Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи даргоҳи Худо ҳар шаб дуои зинда мехоҳам.


Нишони одамӣ кам гашту номи Аҳраман гум шуд,
Адў чун ошно гардид, ҷанги мову ман гум шуд.
Ба чашми ошиқон бепарда то шуд ҳусни маҳрўён,
Ҳадиси Бесутун бегона гашту Кўҳкан гум шуд.
Лаби ноне намебахшад касе баҳри Худо холис,
Мурувват аз дили мардум чу рўҳе аз бадан гум шуд.
Нишони ҷоҳу сарват медиҳад алломаи даврон,
Раҳи тақвою ҳақ аз соҳибони илму фан гум шуд.
Бишуд то касби тоат рўзии ҳаррўзаи ҷамъе,
Тамизи обиди бутхонаву Вайси Қаран гум шуд.
Зи Қуръон ғайри савти хуш намеҷўянд дар маҳфил,
Румузи маънии хос аз қулуби марду зан гум шуд.
Барои мурда мехонанд оёти Каломи Ҳақ,
Агарчи бе намозу рўза умраш дар заман гум шуд.
Дуоҳоро иҷобат неву дармони мараз камтар,
Тариқу раҳнамоиҳои пирони куҳан гум шуд.
Ту ҳам, Наққош, як фарде зи гумроҳони давронӣ,
Насиҳат кун ту худро, ҳарфат оё аз даҳан гум шуд?!


Гар мусалмонӣ, ту ҳар касро дуои бад макун,
Фосиқу бадбахту нокасро дуои бад макун.
Баҳравар хоҳӣ, ки гардад з-ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Модаро, фарзанди наврасро дуои бад макун.
Хонаи обод дориву нигори нозанин,
Хонабардўшони бекасро дуои бад макун.
Гар дуоят носазо бошад, бигардад бар сарат,
Хушзабоно, лолу ахрасро3 дуои бад макун.
Кўшишат ҳеч аст бо идбору иқболи ҷаҳон,
Пешсаф бошӣ агар, пасро дуои бад макун.
Гар ду олам сайр созӣ ҳамчу Мавлонои Рум,
Хонумонбардўши помасро4 дуои бад макун.

Ахрас – гунг, лол.

пешина
аз 73
навбатӣ