Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва Фузайлро дидаанд, ки мегирист, гуфтанд: «Чаро мегирйӣ?» Гуфт: «Аз андӯҳи он мусалмони бечора, ки бар ман зулм кардааст, ки дар қиёмат суол кунандаш, расво шавад ва ҳеч узру ҳуҷҷат надорад». Маъруфи Кархӣ мегӯяд: «Ҳар ки ҳар рӯз се бор бигӯяд: «Аллоҳумма аслиҳ уммата Муҳаммадин; Аллоҳумма-рҳам уммата Муҳаммадин; Аллоҳумма фарриҷ ъан уммати Муҳаммадин», номи вай аз ҷумлаи абдол нависанд».
Ҳаққи нуздаҳум
Он ки ба ҳар ки расад, ба салом ибтидо кунад, пеш аз сухан ва дасти вай бигирад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки сухан гӯяд пеш аз салом, ҷавоб мадиҳед, то нахуст салом кунад». Ва яке ба наздики расул омад алайҳиссалом ва салом накард, гуфт: «Берун рав ва боз дарой ва салом кун». Ва Анас мегӯяд: «Чун ҳашт сол хидмат кардам расулро алайҳиссалом, гуфт: «Ё Анас, таҳорат тамом кун, то умрат дароз шавад ва ба ҳар ки расӣ салом кун, то ҳасаноти ту бисёр шавад ва чун дар хонаи худ шавӣ, бар аҳли хона салом кун, то хайр дар хонаи ту бисёр шавад».
Ва яке ба наздики расул омад алайҳиссалом, гуфт: «Саломун алайкум, ё расулуллоҳ». Гуфт: «Вайро даҳҳасана набиштанд»; дигаре даромад, гуфт: «Саломун алайкум ва раҳматуллоҳ». Гуфт: «Бист ҳасана набиштанд; дигаре даромад гуфт: «Саломун алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу». Гуфт: «Сӣҳасана набиштанд». Ва расул гуфт алайҳиссалом:
«Чун дар ҷое шавед, салом кунед ва чун берун оед, ҳам салом кунед, ки пешин авлотар аз бозпасин нест!». Ва чун ду мӯъмин дасти якдигар бигиранд, ҳафтод раҳмат миёни ин қисмат кунанд; шасту нӯҳ онро бувад, ки хандонтар ва кушодарӯйтар бувад. Ва чун ду мусалмон ба ҳам расанд, ки салом кунанд бар якдигар, сад раҳмат миёни эшон қисмат кунанд, навад онро, ки ибтидо кунад; ва даҳ онро, ки ҷавоб диҳад. Ва бузургони динро бӯса бар даст додан суннат аст, Бӯубайдаи Ҷарроҳ бӯса бар дасти Умари Хаттоб дод. Анас гӯяд, ки пурсидам аз расул алайҳиссалом ки: «Чун ба якдигар расем, пуштро хам диҳем?» Гуфт: «Не». Гуфтам: «Бӯса диҳем?»
Гуфт: «Не». Гуфтам: «Даст гирем?» Гуфт: «Оре». Аммо бӯса бар рӯй додан дар вақти расидан аз сафар ва муониқа кардан суннат аст. Анас мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки ҳеч касро аз вай дӯсттар надоштем ва вайро бар пой нахостем, чи донистем, ки онро кореҳ бошад. Пас агар касе бар сабили икром кунад ҷое, ки одат шуда бошад, боке набувад, аммо бар пой истодан дар пеши касе – ин наҳй аст. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки дӯст дорад, ки мардумон дар пеши вай бар пой истанд ва вай нишаста, гӯ:
ҷои хеш дар дӯзах бигир».
Ҳаққи бистум
Он ки касеро атса ояд, гӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳ». Ибни Масъуд гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Расул алайҳиссалом моро биёмӯхт, ки касеро чун атса ояд, бояд гӯяд, ки «Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин», чун ин бигуфт, касе, ки бишунавад, бигӯяд: «Йарҳамакаллоҳу»1, чун гуфтанд, вай гӯяд: «Йағфируллоҳу лӣ ва лакум»2. Ва чун касе «ал-ҳамд» нагӯяд, мустаҳиққи «йарҳамакаллоҳу...» набошад».
Ва расул алайҳиссалом – чун атса омадӣ, овоз фурӯ доштӣ ва даст бар рӯй бозниҳодӣ. Ва агар касеро дар миёни қазои ҳоҷат атса ояд, ба дил «ал-ҳамд» бибояд гуфт. Ва Иброҳими Нахаъӣ гуфтааст: «Агар ба забон низ бигӯяд, бок нест». Каъби Аҳбор мегӯяд, ки: «Мӯсо гуфт, ки: «Ё Раб!
Наздикӣ, то сухан ба роз гӯям, ё дурӣ, то ба овоз гӯям?» Гуфт: «Ҳар ки Маро ёд кунад, Ман ҳамнишини вайам». Гуфт: «Бор Худоё, моро ҳолҳост, чун ҷанобат ва қазои ҳоҷат, ки Туро дар он ҳолат аз ёдкарди хеш иҷлол кунем». Гуфт: «Ба ҳар ҳол, ки бошад, Маро ёд мекун ва бок мадор».
1 Худо бар ту бибахшад.
2 Худо ман ва туро биёмурзад.
Ҳаққи бисту якум
Он ки ба беморпурсон (иёдат) шавад касеро, ки ошно бувад, агарчи дӯст набувад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки иёдати беморе кунад, дар миёни биҳишт нишаст; ва чун бозгардад, ҳафтод ҳазор фаришта бар вай муваккал кунанд, то бар вай салавот медиҳанд то шаб». Ва суннат аст, ки даст дар дасти бемор ниҳад ё бар пешонӣ ва бипурсад, ки чӣ гунаӣ? Ва бигӯяд: «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим; уъизука биллоҳи-лаҳади-с-самади-л-лазӣ лам йалид ва лам йулад ва лам йакун лаҳу куфуван аҳад, мин шарри мо йаҷид»1. Усмон мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Бемор будам, расул алайҳиссалом даромад ва сад бор ин бигуфт». Ва суннати бемор он аст, ки бигӯяд? «Аъузу би ъиззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду»2. Ва чун касе гӯяд, ки чӣ гуна? Гила накунад.
Ва дар хабар аст, ки чун бандае бемор шавад, Худои таъоло ду фаришта бар вай муваккал кунад, то чун касе ба иёдат шавад, шукр кунад ё шикоят гӯяд – агар шукр кунад ва гӯяд: «Хайр аст ва ал-ҳамду лиллоҳ», Худои таъоло гӯяд: «Бар Ман аст бандаи Маро, ки агар бибарам, ба раҳмати Хеш барам ва бар биҳишт бирасонам; ва агар офият диҳам, гуноҳони вайро бад-он беморӣ каффорат кунам ва гӯште ва хуне беҳтар аз он, ки дошт, боздиҳам».
Ва Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Ҳар киро дарди шикам кунад, аз зани хеш чизе бихоҳад аз кобини вай ва бад-он ангубин бихарад ва бо оби борон биёмезад ва бихӯрад, шифо ёбад, ки Худои таъоло боронро «муборак» хондааст ва ангубинро «шифо» ва кобини занонро, ки бибахшанд, «ҳанӣ ва марӣ» яъне: нӯшу гуворанда; то ин се ба ҳам ояд, ночор шифо ёбад».
Ва дар ҷумла адаби бемор он аст, ки гила накунад; ва ҷазаъ (бетоқатӣ) накунад; ва умед бад-он дорад, ки беморӣ каффорати гуноҳи вай бошад; ва чун дору хӯрад, таваккул бар Офаридгор дорад, на бар дору. Ва адаби иёдаткунанда он аст, ки бисёр нанишинад; ва бисёр напурсад; ва дуо кунад ба офият; ва аз хештан фаро намояд, ки ранҷур аст ба сабаби бемории вай; ва чашм аз хонаҳо ва дарҳо, ки дар сарой бошад, нигоҳ дорад; ва чун ба дари сарой расад, дастурӣ хоҳад; ва дар муқобалаи дар наистад, балки як сӯ биистад; ва дар ба рифқ занад; ва нагӯяд: «Ё ғулом»; ва чун гӯянд: «кист?» Нагӯяд, ки: «манам». Лекин ба ҷои «эй ғулом» бигӯяд:
1 Туро аз шарри он чи ҳаст, дар паноҳи Худованди ягонаи бениёзе, ки на мезояд ва на зоида мешавад ва на касе бо Ӯ ҳампоя аст, қарор медиҳам.
2 Аз шарри он чи ҳаст, ба бузургӣ ва тавоноии Худо паноҳ мебарам.
субҳоналлоҳи; «ал-ҳамду лиллоҳи». Ва ҳар ки дари вай бизанад, ҳамчунин бояд кард.
Ҳаққи бисту дуввум
Он ки аз паси ҷанозаи вай биравад. Ва расул мегӯяд алайҳиссалом ки:
«Ҳар ки аз паси ҷаноза равад, вайро қироте музд аст; ва агар биистад, то дафн кунанд: ду қирот; ва ҳар қироте чанд кӯҳи Уҳуд».
Ва адаби ташйеъ он аст, ки хомӯш бошад; ва нахандад; ва бар ибрат машғул бошад; ва аз марги хеш андеша кунад. Аъмаш гӯяд: «Аз паси ҷаноза рафтаме ва надонистаме, ки киро таъзият кунам, ки ҳама аз якдигар андӯҳгинтар будандӣ». Ва қавме бар мурда андӯҳ мебурданд, яке аз бузургон гуфт: «Андӯҳи хеш баред, ки вай се ҳавл аз пас андохт: рӯи Малакулмавт дид; ва талхии марг чашид; ва аз бими хотимат берун гузашт».
Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Се чиз аз паси ҷаноза фаро шавад: аҳлу мол ва кирдор; аҳлу мол бозгардад ва кирдор бо ӯ бимонаду бас».
Ҳаққи бисту саввум
Он ки ба зиёрати гӯрҳо равад, то дуо кунад эшонро ва бад-он ибрат гирад ва бидонад, ки эшон аз пеш бирафтанд ва вай ба зудӣ биравад ва ҷои вай ҳамчун ҷои эшон бошад. Ва Суфёни Саврӣ мегӯяд, ки: «Ҳар ки аз гӯри бисёр ёд кунад, гӯри хешро равзае ёбад аз равзаҳои биҳишт; ва ҳар ки фаромӯш кунад, ғоре ёбад аз ғорҳои дӯзах». Ва Рабеъи Хайсам, ки турбати ӯ ба Тӯс аст – аз бузургони тобеин аст, вай гӯре канда буд дар хона, ҳар гаҳ ки аз дили хеш фатрате (сустӣ) ёфтӣ, дар гӯр хуфтӣ ва соате будӣ ва он гаҳ гуфтӣ: «Ё Раб, маро ба дунё фирист, то тақсирҳоро тадорук кунам». Ва он гоҳ бархостӣ ва гуфтӣ: «Ҳон, эй Рабеъ! Бозат фиристоданд, ҷаҳд кун пеш аз он ки як бор бувад, ки бозат нафиристанд». Умар гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Расул алайҳиссалом ба гӯристон шуд ва бар сари гӯре бинишаст ва бисёр бигирист ва ман ба вай наздиктар будам, гуфтам: «Чаро гиристӣ, ё расулуллоҳ!» Гуфт: «Ин гӯри модари ман аст, аз Худои таъоло дастурӣ хостам, то зиёрат кунам ва варо омурзиш хоҳам, дар зиёрат дастурӣ дод ва дар дуо надод; шафқати фарзандӣ дар дили ман биҷунбид, бар вай бигиристам».
