон бошад, то дар интизор набувад. Ва чун ҷамъе ҳозир шуданд ва яке монда бошад, ҳаққи ҳозирон авлотар, магар ки ғоиб дарвеш бошад ва шикастадил; он гоҳ таъхир бад-ин ният некӯ бувад. Ва Ҳотами Асам гӯяд:
«Шитоб аз шайтон аст, магар дар панҷ чиз: таоми меҳмон; ва таҷҳизи мурдагон; ва никоҳи духтарон; ва гузордани вом; ва тавба аз гуноҳон». Ва дар валима таъҷил суннат аст.
Дуввум – он ки мева тақдим кунад аввал; ва суфра аз тара холӣ нагузорад, ки чун бар суфра сабзӣ бошад, дар асар аст, ки малоика ҳозир шаванд. Бояд ки аз таомҳои хуштар пеш дорад, то аз он сер шаванд; ва одати бисёрхорагон он бошад, ки ғализ дар пеш доранд, то бештар тавон хӯрд; ва ин макрӯҳ аст. Ва одати гурӯҳе он аст, ки ҷумла таомҳо ба як бор пеш биниҳанд, то ҳар касе аз он хӯрад, ки хоҳад. Ва чун алвон мениҳад, бояд ки зуд барнагиранд, ки касе бошад, ки ҳанӯз сер нашуда бошад аз он таомҳо.
Адаби саввум – он ки таом андак наниҳад, ки бемурувватӣ бошад; ва бисёр низ наниҳад, ки такаббур бошад, магар барои он ният, ки он чи бимонад, онро ҳисоб набувад.
Иброҳими Адҳам раҳматуллоҳи алайҳи таом бисёр биниҳод, сӯфиён гуфтанд: «Натарсӣ, ки он исроф бошад?», Иброҳим гуфт: «Дар таом исроф набувад». Ва бояд ки нахуст насиби иёл биниҳад, то чашми эшон бар хон набошад, ки чун чизе намонад, забон дароз кунанд дар меҳмонон ва ин хиёнат бувад ба меҳмон. Ва раво набошад меҳмонро, ки залла1 кунад, чунон ки одати гурӯҳе аз сӯфиён аст, магар ки мизбон сареҳ бигӯяд – на ба сабаби шарм аз эшон – ва ё донанд аз дили вай, ки розӣ аст, он гоҳ раво бошад, ба шарти он ки бар ҳамкоса зулм накунад; агар зиёдатӣ баргирад, ҳаром бошад; ва агар мизбон кореҳ бошад, ҳаром бошад; ва фарқе набувад миёни он ва миёни дуздида; ва ҳар чи ҳамкоса даст бидорад – ба шарм, на ба дилхушӣ, он низ ҳаром бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё