Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва мақсуд он аст, ки рӯзгор чунон аст, ки аз сӯҳбати бештари халқҳазар бояд кард. Ва мисли Мӯсо ва Хизр алайҳимоссалом, ки Хизр киштиро сӯрох кард ва Мӯсо инкор кард, дар Қуръон барои ин овардаанд. Пас узлат ва зовия гирифтан авлотар бештари халқро.
Фоидаи саввум
Он ки ҳеч шаҳр, илло мо шоаллоҳ, аз фитна ва хусумату таассуб холӣ набувад ва ҳар ки узлат гирифт, раст ва чун мухолатат кунад, дар хатар афтад. Абдуллоҳ ибни Амри Ос гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Расул гуфт алайҳиссалом: «Чун мардумонро бибинӣ, ки чунин ба ҳам дароянд» – ва ангуштон дар ҳам афканд1. - «Даруни хона мулозим гиру забон нигоҳ дор; ва он чи донӣ, мекун; ва он чи надонӣ, меандоз; ва ба кори хеш хосса машғул шав; ва даст аз кори омма бидор». Ва Абдуллоҳи Масъуд ривоят мекунад, ки: «Расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Рӯзгоре ояд бар мардумон, ки марди дин саломат наёбад, магар ки мегурезад аз ҷое ба ҷое ва аз кӯҳе ба кӯҳе ва аз сӯрохе ба сӯрохе, чун рӯбоҳе, ки хештан аз халқ медуздад».
Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, ин кай бошад?» Гуфт: «Чун маишат бе маъсият ба даст натавон овард, он гоҳ азаб будан ҳалол шавад». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, чӣ гуна бувад ва моро ба никоҳ фармудаӣ?» Гуфт: «Он гоҳҳалоки мард бар дасти падару модари вай аст, агар мурда бошанд,
1 Яъне ҳазрати расул (с) дар миёни ин гуфтор ангуштони хеш дар ҳам афканд ва омезиши мардумонро ба он ҳамонанд кард.
бар дасти зану фарзанд бувад, агар набошад, бар дасти қаробат бувад.
Гуфтанд: «Чаро, ё расулуллоҳ?» Гуфт: «Вайро ба тангдастӣ ва дарвешӣ маломат кунанд ва чизе, ки тоқати он надорад, аз вай дархоҳанд, то вай дар ҳалокати хеш афтад». Ва ин ҳадис, агарчи дар узубат аст, узлат низ аз ин маълум шавад. Ва ин замон, ки ваъда додааст расул алайҳиссалом пеш аз ин ба муддате дароз даромадааст. Суфёни Саврӣ раҳматуллоҳи алайҳи дар рӯзгори хеш мегуфт «Валлоҳи, лақад ҳаллати-л-ъузубати» – «Ба Худой, ки азаб будан акнун ҳалол гашт».
Фоидаи чаҳорум
Он, ки аз шарри мардумон ҳалос ёбад ва осуда бошад, ки то дар миёни халқ бошад, аз ранҷи ғайбат ва гумони бади эшон холӣ набошад ва аз тамаъҳои муҳол халос нашавад ва аз он холӣ набошад, ки аз вай чизе бинанд, ки ақли эшон бад-он нарасад ва забон дароз кунанд; ва агар хоҳад, ки ба ҳаққи ҳама мардумон аз таҳният ва таъзият ва меҳмонӣқиём кунад, ҳама рӯзгор дар он шавад ва ба кори худ напардозад ва агар тахсис кунад баъзеро, дигарон муставҳиш шаванд ва вайро биранҷонанд; ва чун гӯшае гирифт аз ҳама бираҳад ва ҳама хушнуд бошанд. Ва яке буд, ки ҳамеша аз гӯристон ва дафтаре холӣ набудӣ ва танҳо нишастӣ, вайро гуфтанд: «Чаро чунин кунӣ?» Гуфт: «Ҳеч ҷой басаломаттар аз танҳоӣ надидам; ва ҳеч воиз чун гӯр надидам; ва ҳеч мӯнис беҳ аз дафтар надидам».
Ва Собити Банонӣ аз ҷумлаи авлиё буд, ба Ҳасани Басрӣ навишт, ки шунидам, ки ба ҳаҷ меравӣ, мехоҳам, ки гоҳ-гоҳ дар сӯҳбати ту бошам.
Ҳасан гуфт: «Бигузор, то дар ситри Худои таъоло зиндагонӣ мекунем, ки бувад ки чун ба ҳам бошем, аз якдигар чизе бибинем ва якдигарро душман гирем». Ва ин низ яке аз фавоиди узлат аст, то пардаи мурувват барҷой бимонад ва ботинҳо бараҳна нагардад, ки бошад ки чизҳое, ки надида бошад, падидор ояд.
Фоидаи панҷум
Он ки тамаъи мардумон аз вай гусаста шавад ва тамаъи вай аз мардумон. Ва аз ин ҳар ду тамаъ бисёрӣ ба ранҷу мусибат тавлид шавад, ки ҳар ки аҳли дунёро бинад, ҳирс дар вай падид ояд. Ва тамаъ табаъи ҳирс аст ва хорӣ табаъи тамаъ ва аз ин сабаб гуфт Худои таъоло: «Ва ло тамуданна ъайнайка ило мо маттаъно биҳи азвоҷан минҳум» ... ал-ойату. Гуфт:
«Манигаред ба он дунёи оростаи эшон, ки он фитнаи эшон аст». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки фавқи шумост дар дунё, ба вай манигаред, ки неъмати Худои таъоло дар чашми шумо ҳақир шавад ва ҳар ки неъмати тавонгарон бинад, агар дар талаби он афтад, худ ба даст наёяд ва охират ба зиён ояд; ва агар талаб накунад, дар муҷоҳидат ва сабр афтад; ва он низ душвор аст».
Фоидаи шашум
Он, ки аз дидори гаронон1 ва аҳмақон ва касоне, ки дидори эшон ба табъ макрӯҳ бошад, бираҳад. Аъмашро гуфтанд: «Чаро чашмат чунин ба халал шуд?» Гуфт: «Аз ин ки дар гаронон нигаристам». Ҷолинус мегӯяд:
«Чунон ки танро таб аст ҷонро низ таб аст ва таби ҷон дидори гаронон аст». Ва Шофеӣ мегӯяд раҳимаҳуллоҳ: «Бо ҳеч гароне нанишастам, ки на он ҷониб, ки бо сӯи вай буд, гаронтар ёфтам».
Ва ин фоида, агарчи дунёӣ аст, лекин дин низ ба вай пайваста аст, ки чун касе бувад, ки дидори вай бо ваҳшат бувад, ба забон ё ба дил ғайбат кардан гирад; ва чун танҳо бувад, аз ин ҳама саломат монад.
Офоти узлат
Бидон, ки аз мақосиди динӣ ва дунёӣ баъзе аст, ки ҷуз аз дигарон ҳосил намеояд ва ҷуз ба мухолатат рост нашавад; ва дар узлат фавти он аст ва фавоти (мурдан, аз даст рафтан) он офати узлат аст; ва он шаш аст.
Офати аввал
Бозмондан аз илм хондан ва таълим кардан. Бидон, ки ҳар ки илме, ки бар вай фариза аст, наёмӯхта бошад, ӯро узлат ҳаром аст. Ва агар фариза омӯхт ва фаҳм натавонад кард ва хоҳад, ки узлат гирад барои ибодат, раво бошад. Ва агар тавонад, ки улуми шаръ тамом биёмӯзад, вайро узлат гирифтан хусроне азим бошад, чи ҳар ки пеш аз илм ҳосил кардан узлат гирад, бештари авқот ба хобу бекорӣ ва андешаи пароканда зоеъ кунад; ва агар ҳама рӯз ба ибодат машғул бувад, чун илм маҳкам накарда бошад, аз ғурур ва макр холӣ набошад дар ибодат; ва аз андешаи хатову муҳол холӣ набошад дар эътиқод ва хавотире, ки вайро дарояд дар ҳаққи Худои таъоло, бошад ки куфр бошад ё бидъат; ва вай надонад!
Ва дар ҷумла узлат уламоро шояд, на авомро, ки омӣ чун бемор бувад; вайро нашояд ки аз табиб бигурезад ва худ табибии хеш кунад, ки зуд ҳалок шавад.
Аммо таълим кардан – дараҷаи он бузург аст. Исо мегӯяд
1 Касоне, ки омезиш бо эшон сангин ва сахту ҷонфарсост.
алайҳиссалом, ки: «Ҳар ки илм донад ва бад-он кор кунад ва дигаронро биёмӯзад, вайро дар малакути осмон азим хонанд». Ва таълим ба узлат рост наёяд. Пас таълим аз узлат авлотар; ва ин ба шарти он бувад, ки нияти вай нияти мутааллими дин бувад, на талаби ҷоҳу мол; ва бояд ки илме таълим кунад, ки дар дин нофеъ бувад. Ва он ки муҳимтар бувад, пеш дорад, масалан, чун ба таҳорат ибтидо кард, бигӯяд, ки таҳорати ҷома ва пӯст мухтасар аст ва мақсуд аз вай таҳорати дигар аст – варои он ва он таҳорати чашму гӯш ва забону даст ва ҷумлаи андомҳост аз маосӣ.
Ва тафсили он бигӯяд ва бифармояд, то бад-он кор кунад ва агар кор накунад ва илме дигар талаб кунад, мақсуди вай ҷоҳ аст. Ва чун аз таҳорат фориғ, шуд бигӯяд, ки мақсуд аз ин таҳорат таҳорате дигар аст – варои он; ва он таҳорати дил аст аз дӯстии дунё ва аз (касоне, ки омезиш бо эшон сангин ва сахту ҷонфарсост) ҳар чи ҷуз Ҳақ аст таъоло. Ва ҳақиқати «ло илоҳа иллаллоҳу» ин аст, ки вайро ҳеч маъбуд нест, магар Худои таъоло; ва ҳар ки дар банди ҳавои хеш аст, «Фа қади-ттахаза илоҳаҳу ҳавоҳу» – ҳавои хешро ба худоӣ кардааст; ва аз ҳақиқати калимаи «ло илоҳа иллаллоҳу» маҳрум аст; ва ваҷҳи гусастан аз ҳаво нашиносад, то ҳар чи мо дар рукни мунҷиёт ва мӯҳликот овардаем, барнахонад. Ва ин фарзи айни ҳама халқ аст. Чун шогирд пеш аз он ки аз ин илм фориғ шуд, илми ҳайзу талоқ ва хироҷу фатовии хусумот талаб кунад, ё мазҳаби хилоф ё илми калому ҷадал ва мунозира талаб кунад бо мӯътазила ва киромиён, бидон, ки ҷоҳу мол талаб мекунад, на дин; аз вай дур бояд буд, ки шарри вай азим бувад. Ва чун бо шайтон, ки вайро ба ҳалоки вай даъват мекунад, мунозира накунад; ва бо нафси хеш, ки душмани вай аст, хусумат накунад; ва хоҳад, ки мунозира ва хасмӣ бо Абӯҳанифа ва Шофеӣ ва мӯътазила кунад, далели он аст, ки вайро шайтон ба дасти хеш гирифтааст ва бар вай механдад. Ва сифоте, ки дар даруни вай аст, чун: ҳасаду кибру риё ва дӯстии дунё ва шараҳи ҷоҳу мол; ҳама палидиҳост, ки сабаби ҳалоки вай аст. Чун дили худро аз он пок накунад; ва бад-он машғул шавад, ки дар фитовии никоҳу талоқ ва саламу иҷорат кадом дурусттар аст; ва агар касе дар он хато кардааст, беш аз он нест, ки музди вай аз ду ба яке ояд, ки расул алайҳиссалом гуфтааст, ки: «Ҳар ки иҷтиҳод кард ва савоб кард, музди вай ду аст; ва агар хато кард – яке!» Пас, агар мазҳаби Шофеӣ гирад ё они Абӯҳанифа разийаллоҳу анҳумо сарфа пеш аз ин нест; ва чун ин сифот аз хеш маҳв накунад, сарфаи ин ҳалоки дини вай аст. Ва рӯзгор чунон шудааст, ки дар шаҳре дузург ду тан беш наёбад, ки рағбат кунад дар таълим бар ин ваҷҳ, пас мударрисро низ узлат гирифтан авлотар аст, ки ҳар ки илм касеро омӯзад, ки вайро қасди дунё бувад, ҳамчунон бувад, ки шамшер ба касе фурӯшад, ки вайро қасди роҳ задан бувад. Агар гӯяд, ки: «Бошад ки рӯзе қасди дин кунад», ҳамчунон бувад, ки гӯяд: «Шояд ин қотеъи тариқ рӯзе тавба кунад ва ба ғазо шавад». Ва агар гӯяд: «Шамшер вайро ба тавба нахонад ва илм вайро ба Худой хонад», ин ҳам ғалат аст, ки илми фатовии хусумот ва муомилот ва илми калому наҳву луғат ҳеч касро ба Худой нахонад, ки андар ин таҳрис ва тарғиб дар дин набошад, балки ҳар яке тухми ҳасад ва мубоҳоту кибр ва таассуб дар дили вай мекорад ва мепарварад. Ава лайса-л-хабару ка-л-муъоянати1? Нигоҳ кун, то касоне, ки ба чунин илм машғул буданд, чӣ гуна буданд, чӣ гуна мурданд?
Он илм ки ба охират даъват кунад ва аз дунё бозхонад, илми ҳадис ва илми тафсир аст. Ва ин улум бошад ки дар мунҷиёт ва мӯҳликот овардаем, лоҷарам ин илмро мандуб (хуб, писандида, шариф) бояд дошт, ки дар ҳама кас асар кунад, илло ба нодир дар касе, ки бағоят сахтдил бошад. Пас агар бад-ин шарт, ки гуфта омад, илм талаб кунад, аз вай узлат гирифтан аз кабоири азим бошад.
Пас агар касе илми ҳадису тафсир ва он чи муҳим бошад, бархонад ва ҳам талаби ҷоҳ бар худ ғолиб бинад, бояд ки аз таълим бигурезад, чи агар дар таълими вай дигаронро хайри бисёр бувад, лекин ҳалокати вай бувад; ва вай фидои дигарон бошад. Ва аз он он ҷумла буд, ки расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Худои таъоло ин динро нусрат кунад ба касоне, ки эшонро аз он ҳеч насиб набувад». Ва масали вай чун шамъ бувад, ки сарой ба вай равшан бувад ва вай дар сӯхтану костан бувад. Ва бад-ин сабаб буд, ки Бушри Ҳофӣ раҳимаҳуллоҳу ҳафт қиматра (китобдон) аз кутуби ҳадис, ки самоъ дошт (аз устод шунида буд), дар зери хок дафн кард ва ҳадис ривоят накард ва гуфт: «Аз он ривоят намекунам, ки шаҳвати ривоят мебинам аз хештан; агар шаҳвати хомӯшӣ ёфтаме, ривоят кардаме». Ва чунин гуфтаанд бузургон ки: «Ҳаддасано»2 бобе аст аз дунё; ва ҳар ки гӯяд: «Ҳаддасано», мегӯяд: «Маро дар пешгоҳ нишонед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё