Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

АСЛИ ҲАФТУМ
Одоби сафар аст
Бидон, ки сафар ду аст: яке ба ботин ва яке ба зоҳир. Сафари ботин сафари дил аст дар малакути осмону замин ва аҷоиби сунъи Эзади таъоло ва манозили роҳи дин. Ва сафари мардон ин аст, ки ба тан дар хона нишаста бошанд ва дар биҳиште, ки паҳнои вай ҳафт осмону замин аст, ҷавлон мекунанд, чи оламҳои малакут биҳишти орифон аст – он биҳиште, ки манъу қатъро ба вай роҳ нест. Ва Ҳақ таъоло бад-ин сафар даъват мекунад бад-ин оят, ки мегӯяд: «А ва лам йанзуру фӣ малакути-ссамовоти ва-л-арзи ва мо халақаллоҳу мин шайъин»1
.
Ва касе, ки аз ин сафар оҷиз ояд, бояд ки ба зоҳир сафар кунад ва колбадро барад, то аз ҷое фоидае гирад. Ва масали ин чун касе бувад, ки ба пои хеш ба Каъба расад; ва масали он дигаре чун касе бувад, ки бар ҷой нишаста, Каъба наздики вай ояд ва гирди вай тавоф мекунад ва асрори хеш бо вай мегӯяд. Ва тафовут миёни ину он бисёр аст. Ва аз ин буд, ки шайх Абӯсаиди Абулхайр раҳматуллоҳи алайҳи гуфтӣ, ки: «Номардонро пой обила гардад ва мардонро сурин»2. Ва мо одоби сафари зоҳир дар ин китоб ёд кунем дар ду боб, ки шарҳи сафари ботин дақиқ бувад ва дар чунин китоб шарҳ напазирад.
Боби аввал: дар нияти сафар ва одобу анвоъи он.
Боби дуввум: дар илми рухсати сафар.
Боби аввал
1 Оё наменигаранд дар малакути осмонҳову замин ва он чи Худованд аз чизҳо офаридааст?
2 Нишемангоҳ. Ишора ба нишастани зиёд барои ибодат аст.
Дар нияти сафар ва одобу анвоъи он Бидон, ки сафар панҷқисм аст:
Сафари аввал
Дар талаби илм аст; ва ин сафар фариза бувад, чун тааллуми илм фариза бувад; ва суннат бувад, чун тааллум суннат бувад. Ва сафар барои талаби илм бар се ваҷҳ бувад:
Ваҷҳи аввал – он ки илми шаръ биёмӯзад. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар ки аз хонаи хеш берун ояд ба талаби илм, вай дар роҳи Худои таъолост, то бозояд». Ва дар хабар аст, ки: «Фариштагон парҳои хеш густурда доранд барои толибилм». Ва кас будааст аз салаф, ки барои як ҳадис сафари дароз кардааст. Ва Суфёни Саврӣ мегӯяд: «Агар касе аз Шом то Яман сафар кунад, то як калима бишунавад, ки вайро дар роҳи дин аз он фоидае бошад, сафари вай зоеъ набошад». Лекин бояд ки сафар барои илме кунад, ки зоди охират бувад. Ва ҳар илме, ки вайро аз дунё ба охират нахонад; ва аз ҳирс ба қаноат нахонад; ва аз риё ба ихлос нахонад; ва аз парастидани халқ ба парастидани Ҳақ нахонад, он илм сабаби нуқсон бувад.
Ваҷҳи дуввум – он ки сафар кунад, то хештанро ва ахлоқи хештанро бишиносад, то ба илоҷи сифоте, ки дар вай мазмум бувад, машғул шавад. Ва ин низ муҳим аст, ки мардум, то дар хонаи хеш бувад ва корҳо ба муроди вай меравад, ба хештан гумони некӯ барад ва пиндорад, ки некӯахлоқ аст. Ва дар сафар пардаи он ахлоқи ботин бархезад ва аҳволе пеш ояд, ки заъфу бадхӯӣ ва оҷизии хеш бишиносад; ва чун иллат бозёбад, ба илоҷ машғул тавонад шуд. Ва ҳар ки сафар накарда бошад, дар корҳо мардона набошад.
Бушри Ҳофӣ гуфт: «Эй қурроён! Сафар кунед, то пок шавед, ки агар об бар як ҷой бимонад, бигардад».
Ваҷҳи сеюм – он ки сафар кунад, то аҷоиби сунъи Худои таъоло дар барру баҳр ва кӯҳу биёбон ва ақолим бинад ва анвоъи офаридаҳои мухталиф аз ҳайвону набототу ғайри он дар навоҳии олам бишиносад; ва бинад, ки ҳама Офаридгори худро тасбеҳ мекунанд ва ба ягонагӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ва он касро, ки ин чашм кушода шуд, ки сухани ҷамодот, ки на ҳуруф аст ва на савт, битавонад шунид; ва хатти илоҳӣ, ки бар чеҳраи ҳама мавҷудот набиштааст, ки на ҳуруф аст ва на руқум, бархонад; ва асрори мамлакат аз ӯ битавонад шинохт, худ вайро бад-он ҳоҷат набошад, ки гирди замин тавоф кунад, балки дар малакути осмон нигарад, ки ҳар шабонарӯз гирди вай тавоф мекунанд ва асрори аҷоиби худ бо вай мегӯянд ва мунодо мекунанд, ки: «Ва ка аййин мин ойатин фӣ-ссамовоти ва-л-арзи йамурруна ъалайҳо ва ҳум ъанҳо мӯъризуна»1, балки агар касе дар аҷоиби офариниши хеш ва аъзову сифоти хеш назора кунад, ҳама умри худро назорагоҳ бинад, балки аҷоиби хеш он вақт бинад, ки аз чашми зоҳир даргузарад ва чашми дил боз кунад.
Яке аз бузургон мегӯяд, ки: «Мардумон мегӯянд ки чашм боз кунед, то аҷоиб бинед; ва ман мегӯям, ки чашм фароз кунед (пӯшед, бандед), то аҷоиб бинед». Ва ҳар ду ҳақ аст, ки манзили аввал он аст, ки чашми зоҳир боз кунад ва аҷоиби зоҳир бинад, он гоҳ ба дигар манзил расад. Ва аҷоиби зоҳирро ниҳоят аст, ки тааллуқи он ба аҷсоми олам аст ва он мутаноҳӣ аст. Ва аҷоиби ботинро ниҳоят нест, ки тааллуқи он ба арвоҳу ҳақоиқ аст; ва ҳақоиқро ниҳоят нест ва бо ҳар сурате рӯҳе ва ҳақиқате аст: сурат насиби чашми зоҳир аст; ва ҳақиқат насиби чашми ботин аст.
Ва сурат сахт мухтасар аст; ва мисоли вай чунон бувад, ки касе забоне бинад, пиндорад, ки пораи гӯшт аст ва диле бинад, пиндорад, ки пораи хуни сиёҳ аст. Нигаҳ кун, то қадри ин ки насиби чашми зоҳир аст, дар ҷанби он чи ҳақиқати забон ва дил аст, чист? Ва ҳама аҷзову зарроти олам ҳамчунин аст. Ҳар ки беш аз чашми зоҳир надорад, дараҷаи вай ба дараҷаи сутурӣ наздик аст. Аммо дар баъзе хабарҳо ҳаст, ки чашми зоҳир калиди чашми ботин аст, бад-ин сифат барои назар дар аҷоиби офаришин аз фоида холӣ нест.
Сафари дуввум
Барои ибодат аст, чун ҳаҷҷу ғазв ва зиёрати гӯри анбиёву авлиё ва саҳобаву тобеин, балки зиёрати уламо ва бузургони дин, ки назар дар рӯи эшон ибодат бувад ва баракаи дуои эшон бузург бувад. Ва яке аз баракаи мушоҳидати эшон он бувад, ки рағбати иқтидо кардан ба эшон падид ояд. Пас дидори эшон ҳам ибодат бувад ва ҳам тухми ибодатҳои бисёр бувад ва чун фавоиди анфос2 ва суханҳои эшон бо он ёр шавад, фавоид музоаф шавад. Ва ба зиёрати гӯри бузургон рафтан ба қасд раво бувад ва ин ки расул гуфтааст алайҳиссалом: «Ло ташудду-р-риҳола, илло ило салосати масоҷид»3 – яъне: «масҷиди Маккаву Мадина ва Байтулмуқаддас», далел он аст, ки ба биқоъ ва масоҷид табаррук маку-
1 Ва чӣ бас нишонаҳое дар осмонҳо ва замин, ки бар онҳо мегузаранд ва аз онҳо ғафлат доранд.
2 Ҷамъи нафас: нафас ба маънии даму танаффус аст ва нафас маҷозан савоб ва манфиатеро гӯянд, ки аз ҳамнишинӣ ва ҳамнафасӣ бо некон фароҳам ояд.
3 Бори сафар набандед, магар барои се масҷид.
нед, ки ҳама баробар аст, магар ин се буқъа. Аммо на чунон бошад, ки зиёрати уламо, ки зинда бошанд, дар ин наёяд, онҳо, ки мурда бошанд ҳам, дар ин наёяд1. Пас ба зиёрати гӯри авлиё ва уламо рафтан ба қасд ва сафар кардан бад-ин сабаб, раво бувад.
Сафари сеюм
Гурехтан аз асбобе, ки мушаввиши дин бошад, чун ҷоҳу молу вилоят ва шуғли дунё. Ва ин сафар фариза бувад дар ҳаққи касе, ки рафтани роҳи дин бар вай муяссар набошад бо машғалаи дунё. Ва ҳарчанд, ки одамӣҳаргиз фориғ натавонад буд аз зарурот ва ҳоҷоти хеш, валекин сабукбор тавонад буд; «ва қад наҷо-л-мухаффафуна» – «сабукборони растаанд», агарчи бебор наянд. Ва ҳар киро ҷое ҳишмат ва маърифат (саршиносӣ, маъруфият) падид ояд, ғолиб он бувад, ки вайро аз Худои таъоло машғул кунад. Суфёни Саврӣ мегӯяд, ки: «Рӯзгор бад аст, хомил (гумном) ва маҷҳулро бим аст, то ба маъруф чӣ расад; рӯзгор он аст, ки ҳар куҷо туро бишинохтанд, бигурезӣ ва ҷое равӣ, ки кас туро надонад!»
Ва ҳам вайро дидаанд анбон дар пушт мерафт, гуфтанд: «Куҷо меравӣ?»
Гуфт: «Ба фалон деҳ таом арзонтар медиҳанд». Гуфтанд: «Чунин раво медорӣ?» Гуфт: «Ҳар куҷо, ки маишат фарохтар бувад, он ҷо равед, ки он ҷо дин ба саломаттар бувад ва дил фориғтар бувад». Ва Иброҳими Хавос ба ҳеч шаҳр чиҳил рӯз беш мақом накардӣ.
Сафари чаҳорум
Сафари тиҷорат бувад дар талаби дунё. Ва ин сафар мубоҳ аст ва агар нияти он бошад, то худро ва иёли худро аз рӯи халқ бениёз дорад, ин сафар тоат бошад. Ва агар талаби зиёдати дунёст – барои тафохуру таҷаммул – ин сафар дар роҳи шайтон аст. Ва ғолиб он бувад, ки ин кас ҳама умр дар ранҷи сафар бошад, ки зиёдати кифоятро ниҳоят падид нест; ва ногоҳ дар охир роҳ бар вай бибуранд, ё ҷое ғариб бимирад ва султон баргирад; ва некӯтарин он бувад, ки ворис баргирад ва дар ҳавову шаҳвати хеш харҷ кунад ва аз вай ёд наёрад ва то тавонад, васият ба ҷой наёрад ва вом нагузорад – ваболи охират бо вай бимонад. Ва ҳеч ғабн беш аз ин набошад, ки ранҷҳама вай кашад ва вабол ҳама вай барад ва роҳат ҳама дигаре бинад.
Сафари панҷум
1 Мақсуд ин аст, ки чун дар ин ҳадис аз зиёрати донишмандони зинда наҳй нашуда, дар зиёрати мурдагони онон ҳам наҳй нахоҳад буд.
Сафари тамошо ва тафарруҷ бувад. Ва ин сафар мубоҳ бувад – чун андаке бувад ва гоҳ-гоҳ бошад. Аммо агар касе гаштан дар шаҳрҳо одат гирад ва вайро ҳеч ғараз набошад, магар он ки шаҳрҳои нав ва мардумони ғарибро мебинад, уламоро дар чунин сафар хилоф аст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин ранҷонидани худ бошад – бефоида ва ин нашояд. Ва дуруст наздики мо он аст, ки ин ҳаром набошад, ки тамошо ғаразе аст, агарчи хасис (паст, фурӯмоя) аст ва мубоҳи ҳар касе дархӯри вай бувад; ва чунин мардуми хасистабъ бошад ва ин ғараз низ дархӯри вай бошад.
Аммо гурӯҳеанд аз мураққаъдорон1, ки одат гирифтаанд аз шаҳре ба шаҳре ва аз хонагоҳе ба хонагоҳе мераванд, бе он ки ба қасди пире бошанд, ки хидмати вайро мулозим гиранд, валекин мақсуди эшон тамошо бувад, ки тоқати мувозибат бар ибодат надоранд ва аз ботин роҳи эшон кушода нашуда бошад дар мақомоти тасаввуф; ва ба ҳукми коҳилӣ ва батолат тоқати он надоранд, ки ба ҳукми касе аз пирон нишинанд бар як ҷой, дар шаҳрҳо мегарданд; ва ҳар ҷо, ки суфраи ободонтар бувад, он ҷо мақом кунанд; ва чун ободон набувад, забон ба ходим дароз мекунанд; ва ҷое дигар, ки суфраи беҳтар нишон диҳанд, он ҷо мераванд; ва бошад ки зиёрати гӯре баҳона гиранд, ки мақсуди мо ин аст – ва на он бошад – ин сафар, агар ҳаром нест, макрӯҳ аст ва ин қавм мазмуманд, агар осӣ ва фосиқ наанд. Ва ҳар гаҳ ки нони сӯфиён хӯранд ва суол кунанду худро ба сурати сӯфиён фаро намоянд, фосиқ ва осӣ бошанд ва он чи ситонанд, ҳаром бошад, ки на ҳар касе, ки мураққаъ дарпӯшад ва панҷ намоз кунад, сӯфӣ бувад, балки сӯфӣ он бувад, ки вайро талабе бошад; ва рӯй дар он кор оварда бошад; ё бад-он расида бувад; ва ё дар кӯшиши он бувад, ки ҷуз ба зарурате дар он тақсир накунад; ё касе бувад, ки ба хидмати ин қавм машғул бошад. Нони сӯфиён беш аз ин се қавмро ҳалол набувад.
Аммо он ки мард одатӣ бувад ва ботини вай аз талабу муҷоҳидае дар он талаб холӣ бошад ва ба хидмат машғул набувад, вай бад-он ки мураққаъ пӯшад, сӯфӣ набошад, балки агар чизе бар тарророн вақф карда бошанд, вайро мубоҳ бошад, ки хештан бар сурати сӯфӣ намудан
– бе он ки ба сифати эшон бошӣ – маҳзи нифоқ ва таррорӣ бувад. Ва бадтарини ин қавм он бошад, ки сухане чанд ба одати сӯфиён ёд гирифта бошад ва беҳуда мегӯяд ва пиндорад, ки илми аввалину охирин бар вай кушода шуд, ки он сухан метавонад гуфт. Ва бошад ки шумии он варо ба ҷое кашад, ки дар илму уламо ба чашми ҳақорат нигарад ва бошад ки шаръ низ дар чашми вай мухтасар гардад ва гӯяд, ки: «Ин худ барои
1 Либоси васладор, ки нишони дарвешон ва сӯфиён аст.

пешина
аз 176
навбатӣ