Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ақди дуввум
Ақди рибо бувад
Ва рибо дар нақд равад ва дар таом.
Аммо дар нақд (зару сим)
Ду чиз ҳаром аст: яке ба нася фурӯхтан, раво набувад, ки зар ба зар ва сим ба сим бифурӯшад, то ҳар ду ҳозир набошад ва пеш аз ҷудо шудани якдигар қабз накунанд; агар ҳам дар маҷлис қабз накунанд, ботил шавад.
Ва дигар чун ҷинс ба ҷинс фурӯшад, зиёдатӣҳаром бувад: набошад, ки диноре дуруст ба диноре ва ҳаббаи қуроза1 бифурӯшад ва ё диноре нек ба диноре бад бифурӯшад ба зиёдатӣ, балки баду нек ва шикаставу дуруст бояд ки баробар бувад. Пас, агар ҷомае бихарад ба диноре дуруст ва он ҷома ба диноре ва донге қуроза боз бад-он кас фурӯшад, дуруст бувад ва мақсуд ҳосил ояд. Ва зар, ки дар вай нуқра бошад, нашояд, ки ба зари холис бифурӯшад ва зари ҳирева (роиҷ), балки бояд ки чизе дар миён кунад. Ва ҳар зарина, ки зари вай холис набувад – ҳамчунин ва иқди (гарданбанд) марворид, ки дар вай зар бувад, нашояд ба зар фурӯхтан.
Ва ҷомаи базар нашояд ба зар фурӯхтан, магар зар он қадар бувад, ки чун бар оташ арза кунанд, чизе ҳосил наёяд, ки он мақсуд бошад.
Аммо таом
Нашояд ба нася ба таом фурӯхтан, агарчи ду ҷинс бувад, балки дар маҷлис бояд ки ҳар ду қабз афтад. Ва агар як ҷинс бувад, чун гандум ба гандум, ҳам нася нашояд ва ба зиёдат нашояд, балки баробар бояд дар паймона; агар ба тарозу баробар шавад, раво набошад, балки баробарӣ дар ҳар чизе бад-он нигоҳ доранд, ки одат он бувад дар ғолиб. Ва гӯспанд ба қассоб фурӯхтан ба гӯшт ва гандум ба нонбо додан ба нон ва кунҷиду ҷавзи мағз фаро ассор додан ба равған, ин ҳам нашояд ва байъ набандад.
Лекин агар байъ накунад ва бидиҳад, нон ки биситонад вайро мубоҳ бувад хӯрдан, валекин мулки вай нашавад ва натавонад фурӯхт. Ва гандум нонборо мубоҳ бувад, ки дар вай тасарруф кунад, валекин байъ дуруст набувад ва харидорро гандум бар нонбо бувад ва нонборо бар харидор бувад: ҳар гоҳ ки хоҳанд, талаб тавонанд кард, агар якдигарро биҳил кунанд (даргузаштан, ҳалол кардан) кифоят набувад, чи агар яке гӯяд: «Туро биҳил кардам ба шарти он, ки ту низ маро биҳил кунӣ», ин ботил бувад. Ва агар ин шарт сареҳ нагӯяд, лекин гӯяд: «Биҳил кардам», чун ме-
1 Ҳабба ё дона ё донг аз воҳидҳои вазни қадим аст, қуроза – хурдаи зару симро гӯянд.
донад хасми вай, ки ин шарт дар дил аст ва бе ин як ман гандум ба вай надиҳад, ин биҳиле ҳосил наёяд – онҷаҳонӣ – миёни вай ва миёни Худои таъоло, ки ин ризо бувад ба забон на ба дил. Ва ҳар ризо, ки ба дил набувад онҷаҳониро нашояд. Аммо агар гӯяд: «Туро биҳил кардам, агар ту маро биҳил кунӣ ё накунӣ»; ва дар дил ҳамчунин медорад, ки мегӯяд; он дуруст бувад. Он гоҳ агар он дигар низ биҳил кунад, ҳамчунин бувад. Ва агар якдигарро биҳил накунанд ва қимати ҳар ду баробар бувад, аз ин хусумате нахезад дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон низ қисос афтад. Аммо агар тафовуте бошад, аз хусумати ин ҷаҳон ва мазлимати он ҷаҳон бим бувад.
Ва бидон, ки ҳар чи аз таом мекунанд, нашояд бад-он таом фурӯхтан, агарчи баробар бувад. Пас ҳар чи аз гандум ояд, чун орду хамиру нон, нашояд ба гандум фурӯхтан, агарчи баробар бувад; ва нашояд ки ангур ба сиркаву ангубин фурӯхтан, ширу широз (дӯғ, мост) ба равған фурӯхтан; балки ангур ё ангуру рутаб ба рутаб баробар фурӯхтан низ нашояд, то мавиз нашавад ва хурмо нашавад.
Ва андар ин тафсиле дароз аст. Ва ин миқдор, ки гуфтем, воҷиб бувад омӯхтан, то чизе, ки пеш ояд, ки бидонад; бидонад, ки менадонад ва мебибояд пурсид ва ҳазар мебояд кард, то набояд ки дар ҳаром афтад ва маъзур набошад, ки талаби илм ҳамчунон фариза аст, ки амал кардан ба илм.
Ақди сеюм салам1 аст Ва дар вай даҳ шарт аст, ки нигоҳ мебояд дошт.
Шарти аввал – Он ки дар вақти ақд бигӯяд, ки: «Ин сим ё ин зар бо ин ҷома – он чи бошад – салам додам дар хирворе гандум, масалан, қимати он чунину чунин» Ва ҳар сифат, ки мумкин бувад, ки бад-он қимат бигардад, мақсуд бувад; ва дар он мусомаҳат наравад – дар одат; ҳама бигӯянд, то маълум шавад ва он дигар гӯяд: «Пазируфтам». Ва агар бадали лафзи салам чунин гӯяд: «Чизе аз ту харидам бад-ин сифат»; ва бад-ин сифат, ҳам раво бувад.
Шарти дуввум – Он ки ҳар чи медиҳад ба газоф надиҳад, балки вазну миқдори он маълум бояд кард, то агар ҳоҷат ояд, ки бозхоҳад, донад, ки чӣ додааст.
Шарти саввум – Он ки ҳам дар маҷлис ақди раъсулмол таслим кунад.
1 Пешхарид.
Шарти чаҳорум – Он ки ба салам чизе диҳад, ки ба васфи ҳоли вай маълум шавад, чун ҳубубу пунба ва пашму абрешим ва ширу гӯшту ҳайвон. Аммо ҳар чи маъҷун (омехта, махлут) бувад аз ҳар чизе, ки миқдори ҳар яке надонанд, чун ғолия1 ё мураккаб бувад аз ҳар чизе, чун камон; ё маснӯъ бувад, чун кафшу мӯза ва наълайну тири тарошида, салам дар вай ботил бувад, ки сифат напазирад. Ва дуруст он аст, ки салам дар нон раво бувад, агарчи омехта аст ба намаку об, валекин он миқдор мақсуд набувад ва ҷаҳолате наёрад.
Шарти панҷум – Он ки агар ба аҷал мехарад, ки вақти маълум бувад, нагӯяд, ки «то идроки (ба даст омадани) ғалла», ин мутафовит бувад; ва агар гӯяд: «то наврӯз» ва «ду наврӯз» маъруф бошад ва ё «то ҷумодо», дуруст бувад ва бар аввал ҳамл кунанд (яъне: бар ҷумодолувло).
Шарти шашум – Он ки дар чизе салам диҳанд, ки дар вақти аҷал биёяд. Агар дар мева салам диҳад дар вақте, ки дар он вақт нарасида бошад, ботил бувад ва агар ғолиб он бувад, ки бирасад, дуруст бувад, пас, агар ба офате бозпас афтад, агар хоҳад, мӯҳлат диҳад ва агар хоҳад, фасх кунад ва мол бозситонад.
Шарти ҳафтум – Он ки бигӯяд, ки куҷо таслим кунад, ё ба шаҳр ё ба русто. Дар он чи мумкин аст, ки дар он хилофе бошад, хусумат хезад.
