Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас сабаби ихтиёри машоих қавволро ин будааст, ки гуфта омад. Ва ҳосили ин маонӣ ду сабаб аст: яке заъфи шунаванда ва дигар бузург доштани ҳурмати Қуръонро, то дар тасарруф ва андеша наяфтад.
Мақоми сеюм
Дар самоъ ҳаракат ва рақсу ҷома даридан аст; ва ҳар чи дар он мағлуб бошад ва бе ихтиёр бувад бад-он маъхуз набувад; ва ҳарчи ба ихтиёр кунад, то ба мардум намояд, ки вай соҳиби ҳолат аст – ва набошад – ин ҳаром бувад ва ин айни нифоқ бувад.
Абулқосими Насрободӣ гуфт: «Ман мегӯям: ин қавм ба самоъ машғул бошанд, беҳтар аз он ки ба ғайбат». Абуамр ибни Нуҷайд гуфт: «Агар сӣ сол ғайбат кунад, бад-он нарасад, ки дар самоъ ҳолате намояд, ки ба дурӯғ бувад». Ва бидон, ки комилтар он бошад, ки самоъ мешунаваду сокин мебошад, ки ба зоҳири вай пайдо наёяд ва қуввати вай чунон бошад, ки хештан нигоҳ метавонад дошт, ки он ҳаракату бонги гиристан ҳам аз заъф бувад, лекин чунин қувват камтар бошад!
Ва ҳамоно маънии он ки Абӯбакр гуфт: «Кунно камо кунтум, сумма қасат қулубино» он бувад, ки: «Қавийат қулубино», яъне сахт ва бақувват шуд, ки тоқати он дорем, ки хештанро нигоҳ дорем. Ва он кас, ки хештан нигоҳ натавонад дошт, бояд ки то зарурат нарасад, хештан нигоҳ медорад.
Ҷавоне дар сӯҳбати Ҷунайд буд, чун самоъ шунид, бонг кард, Ҷунайд гуфт: «Агар беш чунин кунӣ, дар сӯҳбати ман нашоӣ». Пас вай сабр мекард ба ҷаҳде азим, то як рӯз чандон хештан нигоҳ дошт, ки ба охир як бонг кард ва шикамаш бишикофт ва фармон ёфт. Аммо касе, ки аз хештан ҳолате изҳор намекунад, рақс кунад ё ба такаллуф хештан ба гиристан орад, раво бувад ва рақс мубоҳ аст, ки зангиён дар масҷид рақс мекарданд, ки Оиша ба назора шуд. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ё Алӣ, ту аз манӣ ва ман аз ту»; аз шодии ин рақс кард; чанд бор пой бар замин зад, чунон ки одати араб бошад, ки дар нишот шодӣ кунанд. Ва бо Ҷаъфар гуфт: «Ту ба ман монӣ ба халқу хулқ»; вай низ аз шодӣ рақс кард. Ва Зайд ибни Ҳорисаро гуфт: «Ту бародар ва мавлои моӣ» ва рақс кард аз шодӣ.
Пас касе, ки мегӯяд, ки ин ҳаром аст, хато мекунад, балки ғояти ин он аст, ки бозӣ бошад ва бозӣ низ ҳаром нест. Ва касе, ки бад-он сабаб кунад, то он ҳолат, ки дар дили вай пайдо меояд, қавитар шавад, он худ маҳмуд бувад.
Аммо ҷома даридан ба ихтиёр нашояд ки ин зоеъ кардани мол бувад; аммо чун мағлуб бошад, раво бувад. Ва ҳарчанд, ки ҷома ба ихтиёр дарад, лекин бошад ки дар он ихтиёр музтар бошад, ки чунон шавад, ки агар хоҳад, ки накунад, натавонад, ки нолаи бемор агарчи ба ихтиёр бувад, лекин агар хоҳад, ки накунад, натавонад; ва на ҳар чи ба иродат ва қасд бувад, одамӣ аз он даст тавонад дошт ба ҳама вақтҳо: чун чунин мағлуб шуда бошад, маъхуз набувад.
Аммо он ки сӯфиён ҷома хирқа кунанд ба ихтиёр ва пораҳо қисмат кунанд, гурӯҳе эътироз кардаанд, ки ин нашояд ва хато кардаанд, ки карбос низ нашояд, ки пора кунанд, то пироҳан дӯзанд, валекин чун зоеъ накунанд ва барои мақсуде пора кунанд, раво бошад, ҳамчунин чун пораҳо чаҳор сӯ кунанд барои он ғараз, то ҳамаро насиб бувад ва бар саҷҷодаву мураққаъ дӯзанд, раво бошад, ки агар касе ҷомаи карбосеро ба сад пора кунад ва ба сад дарвеш диҳад, мубоҳ бувад, чун ҳар порае чунон бошад, ки ба кор ояд.
Одоби самоъ
Бидон, ки дар самоъ се чиз нигоҳ бояд дошт: замону макон ва ихвон, ки ҳар вақт дил машғулӣ бошад ё вақти намоз бувад, ё вақти таом хӯрдан бувад, ё вақте бувад, ки дилҳо бештар пароканда бувад ва машғул бошад, самоъ бефоида бувад.
Аммо макон: чун роҳгузаре бошад, ё ҷое нохуш ва торик бувад, ё ба хонаи золиме бувад, ҳама вақт шӯрида бувад.
Ва ихвон он бувад, ки бояд ки ҳар ки ҳозир бувад аҳли самоъ бувад ва чун мутакаббире аз аҳли дунё ҳозир бувад; ё қуррое мункир бошад, ё мутакаллифе ҳозир бувад, ки вай ҳар замон ба такаллуф ҳолу рақс кунад; ё қавме аз аҳли ғафлат ҳозир бошанд, ки эшон самоъ бар андешаи ботил кунанд ё ба ҳадиси беҳуда машғул бошанд ва ба ҳар ҷонибе менигаранд ва ба ҳурмат набошанд; ё қавме аз занони назорагӣ бошанд ва дар миёни қавми ҷавонон бошанд, агар аз андешаи якдигар холӣ набошанд, ин чунин самоъ ба кор наёяд. Маънии ин, ки Ҷунайд гуфтааст, ки дар самоъ замон ва макону ихвон шарт аст, ин аст.
Аммо нишастан ба ҷое, ки занони ҷавон ба назора оянд ва мардони ҷавон бошанд аз аҳли ғафлат, ки шаҳват бар эшон ғолиб бувад, ҳаром бувад, ки самоъ дар ин вақт оташи шаҳват аз ҳар ду ҷониб тез кунад ва ҳар касе ба шаҳват ба ҷонибе нигарад ва бошад низ, ки дил овехта шавад ва он тухми бисёре фисқу фасод шавад, ҳаргиз чунин самоъ набояд кард.
Пас чун касоне, ки аҳли самоъ бошанд ва ба самоъ нишинанд, адаб он аст, ки ҳама сар дар пеш афкананд ва дар якдигар нанигаранд ва дасту сар наҷунбонанд ва такаллуфи ҳеч ҳаракат накунанд, балки чунон ки дар ташаҳҳуди намоз нишинанд ва ҳама дил бо Ҳақ таъоло доранд ва мунтазири он бошанд, ки чӣ футӯҳ падид ояд аз ғайбат ба сабаби самоъ ва хештан нигоҳ доранд, то ба ихтиёр барнахезанд ва ҳаракат накунанд; ва чун касе ба сабаби ғалаботи ваҷд бархезад, бо вай мувофиқат кунанд, агар дастораш бияфтад, дасторҳо биниҳан. Ва ин ҳама агарчи бидъат аст ва аз саҳоба ба тобеин нақл накардаанд, лекин на ҳар чи бидъат бувад, нашояд ки бисёр бидъати некӯ бошад, ки Шофеӣ мегӯяд раҳматуллоҳи алайҳи: «Ҷамоат дар таровеҳ вазъи Умар аст разийаллоҳу анҳу ва ин бидъате некӯст». Пас бидъати мазмум он бувад, ки бар мухолифати суннате бувад. Аммо ҳусни хулқ ва дили мардумон шод кардан дар шаръ маҳмуд аст. Ва ҳар қавмеро одате бошад ва бо эшон мухолифат кардан дар ахлоқи эшон бадхӯӣ бошад ва расул алайҳиссалом гуфтааст:
«Холиқи-н-носа би ахлоқиҳим» – «Бо ҳар касе зиндагонӣ бар вафқи одат ва хӯи вай кун»; чун ин қавм бад-ин мувофиқат шод шаванд ва аз ин мухолифат муставҳиш шаванд, мувофиқат аз суннат бувад; ва саҳоба мар расулро алайҳиссалом бар пой нахостандӣ, ки вай онро кореҳ буд, валекин чун ҷое одат бинанд, ки барнохостан муваҳҳиш бувад, бархостан бар пой дилхуширо авлотар, ки одати араб дигар аст ва одати аҷам дигар.
Валлоҳу аълам.
АСЛИ НӯҲУМ
Амри маъруф ва наҳйи мункар аст
Ва ин қутбе аст аз ақтоби дин, ки ҳамаи анбиёро бад-ин фиристодаанд, чун ин мундарис (гум, маҳв) шавад ва аз миёни халқ бархезад, ҳамаи шаръ ботил шавад. Аммо илми ин дар се боб ёд кунем би изниллоҳи таъоло:
Боби аввал дар воҷибии вай.
Боби дуввум дар шурути ҳисбат.
Боби саввум дар мункарот, ки ғолиб аст дар одат.
Боби аввал
Дар вуҷуби он
Бидон, ки амри маъруф ва наҳйи мункар воҷиб аст; ва ҳар ки ба вақт бе узре бимонад, осӣ аст. Худои таъоло мегӯяд: «Ва-л-такун минкум умматун йадъуна ила-л-хайри ва йаъмуруна би-л-маъруфи ва йанҳавна ъани-л-мункари», фармон медиҳад ва мегӯяд, ки: «Бояд ки аз шумо гурӯҳе бошанд, ки кори эшон он бувад, ки халқро ба хайр даъват кунанд ва маъруф бифармоянд ва аз мункар боздоранд». Ва ин далел аст, ки фариза аст; валекин фарзи кифоят аст, ки чун гурӯҳе бад-ин қиём кунанд, кифоят бошад, аммо агар накунанд, ҳамаи халқ базаҳкор бошанд.
Ва мегӯяд: «Ал-лазина ин макканноҳум фӣ-л-арзи ақому-с-салота ва оту-з-закота ва амару би-л-маъруфи ва наҳав ъани-л-мункари»; амри маъруфро бо намоз ва закот ба ҳам ниҳод ва аҳли динро бад-ин сифат кард. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Амри маъруф кунед, агар на, Худои таъоло бадтарини шуморо бар шумо мусаллат кунад, он гоҳ чун беҳтарини шумо дуо кунанд, нашунаванд!». Ва Сиддиқ ривоят мекунад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳеч қавм нест, ки дар миёни эшон маъсият равад ва инкор накунанд (наҳй аз мункар накунанд), ки наздик бувад, ки Худои таъоло азобе фиристад, ки ҳамаро бирасад!» Ва гуфт: «Ҳамаи корҳои некӯ дар ҷанби ғазо кардан чун қатрае аст дар дарёи азим; ва ғазо кардан дар ҷанби амри маъруф чун қатрае аст дар дарёи азим». Ва гуфт:
«Ҳар сухан, ки одамӣ гӯяд, ҳама бар вай аст (бар зарари вай аст), магар амри маъруф ва наҳйи мункар ва ёдкарди Худои таъоло». Ва гуфт: «Худои таъоло бегуноҳро – аз хавос – ба сабаби авом, азоб накунад, магар он вақт, ки мункар бинанд ва манъ тавонанд кардан ва хомӯш бошанд». Ва гуфт: «Ҷое манишинед, ки касеро ба зулм мекушанд ё мезананд, ки лаънат борад бар он кас, ки мебинад ва дафъ накунад». Ва гуфт: «Набояд ки ҳеч кас ҷое биистад, ки он ҷо ношоисте равад ва на ҳисбат кунад, ки он ҳисбат на аҷали вай пештар орад ва на рӯзии вай камтар кунад». Ва ин далел аст, ки дар сарои золимон ва ҷое, ки сангар бошад ва ҳисбат натавон кард, нашояд рафтан бе зарурате. Ва аз ин сабаб буд, ки бисёре аз салаф узлат гирифтаанд, ки бозорҳо ва роҳҳо холӣ аз мункарот надидаанд.
Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки дар пеши вай маъсияте равад ва вай кореҳ бошад, ҳамчунон аст, ки ғоиб бошад ва агар дар ғайбати вай равад ва розӣ бошад, ҳамчунон аст, ки гӯӣ ба ҳузури вай меравад». Ва гуфт: «Ҳеч расул набувад, ки вайро ҳавориён буданд – яъне саҳоба, ки пас аз вай ба Китоби Худои таъоло ва суннати расул алайҳиссалом кор мекарданд, то он гоҳ ки пас аз эшон қавме падид омаданд, ки бар сари минбарҳо мешуданд ва сухани некӯ мегуфтанд ва муомилати зишт мекарданд; ҳақ аст ва фариза аст бар ҳар мӯъмине, ки ҷиҳод кунад бо эшон ба даст, агар натавонад – ба забон ва агар натавонад, ба дил ва варои ин худ мусалмонӣ набошад». Ва гуфт: «Худои таъоло ваҳй фиристод ба фариштае, ки: фалон шаҳр зеру забар кун! Гуфт: «Бор Худоё, фалон кас, ки як тарфатулъайн гуноҳ накардааст, дар он ҷост, чӣ гуна кунам?» Гуфт:
«Бикун, ки ҳаргиз як рӯй турш накард, ҷиҳати маъсияти дигарон».
Ва Оиша разийаллоҳу анҳо ривоят мекунад аз расул алайҳиссалом, ки гуфт: «Худои таъоло аҳли шаҳреро ҷумла азоб фиристод, ки дар вай ҳаждаҳҳазор мард буд, ки амали эшон чун амали паямбарон буд». Гуфтанд: «Чаро ё расулуллоҳ?» Гуфт: «Эро ки бар дигарон барои Худои таъоло хашм нагирифтанд ва ҳисбат накарданд». Бӯубайдаи Ҷарроҳ мегӯяд, ки расулро гуфтам алайҳиссалом ки: «Аз шуҳадо кӣ фозилтар?»
Гуфт: «Марде, ки бар султони ҷобир ҳисбат кунад, то вайро бикушад; ва агар накушад, ҳаргиз беш бар вай қалам наравад, агарчи бисёр умр ёбад». Ва дар хабар аст, ки: «Эзади таъоло ваҳй фиристод ба Юшаъ ибни Нун алайҳиссалом, ки: «Сад ҳазор мард аз қавми ту ҳалок хоҳам кард, ҳаштод ҳазор аз некмардон ва бист ҳазор ашрор». Гуфт: «Бор Худоё, некмардонро чаро ҳалок мекунӣ?» Гуфт: «Аз он ки бо дигарон душманӣ накарданд ва аз хӯрдану хостан ва муомилат кардан бо эшон ҳазар накарданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё