Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

бувад, ки он ҳирси дунёро биҷунбонад ва он гоҳ дар талаб афканад ва ба ҳаром адо кунад. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Ҳуббу-д-дунйо раъсу кулли хатиатин – «Дӯстии дунё сари ҳама хатоҳост». Ва бад-он дунёи мубоҳ хост, ки дӯст доштани дунёи мубоҳ аст, ки ҳамагӣ дили туро биситонад, то дар талаби дунёи бисёр афканад ва бе маъсият рост наёяд, то зикри Худои таъолоро аз дил заҳмат кунад. Ва сари ҳама шақоватҳо ин бувад, ки ғафлат аз Худои таъоло бар дил ғалаба гирад. Ва барои ин буд, ки Суфёни Саврӣ ба дари сарое баланд аз они мӯҳташаме бигузашт, яке бо вай буд, дар он ҷо нигарист, вайро наҳй карду гуфт: «Агар шумо ин назар накунед, эшон ин исроф накунандӣ, шумо шарик бошед дар мазлимати он исроф». Аҳмад ибни Ҳанбалро пурсиданд аз девори масҷид ва сарой ба гаҷ кардан, гуфт: «Аммо замин раво бошад, то хок нахезад, аммо гаҷ кардани деворро кореҳам, ки он ороиш бувад». Ва чунин гуфтаанд бузургони салаф, ки: «Ҳар киро ҷома тунуку борик бувад, дини вай тангу торик бувад». Ва ҷумлаи ин боб он аст, ки ҳалоли пок даст бидорад, аз бими он, ки дар ҳаром кашад.
Дараҷаи чаҳорум – вараъи сиддиқон аст, ки ҳазар кунанд аз чизе, ки ҳалол бувад ва бар ҳароме адо накунад низ, валекин дар сабабе аз асбоб ҳосил шудани он маъсияте рафта бошад; масали ин он бувад, ки Бушри Ҳофӣ об нахӯрдӣ аз ҷӯе, ки султон канда будӣ; ва гурӯҳе дар роҳи ҳаҷ об нахӯрдандӣ, аз он ҳавзҳо, ки султониён канда буданд; ва гурӯҳе ангур нахӯрдандӣ, ки об дар ҷӯе рафта будӣ, ки султон канда будӣ. Ва Аҳмад ибни Ҳанбал кароҳият доштӣ, ки дар масҷид дарзиӣ кунанд ва касби вай дӯст надоштӣ ва пурсиданд аз дӯкгар, ки дар гунбади гӯрхона бинишинад, кароҳият дошт ва гуфт: «Гӯрхона барои охират аст». Ғуломе чароғе афрӯхт – аз хонаи султон – худованди он хона чароғро бишикаст. Ва дуволи наълайни яке бигусаст, машъалаи султон мебурданд, аз он рӯшноӣҳазар кард, ки он дувол некӯ кунад. Ва зане дук меришт, машъалаи султонӣ гузар кард, он зан аз он дук риштан бозистод, то дар он рӯшноӣ дук наришта бошад. Ва Зуннуни Мисрӣ – раҳматуллоҳу ъалайҳиро боздоштанд дар зиндон, чанд рӯз гурусна буд, зане порсо, ки муриди вай буд, аз ресмони ҳалоли хеш таоме фиристод, нахӯрд. Пас он зан бо вай итоб кард, гуфт: «Донистаӣ, ки он чи ман фиристам, ҳалол бошад ва ту гурусна будӣ, чаро нахӯрдӣ?» Гуфт: «Аз он ки бар табақи золиме ба ман расид ва аз дасти зиндонбон буд». Ва ин аз он ҳазар кард, ки сабаби расидан ба вай қуввати дасти золиме буд ва он қувват аз ҳаром ҳосил омада бошад. Ва ин азимтарин дараҷаи вараъ аст андар ин боб! Ва касе, ки таҳқиқи ин нашиносад, бошад ки ин ба васваса кашад, то аз дасти ҳеч фосид таом нахӯрад. Ва ин на чунин аст, ки ин ба золим махсус бувад, ки вай ҳаром хӯрад ва қуввати вай аз ҳаром бувад. Аммо он ки зино кунад – масалан, қуввати вай аз зино набувад, пас сабаби расидан қуввате набошад, ки аз ҳаром бувад.
Ва Сарӣ ас-Сақатӣ мегӯяд: «Рӯзе дар дашт ба обе расидам ва гиёҳе дидам, гуфтам ин бихӯрам, ки агар ҳаргиз ҳалол хоҳам хӯрд ин хоҳад буд, ҳотифе овоз дод, ки: он қувват, ки туро ин ҷо расонид, аз куҷо омад?
Гуфт пушаймон шудам ва истиғфор кардам». Ин аст дараҷаи сиддиқон ва эшон андешаи борик дар чунин эҳтиётҳо кардандӣ. Ва акнун ин бадал афтодааст бо эҳтиёт дар ҷома шустан ва оби пок ба яқин талаб кардан.
Ва эшон он осон гирифтандӣ ва пои бараҳна рафтандӣ ва аз ҳар обе, ки ёфтандӣ, таҳорат кардандӣ. Валекин таҳорат ороиши берун аст ва назорагоҳи халқ аст, андар он нафсро шарафе азим аст, ба талбис мусалмониро бад-он машғул медорад. Ва ин ороиши ботин аст ва назорагоҳи Ҳақ аст: аз он душвор бошад.
Дараҷаи панҷум – вараъи муқаррабон аст ва муваҳҳидон, ки ҳар чи ҷуз барои Худои таъоло бувад, аз хӯрдану хуфтану гуфтан, ҳама бар худ ҳаром донанд. Ва ин қавме бошанд, ки эшон якҳиммат ва яксифат шуда бошанд ва мувваҳиди бакамол эшон бошанд.
Аз Яҳё ибни Яҳё ҳикоят кунанд, ки дору хӯрда буд, зани вай гуфт: «Гоме чанд бирав дар миёни сарой». Гуфт: «Ин рафтанро ваҷҳе надонам ва сӣ сол аст, то ман ҳисоби хеш нигоҳ медорам, то ҷуз барои дин ҳаракате накунам». Чун ин қавмро нияти динӣ фароз наёяд, ҳеч ҳаракат накунанд ва агар бихӯранд он миқдор хӯранд, ки ақлу ҳаёти эшон бар ҷой бимонад барои қуввати ибодат; ва агар бигӯянд, он гӯянд, ки роҳи дини эшон бувад; ва ҳар чи ҷуз ин бувад, ҳама бар худ ҳаром донанд.
Ин аст дараҷоти вараъ; камтар аз он набувад боре, ки бишунавӣ ва бидонӣ хештанро ва нокасии хеш бидонӣ ва агар хоҳӣ дар дараҷаи аввал, ки он вараъи удули мусалмонон аст, бошӣ, то номи фосиқӣ дар ту наяфтад, аз он оҷиз оӣ; ва чун кор ба ҳадис расад, даҳон фарох боз кунӣ ва сухан ҳама аз малакут гӯӣ ва аз сухани зоҳир, ки дар илми шаръ аст, нанг дорӣ, балки ҳама хоҳӣ, ки томот ва суханҳои баланд гӯӣ. Ва дар хабар аст, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Бадтарин халққавмеанд, ки тани эшон бар неъмат рост истода бошад, таомҳои гуногун мехӯранд ва ҷомаҳои гуногун мепӯшанд ва он гоҳ даҳон фарох боз кунанд ва ҳадисҳои некӯ мегӯянд». Эзад субҳонаҳу ва таъоло моро аз ин фитна нигоҳ дород би манниҳи ва тавфиқиҳи.
Боби саввум
Дар ҷудо кардани ҳалол аз ҳаром ва пажӯҳидани он Гурӯҳе гумон кардаанд, ки моли дунё ҳама ҳаром аст ё бештар ҳаром; ва се қисм шудаанд. Он қавм, ки эҳтиёт ва вараъ бар эшон ғолиб будааст, гуфтаанд: ҳеч чиз нахӯред, магар гиёҳ ки дар дашт бошад ва гӯшти моҳӣва сайду мисли ин. Ва гурӯҳе, ки батолату шаҳват бар эшон ғолиб будааст, гуфтаанд: фарқ набояд кард, он ҳама мебояд хӯрд. Ва гурӯҳе, ки бо эътидол наздиктар буданд, гуфтанд: он ҳама набояд хӯрд, илло ба миқдори зарурат. Ва ин ҳар се хатост – қатъан, балки дуруст он аст, ки ҳалоле равшан ва ҳароме равшан ва шубҳате дар миёна мебошад, то ба қиёмат, чунон ки расул гуфтааст алайҳиссалом: «Он кас ки мепиндорад, ки аз моли дунё ҳаром бештар аст, ғалат мекунад, ки ҳаром бисёр аст, лекин бештар нест». Ва фарқ аст миёни бисёру бештар, чунон ки бемор ва мусофир ва лашкаре бисёранд, валекин бештари эшон наанд; ва золимон бисёранд, валекин мазлумон бештаранд. Ва ваҷҳи ин ғалат дар китоби «Эҳё» ба шарҳу бурҳон гуфтаем.
Ва асл он аст, ки бидонӣ, ки халқро нафармудаанд, ки чизе хӯранд, ки дар илми Худои таъоло ҳалол бошад, ки дар тоқати кас наёяд; балки фармудаанд, ки он хӯранд, ки пиндоранд ҳалол аст ва ҳаромии он пайдо набувад. Ва ин ҳамеша осон ба даст ояд. Ва далел бар ин он аст, ки расул алайҳиссалом аз митҳараи мушрике таҳорат кардааст. Ва Умар аз сабӯи зане тарсо таҳорат кардааст. Ва агар ба шубҳа будандӣ, нахӯрдандӣ; ва палид хӯрдан ҳалол набувад; ва ғолиб он бувад, ки дасти эшон палид бувад, ки хамр хӯрда бошанд ва мурдор хӯрда; валекин чун палидӣ надонистанд, ба покӣ гирифтанд.
Ва саҳоба дар ҳар шаҳре, ки расидандӣ, таом харидандӣ ва муомилат кардандӣ, бо он ки дар рӯзгори эшон дузду рибодиҳанда ва хамрфурӯш ҳама буданд ва даст аз моли дунё бинадоштанд ва ҳамаро низ баробар надонистанд ва ба қадри зарурат қаноат накарданд. Пас, бояд ки бидонӣ, ки мардумон дар ҳаққи ту шаш қисманд:
Қисми аввал
Касе, ки маҳҷул бувад, ки аз вай на салоҳ донӣ ва на фасод: чунон ки дар шаҳри ғариб шавӣ, раво бувад, ки аз ҳар ки хоҳӣ нон харӣ ва муомилат кунӣ, ки ҳар чи дар дасти вай аст, зоҳир он аст, ки мулки вай аст. Ва ин далели кифоят аст, ҷуз ба муомилате, ки далели ҳаромӣ кунад, ботил нашавад. Аммо агар касе дар ин таваққуф кунад ва талаби касе кунад, ки салоҳи вай донад, он аз ҷумлаи вараъ бошад, валекин воҷиб набувад.
Қисми дуввум
Он ки вайро ба салоҳ донӣ ва аз моли вай хӯрдан раво бувад ва таваққуф кардан аз вараъ набувад, балки аз васваса бувад. Ва агар он кас ба сабаби таваққуф кардани ту ранҷур шавад, он ранҷонидан маъсият бувад ва гумони бад бурдан ба аҳли салоҳ худ маъсияте бошад.
Қисми саввум
Он ки ӯро золим донӣ, чун уммоли султониён ва ё донӣ, ки ҷумлаи моли вай – ё бештар – ҳаром аст, аз моли вай ҳазар воҷиб бувад, магар он ки донӣ, ки аз ҷое ҳалол аст, ки ин ҷо аз ҳоли вай аломати зоҳир падид ояд бар он ки дасти ғасб аст.
Қисми чаҳорум
Он ки донӣ, ки бештари моли вай ҳалол аст, валекин аз ҳаром холӣ нест – қатъан: бад-он ки марди деҳқон бувад, валекин амале аз они султон дорад низ ва ё бозаргоне бувад ва бо султон муомилат кунад низ, моли вай ҳалол бувад ва раво бувад, ки бар бештар фаро гирад, валекин ҳазар кардан аз вараъ муҳим аст.
Вакили Абдулло ибн ал-Муборак аз Басра ба вай набишт, ки бо касоне муомилат карда меояд, ки эшон бо султониён муомилат мекунанд, гуфт:
«Агар ҷуз бо султониён муомилат надоранд, бо эшон муомилат макунед ва агар бо дигарон низ муомилат мекунанд, раво бошад бо эшон муомилат кардан».
Қисми панҷум
Он ки зулми вай нашиносӣ ва аз моли вай хабар надорӣ, аммо агар бо вай аломати зулм бинӣ, чун кулоҳу қабо ва сурати лашкариён, ин низ аломати зоҳир аст: аз муомилати эшон ҳазар бояд кардан, то он гаҳ ки бидонӣ, ки он мол, ки ба ту медиҳад, аз куҷо меорад.
Қисми шашум
Касе, ки бо вай аломати зулм набинӣ, валекин аломати фисқ бинӣ, чунон ки ҷомаи дебо пӯшад ё сохти зар дорад ва донӣ, ки шароб хӯрад ва дар занони номаҳрам нигарад: дуруст он аст, ки аз моли вай ҳазар кардан воҷиб наёяд, ки ин молро ҳаром нагардонад; беш аз ин набошад, ки гӯянд, ки чун ин ҳалол дорад, бошад низ, ки аз ҳаром ҳазар накунад.
Ва бад-ин ҳукм натавон кард ба ҳаромии моли вай, ки ҳеч кас аз маъсият маъсум нест. Ва бисёр кас бувад, ки аз мазолим ҳазар кунад, арчанд аз маъсият ҳазар накунад.
Ин қоида дар фарқ миёни ҳалол ва ҳаром нигоҳ бояд дошт. Чун ин нигоҳ дошт, агар ҳароме хӯрда ояд, ки вай надонад, бад-он маъхуз набувад, ҳамчунон ки намоз бо наҷосат раво набувад, валекин агар наҷосате бошад, ки вай надонад, бад-он маъхуз набувад, то агар пас аз он бидонад, бар як қавл, қазои намоз воҷиб нашавад, ки расул алайҳиссалом дар миёни намоз наълайн берун кард ва намоз аз сар оғоз накард ва гуфт:
«Ҷабраил маро хабар дод, ки олуда аст».
Бидон, ки ҳар куҷо, ки гуфтем ки: «Вараъ аз он муҳим аст, агарчи воҷиб нест», шояд ки суол кунад: аз куҷост; ба шарти он ки аз он ранҷе ҳосил наёяд. Агар он кас аз суоли вай бихоҳад ранҷид, суол ҳаром бувад, ки вараъ эҳтиёт аст ва ранҷонидан ҳаром, балки бояд ки талаттуф кунад ва баҳона ораду нахӯрад ва агар натавонад, бихӯрад, то он кас ранҷур нашавад. Ва агар аз касе дигар бипурсӣ, ки мумкин бошад, ки бишунавад, ҳаром бувад, ки ин таҷассус бувад ва ғайбату гумони бад; ва ин ҳама ҳаром аст, барои эҳтиёт мубоҳҳалол нашавад. Расул алайҳиссалом меҳмон шудӣ ва напурсидӣ, илло ҷое, ки сабаби шубҳат зоҳир будӣ; ва дар ибтидо, ки дар Мадина шуд, он чи бибурдандӣ бипурсидӣ, ки ҳадя аст ё садақа, барои он ки ҷои шак буд ва аз он ҳеч кас ранҷур нашудӣ. Ва бидон, ки агар дар бозоре моли султонӣ тарҳ кунанд1 ё гӯспанди ғоратӣ афтад ва бидонад, ки бештари мол дар он бозор ҳаром аст, бояд ки нахарад, то он гоҳ ки суол кунад ва бипурсад, ки аз куҷост; ва агар бештар ҳаром набошад, раво бувад. Валекин суол аз вараъ муҳим бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё