Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Абӯзари Ғифорӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Маро дӯсти ман расул алайҳиссалом васият кардааст, ки: чун табхе кунӣ, оби бисёр даркун ва ҳамсояро аз он бифирист». Ва яке аз Абдуллоҳи Муборак пурсид, ки:
«Ҳамсояи ман аз ғуломи ман гила кунад, агар ӯро бе ҷиҳате бизанам, базаҳкор шавам ва агар назанам, ҳамсоя ранҷур шавад, чӣ кунам?» Гуфт:
«Бибош, то ғулом бехирадӣ бикунад, ки муставҷиби адаб бошад, он адабро таъхир кун, то ҳамсоя гила кунад, он гоҳ вайро адаб кун, то ҳуқуқи ҳар ду нигоҳ дошта бошӣ».
Ҳуқуқи хешовандон
Бидон, ки расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Худои таъоло мегӯяд: «Ман Раҳмонам ва хешии ман раҳим аст, номи вай аз номи худ шикофтам1 , ҳар ки хешӣ пайваста дорад, бо вай пайвандам ва ҳар ки бурида дорад, аз вай бибурам». Ва гуфт: «Ҳар ки хоҳад, ки умри вай дароз шавад ва рӯзии вай фарох шавад, гӯ: хешовандонро некӯ дор; ҳеч тоатро беш аз он савоб нест, ки силати раҳимро, то бошад ки аҳли байте бошад, ки ба фисқу фуҷур машғул бошад, чун силаи раҳим кунанд, моли эшон ва фарзандони эшон аз баракати он меафзоянд». Ва гуфт: «Ҳеч садақа фозилтар аз он набувад, ки ба хешованде диҳӣ, ки бо ту ба хусумат бувад».
Ва бидон, ки пайвастани раҳим он бувад, ки чун эшон аз ту қатъ кунанд, ту бипайвандӣ; ва ҳар ки туро маҳрум дорад, ту ӯро ато диҳӣ; ва ҳар ки бар ту зулм кунад, ту аз вай даргузарӣ.
Ҳуқуқи модару падар
Бидон, ки ҳаққи эшон азимтар аст, ки наздикии эшон бештар аст. Расул гуфт алайҳиссалом ки: «Ҳеч кас ҳаққи падар нагузорад, то он гоҳ ки вайро бандае ёбад: бихарад ва озод кунад2». Ва гуфт: «Некӯӣ кардан бо падару модар фозилтар аз намозу рӯза ва ҳаҷ ва умраву ғазо» ва гуфт:
«Бӯи биҳишт аз понсадсола роҳ биёяд ва оқ3 ва қотеъи раҳим наёбад». Ва Худои таъоло ваҳй фиристод ба Мӯсо алайҳисслом, ки: «Ҳар ки фармони модару падар барад ва фармони Ман набарад, вайро фармонбардор
1 Мақсуд ин аст, ки калимаи «раҳим», ки ба маънии хеш аст аз калимаи «Раҳмон», ки номи Худованд аст, муштақ ва шикофта шуда.
2 Яъне фарзанд бояд худро дар муқобили падару модар чун бандае донад қобили хариду фурӯш.
3 Касе, ки аз падару модар фармонбардорӣ накунад ва аз ӯ хушнуд набошанд.
нависам ва ҳар ки фармони Ман барад ва фармони эшон набарад, вайро нофармонбардор нависам». Ва гуфт расули мо алайҳиссалом: «Чӣ зиён дорад, агар касе садақае бидиҳад ба музди модару падар, то эшонро музд бувад ва аз музди вай ҳеч кам нашавад?».
Яке наздики расул омад алайҳиссалом, гуфт: «Маро падару модар мурдаанд, чӣҳақ мондааст эшонро бар ман, то бигузорам?» Гуфт: «Бар эшон намоз кунӣ; ва омурзиш хоҳӣ; ва аҳду васияти эшон ба ҷой орӣ; ва дӯстони эшонро гиромӣ дорӣ; ва хешовандони эшонро некӯ дорӣ». Ва гуфт: «Ҳаққи модар дучанди ҳаққи падар аст».
Ҳуқуқи фарзандон
Яке аз расул алайҳиссалом пурсид, ки: «Некӯӣ бо кӣ кунам?» Гуфт:
«Бо модару падар». Гуфт: «Мурдаанд». Гуфт: «Бо фарзанд, ки ҳамчунон ки падарро ҳақ аст, фарзандро ҳақ аст: ва яке аз ҳуқуқи фарзанд он аст, ки варо ба бадхӯии хеш дар уқуқ1 надорӣ». Расул гуфт алайҳиссалом:
«Худои таъоло раҳмат кунод бар падаре, ки писари хешро ба нофармонӣ наёрад». Анас мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Расул гуфт алайҳиссалом: «Писареро, ки ҳафтрӯза шуд, ӯро ақиқа кунед ва ному кунияти некӯ ниҳед ва чун шашсола шуд, адаб кунед ва чун ҳафтсола шуд, ба намоз фармоед ва чун нӯҳсола шуд, ҷомаи хоб ҷудо кунед, чун сездаҳсола шуд, ба сабаби намоз бизанед, чун шонздаҳсола шуд, падар вайро зан диҳад ва дасти вай гираду гӯяд: «Адабат кардам ва омӯхтам ва зан додам. Ба Худои таъоло дар паноҳам аз фитнаи ту дар дунё ва аз азоби ту дар охират».
Ва аз ҳуқуқи фарзандон он аст, ки миёни эшон дар атову бӯса додан ва дар ҳама некӯӣ баробар доранд. Ва кӯдаки хурдро навохтану бӯса додан суннати расул аст алайҳиссалом, Ҳасанро бӯса медод, Ақраъ ибни Ҳобис гуфт: «Маро даҳ фарзанд аст, ҳеч кадомро бӯса надодаам». Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки бар фарзанд раҳмат накунад, бар вай раҳмат накунанд». Ва расул алайҳиссалом бар минбар буд, Ҳасан бар вай дарафтод, дарҳол аз минбар фурӯ давид ва вайро баргирифт ва ин оят бархонд, ки: «Иннамо амволукум ва авлодукум фитнатун»2. Ва як бор расул алайҳиссалом намоз мекард, чун ба суҷуд шуд, Ҳасан пой ба гардани вай даровард, расул алайҳиссалом чандон таваққуф кард, ки саҳоба пиндоштанд, ки магар ваҳй омадааст, ки суҷудро дароз мебояд кард; чун са-
1 Яъне он қадар бадхӯ набош, ки фарзанд ночор оқ шавад.
2 Ҳароина дороӣ ва фарзандони шумо фитна ҳастанд.
лом дод, бозпурсиданд, ки ваҳй омадааст дар суҷуд? Гуфт: «Не! Ҳасан маро шутури хеш сохта буд, хостам, ки бар вай бурида накунам».
Ва дар ҷумла ҳаққи модару падар муаккадтар аст, ки таъзими эшон бар фарзанд воҷиб аст, Худои таъоло онро бо ибодати Худ ёд кардааст, гуфт: «Ва қазо Раббука алло таъбуду илло иййоҳу ва би-л-волидайни эҳсонан»1. Ва аз азимии ҳаққи эшон ду чиз воҷиб шудааст: яке он ки бештари уламо бар онанд, ки агар таоме бошад аз шубҳат, валекин ҳароми маҳз набошад, ки падару модар фармоянд ба хӯрдани он, тоат бояд дошт ва бибояд хӯрд, ки хушнудии эшон муҳимтар аст аз шубҳат ҳазар кардан; дигар он ки ба ҳеч сафар нашояд шудан бе дастурии эшон, магар он ки фарзи айн шуда бошад, чун илми намозу рӯза – чун он ҷо касе наёбад – ва дуруст он аст, ки ба ҳаҷҷи ислом нашояд шудан бе дастурии эшон, ки таъхири он мубоҳ аст, агарчи фариза аст.
Ва яке аз расул алайҳиссалом дастурӣ хост, то ба ғазв равад, гуфт: «Волида дорӣ?» Гуфт: «Дорам». Гуфт: «Наздики вай бинишин, ки биҳишти ту дар зери қадами вай аст». Ва яке аз Яман биёмад ва дастурӣ хост дар ғазв, гуфт: «Модару падар дорӣ ба Яман?» Гуфт: «Дорам». Гуфт: «Бозрав ва нахуст дастурӣ хоҳ, агар надиҳанд, фармони эшон кун, ки пас аз тавҳид ҳеч қурбате набарӣ ба назди Худои таъоло беҳтар аз он». Ва бидон, ки ҳаққи бародари меҳин (бузургтар) ба ҳаққи падар наздик аст; ва дар хабар аст: «Ҳаққи бародари меҳин бар кеҳин чун ҳаққи падар аст бар фарзанд».
Ҳуқуқи бандагон
Расул гуфт алайҳиссалом: «Аз Худои таъоло битарсед дар ҳаққи бандагон ва зердастони хеш: аз он таом диҳед эшонро, ки худ хӯред; ва аз он пӯшонед, ки худ пӯшед; ва коре мафармоед, ки тоқат надоранд; агар шоиста бошанд, нигоҳ доред; ва агар на, бифурӯшед; ва халқи Худойро дар азоб мадоред, ки Худои таъоло эшонро банда ва зердасти шумо гардонидааст ва агар бихостӣ, шуморо зердасти эшон гардонидӣ». Ва яке пурсид, ки: «Ё расулуллоҳ, рӯзе чанд бор афв кунем аз бандагони хеш?»
Гуфт: «Ҳафтод бор».
Ва Ахнаф ибни Қайсро гуфтанд: «Бурдборӣ аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз Қайс ибни Осим, ки канизак ба обзане оҳанин баррабирён аз вай овехта меовард; аз дасти вай бияфтод, бар фарзанди вай омад ва ҳалок шуд.
Канизак аз бими он беҳуш шуд, гуфт: «Сокит бош, ки туро ҷурме нест,
1 Ва Парвардигори ту чунин хостааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӯӣ кунед.
туро озод кардам аз барои Худои таъоло». Ва яке аз бузургон, чун ғуломи вай нофармонбардорӣ кардӣ, гуфтӣ, ки: «Одати хоҷаи хеш гирифтаӣ, чунон ки хоҷаи ту дар Мавлои хеш осӣ мешавад, ту низ ҳамчунон мекунӣ?!»
Ва Абӯмасъуд ал-Ансорӣғуломе дошт, ӯро мезад, овозе шунид, ки касе мегуфт: «Ё Абомасъуд! Даст бидор аз вай». Бознигарист, расулро дид алайҳиссалом, гуфт: «Бидон, ки Худои таъоло бар ту қодиртар аз он аст, ки ту бар вай».
Пас ҳаққи мамлук (бандаи зархарид) он аст, ки ӯро аз нону нонхӯришу ҷома бебарг (бенасиб, бебаҳра) надорад; ва ба чашми кибр бар вай нанигарад; ва донад, ки ӯҳамчун вай одамӣ аст; ва чун хатое кунад, аз хатои хеш барандешад, ки дар ҳаққи Худои таъоло мекунад; ва чун хашмаш барояд, аз қудрати Ҳақ таъоло барандешад бар вай. Расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Ҳар ки зердаст вайро таоме сохт ва ранҷу дуди он кашид ва аз вай боздошт, гӯ: вайро бо хештан бинишон, то бихӯрад, агар накунад, луқмае бигирад ва дар равған гардонад ва ба дасти хеш дар даҳони вай ниҳад ва бигӯяд: бихӯр».
АСЛИ ШАШУМ
Дар одоби зовия гирифтан ва аз халқ узлат кардан Бидон, ки уламоро ихтилоф аст, ки узлат1 ва зовия гирифтан фозилтар ё мухолатат?
Мазҳаби Суфёни Саврӣ ва Иброҳими Адҳам ва Довуди Тоӣ ва Фузайли Иёз ва Сулаймони Хавос ва Юсуфи Асбот ва Ҳузайфаи Маръашӣ ва Бушри Ҳофӣ ва бисёре аз муттақиён ва бузургон раҳимаҳумуллоҳу он аст, ки узлат ва зовия гирифтан фозилтар аз мухолатат. Ва мазҳаби ҷамоати бузург аз уламо зоҳир он аст, ки мухолатат авлотар. Ва Умар гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Насиби хеш аз узлат нигоҳ доред». Ва Ибни Сирин мегӯяд: «Узлат ибодат аст».
Ва яке Довуди Тоиро гуфт: «Аз дунё рӯза гир ва макушой то вақти марг; ва аз мардумон бигурез, чунон ки аз шер гурезанд». Ва Ҳасани Басрӣ мегӯяд, ки: «Дар Таврот аст, ки одамӣ, ки қаноат кард, бениёз шуд ва агар аз халқ узлат гирифт, саломат ёфт; ва агар шаҳватро зери пой овард, озод шуд; ва агар ҳасадро монд, муруввати вай зоҳир шуд; ва чун рӯзе чанд сабр кард, бархурдории ҷовид ёфт».
1 Аз мардум буридан, канора гирифтан Ва Ваҳб ибни ал-Вард мегӯяд: «Ҳикмат даҳ аст. Нӯҳ дар хомӯшӣ аст ва даҳум дар узлат». Ва Рабеъ ибни Хайсам ва Иброҳими Нахаъӣ чунин гуфтаанд, ки: «Илм биёмӯз ва гӯшае гир аз мардумон». Ва Молик ибни Асад ба зиёрати бародарон ва иёдати беморон ва ташйеъи ҷаноза бирафтӣ, боз як-якро даст бидошт ва зовия гирифт». Ва Фузайл гуфт:
«Миннате азим пазируфтам аз касе, ки бар ман бигузарад ва саломи баланд накунад ва чун бемор шавам ба иёдат наёяд». Ва Саъд ибни Абиваққос ва Саид ибни Зайд аз бузургони саҳоба буданд, ба наздики Мадина будандӣ – ҷое, ки онро Ақиқ гӯянд ва ба ҷумъа наёмадандӣ; ва ба ҳеч кори дигар, то дар он ҷо бимурданд.
Ва яке аз амирон Ҳотами Асамро гуфт: «Ҳоҷате ҳаст?» Гуфт: «Ҳаст».
Гуфт: «Чӣ?» Гуфт: «Он ки маро набинӣ ва ман туро набинам». Ва яке мар Саҳли Тустариро гуфт, ки: «Мехоҳам, ки миёни мо сӯҳбат бошад». Гуфт:
«Чун яке аз мо бимирад, дигар сӯҳбат бо кӣ хоҳад дошт, акнун ҳам бо вай бояд дошт».
Ва бидон, ки хилоф дар ин ҳамчунон аст, ки хилоф дар он ки никоҳ кардан фозилтар ё нокардан. Ва ҳақиқат он аст, ки ин ба аҳвол бигардад:
кас бувад, ки вайро узлат фозилтар; ва кас бувад, ки вайро мухолатат фозилтар. Ва пайдо нашавад, то офот ва фавоиди узлат гуфта наёяд.
Фавоиди узлат
Бидон, ки дар узлат шаш фоида аст:
Фоидаи аввал
Фароғати зикру фикрат, ки бузургтарин ибодат фикрат аст дар аҷоиби сунъи Ҳақ таъоло ва дар малакути осмону замин ва шинохтани асрори Эзади таъоло дар дунё ва охират, балки бузургтарин он аст, ки ҳамагии хеш ба зикри Ҳақ таъоло диҳад, то аз ҳар чи ҷуз Вай аст, бехабар шавад ва аз худ низ бехабар шавад ва ҷуз бо Ҳақ таъоло намонад. Ва ин ҷуз ба хилвату узлат рост наёяд, ки ҳар чи ҷуз Ҳақ таъоло аст, шоғил аст аз Ҳақ таъоло, хосса касеро, ки он қувват надорад, ки дар миёни халқ бо Ҳақ бувад ва бе халқ бувад, чун анбиё алайҳимуссалом. Ва аз ин буд, ки расул алайҳиссалом дар ибтидои кори хеш узлат гирифт дар кӯҳ ва ба кӯҳи Ҳиро1 шуд ва аз халқ бурид, то он гоҳ ки нури нубувват қувват гирифт ва бад-он дараҷа расид, ки ба тан бо халқ буд ва ба дил бо Ҳақ ва гуфт:
«Агар касеро ба дӯстӣ гирифтаме, Абӯбакрро гирифтаме, валекин
1 Кӯҳе аст наздики Макка.

пешина
аз 176
навбатӣ