Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сероби базми ирфон, бар ташнагон дуо кун.
Наққош, умри рафта сатри хуше надорад,
Бо тавбаву надомат бар Мустаон дуо кун.


Пеши ноаҳл аз накўӣ шумрў афтодаем,
Кулбаи вайронаро нақши накў афтодаем.
Халқи оламро зи илми мо футўҳе дигар аст,
Ин аҷаб бингар, ки аз нашъунумў афтодаем.
Хўю атвори малоик доштанд аҷдоди мо,
Мо чаро аз бетамизӣ тундхў афтодаем?!
Сояи ҳамро тарошем аз замину осмон,
Якдилу ҳамхона бо хасму адў афтодаем.
Бо риёву ғайбату буҳтону кибру манманӣ,
Гарчи якрўем, пеши ҳам дурў афтодаем.
Аз маҳалбозӣ намедонем расми иттиҳод,
З-ин хисоли зишт яксар кў ба кў афтодаем.
Сархушам, Наққош, аз паймонаи Аршад, ки гуфт:
«Мо дар ин майхона бо Ҷам рў ба рў афтодаем».


Ҳадиси рўҳбахше аз Худои зинда мехоҳам,
Ҷимодистони дунёро фазои зинда мехоҳам.
Дар ин дунёи маснўӣ, ки роҳат нест комашро,
Чу гулҳои чаман нашъунамои зинда мехоҳам.
Ду-се рўзе нафас дар синаам банди қафас монда,
Ман он симурғи ирфонам, самои зинда мехоҳам.
Фиреби нафси шаҳвонӣ маро дар зулмат оварда,
Ало, эй Хизри раҳбар, раҳнамои зинда мехоҳам.
Ба чанги зулмати ҷаҳлу дурангиву дуӣ хор аст,
Ҷаҳони маърифатро истилои зинда мехоҳам.
Ба хубони ҷаҳон дил дода бар хоби адам рафтам,
Насими кимиё аз дилрабои зинда мехоҳам.
Ба пайкори силаҳшўрони роҳиаҷнабирафта,
Чу Мўсо дар яди байзо асои зинда мехоҳам.
Нишони интиҳои хуб шуд аз ибтидо пайдо,
Илоҳо, ибтидоро интиҳои зинда мехоҳам.
Барои зиндагону рафтагони кишварам, Наққош,

пешина
аз 73
навбатӣ