[Ҳуқуқи ҳамсоягон] Ин аст тафсили ҷумлаи ҳуқуқи мусалмонон, ки нигоҳ бояд дошт, ба муҷарради мусалмонӣ. Аммо ҳуқуқи ҳамсоягон дар вай зиёдатҳо аст. Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Ҳамсоя аст, ки вайро як ҳақ аст – ва он ҳамсояи кофир аст; ва ҳамсоя ҳаст, ки вайро ду ҳақ аст ва он ҳамсояи мусалмон аст; ва ҳамсоя ҳаст, ки вайро се ҳақ аст – ва он ҳамсояи мусалмон ва хешованд аст». Ва гуфт: «Ҷабраил алайҳиссалом маро ҳамеша ба ҳаққи ҳамсоя васият мекард, то пиндоштам, ки вайро мерос хоҳад афтод аз ман». Ва гуфт: «Ҳар ки ба Худой ва қиёмат имон дорад, гӯ: ҳамсояи хешро гиромӣ дор». Ва гуфт: «Мӯъмин набувад касе, ки ҳамсояи вай аз ранҷи вай эмин набувад». Ва гуфт: «Ҳар ки санге дар саги ҳамсоя андохт, вайро биранҷонд».
Ва расулро гуфтанд алайҳиссалом: «Фалон зан рӯза дорад ва шаб намоз кунад, лекин ҳамсоя биранҷонад». Гуфт: [«Ҷои вай дӯзах аст»]. Ва гуфт: [«То чиҳил сарой ҳамсоя бувад». Зӯҳрӣ гуфтааст: «Чиҳил аз рост ва чиҳил аз чап ва чиҳил аз пеш ва чиҳил аз пас»].
Ва бидон, ки ҳаққи ҳамсоя на он бувад, ки вайро наранҷониву бас, балки бо вай некӯӣ кунӣ, ки дар хабар аст, ки [дар қиёмат ҳамсояи дарвеш дар тавонгар овезад ва гӯяд: «Бор Худоё, варо бипурс, то чаро бо ман некӯӣ накард ва дари сарой аз ман бибаст?»]. Ва якеро аз бузургон ранҷ буд аз муши бисёр, гуфтанд, ки: «Чаро гурба надорӣ?» Гуфт: «Тарсам, ки муш овози гурба бишунавад, ба хонаи ҳамсоя шавад, он гоҳ чизе, ки худро написандам вайро биписандам!» Ва расул гуфт алайҳиссалом:
[«Донӣ, ки ҳаққи ҳамсоя чист? Он ки аз ту ёрӣ хоҳад, ёрӣ диҳӣ; агар вом хоҳад, вом диҳӣ; агар дарвеш бошад, мадад кунӣ; ва агар бемор шавад, иёдат кунӣ; ва агар бимирад, аз паси ҷанозаи вай биравӣ; ва агар шодӣ расадаш, таҳният кунӣ; ва агар андӯҳе расад, таъзият кунӣ; ва девори хеш баландӣ барнадорӣ, то роҳи бод аз вай баста нагардонӣ; ва чун мевае хӯрӣ, вайро бифиристӣ; агар натавонӣ, пинҳон хӯрӣ; ва написандӣ, ки фарзанди ту дар даст гирад ва берун шавад, то фарзанди вайро хашм наёяд; ва вайро ба дуди табхи хеш наранҷонӣ, магар ки вайро аз табхи хеш бифиристӣ». Ва гуфт: «Донӣ, ки ҳаққи ҳамсоя чист? Бад-он Худое, ки ҷони ман дар яди қудрати Ӯст, ки ба ҳаққи ҳамсоя нарасад, илло касе, ки Худои таъоло бар вай раҳмат карда бошад»].
Ва бидон, ки аз ҷумлаи ҳуқуқи вай он аст, ки: аз бом ба хонаи ӯ нанигарӣ; ва агар чӯбе бар девори ту ниҳад, манъ накунӣ ва роҳи новадони ӯ баста надорӣ; ва агар хок пеши дари сарои ту афканад, ҷанг накунӣ; ва ҳар чи аз авроти вай хабар ёбӣ, пӯшида кунӣ; ва ҳадиси вайро гӯш надорӣ; ва чашм аз маҳрами вай нигоҳ дорӣ; ва дар канизаки вай бисёр нанигарӣ; ин ҳама берун аз ҳуқуқе, ки дар ҳаққи мусалмонон гуфтем, нигоҳ дорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё