Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ҳаққи ҳаштум
Он ки бо ҳама мусалмонон рӯи хуш ва кушода дорад ва дар рӯи ҳамгинон хандон бошад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Худои таъоло кушодарӯи осонгирро дӯст дорад». Ва гуфт: «Некӯкорие, ки мӯҷиби мағфират аст, осон аст: пешонии кушода ва забоне хуш».
Анас гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Зане дар роҳи расул омад алайҳиссалом, гуфт: «Маро бо ту коре аст». Гуфт: «Дар ин кӯй ҳар куҷо ки хоҳӣ, бинишин, то бо ту бинишинам». Он гоҳ дар кӯй барои вай бинишаст, то сухани хеш ҷумла бигуфт».
Ҳаққи нӯҳум
Он ки ҳеч мусалмонро ваъдаи хилоф надиҳад. Дар хабар аст, ки: «Се хислат аст, ки дар ҳар ки бувад, мунофиқ аст, агарчи намоз гузорад ва рӯза дорад: он ки дар ҳадис дурӯғ гӯяд; ва дар ваъда хилоф кунад; ва дар амонат хиёнат кунад».
Ҳаққи даҳум
Он ки ҳурмати ҳар кас ба дараҷаи ӯ дорад: ҳар ки азизтар бувад, вайро дар миёни мардумон азизтар дорад; ва бошад ки чун ҷома некӯ дорад ва асб ва таҷаммул дорад, бад-он бидонад, ки вай гиромитар аст. Оиша разийаллоҳу ъанҳо дар сафаре буд, суфра биниҳоданд; дарвеше гузашт, гуфт: «Қурсе ба вай диҳед». Саворе бигузашт, гуфт: «Вайро бихонед».
Гуфтанд: «Дарвешеро бигузоштӣ ва тавонгареро бихондӣ?» Гуфт: «Худои таъоло ҳар касеро дараҷае додааст, моро низ ҳаққи он дараҷа нигоҳ бояд дошт; дарвеше ба қурсе шод шавад; ва зишт бувад бо тавонгар чунон кунанд, он бояд кард, ки вай низ шод шавад».
Ва дар хабар аст, ки: «Чун азизи қавме ба назди шумо ояд, вайро азиз доред». Ва кас буд, ки расул алайҳиссалом ридои худро ба вай дод, то бар вай нишинад. Ва пирзане, ки вайро шир дода буд, ба наздики вай омад, бар ридои хеш нишонд ва вайро гуфт: «Марҳабо, ё модар! Шафоат кун ва бихоҳҳар чи хоҳӣ, то бидиҳам». Пас ҳиссае, ки вайро аз ғанимат расида буд, ба вай дод ва он ба сад ҳазор дирам ба Усмон разийаллоҳу анҳу фурӯхт.
Ҳаққи ёздаҳум
Он ки ҳар ду мусалмоне, ки бо якдигар ба ваҳшат бошанд, ҷаҳд кунад, то миёни эшон сулҳ афканад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Бигӯям шуморо, ки чист аз рӯза ва садақаву намоз фозилтар?» Гуфтанд: «Бигӯй».
Гуфт: «Сулҳ афкандан дар миёни мусалмонон».
Анас гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Расул алайҳиссалом рӯзе нишаста буд, бихандид, Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Ё расулуллоҳ, падару модари ман фидои ту бод, аз чӣ хандӣ?» Гуфт: «Марде аз уммати ман пеши Раббу-л-ъизза ба зону дарафтад. Яке гӯяд: «Ҳаққи ман аз вай биситон, бор Худоё, бар ман зулм кардааст, инсофи ман аз вай бидеҳ». Худои таъоло гӯяд: «Ҳаққи вай бидеҳ». Гӯяд: «Бор Худоё, ҳасаноти ман ҳама хасмон бурданд ва маро ҳеч намонд». Худои таъоло мутазаллимро гӯяд:
«Чӣ кунад, ки ҳасана менадорад?» Гуяд: «Маъсиятҳои ман ба вай ҳавола кун». Пас маъсияти вай бар вай ниҳанд ва ҳанӯз мазлимате бимонад».
Он гоҳ расул алайҳиссалом бигиристу гуфт: «Ин аст азим рӯзе, ки ҳар касе ҳоҷатманди он бошад, ки боре аз вай баргиранд. Он гоҳ Худои таъоло мутазаллимро гӯяд: «Дарнигар, то чӣ бинӣ?» Гӯяд: «Ё Раб, шаҳре мебинам аз сим ва кӯшкҳо мебинам аз зари мурассаъ (ҷавоҳирнишон) ва марворид. Оё аз он кадом паямбар аст, ё кадом сиддиқро, ё кадом шаҳидрост?» Ҳақ таъоло гӯяд: «Ин онрост, ки бихарад ва баҳо бидиҳад».
Гӯяд: «Ё Раб, баҳои он кӣ тавонад дод?» Гӯяд: «Ту». Гӯяд: «Бор Худоё, ба чӣ?» Гӯяд: «Бад-он ки аз ин бародар афв кунӣ». Гӯяд: «Бор Худоё, афв кардам». Гӯяд: «Хез, дасти вай бигир ва ҳар ду дар биҳишт шавед». Он гоҳ расул алайҳиссалом гуфт: «Аз Худои таъоло битарсед ва дар миёни халқ сулҳ афканед, ки Худои таъоло дар рӯзи қиёмат дар миёни мусалмонон сулҳ афканад».
Ҳаққи дувоздаҳум
Он ки ҳама айбҳо ва авратҳои мусалмононро пӯшида дорад, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки дар ин ҷаҳон ситр (парда) бар мусалмонон нигоҳ дорад, Худои таъоло ситр дар қиёмат бар гуноҳони ӯ нигоҳ дорад».
Ва Сиддиқ мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Ҳар киро бигирам, агар дузд бувад ва агар майхора бувад, он хоҳам, ки Худои таъоло он фоҳиша (кори зишт) бар вай бипӯшад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ё касоне, ки ба забон имон доред ва ҳанӯз имон дар дили шумо нашудааст, мардумонро ғайбат макунед; ва аврати эшонро таҷассус макунед, ки ҳар ки аврати мусалмоне бардорад, то ошкоро кунад, Худои таъоло аврати вайро бардорад, то фазиҳат шавад, агарчи дар даруни хонаи хеш бошад!».
Ибни Масъуд гӯяд, ки: «Ёд дорам, ки аввал касе, ки ба дуздӣ гирифтанд, наздики расул алайҳиссалом оварданд, то дасти вай бибурад. Расул алайҳиссалом аз лавн бишуд (рангаш парид). Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, кароҳият омад туро аз ин кор?» Гуфт: «Чаро наёяд? Чаро ёри шайтон бошам дар хасмии бародарони хеш? Агар хоҳед, ки Худой шуморо афв кунад ва гуноҳи шумо биёмурзад ва бипӯшонад, шумо низ гуноҳи мардумон бипӯшонед, ки чун пеши султон равад, чора набошад аз ҳадд иқомат1 кардан». Ва Умар разийаллоҳу анҳу ба асас (посбон, шабгард) мегаштӣ, овози суруд шунид, ба бом баршуд, чун фурӯ шуд, мардеро дид ва зане бо вай ва хамр дид, гуфт: «Ё душмани Худои таъоло!
Пиндоштӣ, ки Худои таъоло чунин маъсияте бар ту бипӯшад?» Гуфт: «Ё
1 Ҳадд муҷозоте аст, ки дар шаръ барои баъзе гуноҳон ва хилофҳо муайян шуда; ва иқомаи ҳадд анҷом додани ҳадд аст ба дасти касе, ки мучоз бошад.
амирулмӯъминин, шитоб макун, ки агар ман як маъсият кардам, ту се маъсият кардӣ: «Худои таъоло мегӯяд: «Ва ло таҷассасу»1 – ва ту таҷассус кардӣ; ва гуфтааст: «Ва-ъту-л-буйута мин абвобиҳо»2 – ва ту аз бом даромадӣ; ва гуфт: «Ло тадхулу буйутан ғайра буйутикум ҳатто тастаънису» – гуфтааст: «Бе дастурӣ ба хонаи кас дар машавед ва салом кунед» – ва ту бе дастурӣ даромадӣ ва салом накардӣ». Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Акнун, агар афв кунам, тавба кунӣ?» Гуфт: «Кунам, агар афв кунӣ, ҳаргиз ба сари ин гуноҳ бознашавам». Ва пас вай афв кард ва вай тавба кард.
Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки гӯш дорад ба сухани мардумон, ки бе вай чӣ гӯянд, рӯзи қиёмат сурби гудохта дар гӯши вай резанд».
Ҳаққи сездаҳум
Он ки аз роҳи тӯҳмат дур бошад, то дили мусалмононро аз гумони бад ва забони эшонро аз ғайбат сиёнат карда бошад, ки ҳар ки сабаби маъсияти дигаре бошад, дар он маъсият шарик бувад. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Чӣ гуна бувад касе, ки модару падари хешро дашном диҳад?». Гуфтанд: «Кӣ кунад, ё расул?» Гуфт: «Касе, ки модару падари дигареро дашном диҳад, то модару падари вайро дашном диҳанд, он дашном вай дода бошад». Ва Умар мегӯяд разийаллоҳу анҳу:
«Ҳар ки ба ҷои тӯҳмат биистад, вайро нест, ки маломат кунад касеро, ки гумони бад барад бар вай». Ва расул алайҳиссалом дар охири рамазон бо Сафия сухан мегуфт дар масҷид, ду мард ба вай бигузаштанд, эшонро бихонду гуфт: «Ин зани ман аст – Сафия». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, агар касе гумони бад барад, боре бар ту набарад». Гуфт: «Шайтон дар тани одамӣ равон аст чун хун». Ва Умар разийаллоҳу анҳу мардеро дид, ки дар роҳ сухан мегуфт бо зане, варо ба дарра бизад. Гуфт: «Ин зани ман аст». Гуфт: «Чаро сухан ҷои дигар нагӯӣ, ки касе набинад?»
Ҳаққи чаҳордаҳум
Он ки агар вайро ҷоҳе бошад, шафоат дареғ надорад дар ҳаққи ҳеч кас.
Расул алайҳиссалом саҳобаро гуфт, ки: «Аз ман ҳоҷат хоҳед, ки дар дил дорам, ки бидиҳам ва таъхир мекунам, то касе аз шумо шафоат кунад, то вайро музд бувад. Шафоат кунед, то савоб бувадатон». Ва гуфт: «Садақаи фозилтар аз садақаи забон нест». Гуфтанд: «Чӣ гуна?» Гуфт: «Шафоате, ки бад-он хуне маъсум монад ё манфиате ба касе расад ё ранҷе аз касе
1 Ҷосусӣ накунед.
2 Ба хонаҳо аз дарҳояшон дароед.
боздорад».
Ҳаққи понздаҳум
Он ки чун бишунавад, ки касе дар мусалмоне забон дароз мекунад ва ба вай ва ё ба моли вай қасд мекунад – ва вай ғоиб аст – ноиби он ғоиб бошад дар ҷавоб ва он зулм аз вай боздорад, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳеч мусалмоне нест, ки нусрат кунад мусалмонеро ҷое, ки сухани вай гӯянд ба зиштӣ ва ҳурмати вай фурӯ ниҳанд, ки на Худои таъоло вайро нусрат кунад, он ҷо, ки ҳоҷатмандтар бувад ва ҳеч мусалмоне нест, ки нусрат фурӯ гузорад ва хусумате накунад, ки Худои таъоло вайро зоеъ нагузорад ҷое, ки дӯсттар дорад».
Ҳаққи шонздаҳум
Он ки чун ба сӯҳбати касе бад мубтало шавад, муҷомалат ва мудоро мекунад, то бираҳад; ва бо вай дуруштӣ накунад – мушофиҳа (рӯ ба рӯ, дар ҳузур). Ибни Аббос мегӯяд: разийаллоҳу анҳу дар маънии ин оят, ки: «Ва йадрауна би-л-ҳасанати-с-саййиата» ки: фаҳшро ба салом ва мудоро муқобала кунед. Ва Оиша разийаллоҳу ъанҳо мегӯяд: «Марде дастурӣ хост, то ба наздики расул алайҳиссалом дарояд, гуфт: «Дастурӣ диҳед, ки бад мардест дар миёни қавми хеш». Чун даромад, чандон муроот ва мардумӣ кард мар ӯро, ки пиндоштам, ки ӯро наздики вай манзалате бузург аст. Чун берун шуд, гуфтам: «Гуфтӣ: бад мард аст ва муроот кардӣ». Гуфт: «Ё Оиша, бадтарини мардумон назди Худои таъоло дар қиёмат касе аст, ки аз бими шарр вайро муроот кунанд». Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар чи бад-он ирзи (обрӯ) хеш аз забони бадгӯён нигоҳ дорӣ, он садақа бошад». Ва Абӯддардо гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Бисёр кас аст, ки мо дар рӯи вай механдем ва дили мо ӯро лаънат мекунад!».
Ҳаққи ҳафдаҳум
Он ки нишасту хост ва дӯстӣ бо дарвешон дорад ва аз муҷоласати тавонгарон ҳазар кунад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Бо мурдагон манишинед». Гуфтанд: «Он киёнанд?» Гуфт: «Тавонгарон». Ва Сулаймон алайҳиссалом дар мамлакати хеш ҳар куҷо мискине дидӣ, бо вай бинишастӣ ва гуфтӣ: «Мискине бо мискине бинишаст». Ва Исо алайҳиссалом ҳеч ном дӯсттар аз он надоштӣ, ки гуфтандӣ: «Ё мискин».
То расули мо алайҳиссалом гуфт: «Бор Худоё, то зинда дорӣ маро, мискин дор, чун бимиронӣ, мискин мирон ва чун ҳашр кунӣ, бо мискинон кун». Ва Мӯсо гуфт алайҳиссалом: «Бор Худоё, Туро куҷо талаб кунам?»
Гуфт: «Назди шикастадилон».
Ҳаққи ҳаждаҳум
Он ки ҷаҳд кунад, то шодӣ ба дили мусалмоне расонад ва ҳоҷате аз они вай қазо кунад. Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар ки ҳоҷати мусалмоне раво кунад, ҳамчунон бошад, ки ҳама умр Худои таъолоро хидмат кардааст». Ва гуфт: «Ҳар ки чашми мӯъмине равшан кунад, Худои таъоло дар қиёмат чашми вай равшан кунад». Ва гуфт: «Ҳар ки дар ҳоҷати мусалмоне биравад, як соат аз рӯз ё аз шаб; агар ҳоҷат барояд ё набарояд; варо беҳтар аз он ки ду моҳ дар масҷид мӯътакиф нишинад». Ва гуфт:
«Ҳар ки андӯҳгинеро фараҳ диҳад, ё мазлумеро бираҳонад, Худои таъоло вайро ҳафтоду се мағфират каромат кунад». Ва гуфт: «Бародари хешро нусрат кун, агар золим бувад ё мазлум». Гуфтанд: «Чун золим бувад, чӣ гуна нусрат кунем?» Гуфт: «Боздоштани вай аз зулм нусрати вай бувад». Гуфт: «Худои таъоло ҳеч тоат дӯсттар аз он надорад, ки шодӣ ба дили мусалмон расонӣ». Ва гуфт: «Ду хислат аст, ки ҳеч шарр варои он нест: ширк овардан ва халқро ранҷонидан; ва ду хислат аст, ки ҳеч ибодат варои он нест: имон овардан ва роҳати халқҷустан». Ва гуфт: «Ҳар киро ғами мусалмоне нест, аз мо нест».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё