Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Боби дуввум
Дар осори самоъ ва одоби он
Бидон, ки дар самоъ се мақом аст: аввал фаҳм, он гоҳ ваҷд, он гоҳҳаракат; ва дар ҳар яке сухан аст.
Мақоми аввал
Дар фаҳм аст; аммо касе, ки самоъ ба табъу ғафлат шунавад, ё бар андешаи махлуқ кунад, хасистар аз он бувад, ки дар фаҳму ҳоли вай сухан гӯянд. Аммо он, ки ғолиб бар вай андешаи дин бошад ва ҳубби Ҳақ таъоло бувад, ин бар ду дараҷа бошад:
Дараҷаи аввал — дараҷаи мурид бошад, ки вайро дар талаби хеш ва сулуки роҳи хеш аҳвол мухталиф бошад, аз қабзу баст ва осонию душворӣ ва осори қабулу осори рад ва ҳамагӣ дили вай он фурӯ гирифта бошад, чун сухане шунавад, ки дар вай ҳадиси итоб ва қабулу рад ва васлу ҳаҷр ва қурбу бӯъд ва ризову сахат ва умеду навамедӣ ва фироқу висол ва хавфу амн ва вафо ба аҳду беаҳдӣ ва шодии висолу андӯҳи фироқ бувад – ва он чи бад-ин монад, ба аҳволи хеш танзил кунад ва он чи дар ботини вай бошад, афрӯхтан гирад ва аҳволи мухталиф бар вай падид ояд ва вайро дар он андешаҳои мухталиф бувад ва агар қоидаи илм ва эътиқоди ӯ муҳкам набувад, бошад ки андешаҳо афтад ва вайро дар самоъ, ки он куфр бошад, ки дар ҳаққи Ҳақ таъоло чизе самоъ кунад, ки он муҳол бошад, чунон ки ин байт шунавад, масалан, ки:
З-аввал ба манат майл буд, он майл куҷост?
В-имрӯз малул гаштӣ аз баҳри чарост?
Ҳар муриде, ки вайро бадояте тезу равон буда бошад ва он гоҳ заифтар шуда бошад, пиндорад, ки Ҳақ таъолоро ба вай инояте ва майле будааст ва акнун бигардида ва ин тағайюр дар ҳаққи Ҳақ таъоло фаҳм кунад. Ин куфр бувад, балки бояд ки донад, ки тағайюрро ба Ҳақ роҳ набувад: Вай муғаййир аст ва мутағаййир нест1; бояд ки донад, ки сифати Вай бигардида аст, то он маънӣ, ки кушода буд, дар ҳиҷоб шуд. Аммо аз он ҷониб худ ҳаргиз манъ ва ҳиҷобу малол набошад, балки даргоҳ кушода аст, ба масал чун офтоб, ки нури вай мабзул аст (бахшида шуда аст), магар касеро, ки паси деворе шавад ва аз вай дар ҳиҷоб афтад, он гоҳ тағайюр дар вай омада бошад, на дар офтоб, бояд ки гӯяд:
Хуршед баромад, эй нигорин, дер аст Бар банда агар натобад, аз идбир2 аст.
Бояд ки ҳаволаи ҳиҷоб ба идбори хеш кунад ва ба тақсире, ки бар вай рафта бошад, на ба Ҳақ таъоло. Мақсуд аз ин мисол он аст, ки бояд ки ҳар чи сифоти нуқс аст ва тағайюр аст, дар ҳаққи хеш ва нафси хеш фаҳм кунад; ва ҳар чи ҷамолу ҷалоли вуҷуд аст, дар ҳаққи Ҳақ таъоло фаҳм кунад; агар ин сармоя надорад аз илм, зуд дар куфр афтад ва надонад. Ва бад-ин сабаб аст, ки хатари самоъ бар дӯстии Ҳақ таъоло азим аст.
Дараҷаи дуввум он бошад, ки аз дараҷаи муридон дар гузашта бошад ва аҳволи мақомот бозпас карда бошад ва ба ниҳояти он ҳол расида бувад, ки онро фано гӯянд ва нестӣ – чун изофат кунанд бо ҳар чи ҷуз ҳақ аст – ва тавҳид гӯянд ва ягонагӣ – чун ба ҳақ изофат кунанд. Ва самоъи ин кас на бар сабили фаҳми маънӣ бошад, балки чун самоъ ба вай расад он ҳоли нестӣ ва ягонагӣ бар вай тоза шавад ва ба куллият аз хештан ғоиб шавад ва аз ин олам бехабар шавад ва бошад ки ба масал агар дар оташ афтад, хабар надорад; чунон ки шайх Абулҳасани Нурӣ раҳматуллоҳа ъалайҳи дар самоъ ба ҷое дардавид, ки най даравида буданд ва ҳама пояш мебурид, бехабар; ва самоъи ин тамомтар бувад. Аммо самоъи муридон ба сифоти башарият омехта бувад ва ин он бувад, ки вайро аз худ ба куллият биситонад, чунон ки он занон, ки Юсуфро диданд, ҳама худро фаромӯш карданд ва даст буриданд.
Ва бояд ки ин нестиро инкор накунӣ ва гӯӣ: ман вайро мебинам, чӣ гуна нест шудааст? Ки вай на он аст, ки ту мебинӣ, ки он шахс аст ва чун бимирад, ҳам мебинӣ ва вай нест шуда. Пас ҳақиқати вай он маънии ла-
1 Гардонанда аст ва гарданда нест.
2 Идбир – бадбахтӣ.
тиф аст, ки маҳалли маърифат аст. Чун маърифати чизҳо аз вай ғоиб шуд ҳама дар ҳаққи вай нест шуд. Ва чун ҷуз зикри Ҳақ таъоло намонд, ҳар чи фонӣ буд, бишуд ва ҳар чи боқӣ буд, бимонд. Пас маънии ягонагӣ ин бувад, ки чун ҷуз Ҳақ таъолоро набинад, гӯяд: ҳама Худи Ӯст ва ман наям; ва боз гӯяд: ман худ Ӯям. Ва гурӯҳе аз ин ҷо ғалат кардаанд ва ин маъниро ба ҳулул1 иборат кардаанд; ва гурӯҳе ба иттиҳод иборат кардаанд. Ва ин ҳамчунин бошад, ки касе ҳаргиз оина надида бошад, дар вай нигарад, сурати худ бинад, пиндорад, ки дар оина фуруд омад, ё пиндорад, ки он сурат худ сурати оина аст, ки сифати оина худ он аст, ки сурху сапед бинамояд; агар пиндорад, ки дар оина фуруд омад, ин ҳулул бувад; ва агар пиндорад, ки оина худ сурати вай шуд, ин иттиҳод бувад; ва ҳар ду ғалат аст, балки ҳаргиз оина сурат нашавад ва сурат оина нашавад; валекин чунон намояд ва чунон пиндорад касе, ки корҳо тамом нашинохта бувад. Ва шарҳи ин дар чунин китоб душвор тавон гуфт, ки илми ин дароз аст.
Мақоми дуввум
Чун аз фаҳм фориғ шуд, ҳоле аст, ки аз фаҳм падид ояд, ки онро ваҷд гӯянд. Ва «ваҷд» ёфтан бувад; ва маънӣ он бувад, ки ҳолате ёфт, ки пеш аз ин набуд. Ва дар ҳақиқати ин ҳолат сухани бисёр аст, ки он чист. Ва дуруст он аст, ки он як навъ набувад, балки анвоъи бисёр бувад, аммо ду ҷинс бошад: яке аз ҷинси аҳвол бувад ва яке аз ҷинси мукошифот.
Аммо аҳвол – чунон бувад, ки сифате аз они вай ғолиб шавад ва вайро чун маст гардонад; ва он сифат, гоҳ шавқ бувад; ва гоҳ хавф ва гоҳ оташи ишқ бувад; ва гоҳ талаб бувад; ва гоҳ андӯҳе бувад; ва гоҳҳасрате бувад. Ва ақсоми ин бисёр аст. Аммо чун он оташ дар дил ғолиб шуд, дуди он бар димоғ шавад ва ҳавоси вайро ғалаба кунад, то набинад ва нашунавад – чун хуфта; ё агар бинад ва бишунавад, аз он ғофил ва ғоиб бувад – чун маст.
Ва навъи дигар мукошифот аст, ки чизҳо намудан гирад, аз он чи сӯфиёнро бошад, баъзе дар кисвати мисол ва баъзе сареҳ; ва асари самоъ дар он аз он ваҷҳ аст, ки дилро софӣ кунад ва чун оина бошад, ки гарде бар вай нишаста бошад ва пок кунанд аз он гард, то он сурат дар вай падид ояд. Ва ҳар чи аз ин маънӣ иборат тавон овард, илме бошад ва қиёсе ва мисоле; ва ҳақиқати он ҷуз он касро маълум набувад, ки бад-он расида бошад. Он гоҳҳар касро қадамгоҳи хеш маълум бувад, агар дар дигаре
1 Дохил шудан ва фурӯ рафтан – эътиқод бо ин ки Худои таъоло дар бадани ашхос ва ашё қарор мегирад.
тасарруф кунад, ба қиёси қадамгоҳи хеш кунад. Ва ҳар чи ба қиёс бошад, аз варақи илм бувад, на аз варақи завқ. Аммо ин миқдор гуфта меояд, то касоне, ки эшонро аз ин ҳол тазаввуқ набошад, боре бовар кунанд ва инкор накунанд, ки он инкор эшонро зиён дорад. Ва сахт аблаҳ бувад касе, ки пиндорад, ки ҳар чи дар ганҷинаи вай набувад, дар хизонаи мулук набувад ва аблаҳтар аз вай касе бувад, ки хештанро бо мухтасарии хеш подшоҳе донад ва гӯяд, ки ман худ ба ҳама расидаам ва ҳама маро гашт ва ҳар чи маро нест, худ нест. Ва ҳама инкорҳо аз ин ду аблаҳӣ хезад.
Ва бидон, ки ваҷд бошад ки батакаллуф бувад; ва он айни нифоқ бувад, магар он ки ба такаллуф асбоби он ба дил меорад, то бошад ки ҳақиқати ваҷд падид ояд. Ва дар хабар аст, ки чун Қуръон шунавӣ, бигирйӣ; ва агар гиристан наёяд, такаллуф кунӣ; маънӣ он аст, ки ба такаллуф асбоби ҳузн ба дил оварӣ. Ва ин такаллуфро асар аст, бошад ки ба ҳақиқат адо кунад.
Суол: Агар касе гӯяд, ки чун самоъи эшон ҳақ аст ва барои Ҳақ аст, бояд ки дар даъватҳо муқриёнро (қорӣ, Қуръонхон) нишондандӣ ва Қуръон хондандӣ, на қавволонро (овозхон), ки суруд гӯянд, ки Қуръон каломи Ҳақ аст: самоъ аз вай авлотар?
Ҷавоб: Он аст, ки самоъ аз оёти Қуръон бисёр бошад ва ваҷд аз он бисёр падид ояд; ва бисёр бошад ки аз самоъи Қуръон беҳуш шаванд; ва бисёр кас будааст, ки дар он ҷон додааст. Ва ҳикоёти он овардан дароз аст ва дар китоби «Эҳё» ба тафсил гуфтаем. Аммо сабаби он ки бадали муқрӣқаввол нишонанд ва бадали Қуръон суруд гӯянд, панҷ аст:
Аввал он ки оёти Қуръон ҳама бо ҳоли ошиқон муносибат надорад, ки дар Қуръон қиссаи кофирон ва ҳукми муомилоти аҳли дунё ва чизҳои дигар бисёр аст, ки Қуръон шифои ҳама аснофи халқрост. Чун муқрӣ ба мисли ин оят бархонад, ки: «Модарро аз мерос шашяк бувад ва хоҳарро нима бувад»; ё ин ки: «Занеро шӯй бимирад, чаҳор моҳу даҳ рӯз иддат бояд дошт»; ва амсоли ин, оташи ишқро тез нагардонад, магар касе, ки бағоят ошиқ бувад ва аз ҳар чизе вайро самоъ бувад, агарчи аз мақсуд дур бувад; ва ончунон нодир бувад.
Сабаби дуввум он ки Қуръон бештар ёд доранд ва бисёр хонанд. Ва ҳар чи бисёр шунида ояд, огоҳӣ ба дил надиҳад дар бештари аҳвол, ё байте, ки касе пешин бор бишунавад ва бар он ҳол кунад, бори дуввум бад-он ҳол ҳозир наёяд. Ва суруди нав бартавон гуфт ва Қуръони нав барнатавон хонд. Ва чун араб меомаданд дар рӯзгори расул алайҳиссалом ва Қуръон тоза мешуниданд ва мегиристанд ва аҳвол бар эшон падид меомад, Абӯбакр гуфт разийаллоҳу анҳу: «Кунно камо кунтум сумма қасат кулубуно»; гуфт: «Мо низ ҳамчун шумо будем, акнун дили мо сахт шуд, ки бо Қуръон қарор гирифт ва хӯ кард». Пас ҳар чи тоза бувад, асари он беш бувад.
Ва барои ин буд, ки Умар разийаллоҳу анҳу ҳоҷро фармудӣ, то зудтар ба шаҳрҳои хеш раванд, гуфт: «Тарсам, ки чун хӯ кунанд бо Каъба, он гоҳҳурмати он аз дили эшон бархезад».
Сабаби сеюм он ки бештари дилҳо ҳаракат накунад, то вайро ба вазне ва илҳоне наҷунбонӣ. Ва барои ин аст, ки бар ҳадис самоъ кам афтад, балки бар овози хуш афтад, чун мавзун бувад ва ба илҳон бувад; ва он гоҳҳар дастоне (нағма, оҳанг, тарзи овоз) ва роҳе асари дигар дорад. Ва Қуръон нашояд, ки ба илҳон афканад ва бар он дастон рост кунанд ва дар вай тасарруф кунанд; ва чун беилҳон бувад, сухани муҷаррад намояд, магар оташе гарм бувад, ки бад-он барафрӯзад.
Сабаби чаҳорум он ки илҳонро низ мадад бояд дод ба овозҳои дигар, то асар бештар кунад, чун қасаб (най) ва таблу дафу шоҳин. Ва ин сурати ҳазл дорад ва Қуръон айни ҷид аст, вайро сиёнат бояд кард, ки бо чизе ёр кунанд, ки дар чашми авом он сурати ҳазл дорад; чунон ки расул алайҳиссалом дар хонаи Рабеъ бинти Масъуд шуд; он канизакон даф мезаданд ва суруд мегуфтанд, чун вайро бидиданд, санои вай ба шеър гуфтан гирифтанд, гуфт: «Хомӯш бошед, ҳамон ки мегуфтед, бигӯед»; ки санои вай айни ҷид бувад, бар даф гуфтан, ки сурати ҳазл дорад, нашояд.
Сабаби панҷум он ки ҳар касеро ҳолате бошад, ки ҳарис бувад бар он, ки байте шунавад мувофиқи ҳоли хеш, чун мувофиқ набувад, онро кореҳ бошад ва бошад ки гӯяд: «Ин магӯй ва дигаре гӯй». Ва нашояд Қуръонро дар маъраз овардан, ки аз он кароҳият ояд; ва бошад ки ҳама оятҳо мувофиқи ҳоли ҳар касе набошад; агар байте мувофиқи ҳоли вай набошад, вай бар вафқи ҳоли хеш танзил кунад, ки воҷиб нест, ки аз шеър он фаҳм кунӣ, ки шоир хостааст, аммо Қуръонро нашояд, ки танзил кунӣ бар андешаи хеш; ва он маънии қуръонӣ бигардонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё