Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки ин илме дароз аст ва мо шарҳи ин дар китоби «Эҳё» гуфтаем – ба тафсил, ки дар ҳеч китобе дигар наёмад; ва дар ин китоб он миқдор бигӯем, ки фаҳми авом тоқати он бидорад; ва ин миқдор дар чаҳор боб шарҳ кунем:
Боби аввал – Дар савоб ва фазилати талаби ҳалол.
Боби дуввум – Дар дараҷоти вараъ дар ҳалол ва ҳаром.
Боби саввум – Дар пажӯҳидан аз ҳалол ва суол кардан аз он.
Боби чаҳорум – Дар идрори султон ва ҳукми мухолатат бо эшон.
Боби аввал
Дар савоб ва фазилати талаби ҳалол Бидон, ки Худои таъоло мегӯяд: «Йо аййуҳа-р-русулу, кулу мина-ттаййиботи ва-ъмалу солиҳан. «Ё расулон, он чи хӯред, ҳалолу пок хӯред.
Ва он чи кунед, аз тоат, шоиста кунед». Ва расул алайҳиссалом барои ин гуфт, ки: «Талаби ҳалол бар ҳамаи мусалмонон фариза аст». Ва гуфт:
«Ҳар ки чиҳил рӯз ҳалол хӯрад, ки ба ҳеч ҳаром наёмезад, Худои таъоло дили вайро пурнур кунад. Ва чашмаҳои ҳикмат аз дили вай бикушояд – ва дар як ривоят – дӯстии дунё аз дили вай бибарад». Ва Саъд аз бузургони саҳоба буд, гуфт: «Ё расулуллоҳ, дуо кун, то дуои маро иҷобат бувад, ба ҳар дуо, ки кунам». Гуфт: «Ҳалол хӯр, то дуо мустаҷоб шавад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Бисёр кас – таому ҷома ва ғизои вай ҳаром аст, он гоҳ даст бардошта дуо мекунад, чунин дуо кай иҷобат кунанд?» Ва гуфт: «Худои таъолоро фариштае аст бар Байтулмуқаддас, ҳар шабе мунодо мекунад, ки: ҳар ки ҳаром хӯрад, Худои таъоло аз вай хушнуд набошад ва аз вай на фариза пазирад ва на суннат». Ва гуфт: «Ҳар ки ҷомае харад ба даҳ дирам, ки як дирам аз вай ҳаром бувад, то он ҷома бар тани вай бувад, намози вай напазиранд». Ва гуфт: «Ҳар гӯште, ки аз ҳаром раста бошад, оташ ба вай авлотар». Ва гуфт: «Ҳар ки бок надорад, ки мол аз куҷо ба даст орад, Худои таъоло бок надорад, ки вайро аз куҷо, ки хоҳад, ба дӯзах афканад». Ва гуфт: «Ибодат даҳҷузв аст, нӯҳҷузв аз вай талаби ҳалол аст». Ва гуфт: «Ҳар ки шаб ба хона шавад, монда – аз талаби ҳалол, омурзида хусбад ва бомдод, ки бархезад, Худои таъоло аз вай хушнуд бувад». Ва гуфт: «Худои таъоло мегӯяд: «Касоне, ки аз ҳаром парҳез кунанд, шарм дорам, ки бо эшон ҳисоб кунам». Ва гуфт: «Як дирам аз рибо саъбтар аст аз сӣ бор зино, ки дар мусалмонӣ бикунанд». Ва гуфт: «Ҳар ки моле аз ҳаром касб кунад, агар ба садақа диҳад, напазиранд ва агар биниҳад, зод бувад ба дӯзах».
Ва Абӯбакри Сиддиқ разийаллоҳу анҳу аз дасти ғуломе шарбате шир бихӯрд ва он гоҳ бидонист, ки на аз ваҷҳ аст; ангушт ба ҳалқ фурӯ бурд, то қай кард. Ва бими он буд, ки аз ранҷ ва сахтии он рӯҳ аз вай ҷудо шудӣ ва гуфт: «Бор Худоё, ба Ту паноҳам аз он қадар, ки дар рагҳо бимонад, ки берун наёмад». Ва Умар разийаллоҳу анҳу ҳамчунин кард, ки ба ғалат аз шир садақа ба вай доданд. Ва Абдуллоҳ ибни Умар разийаллоҳу анҳумо мегӯяд: «Агар чандон намоз кунед, ки пуштҳо кӯж шавад ва чандон рӯза доред, ки чун мӯй шавед, ба борикӣ, суд надорад ва напазиранд, илло ба парҳез аз ҳаром». Ва Суфёни Саврӣ мегӯяд: «Ҳар ки аз ҳаром садақа диҳад, ё хайре кунад, чун касе бошад, ки ҷомаи палид ба бавл бишӯяд, то палидтар шавад». Ва Яҳё ибни Муози Розӣ – раҳматуллоҳи алайҳи гӯяд: «Тоат хизонаи Худои таъоло аст ва калиди вай дуост ва дандонҳои вай луқмаи ҳалол аст». Ва Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ – раҳматуллоҳи алайҳи гӯяд: «Ки ҳеч кас ба ҳақиқати имон нарасад, илло ба чаҳор чиз, ҳама фароиз бигузорад, ба шарти суннат; ва ҳалол хӯрад ба шаръу вараъ (тақво ва парҳезкорӣ); ва аз ҳама ношоистҳо даст бидорад ба зоҳиру ботин; ва ҳам бар ин сабр кунад то марг».
Ва гуфтаанд, ки: «Ҳар ки чиҳил рӯз шубҳат хӯрад, дили вай торик шавад ва зангор гирад». Ва Ибни ал-Муборак гӯяд: «Як дирам аз шубҳат ба худованд диҳам дӯсттар дорам, аз он ки сад ҳазор дирам ба садақа диҳам». Ва Саҳли Тустарӣ гӯяд: «Ҳар ки ҳаром хӯрад, ҳафт андоми вай дар маъсият афтад, ночор – агар вай хоҳад ва агар нахоҳад; ва ҳар ки ҳалол хӯрад, ҳама андоми вай ба тоат бувад ва тавфиқи хайрот ба вай пайваста бошад».
Ва ахбору осор дар ин боб бисёр аст ва ба сабаби ин буд, ки аҳли вараъ эҳтиёти азим кардаанд. Ва яке аз эшон Ваҳб ибни ал-Вард будааст, ки ҳеч чиз нахӯрдӣ, ки надонистӣ аз куҷост; як рӯз модараш қадаҳе шир ба вай дод, пурсид, ки аз куҷост ва баҳо аз куҷо овардаанд ва аз кӣ харидаанд; чун ҳама бидонист, гуфт: «Гӯсфанд чаро аз куҷо кардааст?» Ва аз ҷое чаро карда буд, ки мусалмононро дар он ҳаққе буд, нахӯрд, модараш гуфт: «Бихӯр, ки Худои таъоло бар ту раҳмат кунад». Гуфт: «Нахоҳам, агар чи раҳмат кунад, ки он гоҳ ба раҳмати Вай расида бошам – ба маъсият; ва ин нахоҳам». Ва Бушри Ҳофиро пурсиданд, ки аз куҷо мехӯрдӣ; ва вай эҳтиёт кардӣ, гуфт: «Аз он ҷо, ки дигарон мехӯранд, валекин фарқ бувад миёни он ки мехӯрад ва мегӯяд ва миёни он ки мехӯрад ва механдад». Ва гуфт: «Беҳтар аз он набувад, ки даст кӯтоҳтар ва луқма камтар».
Боби дуввум
Дар дараҷоти ҳалолу ҳаром
Бидон, ки ҳалолу ҳаромро дараҷот аст ва ҳама аз як гуна нест: баъзе ҳалол аст ва баъзе ҳалоли пок аст ва баъзе поктар; ва ҳамчунин аз ҳаром:
баъзе саъбтар аст ва палидтар ва баъзе камтар, чунон ки беморе, ки ҳарорат вайро зиён дорад, он чи гармтар бошад, зиён бештар дорад. Ва гармӣ бар дараҷот бувад, ки ангубин на чун шакар бувад, ҳаром низ ҳамчунин аст.
Ва табақоти мусалмонӣ дар вараъ аз ҳаром ва шубҳат бар панҷ дараҷа аст.
Дар дараҷаи аввал вараъи удул аст – ва он вараъ умуми мусалмонон аст, ҳар чи фатво зоҳири онро ҳаром дорад, аз он дур бошад. Ва ин камтарин дараҷот аст. Ва ҳар ки ин вараъ даст дорад, адолати вай ботил бошад ва ӯро фосиқ ва осӣ гӯянд. Ва ин ҷой низ дараҷот аст, ки касе, ки моли дигаре ба ақде фосид – ба ризои вай – биситонад ҳаром аст, валекин он ки ба ғасб ситонад, ҳаромтар ва агар аз ятим ва дарвеше ситонад, азимтар. Ва ақди фосид чун сабаби рибо бувад, ҳаромии он азимтар, агарчи ҳаромӣ бар ҳама афтад. Ва ҳар чи ҳаромтар, хатари оқибат бештар ва умеди афв заифтар: чунон ки беморро, ки ангубин хӯрад, хатари вай бештар аз он ки фониз1 ва шакар хӯрад ва чун бештар хӯрад, хатари вай беш аз он ки андак хӯрад.
Ва тафсили он, ки ҳаром кадом аст ва ҳалол кадом, касе донад, ки ҳама фиқҳ бархонад. Ва бар касе воҷиб нест ҳама фиқҳ бархондан, ки он кас, ки қути вай на аз моли ғанимат ва на аз газиди (ҷизяи) аҳли зиммат аст, ӯро чӣҳоҷат бувад ба китоби ғаноим ва ҷизя хондан. Валекин бар ҳар касе он воҷиб бошад, ки бад-он мӯҳтоҷ аст: чун дахли вай аз байъу широ аст, илми байъу широ бар вай воҷиб бувад ва агар муздурӣ аст, илми он пеша бар вай воҷиб бувад омӯхтан.
Дараҷаи дуввум вараъи некмардон аст, ки эшонро солеҳон гӯянд. Ва ин он бувад, ки ҳар чи муфтӣ гӯяд: ҳаром нест, валекин аз шубҳате холӣ нест; аз он низ даст боздорад.
Ва шубҳат бар се қисм аст: баъзе он аст, ки воҷиб бувад аз вай ҳазар кардан; ва баъзе аст, ки воҷиб набувад, валекин мустаҳаб бувад. Аз воҷиб ҳазар кардан дараҷаи аввал аст ва аз мустаҳаб – дараҷаи дуввум. Ва сеюм он аст, ки ҳазар кардан аз вай васваса бошад ва ба кор наёяд: чунон ки касе гӯшти сайд нахӯрад ва гӯяд, ки бошад ки ин мулки дигаре буда бошад ва аз вай биҷаста бошад, ё сарой ба орият дорад, берун шавад, ки бошад ки худованд бимирад ва мулк ба ворис афтад. Ин чунин бе он ки нишон бар вай далел кунад, васвос бувад, ба кор наёяд.
Дараҷаи саввум вараъи парҳезгорон аст, ки эшонро муттақиён гӯянд.
Ва ин он бувад, ки он чи на ҳаром бувад ва на шубҳат, балки ҳалоли мутлақ бошад, валекин бими он бувад, ки аз он дар шубҳате дигар афтад ё дар ҳароме, аз он низ даст бидорад.
Расул гуфт алайҳиссалом: «Банда ба дараҷаи муттақиён нарасад, то он ки чизе, ки бад-он ҳеч бок набувад, даст бинадорад аз бими чизе, ки бадон бок бувад». Ва Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Мо аз ҳалол аз даҳ нӯҳ даст бидоштем аз бими он ки дар ҳаром афтем». Ва ба сабаби ин буд, ки сад дирам бар касе доштӣ, наваду нӯҳ беш наситондӣ, ки набояд ки агар тамом ситонад, чарбтар ситонад. Алӣ ибни Маъбад мегӯяд: «Сарое ба киро доштам, номае навиштам, хостам, ки онро ба хоки девор хушк ку-
1 Муарраби пониз: навъе ҳалво, шакарқалам.
нам, пас гуфтам: девор мулки ман нест, накунам. Пас гуфтам: инро қадре набошад; андаке хок бар вай навишта кардам, ба хоб дидам шахсеро, ки бо ман гуфтӣ: касоне, ки гӯянд: хоки девореро чи қадр бошад; фардо аз қиёмат бидонанд». Ва касоне, ки дар ин дараҷа бошанд, аз ҳар чи андак бувад ва дар маҳалли мусомаҳат бувад, ҳазар кунанд, ки бошад ки чун роҳ кушода шавад, ба зиёдат, он бикунанд; дигар он ки аз дараҷаи муттақиён низ бияфтад дар охират; ва барои ин буд, ки чун Ҳусайн ибни Алӣ разийаллоҳу анҳумо аз моли садақа хурмое дар даҳон ниҳод – ва кӯдак буд, расул гуфт алайҳиссалом: «ких, ких, алқиҳо» яъне: «бияндоз».
Ва аз ғанимат мушк оварда буданд пеши Умар ибни Абдулазиз, бинӣ бигирифту гуфт: «Манфиат бӯи вай бошад ва ин ҳама ҳаққи мусалмонон аст». Ва яке аз бузургони пешин бар болини беморе буд, чун фармон ёфт, чароғ бикушту гуфт: «Ворисро дар равған ҳақ афтод». Ва Умар разийаллоҳу анҳу мушки ғанимат дар хона бигузошта буд, то зани вай барои мусалмонон мефурӯшад; як рӯз даромад, аз миқнаъи вай бӯи мушк омад, гуфт: «Ин чист?» Гуфт: «Мушк месахтам, дастам бӯй гирифт, дар миқнаъ молидам». Умар миқнаъ аз вай биситад ва мешуст ва дар хок мемолид ва мебӯид, то ҳеч бӯй намонд ва он гоҳ ба вай дод. Ва ин миқдор дар маҳалли мусомаҳат бошад, валекин Умар хост, ки дари ин баста дорад, то ба чизе дигар наяфтад, то аз бими ҳароме ҳалол гузошта бошад ва савоби муттақиён биёбад.
Ва аз Аҳмад ибни Ҳанбал пурсиданд, ки: «Касе дар масҷид бошад, бухур месӯзанд аз моли султон?» Гуфт: «Берун бояд омад, то бӯй нашунавад ва ин худ ба ҳаром наздик бувад, ки он миқдори бӯе, ки ба вай расад ва дар ҷома гирад, ба мақсуд бувад, ки дар маҳалли мусомаҳат наёяд». Ва варо пурсиданд, ки: «Касе варақе ёбад аз аҳодис, раво бошад, ки бинависад бе дастурӣ?»1 Гуфт: «Не».
Ва Умарро разийаллоҳу анҳу зане буд, ки вайро дӯст доштӣ, чун хилофат бар вай расид, занро талоқ дод, аз бими он, ки набояд дар коре шафоат кунад ва аз хеш он қувват наёбад, ки онро хилоф кунад. Ва бидон, ки ҳар мубоҳе, ки бар нияти дунё бозгардад, аз ин бувад, ки чун бадон машғул шавад, вайро ба корҳои дигар афканад, балки ҳар ки аз ҳалол сер бихӯрад, аз дараҷаи муттақиён маҳрум монад, барои он ки ҳалол, ки сер бихӯрад, шаҳватро биҷунбонад. Ва он гоҳ дар талаб афканад, бими он бувад, ки ба андешаи ношоист дарояд ва бими он бувад, ки назар падид ояд. Ва нигаристан дар моли аҳли дунё ва боғу кӯшки эшон; аз ин
1 Тарҷумаи «Эҳё» чунин аст: Оё равост, агар варақе, ки ҳадис дар он навишта аз касе гум шавад ва касе онро биёбад, бидуни иҷозаи соҳиби варақа аз он рӯ бинависад?

пешина
аз 176
навбатӣ