Шарти ҳаштум – Он ки ба ҳеч айн ишорат накунад, нагӯяд, «ки аз ангури ин бӯстон» ва «гандуми ин замин», ки ин ботил бувад.
Шарти нӯҳум – Он ки чизе салам надиҳад, ки азизу ноёфт бувад. Чун донаи марвориди бузург, ки мисли он наёбад, ё канизаке некӯ бо фарзанд ба ҳам ва монанди он.
Шарти даҳум – Он ки дар ҳеч таом салам надиҳад, чун раъси мол таоме бошад, чун ҷаву гандум ба говрас ва ғайри он, ба салам надиҳад.
Ақди чаҳорум
Иҷорат аст
Ва вайро ду рукн аст. Иҷрат ва манфиат.
Аммо оқиду лафзи ақд ҳамчунон аст, ки дар байъ гуфтем.
Аммо музд бояд ки маълум бувад – чунон ки дар байъ гуфтем. Ва агар сарое ба киро диҳад, ба иморат, ботил бувад, ки маҷҳул бувад. Ва иҷорати саллох ба пӯсти гӯспанд ва иҷорати осиёбон ба сабӯс ё миқдоре аз орд ботил бувад. Ва ҳар чи ҳосил шудани он ба амали муздур бувад, нашояд ки он чиз музди вай кунанд. Ва агар гӯяд: «Ин дукон ба ту додам
1 Таркиби сиёҳӣ барои рангин ва хушбӯй кардани мӯй.
ҳар моҳе ба диноре», ботил бувад, ки ҷумла муддати тиҷорат маълум набувад; бояд ки бигӯяд: «сол» ё «ду сол», то ҷумла маълум шавад.
Аммо манфиат. Бидон, ки ҳар амале, ки он мубоҳ бувад, маълум бувад ва дар вай ранҷе расад ва ниёбат ба вай роҳ ёбад, уҷрати вай дуруст бувад.
Пас панҷ шарт дар вай нигоҳ бояд дошт.
Шарти аввал – Он ки амалро қадреву қимате бувад ва дар вай ранҷе бувад – агар таоми касе иҷорат кунад, то дукон бад-он биёрояд, ё дарахт иҷорат кунад, то ҷома бар вай хушк кунад, ё себе иҷорат кунад, то бозбӯяд, ин ҳама ботил бувад, ки инро қадреву қимате набувад, ҳамчун як дона гандум фурӯхтан.
Ва агар байёъе (фурӯшанда, дӯкондор) бувад, ки вайро ҷоҳу ҳишмат бувад, ки ба як сухани вай байъ барояд – вайро музде шарт кунанд, ки то як сухан бигӯяд ва байъ барорад, ботил бувад ва он музд ҳаром бувад, ки дар ин ҳеч ранҷ набувад, балки байёъро ва даллолро музд он вақт ҳалол бувад, ки чандон сухан гӯяд, ки дар он душворӣ бошад, он гоҳ беш аз аҷр мисл воҷиб нашавад. Аммо он ки одат овардаанд, ки даҳ ним баргиранд масалан, бо миқдори мол созанд, на бо миқдори ранҷ, ин ҳаром бувад.
Пас моли байёъону даллолон, ки бар ин ваҷҳ ситонанд, ҳаром бувад.
Даллол аз ин мазлимат ба ду тариқ раҳад: яке аз он ки он чи ба вай диҳанд, биситонад ва микос накунад (савдо накунад), илло ба миқдори ранҷи хеш; ва аммо дар миқдори баҳои коло наёвезад. Ва дигар он, ки аз аввал бигӯяд, ки «Чун ин бифурӯшам, дираме хоҳам, масалан, ё диноре»
ва ин кас ба ризо бидиҳад; ва нагӯяд, ки: «Даҳ ним баҳо хоҳам», ки ин маҷҳул бувад, ки баҳо маълум набошад, ки ба чанд харанд, агар чунин гӯяд, ботил бувад ва ҷуз аҷри мисли ранҷи вай лозим наёяд.
Шарти дуввум – Он ки иҷорат бояд ки бар манфиат бувад ва айн дар миён наёяд – агар бӯстоне ё разе ба иҷорат биситонад, то мева баргирад, ё гове ба иҷорат биситонад, то шир вайро бувад, ё гов нима диҳад, то тааҳҳуд мекунад ва як нима шир бармегирад, ин ҳама ботил бувад, ки алафу шир ҳар ду маҷҳул аст. Аммо агар занеро ба иҷорат гирад, то кӯдакро шир диҳад, раво бувад, ки мақсуд доштани кӯдак бувад ва шир табаъ бувад, ҳамчун ҳибри варроқ1 ва риштаи хайёт, ки он қадар табаъият раво бувад.
Шарти саввум – Он, ки бар амале иҷорат кунад, ки таслими он мумкин бувад ва мубоҳ бувад – агар заиферо ба музд гирад бар коре, ки натавонад, ботил бувад; ва агар ҳоизро ба музд гирад, то масҷид бирӯбад,
1 Сиёҳӣ ё ранге, ки саҳҳоф дар зимни саҳҳофӣ ба кор мебарад.
ботил бувад, ки ин феъли ҳаром бувад; ва агар касеро ба музд гирад, то дандони дуруст барканад, ё дасте дуруст бибурад, ё гӯши кӯдак сӯрох кунад – барои ҳалқа, ин ҳама ботил бувад, ки ин феъли ҳаром бувад ва музди ин ситадан ҳаром бувад. Ва ҳамчунин он аст, ки айёрон нақш кунанд бар даст – ба сӯзан, ки фурӯ баранд ва сиёҳӣ дарнишонанд; ва музди кулоҳдӯзон, ки кулоҳи дебо дӯзанд – барои мардон, музди он ҳаром бувад; ва музди дарзиён, ки қабои дебо ва хоро1 ва итобии (порчаи рахрах) абрешимин дӯзанд – барои мардон, ҳаром аст ва иҷорат дар ин ҳама ботил бувад. Ва ҳамчунин агар иҷорат гирад, то вайро расанбозӣ биёмӯзад, ки ин ҳаром аст; ва назора дар ин ҳаром аст; ва он кас, ки чунон кунад, дар хатари хуни хештан аст; ва ҳар ки ба назораи вай биистад, дар хун шарик аст, ки агар мардум назора накунандӣ, вай он хатар иртикоб накунадӣ; ва ҳар ки расанбозиро ва дорбозиро ва кордбозиро, ки корҳои бохатари бефоида кунанд, чизе диҳад, осӣ бувад. Ва ҳамчунин музди масхараву мутриб ва навҳагару шоир, ки ҳиҷо кунад, ҳаром бувад; ва музди қозӣ бар ҳукм ва музди гувоҳ бар гувоҳӣҳаром бувад. Аммо агар қозӣ сиҷил2 нависад ва музди кори хештан биситонад, раво бувад, ки навиштани ин бар вай воҷиб нест, лекин ба шарти он ки дигаронро аз сиҷил навиштан бознадорад, агар манъ кунад ва танҳо бинависад ва он гоҳ сиҷиллеро, ки ба як соат битавон навиштан, даҳ динор хоҳад, ин ҳаром бувад. Аммо агар дигаронро манъ накунад ва шарт кунад, ки ман ба хатти хеш нанависам, илло ба даҳ динор, раво бувад. Ва агар сиҷил дигаре нависад ва вай нишон кунад ва онро чизе хоҳад ва гӯяд: «Ин нишон набиштан бар ман воҷиб нест», ин ҳаром бувад – чи дуруст он аст, ки он миқдор, ки ҳуқуқ бад-он муҳкам шавад, воҷиб бувад. Пас агар воҷиб набувад, он миқдор ҳамчун як ситертти (сер) гандум бувад, ки онро қимате набувад. Қимати вай аз он аст, ки хат ҳоким аст ва ҳар чи аз ҷиҳати ҷоҳу ҳукм бувад, музди он нашояд ситадан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё