Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Акнун дар зару сими набаҳра панҷ чиз бибояд донист:
Аввал – он ки чун набаҳра ба дасти вай афтод, бояд ки дар чоҳ афканад ва нашояд ки ба касе диҳад ва гӯяд, ки: «Зайф (қалбу носара) аст», ки бошад ки он кас ба дигаре талбис кунад.
Дуввум – он ки воҷиб бувад бар бозорӣ, ки илми нақд биёмӯзад, ки бишиносад, ки бад кадом аст, на барои он ки то наситонад, балки барои он ки ба касе надиҳад ба ғалат ва ҳаққи мусалмоне ба зиён наёрад. Ҳар ки биёмӯзад, агар ба ғалат бар дасти вай равад, ҳаққи мусалмоне ба зиён наёрад ва ҳар ки наёмӯзад, агар ба ғалат он бар дасти вай биравад, осӣ бошад, ки талаби илм насиҳат (дурусткорӣ) дар ҳама муомилат, ки банда бад-он мубтало бошад, воҷиб аст.
Сеюм – он, ки агар зайф биситонад, бад-он ният, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Раҳималлоҳу-мраан саҳла-л-қазои ва саҳла-л-иқтизои»1 , некӯ бувад, лекин бад-он азм, ки дар чоҳ афканад. Аммо агар андеша дорад, ки харҷ кунад, нашояд, агарчи бигӯяд, ки зайф аст.
Чаҳорум – зайф он бувад, ки дар вай симу зар набувад. Аммо он чи дар вай зару нуқра бувад, валекин ноқис бувад, воҷиб набошад дар чоҳ афкандан, балки агар харҷ кунад, ду чиз воҷиб бувад: яке он, ки бигӯяд ва пӯшида надорад; дигар он, ки ба касе диҳад, ки бар амонати ӯ эътимод бувад, ки вай низ талбис накунад бар дигаре. Пас агар донад, ки ба
1 Худо биёмурзод мардеро, ки кори доду ситадро осон кард.
ҳалол дорад, ки харҷ кунад1, ҳамчунон бувад, ки ангур фурӯшад ба касе, ки донад, ки хамр хоҳад кардан; ва силоҳ ба касе фурӯшад, ки роҳ хоҳад зад: ин ҳаром бувад. Ва ба сабаби душвории амонат дар муомилат салаф чунин гуфтаанд, ки: «Бозаргони боамонат аз обид фозилтар аст»2
.
Қисми дуввум зулми хос аст, ки ҷуз бад-он кас нарасад, ки муомилат бо вай аст. Ва ҳар муомилате, ки бад-он зараре ҳосил ояд, зулм бувад ва ҳаром бувад.
Ва фазолики ин он аст, ки бояд ҳар чи раво надорад, ки бо вай кунанд, бо ҳеч мусалмоне накунад, ки ҳар ки мусалмонеро чизе писандад, ки худро написандад, имони вай тамом набувад Аммо тафсили ин чаҳор чиз аст:
Яке он, ки бар коло сано нагӯяд – зиёдат аз ин, ки бошад, ки он ҳам дурӯғ бувад ва ҳам талбису зулм, балки санои рост низ нагӯяд, чун харидор медонад бе гуфти вай, ки ин беҳуда бошад: «Мо йалфизу мин қавлин илло ладайҳи рақибун ъатидун»3. Аз ҳар сухане, ки бигӯянд, бихоҳанд пурсид, ки чаро гуфт ва он гоҳ чун беҳуда гуфта бошад, ҳеч узраш набувад.
Аммо савганд хӯрдан, агар дурӯғ бувад, аз кабоир бувад ва агар рост бувад, барои коре хасис номи Худои таъоло бурда бувад ва ин беҳурматӣ бувад, ки дар хабар аст: «Вой бар бозаргонон аз «ло валлоҳи» ва «бало валлоҳи» ва вой бар пешаварон аз «фардо» ва «пасфардо!». Ва дар хабар аст, ки: «Агар касе колои хеш ба савганд тарвиҷ кунад, Худои таъоло рӯзи қиёмат ба вай нанигарад». Ва ҳикоят аст аз Юнус ибни Убайд, ки вай хаз фурӯхтӣ ва сифат намекард, як рӯз сафат (ҷомадон, сабад) фароз кард бар харидор; ва шогирди вай гуфт: «Ё Раб, маро аз ҷомаҳои биҳишт каромат кун». Ӯ сафат бияфканд ва он хаз нафурӯхт: тарсид, ки ин сано бошад ва бар коло.
Шарти дуввум – дар байъ он аст, ки ҳеч чиз аз айби коло аз харидор пинҳон надорад ва ҳама ба тамомиву ростӣ бо вай бигӯяд; агар пинҳон дорад, хиёнат карда бошад ва насиҳат накарда бошад ва золиму осӣ бувад; ва ҳар гоҳ ки рӯи некӯтарин аз ҷома арз кунад, ё дар ҷои торик арза кунад, то некӯтар намояд, ё пои некӯтар аз кафшу мӯза арза кунад, зо-
1 Яъне: дигарӣ харҷ кардани онро мубоҳ ва ҳалол шиносад.
2 Чунон ки мулоҳиза мешавад, аз панҷ чизе, ки дар набаҳра бояд донист, беш аз чаҳор қисмат зикр нашуда ва дар «Эҳёу-л-улум» зери унвони «Ас-солис» ёд шуда ва тарҷимааш чунин аст:
Саввум – агар набаҳраро бидиҳад ба тарафи муомила низ бигӯяд, ҳам аз гуноҳ холӣ набувад, чи он кас инро намеситонад ҷуз барои он ки ба дигаре бисупорад – бе он ки вайро биёгоҳонад; ва агар ин қасд надоштӣ, ҳаргиз дар гирифтани он рағбат накардӣ; пас бад-ин тартиб, танҳо аз гуноҳе, ки фақат ба ин муомила баста аст, раҳоӣ пайдо кардааст.
3 Ҳеч каломеро талаффуз намекунад одамӣ, магар он ки наздики ӯ нигаҳбоне аст муҳайё.
лиму хоин бувад.
Расул алайҳиссалом ба марде бигузашт, ки гандум мефурӯхт, даст дар гандум кард, даруни вай тар буд, гуфт: «Ин чист?» Гуфт: «Об расида аст».
Гуфт: «Пас чаро об берун накардӣ? Ман ғашшано фа лайса минно – ҳар ки ғаш кунад, аз мо нест». Ва марде уштур ба сад дирам бифурӯхт ва пои вай айб дошт ва Восила ибни ал-Асқаъ аз саҳоба он ҷо буд истода, ғофил монд, чун бидонист, дар паи харидор шуд ва гуфт: «Пои вай айбе дошт».
Мард бозомад ва аз боеъ сад дирам бозситад. Боеъ гуфт: «Ин байъи ман чаро табоҳ кардӣ?» Гуфт: «Аз баҳри он ки аз расул алайҳиссалом шунидам, ки гуфт: «Ҳалол нест, ки касе чизе фурӯшад ва айби он пинҳон дорад; ва ҳалол нест мар дигареро, ки бидонад ва нагӯяд». Ва гуфт: «Расул алайҳиссалом моро байъат ситадааст бар насиҳати мусалмонон ва шафқат нигоҳ доштан; ва пинҳон доштан аз насиҳат набувад».
Ва бидон, ки чунин муомилат кардан душвор бувад ва аз муҷоҳидот бузург бувад ва ба ду чиз осон шавад.
Яке он, ки коло бо айб нахарад ва он чи харад, дар дил кунад, ки бигӯяд; ва агар бар вай талбис кардаанд, бидонад, ки он зиён вайро афтад, бар дигаре наафканад. Ва асл он аст, ки бидонад, ки рӯзӣ аз талбис зиёдат нашавад, балки баракат аз мол бишавад ва бархурдорӣ аз мол набошад. Ва ҳар чи аз таррории (кисабурӣ, нодурустӣ, дуздӣ) пароканда ба даст ояд, ба як роҳ воқеае афтад, ки ҳама ба зиён ояд ва мазлимат бимонад; ва чун он мард бошад, ки об дар шир мекард ва гала дар кӯҳ шуд, ба як роҳ сел омад ва гала бибурд, он кӯдак гуфт, ки: «Он оби пароканда, ки дар шир кардӣ, ба як бор ҷамъ шуд ва говонро бибурд».
Ва расул алайҳиссалом мегӯяд: «Чун хиёнат ба муомилат роҳ ёфт, баракат бишуд». Ва маънии баракат он бошад, ки кас бошад, ки моли андак дорад, вайро бархурдорӣ бувад; ва бисёр касеро аз он роҳат бувад; ва бисёр хайр аз вай падид ояд; ва кас бувад, ки бисёр дорад; ва он моли бисёр сабаби ҳалоки вай гардад – дар дунё ва дар охират. Ва ҳеч бархурдорӣ набувад. Пас бояд ки баракат талаб кунад, на зиёдатӣ; ва баракат дар амонат бувад, ки ҳар ки ба амонат маъруф шуд, ҳама аз вай харанд ва ба муомилати вай рағбат кунанд; ва суди вай бисёр шавад; ва чун ба хиёнат маъруф шуд, ҳама аз вай ҳазар кунанд.
Дигар он, ки бидонад, ки муддати умри вай сад сол беш нахоҳад буд ва охиратро ниҳоят нест; чӣ гуна раво бувад, ки умри абадии худ ба зиён орад – барои зиёдати симу зар дар ин рӯзе чанди мухтасар? Ҳамеша мебояд ки ин маониро бар дили хеш тоза медорад, то таррориву хиёнат дар дили вай ширин нашавад. Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Халқ дар ҳимояти «ло илоҳа иллаллоҳ»-анд аз сухти Худои таъоло, то он гоҳ ки дунёро аз дин фаропеш бидоранд; он гоҳ чун ин калима бигӯянд, Худои таъоло гӯяд: «Дар ин калима дурӯғ мегӯед ва рост наед».
Ва ҳам чунон ки дар байъ фариза аст ғаш (тақаллуб, талбис) нокардан, дар ҳама пешаҳо фариза аст. Ва кори қалб кардан ҳаром аст, магар ки пӯшида надорад. Аҳмад ибни Ҳанбалро пурсиданд дар руфӯ кардан, гуфт: «Нашояд, магар касе, ки барои пӯшидан дорад, на барои байъ ва ҳар ки руфӯ кунад барои талбисро, осӣ шавад ва музди вай ҳаром бувад».
Воҷиби сеюм он, ки дар миқдори вазн ҳеч талбис накунад ва рост санҷад. Худои таъоло мегӯяд: «Вайлун ли-л-мутаффифина-л-лазина...»
ал-ояту – «Вой барои касоне, ки чун бидиҳанд, кам санҷанд ва чун биситонанд, зиёдат ситонанд». Ва салафро одат ин будааст, ки ҳар чи ситадандӣ, ба ним ҳабба камтар ситадандӣ ва чун бидодандӣ, ба ним ҳабба зиёдат додандӣ ва гуфтандӣ, ки: «Ин ним ҳабба ҳиҷоб аст миёни мо ва дӯзах», ки тарсиданд, ки рост натавонанд сахт1 ва гуфтандӣ, ки:
«Аблаҳ касе бувад, ки биҳиште, ки паҳнои вай чанд ҳафт осмону замин бошад, бифурӯшад ба ним ҳабба ва аблаҳ касе бувад, ки ба ним ҳабба тӯборо (дарахте дар биҳишт) ба вайл (ҷое дар дӯзах) бадал кунад».
Ва ҳар гаҳ расул алайҳиссалом чизе харидӣ гуфтӣ: «Баҳо бисанҷ ва чарб бисанҷ».
Ва Фузайли Иёз писари хешро дид, ки диноре месанҷид, то ба касе диҳад ва шухе, ки дар нақши вай буд пок мекард, гуфт: «Эй писар ин туро аз ду ҳаҷ ва ду умра фозилтар!»
Ва салаф гуфтаанд, ки: «Худованди ду тарозу, ки ба яке бидиҳад ва ба яке биситонад, аз ҳама фуссоқ2 батар аст; ва ҳар баззозе, ки карбос паймояд, то бихарад, суст паймояд ва чун бифурӯшад, кашида паймояд, аз ин ҷумла бошад; ва ҳар қассобе, ки устухон бо гӯшт санҷад, ки одат набувад, аз ин ҷумла бувад, ғалла фурӯшад ва бар вай хок бувад зиёдат аз одат, аз ин ҷумла бувад. Ва ин ҳама ҳаром аст; балки ин инсоф дар ҳама корҳо ва муомилатҳо бо халқ воҷиб аст, ки ҳар ки сухане бигӯяд, ки мисли он агар бишунавад, ба кароҳият шунавад, фарқ кард миёни ситадан ва додан; ва аз ин бад-он бираҳад, ки ба ҳеч чиз худро аз бародари хеш фаробеш надорад андар муомилат. Ва ин саъбу душвор бувад ва азим аст ва барои ин аст, ки Ҳақ таъоло мегӯяд «Ва ин минкум, илло воридуҳо кона ъало Раббика ҳатман мақзиййан» – «Ҳеч кас нест, илло ки вайро
1 Сахтидан – андоза гирифтан, санҷидан.
2 Фосиқон, касоне, ки воҷибҳои диниро риоят намекунанд.
дар дӯзах гузор аст»; он кас, ки ба роҳи тақво наздиктар бувад, зудтар халос ёбад.
Воҷиби чаҳорум он аст, ки дар нархи коло ҳеч талбис накунад ва пӯшида надорад. Наҳй кардааст расул алайҳиссалом аз он, ки пеши корвон боз шавад ва нархи шаҳр пинҳон дорад ва коло арзон харад; ва ҳар ки чунин кунад, худованди колоро расад, ки байъ фасх кунад. Ва наҳй кардааст аз он, ки ғарибе коло орад ва ба шаҳр арзон бувад, касе гӯяд:
«Ба наздики ман бимон, то ман пас аз ин бифурӯшам». Ва наҳй кардааст аз он, ки харидорӣ кунад коло ба баҳои гарон, то дигаре пиндорад, ки рост мегӯяд ва ба зиёдат бихарад; ва ҳар ки ин ба худованди коло рост карда бувад1, то касе фирефта шавад, то бидонад, ки вайро бошад, фасх кунад. Ва ин одат аст, ки дар бозор коло дар манязид (музояда, ҳароҷ) биниҳанд ва касоне, ки андешаи харидорӣ накунанд, меафзоянд ва ин ҳаром аст. Ва ҳамчунин раво набошад коло аз салимдиле (содалавҳ, беиттилоъ) харидан, ки баҳои коло надонад, пас арзон бифурӯшад, ё ба салимдиле фурӯхтан, ки гарон харад ва надонад, ки баҳо чанд аст, ҳарчанд, ки фатво кунем, ки зоҳир дуруст аст, валекин чун ҳақиқати кор аз вай пинҳон дорад, базаҳкор бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё