Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу ба яке бигузашт, бар курсӣ маҷлис мекард; гуфт: «Ин мегӯяд: «Иърифунӣ» – «Маро бишиносед!». Яке аз Умар дастурӣ хост, то бомдод, пас аз намози субҳ, мардумонро панд диҳад, дастурӣ надод. Гуфт: «Аз панд додан наҳй мекунӣ?»
Гуфт: «Оре, тарсам, ки чунон боди такаббур дар хештан афканӣ, ки ба Сурайё (як даста аз ситорагон) расӣ». Ва Робиаи Адвия Суфёни Савриро
1 Хабар гирифтан чун дидан набошад.
2 Дар байни фуқаҳо маъруф аст, ки чун ҳадисе аз устоде ривоят кунанд, гӯянд: «ҳаддасано»: «чунин гуфт ба мо ва ҳадис кард».
гуфтӣ: «Нек мардӣ, агар на он астӣ, ки дунё дӯст дорӣ». Гуфт: «Он чист?»
Гуфт: Ривояти ҳадис дӯст дорӣ». Ва Абӯсулаймони Хитобӣ мегӯяд: «Ҳар ки хоҳад, ки бо шумо сӯҳбат кунад ва илм омӯзад дар ин рӯзгор, аз эшон ҳазар кунед ва дур бошед, ки дар эшон на мол аст ва на ҷамол, ба зоҳир дӯст бошанд ва ба ботин душман; дар рӯй сано гӯянд ва ба ғайбат зишт гӯянд, ҳама аҳли нифоқ ва сухан чидан ва макру фирефтан бошанд; ғарази эшон он бувад, ки аз ту нардбони хеш созанд ба ағрози фосиди хеш; ва аз ту харе созанд, то дар ҳавои эшон гирди шаҳр мебароӣ; ва омадани хеш наздики ту миннате донанд; ва хоҳанд, ки иззу ҷоҳу моли хеш фидои эшон кунӣ; ва ба ивази он ки ба наздики ту оянд, ба ҳама ҳуқуқи эшон ва хешовандону пайвастагони эшон қиём кунӣ; ва сафеҳи эшон бошӣ бо душманони эшон; ва агар дар яке аз ин хилоф кунӣ, он гоҳ бинӣ, ки чӣ гӯянд дар ту ва дар илми ту ва чӣ гуна душмани ошкоро шаванд!». Ва ҳақиқат чунон аст, ки вай гуфт, ки: «Ҳеч шогирд ройгон имрӯз устодро қабул менакунад, аввал иҷро хоҳад, ки равон1 бувад. Ва мискин мударрис на тоқати он дорад, ки ба тарки шогирд бигӯяд, ки он гоҳ дар чашми мардумон мӯҳташам нанамояд; ва на иҷрои эшон рост тавонад кард, бе хидмати золимон ва мудоҳинат бо эшон; ва мусалмонӣ ба сари эшон дардиҳад ва аз эшон худ ҳеҷ чиз наёбад. Пас ҳар ки таълим тавонад кард ва аз ин офот дур тавонад буд, таълим аз узлат фозилтар.
Ва акнун шарти омӣ он аст, ки ҳар олимеро, ки бинад, ки маҷлису дарс мекунад, бар вай гумони бад набарад, ки ин барои ҷоҳу мол мекунад, балки бояд ки гумон барад, ки барои Худои таъоло мекунад, ки фаризаи вай ин аст, ки гумон чунин барад. Ва чун ботин палид бошад, гумони некро ҷой набошад, ки ҳар касе аз мардумон он пиндорад, ки дар даруни вай аст. Пас ин сухан барои он меравад, то олим шарти хеш бидонад ва омӣ ба ҳамоқат ин баҳона нагирад ва дар ҳурмати уламо тақсир накунад, ки вай низ ҳалок шуда бошад бад-ин гумони бад, ки ба вай барад.
Офати дуввум
Он аст, ки аз манфиат гирифтан ва манфиат расонидан бозмонад.
Аммо манфиат гирифтан касб бувад, ки бе мухолатат рост наёяд. Ва ҳар ки иёл дорад ва ба касб машғул нашавад ва узлат гирад, нашояд, ки зоеъ гузоштани иёл аз кабоир бувад; ва агар қадри кифоят дорад; ё иёл надорад, узлат авлотар.
Аммо манфиат расонидан садақа додан бувад ва ба ҳаққи мусалмонон
1 Иҷрои равон – яъне вазифа ва мустамирӣ ва дастмузде, ки ҷорӣ ва мураттаб ва ҳамешагӣ бошад.
қиём кардан. Ва агар дар узлат ҷуз ба ибодати зоҳир машғул нахоҳад шуд, касби ҳалол ва садақа додан вайро аз узлат фозилтар. Ва агар дар ботин вайро роҳи кушода аст ба маърифати ҷалоли Ҳақ таъоло ва унс ба муноҷоти Вай, ин аз ҳама садақот фозилтар, ки мақсуди ҳама ибодатҳо ин аст.
Офати сеюм
Он аст, ки аз муҷоҳидат ва риёзат ки ба сабаби сабр кардан бар ахлоқи мардумон ҳосил ояд, бозмонад. Ва ин фоидаи бузург аст касеро, ки ҳанӯз тамоми риёзат наёфта бошад, ки хӯи некӯ асли ҳама ибодатҳост ва бе мухолатат пайдо наёяд, ки хӯи некӯ бувад, ки бар муҳолоти мардумон сабр кунад. Ва ходимони сӯфиён мухолатат бад-ин кунанд, то ба суол аз авом руунату кибр бишикананд; ва ба нафақаи сӯфиён бухлро бишикананд; ва ба эҳтимол аз эшон бадхӯӣ аз хештан бибаранд; ва ба хидмати эшон баракати дуо ва ҳиммати эшон ҳосил кунанд. Аввали кор ин будааст, агарчи акнун ният ва андеша бигардидааст ва баъзеро мақсуд ҷоҳу мол шудааст.
Пас, агар касе риёзат ёфтааст, вайро узлат фозилтар, ки мақсуд аз риёзат на он аст, ки ҳамеша ранҷ мекашанд, чунон ки мақсуд аз дору талхӣ нест, балки он аст, ки иллат бишавад. Чун иллат бирафт, ҳамеша хештан дар талхии дору доштан шарт нест, балки мақсуд варои риёзат аст. Ва он ҳамон ҳосил кардани унс аст ба зикри Худои таъоло. Ва мақсуди риёзат он аст, ки ҳар чи вайро шоғил аст аз унс, аз худ дур кунад, то бад-он пардозад.
Ва бидон, ки чунон ки риёзат кардан лобуд аст, риёзат додан ва таъдиб кардан дигаронро ҳам аз аркони дин аст. Ва ин бо узлат рост наёяд, балки шайхро аз мухолатат бо муридон чора набошад; ва узлати вай аз эшон шарт набувад. Валекин чунон ки аз офати риё ва талаби ҷоҳҳазар бояд кард уламоро, шуюхро низ ҳазар бояд кард, чун ба шарт бошад, мухолатати эшон авлотар аз узлат.
Офати чаҳорум
Он аст, ки дар узлат васвос ғалаба кунад ва бошад ки дил нафрат гирад аз зикр ва малол афзояд ва он ҷуз ба муонасат (ҳамнишинӣ, унс гирифтан) бо мардумон барнахезад. Ва Ибни Аббос мегӯяд разийаллоҳу анҳумо, ки: «Агар аз васвос натарсаме, бо мардумон нанишинаме». Ва Алӣ мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Роҳати дил аз дил бозмагиред, ки чун дилро ба як бор икроҳ кунӣ, нобино шавад». Пас бояд ки ҳар рӯзе як соат касе бошад, ки ба муонасати вай истироҳате бошад, ки он дар нишот бияфзояд. Валекин бояд ки он касе бошад, ки бо вай ҳама ҳадиси дин бувад ва аҳволи хеш дар тақсири дин ва тадбири тайсири (осон шудан, муяссар шудан) асбоб гӯянд. Аммо бо аҳли ғафлат нишастан – агар ҳама як соат бувад – зиёнкор бувад ва он ки сафое, ки дар ҷумлаи рӯз падид омада бошад, тира гардонад. Расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки ба сифати дӯст ва ҳамнишини хеш бошад, бояд ки гӯш дорад (мутаваҷҷеҳ бошад), ки дӯстӣ бо кӣ медорад».
Офати панҷум
Он ки савоби ибодат ва ташйеъи ҷаноиз ва шудан ба даъвату таҳнияту таъзият ва ҳуқуқи мардумон фавт шавад. Ва андар ин корҳо низ офот аст ва расми нифоқу такаллуф ба вай роҳ ёфтааст. Ва кас бувад, ки хештан аз офот нигоҳи он натавонад дошт ва ба шарт қиём натавонад намуд, он касро узлат авлотар. Ва бисёр кас аз салаф чунин кардаанд ва ин ҳама дар боқӣ карда, ки саломати хеш дар он дидаанд.
Офати шашум
Он ки дар мухолатат кардан ва қиём ба ҳуқуқи мардумон навъе аз тавозӯъ бувад, дар узлат навъе аз такаббур бошад; ва бувад ки боис аз узлат хоҷагӣ (ҷоҳталабӣ) ва такаббур бувад. Ва он ки хоҳад ба зиёрати мардумон наравад ва мардумон низ ба зиёрати вай наёянд – ривоят кардаанд, ки дар банӣ Исроил ҳакиме буд бузург ва сесаду шаст тасниф карда буд дар ҳикмат, то пиндошт, ки назди Худои таъоло варо маҳалле пайдо омад. Ваҳй омад паямбари он рӯзгорро, ки вайро бигӯянд, ки рӯи замин пури бақбақа (сару садо, шӯҳрати калом) ва бонгу номи хеш кардӣ ва Ман ин бақбақаи туро қабул накунам. Пас битарсид ва даст аз он бидошт ва дар сунбе1 бинишаст холӣ, гуфт: «Акнун Худои таъоло аз ман хушнуд шуд». Ваҳй омад, ки хушнуд нашудаам аз вай. Пас берун омад ва ба бозорҳо рафтан андар гирифт ва бо халқ мухолатат кард ва бо эшон менишасту бармехост ва таом мехӯрд. Ваҳй омад, ки: «Акнун хушнудии Ман ёфтӣ». Пас бидон, ки бошад ки касе худ узлат аз такаббур кунад, ки тарсад, ки дар маҷомеъ вайро ҳурмат надоранд; ё тарсад, ки нуқсони вай дар илм ё дар амал бинанд; он зовияро пардаи нуқсони хеш созад ва ҳамеша дар орзуи он бошад, ки мардумон ба зиёрати вай раванд ва ба вай табаррук кунанд ва дасти вай бӯса диҳанд. Ва ин чунин узлат айни нифоқ бошад. Ва нишони он ки узлат ба ҳақ бувад, ду чиз бувад: яке он ки дар зовия ҳеч бекор набошад, бал ба зикру тафаккур
1 Сӯрохӣ ва дахмае дар замин ё дар кӯҳ, ки дар он инсон ё ҳайвон манзил кунад.
машғул бошад; ё ба илм ва ибодат машғул бошад; дигар он ки зиёрати мардумонро кореҳ бошад, ки ба наздики вай раванд, магар касе, ки аз вай фоидаи динӣ бувад. Абулҳасани Ҳотамӣ аз хоҷагони Тӯс буд, ба саломи шайх Абулқосими Гургонӣ шуд ва вай аз авлиёи бузург буд – узр хостам гирифт, ки: «Тақсир мекунам, ки камтар мерасам». Гуфт: «Эй хоҷа, узр махоҳ, ки ҳама аз омадан миннат доранд ва мо аз ноомадан миннат дорем, ки моро худ аз омадани он меҳтар парвои кас нест» – яъне Малакулмавт.
Амире ба наздики Ҳотами Асам шуд, гуфт: «Чӣҳоҷат дорӣ?» Гуфт:
«Он ки ту маро набинӣ ва ман туро. Ва бидон, ки дар зовия нишастан, барои он ки то мардумон таъзим кунанд, ҷаҳле бузург бувад, ки ақалли дараҷот он аст, ки бидонад, ки аз кори вай ҳеч чиз ба дасти халқ нест; ва бидонад, ки агар бар сари кӯҳе шавад, айбҷӯй гӯяд, ки: «Нифоқ мекунад»; ва агар ба харобот (майхона) шавад, он ки дӯст ва муриди вай бошад, гӯяд: «Роҳи маломат меравад, то худро аз чашми мардумон бияфканад». Ва дар ҳар чи бошад, мардумон дар ҳаққи вай ду гурӯҳ бошанд, бояд ки дил дар дини худ бандад, на дар мардумон. Саҳли Тустарӣ муридеро дид, коре фармуд; гуфт: «Натавонам аз бими мардумон». Саҳл рӯй ба асҳоб кард, гуфт: «Кас ба ҳақиқати ин кор нарасад, то аз ду сифат яке ҳосил накунад: ё халқ аз чашми вай бияфтад, ки ҷуз Холиқро набинад, ё нафси вай аз чашми вай бияфтад, ки бок надорад ба ҳар сифат, ки халқ вайро бинанд. Ҳасани Басриро гуфтанд, ки: «Қавме ба маҷлиси ту меоянд ва суханҳо ёд мегиранд, то бад-он эътироз кунанд ва айби он мекунанд». Гуфт: «Ман нафси худро дидаам, ки тамаъи фирдавси аъло ва муҷовирати Ҳақ таъоло мекунад ва ҳаргиз тамаи саломат аз мардумон накунад, ки Офаридгор аз забони эшон саломат менаёбад!»
Пас, аз ин ҷумла офот ва фавоиди узлат падид омад: ҳар касе бояд ҳисоби хеш баргирад ва худро бар ин арза кунад, то бидонад, ки вайро кадом авлотар аст.
Одоби узлат
Чун касе узлат гирифт, бояд ки ният кунад, ки бад-ин узлат шарри хеш аз мардумон боздорад ва талаби саломат кунад аз шарри мардумон ва талаби фароғат кунад ба ибодати Ҳақ таъоло. Ва бояд ки ҳеч бекор набошад, балки ба зикру фикри илму амал машғул бошад ва мардумонро ба худ роҳ надиҳад ва аз ахбору ароҷифи (хабарҳои гуногуни дурӯғу зишт) шаҳр напурсад ва аз ҳоли мардумон напурсад, чи ҳар чиз, ки бишунавад, чун тухме бошад, ки дар сина афтад, дар миёни хилват сар аз сина барзанад. Ва муҳимтарин коре дар хилват қатъи ҳадиси нафс аст, то зикр софӣ шавад; ва ахбори мардумон тухми ҳадиси нафс аст.
Ва бояд ки аз қуту кисват ба андак қаноат кунад, агар не, аз мухолатати мардумон мустағнӣ набошад; ва бояд ки сабур бошад бар ранҷи ҳамсоягон ва ба ҳар чи дар ҳаққи вай гӯянд – аз мадҳу зам – гӯш надорад ва дил дар он набандад; ва агар вайро дар узлат мунофиқ ва муроӣ (риёкор) гӯянд; ё мухлис; ё мутавозеъ; ё мутакаббир, гӯш бад-он надорад, ки он ҳама рӯзгор бибарад. Ва мақсуд аз узлат он бояд ки дар охират мустағрақ бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё