Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Боби чаҳорум
Дар идрори2 султон ва салом кардан бар эшон ва он чи аз моли эшон ҳалол бошад биситадан Бидон, ки ҳар чи дар дасти султониёни рӯзгор аст, ки аз хироҷи мусалмонон ситадаанд ё аз мусодара (забт кардани моли мардум) ва ришват, ҳама ҳаром аст. Ва ҳалол дар дасти эшон се мол аст: моле, ки ба ғанимат аз кофирон биситонанд; ва ё ба газид аз аҳли зиммат, чун ба шарти шаръ ситонанд; ё меросе, ки андар дасти эшон афтад аз касе, ки бимирад ва вайро ворисе набошад, ки он мол масолеҳро бошад. Ва чун
1 Тарҳ кардан: базӯр тақсим кардан ва фурӯхтан.
2 Ҳуқуқи моҳона, мувоҷиб, шаҳрия.
рӯзгор чунон аст, ки моли ҳалол нодир аст ва бештар аз хироҷу мусодара аст, нашояд аз эшон ҳеч чиз ситадан, то надонӣ, ки аз ваҷҳи ҳалол аст, иммо аз ғанимат ё аз газид ё аз таракот (мерос). Ва раво бошад, ки султоне низ мулке эҳё кунад ва он вайро ҳалол бошад, валекин агар муздур ба бегор (кори бемузд) дошта бошад, шубҳат бад-он роҳ ёбад, агарчи ҳаром нагардад. Ва агар зиёъе харад дар зиммат ҳам мулки вай бошад, валекин чун баҳо аз ҳаром гузорад, шубҳате бад-он роҳ ёбад. Пас ҳар ки аз султон идроре дорад, агар бар хоси мулки вай дорад, чандон, ки дорад, раво бувад. Ва агар бар таракоту моли масолеҳ бувад, ҳалол набошад, то он гоҳ ки ин кас чунон бувад, ки маслиҳате аз они мусалмонон дар вай баста бувад, чун муфтиву қозӣ ва мутаваллии вақфу табиб. Ва дар ҷумла касе, ки ба коре машғул бувад, ки хайри он ом бувад; ва талабаи илм дар ин шарик бошанд; ва касе низ ки дарвеш бувад ва аз касб оҷиз бувад, вайро низ ҳақ бошад дар ин. Валекин аҳли илмро ва дигаронро ин бад-он шарт раво бувад, ки бо омил ва ё султон дар дин ҳеч мудоҳинат (саҳлангорӣ, хушомадгӯӣ) накунанд ва бо эшон дар корҳои ботил ҳеч мувофиқат накунанд ва эшонро бар зулм тазкия (покиза, таҳсин) накунанд, балки наздики эшон нашаванд; ва агар раванд, чунон раванд, ки шарти шаръ аст, чунон ки шарҳ карда ояд.
— ФАСЛ —
[Дар ҳолҳои мардумон бо салотин ва уммоли салотин] Бидон, ки уламоро ва ғайри уламоро бо салотин ва уммол се ҳол аст:
Ҳолати аввал – он ки на наздики эшон шаванд ва на эшон ба наздики вай шаванд; ва саломати дин дар ин бошад.
Ҳолати дуввум – он ки ба наздики султон шаванд ва бар эшон салом кунанд. Ва ин дар шариат мазмум аст азим, магар ба зарурате, ки бувад, ки расул алайҳиссалом сифати умарои золим мегуфт, пас гуфт: «Ҳар ки аз эшон дурӣҷӯяд, раст; ва ҳар ки бо эшон ба ҳам дар дунё афтад, вай ҳам аз эшон аст». Ва гуфт: «Аз паси ман султонони золим бошанд, ҳар ки бар дурӯғ ва зулми эшон иғзо (чашмпӯшӣ) кунад ва розӣ бошад, аз ман нест, вайро ба ҳавзи ман дар қиёмат роҳ нест». Ва гуфт: «Душмантарини уламо назди Худои таъоло уламоеанд, ки ба наздики умаро шаванд». Ва гуфт: «Беҳтарини умаро ононанд, ки ба наздики уламо шаванд ва бадтарини уламо онанд, ки ба наздики амирон шаванд». Ва гуфт:
«Уламо амонатдорони пайғамбаронанд, ки бо умаро мухолатат накунанд, чун карданд, хиёнат карданд дар амонат, аз эшон ҳазар кунед ва дур бошед».
Ва Абӯзар гуфт мар Саламаро, ки: «Дур бош аз даргоҳи султон, ки аз дунёвии вай ба ту ҳеч нарасад, илло зиёдат аз он ки аз дини ту бишавад».
Ва гуфт: «Дар дӯзах водие аст, ки ҳеч кас дар он ҷо нашавад, магар уламое, ки ба зиёрати султонон шаванд».
Ва Ибода ибни ас-Сомит мегӯяд: «Дӯстии уламо ва порсоён умароро далели нифоқ бувад ва дӯстии эшон бо тавонгарон далели риё бувад. Ва Ибни Масъуд мегӯяд разийаллоҳу анҳу ки: «Мард бошад, ки бо дини дуруст бари султон равад ва бе дин берун ояд». Гуфтанд: «Чӣ гуна?», гуфт:
«Ризои эшон ҷӯяд ба чизе, ки сахати Худои таъоло дар он бошад». Фузайл мегӯяд, ки: «Ба Худой, ки ҳамчанди он, ки олим ба султон наздик мешавад, аз Худои таъоло дур мешавад». Ва Ваҳб ибни Мунаббеҳ мегӯяд, ки:
«Ин уламо, ки ба наздики султон мешаванд, зарари эшон бар мусалмонон беш аст аз зарари муқомирон (қиморбозон)». Ва Муҳаммад ибни Салама мегӯяд, ки: «Магас бар наҷосати одамӣ накӯтар аз он, ки олим бар даргоҳи султон».
— ФАСЛ —
[Маъсиятҳои наздик шудан ба золимон] Бидон, ки сабаби ин ташдидҳо он аст, ки ҳар ки ба наздики султон шуд, дар хатари маъсият афтод, иммо дар кирдор ва иммо дар гуфтор ва иммо дар хомӯшӣ ва иммо дар эътиқод.
Аммо маъсияти кирдор он бувад, ки ғолиб он бувад, ки сарои эшон мағсуб бувад ва нашояд дар он ҷо даромадан ва агар, ба масал, дар саҳрову дашт бошад, хайма ва фарши эшон ҳаром бувад, нашояд дар шудан ва пой бар он ниҳодан ва агар, ба масал, дар замини мубоҳ бувад
– бе фаршу хайма – агар хидмат кунад ва сар фуруд оварад, золимеро тавозӯъ карда бошад, ин нашояд; балки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки тавонгареро тавозӯъ кунад, агарчи золим набувад – барои тавонгарии вай, ду баҳр аз дини вай бишавад». Пас ҷуз салом раво набувад; аммо даст бӯса додан ва пушт дуто кардан ва сар фуруд овардан – ин ҳама нашояд, магар ки султони одилро ё олимро ё касеро, ки ба сабаби динӣ мустаҳиққи тавозӯъ бувад. Ва баъзе аз салаф муболиғат кардаанд ва ҷавоби саломи золимон надодаанд, то истихфоф карда бошанд бар эшон ба сабаби зулм.
Аммо маъсият дар гуфтор бад-он бувад, ки вайро дуо кунад ва гӯяд, масалан: «Худой туро зиндагонии дароз диҳод ва ба мо арзонӣ дород».
Ва амсоли ин. Ва ин нашояд, ки расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар ки золимро дуо кунад ба тӯли бақо, дӯст дошта бошад, ки ҳамеша дар замини касе бошад, ки Худойро таъоло маъсият мекунад». Пас ҳеч дуову сано раво набошад, магар гӯяд: «Аслаҳакаллоҳу»; ва «Ваффақаллоҳу ли-лхайроти»; ва «Таввалаллоҳу ъумрака фӣ тоъатиҳи»1. Ва чун аз дуо фориғ шавад, ғолиб он бувад, ки иштиёқи хеш ба хидмати вай бознамояд ва гӯяд, ки: «Ҳамеша мехоҳам, ки ба хидмат расам». Агар ин иштиёқ дар дил надорад, дурӯғе гуфта бошад ва нифоқе карда – бе зарурате; ва агар дар дил дорад, ҳар диле, ки ба дидори золимон муштоқ бувад, аз нури мусалмонӣ холӣ бошад, балки ҳар ки Худойро таъоло хилоф кунад, бояд ки дидори вайро ҳамчунон кореҳ бошӣ, ки туро хилоф кунад. Ва чун аз ин фориғ шавад, сано гуфтан гирад ба адлу инсофу карам ва он чи бадин монад ва ин аз дурӯғу нифоқ холӣ набувад ва камтарин он бошад, ки дили золиме шод карда бошад ва ин нашояд. Ва чун аз ин фориғ шавад, ғолиб он бувад, ки он золим муҳол мегӯяд ва вайро сар мебояд дарҷунбонид ва тасдиқ бояд кард. Ва ин ҳама маъсият аст.
Аммо маъсияти хомӯшӣ он бошад, ки дар сарои вай фарш ва дебо бинад ва бар девор сурат бинад ва бо вай ҷомаи абрешимин бинад ва ангуштарии заррину кӯзаи симин бинад ва бошад, ки аз забони вай фаҳш шунавад ва дурӯғ шунавад; ва дар ин ҳама ҳисбат воҷиб бувад ва хомӯшӣ нашояд; ва чун тарсад, аз ҳисбат маъзур бувад, валекин дар шудан бе зарурате маъзур набошад, ки нашояд бе зарурате дар ҷое шудан, ки маъсият кунанд ва ҳисбат натавон кард.
Аммо маъсияти дил ва эътиқод он бувад, ки ба вай майл кунад ва вайро дӯст дорад ва тавозӯъи вай эътиқод кунад ва дар неъмати вай нигарад ва рағбати вай дар дунё биҷунбад. Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ё маъшара-лмуҳоҷирин, дар наздики аҳли дунё машавед, ки бар рӯзие, ки Худои таъоло додааст, шуморо хашм гирад». Ва Исо салавотуллоҳи алайҳи мегӯяд:
«Дар моли ин дунё манигаред, ки рӯшноии дунёи эшон ширинии имон аз дили шумо бибарад».
Пас, аз ин ҷумла бояд ки бидонӣ, ки дар наздики ҳеч золим шудан рухсат нест, магар ба ду узр: яке он ки фармоне бошад аз султон – ба илзом, ки агар фармон набарӣ, бими он бошад, ки биранҷонанд; ё ҳишмати султон ботил шавад ва раият далер гарданд; дигар узр он ки ба
1 Худо туро ба ростӣ орад; ё ба накӯкорӣ комёб созад; ё Худованд умри туро дар фармонбардории Худаш дароз кунад.
тазаллум шавад дар ҳаққи хеш; ё шафоат дар ҳаққи мусалмоне. Андар ин рухсат бувад, ба шарти он ки дурӯғ нагӯяд ва сано нагӯяд ва насиҳати дурушт бознагирад ва агар тарсад, насиҳати баталаттуф бознагирад ва агар доранд, ки қабул набошад, боре аз санову дурӯғ гуфтан ҳазар кунад.
Ва кас бошад, ки худро ишва диҳад, ки ман барои шафоат меравам ва агар он ба шафоати дигаре барояд, ё дигареро қабул бо дидор ояд, ранҷур шавад; ва ин нишони он аст, ки ба зарурат намешавад.
Ҳолати сеюм — Он ки наздики салотин нашавад, валекин салотин наздики вай оянд. Ва шарти ин он аст, ки агар салом кунанд, ҷавоб диҳад ва агар икром кунад ва бар пой хезад, раво бошад, ки омадани вай икроми илм аст ва бад-ин некӯӣ мустаҳиққи икром аст, чунон ки бар зулм мустаҳиққи иҳонат аст. Аммо агар барнахезад ва ҳақорати дунё бинамояд, авлотар бувад, магар ки тарсад, ки вайро биранҷонанд, ё ҳишмати султон дар миёни раият ботил шавад. Ва чун бинишинад, се навъ насиҳат воҷиб шавад: яке он ки агар чизе мекунад, ки надонад, ки ҳаром аст, таъриф (шинос) кунад; ва дигар он ки агар чизе мекунад, ки бидонад ҳаром аст, чун зулму фисқ, тахвиф кунад (тарсонад) ва панд диҳад ва бигӯяд, ки: «Лаззати дунё бад-он наарзад, ки мамлакати охират бад-он ба зиён ояд»; ва он чи бад-он монад; сеюм он ки агар ваҷҳе медонад дар мурооти маслиҳати халқ, ки вай аз он ғофил аст – агар бидонад, ки қабул кунад, бар он танбеҳ кунад. Ва ин ҳар се воҷиб аст бар касе, ки султон ба наздики вай шавад; чун умеди қабул бувад ва чун олим ба шарт бувад, сухани вай аз қабул холӣ набошад. Аммо агар бар дунёи эшон ҳарис бошад варо хомӯшӣ авлотар, ки ҷуз аз он ки бар вай ханданд, фоидаи дигар набувад.
Муқотил ибни Солеҳ гӯяд, ки: «Наздики Ҳаммод ибни Салама будам ва дар ҳамаи хонаи вай Мусҳафе буд ва ҳасире ва анбоне ва митҳарае.
Касе дар бизад, гуфтанд: Муҳаммад ибни Сулаймон аст – халифаи рӯзгор; даромад ва бинишасту гуфт: «Аз чи сабаб аст, ки ҳар гаҳ туро бинам, даруни ман пурҳайбат шавад?» Гуфт: «Аз он ки расул алайҳиссалом гуфтааст: «Олим, ки мақсуди вай аз илм Худой бувад, ҳама кас аз вай битарсад ва чун мақсуди вай дунё бувад, вай аз ҳама битарсад». Пас чиҳил ҳазор дирам дар пеши ӯ ниҳод, гуфт: «Ин дар ваҷҳе сарф кун». Гуфт: «Бирав ва ба худовандон деҳ». Савганд хӯрд, ки: «Ин аз мероси ҳалол ёфтаам». Гуфт: «Маро бад-ин ҳоҷат нест». Гуфт: «Қисмат кун бар мустаҳиққон». Гуфт: «Бошад ки ба инсоф қисмат кунам ва касе гӯяд: инсоф нигоҳ надошт; ва базаҳкор гардад, ин низ нахоҳам». Ва он аз вай наситад.
Ҳол ва сухани уламо бо салотин чунин будааст. Ва чун дар наздики эшон шудандӣ, чунон шудандӣ, ки Товус шуд дар наздики Ҳишом ибни Абдулмалик, ки халифа буд: чун Ҳишом ба Мадина расид, гуфт: «Касе аз саҳоба наздики ман оред». Гуфтанд: «Ҳама мурдаанд». Гуфт: «Аз тобеон талаб кунед». Товусро наздики вай оварданд; чун дар шуд, наълайн берун карду гуфт: «Ассалому алайка ё Ҳишом, чӣ гунаӣ ё Ҳишом?» Пас Ҳишом хашмгин шуд азим ва қасди он кард, ки ӯро ҳалок кунад; гуфтанд: «Ин ҳарами расул аст алайҳиссалом; ва ин мард аз бузургони уламост, ин натавон кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё