Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бурдаи ноне бароҳат то насибат мешавад,
Бар кабобу шаккари мардум нигоҳи бад макун.
Ғайбати муъмин гунаҳ меораду буҳтон – зарар,
Бар гуноҳу кайфари мардум нигоҳи бад макун.
Ҳосид аз дунё ба уқбо рафт бо чашми тиҳӣ,
Бар ҳаёту зевари мардум нигоҳи бад макун.
Чашму қалбатро ҳамеша дар ҳақиқат пок дор,
Бар Худову сарвари мардум нигоҳи бад макун.
Чун гуноҳу аҷри ҳар кас ҳаст подоши амал,
Бар савобу маҳшари мардум нигоҳи бад макун.
Гуфтаи Наққошро чун ганҷу гавҳар кун қабул,
Бар гумону бовари мардум нигоҳи бад макун.

МУХАММАСИ ИБРОҲИМИ НАҚҚОШ БАР
ҒАЗАЛИ АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ

Хокро иксири аъло мекунӣ, бо мо бикун,
Хорро гулзори раъно мекунӣ, бо мо бикун,
Рўҳбахшӣ чун Масеҳо мекунӣ, бо мо бикун,
«Ҳуснро бо ишқ савдо мекунӣ, бо мо бикун,
Аҳдро дар ҳадди Лайло мекунӣ, бо мо бикун».

Пок дорӣ аз кудурат хонаи ойинаат,
Мебарад то қуллаи одобу таҳсин зинаат,
Мефизояд нури қалбам аз дили бекинаат,
«Аз вафо боғи муҳаббат парварӣ дар синаат,
Покбозеро дар он ҷо мекунӣ, бо мо бикун».

Бо сафои чеҳраву он ғабғабу оҷи гулў,
Бо нигоҳи дилфиребу он лабони бўсаҷў,
Бо хироми қомати зебову рухсори накў,
«Заврақи уммедро бо бору барги орзу
Шаҳсавори мавҷи дарё мекунӣ, бо мо бикун».

Покбозон масти рўйи соқиву ҷоми Ҷаманд,
Бетамизон ғофил аз андешаи бешу каманд,

пешина
аз 73
навбатӣ