Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Яке аз тобеъин дар Басра буд, ғуломи вай аз шаҳри Сус (Шӯш, Шуштар) номае навишт, ки имсол шакарро офат афтод, пеш аз он, ки мардумон бидонанд, шакар бисёр бихар. Вай бисёре шакар бихарид ва ба вақти хеш бифурӯхт, сӣҳазор дирам суд кард, пас бо хеш гуфт: «Илоҳӣ, бо мусалмонон ғадр кардам ва офати шакар аз эшон пӯшида доштам, ин чунин кай раво бувад!» Он сӣҳазор дирам баргирифт ва наздики боеъи шакар бурд ва гуфт: «Ин моли туст». Гуфт: «Чаро?» Қисса бо вай бигуфт. Гуфт: «Акнун ман туро биҳил кардам». Чун ба хона омад, шаб дарандешид, гуфт: «Бошад ки ин мард аз шарм гуфта бошад ва ман бо вай ғадр кардам». Дигар рӯз бозовард ва бо вай меовехт, то он ки ҷумла сӣҳазор дирам аз вай биситад.
Ва бидон, ки ҳар ки харида (хариди қимат) гӯяд, бояд ки рост гӯяд ва ҳеч талбис накунад ва агар айбе падид омада бошад колоро, бигӯяд; ва агар гарон харида бошад – лекин мусомаҳат карда бошад ба сабаби дӯстии боеъ, ки бо вай буд ё хеши вай буд – бигӯяд; ва агар арз дода бошад ба даҳ динор, ки ба нӯҳ арзад – нашояд ки харида гӯяд; ва агар дар он вақт арзон харида бошад, валекин пас аз он нархи коло бигардид ва акнун наарзад, бибояд гуфт. Ва тафсили ин дароз аст ва дар ин боб бисёре хиёнат кунанд бозориён ва надонанд, ки ин хиёнат аст. Ва асл он аст,
1 Рост кардан, сохту соз кардан.
ки он булаҷабӣ (тазвир, найранг) агар касе бо вай кунад, раво надорад; нашояд вайро, ки бо дигаре низ он кунад, бояд ки ин меъёр худ созад, чи ҳар ки ба эътимоди харида гуфтан харад, аз он харад, ки гумон барад, ки вай истиқсо (кунҷковӣ, мунтаҳои диққат) тамом карда бувад ва чунон харида, ки арзад; чун булаҷабӣ дар зери он бошад, бад-он розӣнабошад ва ин таррорӣ бувад ва хиёнат кардан бошад.
БОБИ ЧАҲОРУМ
Дар эҳсон ва некӯкорӣ дар муомилат Бидон, ки Худои таъоло ба эҳсон фармудааст чунон ки ба адл фармудааст, ки: «Инналлоҳа йаъмуру би-л-ъадли ва-л-эҳсони». Ва он боби гузашта ҳама дар баёни адл буд, то аз зулм бигурезад. Ва ин боб дар эҳсон аст. Худои таъоло мегӯяд: «Инна раҳматаллоҳи қарибун мина-л-мӯҳсинина»1. Ва ҳар ки бар адл иқтисор кунад, сармоя нигоҳ дошта бошад дар дин, аммо суд дар эҳсон бувад. Ва оқил он бувад, ки суди охират фурӯ нагузорад дар ҳеч муомилат.
Ва эҳсон некӯкорӣ бошад, ки муомилро (муомилакунанда) дар он манфиате бошад – ва бар ту воҷиб набувад. Ва дараҷаи эҳсон ба шаш ваҷҳ ба ҳосил ояд.
Ваҷҳи аввал
Он ки суди бисёр кардан раво надорад, агарчи харидор бад-ин розӣ бошад ба сабаби ҳоҷате, ки ӯро бувад. Сарӣ ас-Сақатӣ дуконе доштӣ ва раво надоштӣ, ки даҳ ним беш суд кардӣ. Як бор ба шаст динор бодом харид, бодом гарон шуд ва даллол аз вай талаб кард, гуфт: «Бифурӯш ба шасту се динор». Гуфт: «Баҳои он имрӯз навад динор аст». Гуфт: «Ман дил бад-он рост кардаам, ки зиёдати даҳ ним нафурӯшам, раво надорам он азм нақз кардан». Гуфт: «Ман низ раво надорам колои ту ба кам фурӯхтан». На вай фурӯхт ва на Сарӣ ба зиёдат ризо дод. Дараҷаи эҳсон чунин бувад.
Ва Муҳаммад ибни ал-Мункадир аз бузургон будааст ва дукондор буда, ҷомаҳо дошт, баъзе баҳо ба панҷ динор ва баъзе ба даҳ динор. Шо-
1 Ҳароина бахшоиши Худованд наздики некӯкорон аст.
гирди вай дар ғайбати вай ҷомае ба даҳ динор ба аъробӣ фурӯхт. Чун бозомад, бидонист, дар талаби аъробӣҳама рӯз бигардид, вайро бозёфт, гуфт: «Он ҷома панҷ динор беҳтар наарзад. Гуфт: «Шояд ки ман ризо дорам». Муҳаммад ибни ал-Мункадир гуфт: «Оре, валекин чизе, ки ба худ написандам, ҳеч касро написандам, ё байъ фасх кун ё ҷомаи некӯтар биситон ё панҷ динор аз ман бигир». Аъробӣ панҷ динор бозситад, пас, аз касе пурсид, ки ин мард кист? Гуфт: «Муҳаммад ибни ал-Мункадир». Гуфт:
«Субҳона-л-Лоҳ, ки ин мард аст, ки ҳар гаҳ ки дар бодия борон наёяд, мо ба истисқо (талаби борон ва намози он) равем ва номи вай барем, дар соат борон ояд!»
Ва салаф одат кардаанд, ки суд андак кунанд ва муомилат бисёр ва ин муборактар доштаанд аз интизори суди бисёр.
Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу дар бозори Кӯфа мегардид ва мегуфт: «Эй мардумон, суди андакро рад мекунед, ки аз бисёр бияфтед». Ва Абдурраҳмон ибни Авфро пурсиданд, ки: «Тавонгарии ту аз чист?»
Гуфт: «Суди андакро рад накунам ва ҳар ки аз ман ҳайвоне хост, рад накардам ва бифурӯхтам, дар як рӯз ҳазор шутур бифурӯхтам ба сармоя ва беш аз ҳазор зонубанд нафъ накардам, ҳар яке ба дираме меарзид ва дираме алафи вай аз ман бияфтод, ду ҳазор дирам суд буд».
Ваҷҳи дуввум
Он ки колои дарвешон гаронтар харад, то эшон шод шаванд: чун ресмони пирзане ва чун мева аз дасти кӯдаке ва дарвеше, ки бозпас омада бошад, ки ин мусомаҳа аз садақа фозилтар. Ва ҳар ки ин кунад, дуои расул алайҳиссалом ба вай расад; расул гуфтааст алайҳиссалом:
«Раҳималлоҳу-мраан саҳла-л-байъи ва саҳла-ш-широи»1
.
Аммо аз тавонгар коло ба ғабн (зиён кардан дар муомила) харидан, яқин на музд бувад ва на сипос. Ва зоеъ кардани мол бувад, балки микос кардан ва арзон харидан авлотар.
Ҳасану Ҳусайн разийаллоҳу анҳумо ҷаҳди он кардандӣ, ки ҳар чи бихаранд, арзон харанд ва даровехтандӣ, то эшонро гуфтандӣ: «Дар рӯзе чандин ҳазор дирам бидиҳед, дар ин миқдор чаро чунин микос мекунед?»
Гуфтанд: «Он чи бидиҳем, барои Худои таъоло диҳем ва бисёри он андак бувад ва аммо ғабн пазируфтан дар байъ нуқсони ақлу мол бувад».
Ваҷҳи саввум
Дар баҳо ситадан аз се гуна эҳсон бувад: яке баъзе кам кардан ва дигар
1 Худо биёмурзад касеро, ки хариду фурӯшро осон кунад.
шикаста ва нақде, ки бадтар бувад, ситадан; ва седигар мӯҳлат додан. Ва расул алайҳиссалом мегӯяд: «Раҳмати Худой бар касе бод, ки ситаду дод осон кунад». Ва мегӯяд: «Ҳар ки осон гирад, Худои таъоло корҳои вай осон гирад». Ва ҳеч эҳсон беҳ аз мӯҳлат додани дарвеш нест; аммо агар надорад, мӯҳлат додан худ воҷиб бувад ва он аз ҷумлаи адл бувад. Аммо агар касе дорад, валекин то чизе ба зиён нафурӯшад ё чизе, ки бад-он ҳоҷатманд аст, нафурӯшад, натавонад дод, мӯҳлат додани вай аз эҳсон бувад ва аз садақаҳои бузург.
Расул гуфт алайҳиссалом: «Дар қиёмат мардеро биёранд, ки бар хештан зулм карда бошад дар дин ва дар девони вай ҳеч ҳасана набошад, вайро гӯянд, ки ҳаргиз ҳеч ҳасана накардӣ? Гӯяд: «Накардаам, магар он ки шогирдони хешро гуфтаме, ки ҳар ки маро бар вай воме аст ва муъсир (тангдаст) аст, мӯҳлат диҳед ва мусомаҳа кунед». Худои таъоло гӯяд: «Пас ту имрӯз муъсир ва дармондаӣ ва Мо авлотар ки бо ту мусомаҳат кунем». Ва вайро биёмурзад».
Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар ки мар касеро воме диҳад, то муддате, ҳар рӯзе, ки мегузарад, вайро садақае бошад. Ва чун муддат бигузарад, ба ҳар рӯзе, ки пас аз он мӯҳлат диҳад, ҳамчунон бувад, ки гӯӣ он ҳама мол ба садақа дода бошад». Ва аз салаф касон будандӣ, ки нахостандӣ воми ин боз диҳанд, барои он ки садақае менависанд ҳар рӯзе эшонро ба ҷумлаи он мол.
Расул алайҳиссалом гуфт: «Бар дари биҳишт навишта дидам, ки ҳар дираме ба садақа даҳ дирам аст ва ҳар дираме ба вом ба ҳаҷдаҳ дирам».
Ва ин ба сабаби он аст, ки вом накунад, магар ҳоҷатманд, аммо садақа, бошад ки ба дасти мӯҳтоҷ наяфтад.
Ваҷҳи чаҳорум
Гузордани вом; ва эҳсон дар ин он бувад, ки ба тақозо ҳоҷат наёварад; ва шитоб кунад; ва нақд некӯтар гузорад; ва ба даст бирасонад; ва ба хонаи худованди ҳақ барад, чунон ки вайро касе набояд фиристод. Ва дар хабар аст, ки: «Беҳтарини шумо он аст, ки вом некӯтар гузорад». Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар ки вом кунад ва дар дил кунад, ки ба некӯӣ бигузорад, Худои таъоло чанд фаришта фиристад, то ӯро нигоҳ медоранд ва дуо мекунанд ӯро, то он вом гузорда шавад». Аммо агар тавонад, ки бигузорад ва таъхир кунад як соат – бе ризои худованди вом – золим ва осӣ шавад; агар ба намоз машғул шавад ва агар ба рӯза ва агар дар хоб бувад, дар миёни ҳама дар лаънати Худой бувад. Ва ин маъсияте бошад, ки вай хуфта бо вай ба ҳам равад. Ва шарти тавоноӣ на он аст, ки нақд дорад, балки чун чизе битавонад фурӯхт ва нафурӯшад, осӣ шавад. Ва агар нақде набаҳра диҳад ё арзе диҳад – ва худованди ҳақ ба кароҳат гирад – осӣ шавад. Ва то хушнудии вай талаб накунад, аз мазлимат нараҳад. Ва ин аз гуноҳони бузург аст, халқ осон гирифта бошанд!
Ваҷҳи панҷум
Он, ки бо ҳар касе, ки муомилате кард ва он кас пушаймон шавад, иқолат (вайрон, бекор) кунад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки байъеро фасх (вайрон) кунад ва нобароварда ва нокарда ангорад, Худои таъоло нокарда ангорад». Ва ин воҷиб нест, валекин музди вай азим аст ва аз ҷумлаи эҳсон аст.
Ваҷҳи шашум
Он, ки дарвешонро ба нася чизе медиҳад ва мефурӯшад – агар ҳама андак бошад – бар азми он ки боз нахоҳад ва агар муъсир бимиранд, дар кори эшон кунад. Ва дар салаф касоне буданд, ки эшон ду ёдгор (дафтари ёддошт) доштандӣ: яке номҳои маҷҳул будандӣ, ки ҳама дарвешон будандӣ, ном нанавиштандӣ, то агар вай бимирад, касе аз эшон чизе бознахоҳад. Ва ин қавм аз ҷумлаи беҳтаринон надоштандӣ, балки беҳтарин онро доштандӣ, ки худ ёдгор надоштӣ номи дарвешонро, ки агар боздодандӣ, бозситадандӣ; ва агар на, тамаъ аз он гусаста доштандӣ.
Аҳли дин дар муомилат чунин буданд ва дараҷаи мардони дин дар муомилати дунё падид ояд: ҳар ки пой бар як дирам шубҳат ниҳод – барои динро – аз ҷумлаи мардони дин аст.
БОБИ ПАНҶУМ
Дар шафқат бурдан дар дин дар миёни муомилати дунё Бидон, ки ҳар ки вайро тиҷорати дунё аз тиҷорати охират машғул кунад, вай бадбахт аст. Ва чӣ гуна бувад ҳоли касе, ки кӯзаи заррин ба симин бадал кунад? Ва масали дунё чун кӯзаи сафолин аст, ки зишт аст ва зуд бишиканад ва масали охират чун кӯзаи заррин аст, ки ҳам некӯст ва ҳам бисёр бимонад ва поянда бувад; ва балки ҳаргиз фонӣ нашавад. Ва тиҷорати дунё зоди охиратро нашояд, балки ҷаҳди бисёр бояд, то роҳи дӯзах бигардад. Ва сармояи одамӣ дин ва охирати вай аст, набояд, ки аз он ғофил монад ва бар дини хеш шафқат набарад1 ва ҳамагии вай
1 Шафқат бурдан бар чизе: тарсидан аз табоҳ шудани он аст.
машғалаи тиҷорат ва деҳқонӣ гирад. Ва ин шафқат бар дини хеш он вақт бурда бошад, ки ҳафт эҳтиёт кунад:
Эҳтиёти аввал – он ки ҳар рӯзе бомдод ниятҳои некӯ бар дил тоза кунад, ки ба бозор бад-он мешавад, ки то қути хеш ва иёли хеш ба даст орад, то аз рӯи халқ бениёз бувад; ва тамаъ аз халқ баста дорад; ва то чандон қуввату фароғат ба даст орад, ки ба Худои таъоло пардозад; ва роҳи охират биравад. Ва ният кунад, ки имрӯз шафқату насиҳат ва амонат бо халқ нигоҳ дорад ва ният кунад, ки амри маъруф ва наҳйи мункар кунад ва ҳар ки хиёнате кунад бар вай, ҳисбат кунад ва бад-он ризо надиҳад. Чун ин ниятҳо бикунад, ин аз ҷумлаи аъмоли охират бувад ва суди дин бувад, агар дунёӣ чизе ба даст ояд, зиёдатӣ бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