Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ноқисон сарчашмаи бедоду ошўбу ғаманд,
«Нокасону бераҳон андар шикасти оламанд,
Оқилӣ, тармими дунё мекунӣ, бо мо бикун».

Дар муҳаббат мухтасар бошам, маро нодида гир,
Ғофилонро дар назар бошам, маро нодида гир,
Хусравосо бо Шакар бошам, маро нодида гир,
«Камтар аз Юсуф агар бошам, маро нодида гир,
Меҳрубонии Зулайхо мекунӣ, бо мо бикун».

Ишқро, Наққош, ҷуз ҳиҷрон салои тоза нест,
Чунки рўзи ошиқонро муддату андоза нест,
Баҳраи ошиқ зи ишқи ёр ҷуз овоза нест,
«Ай Хуросонӣ, диёри ишқ шашдарвоза нест,
Якдар аст, оҳанги савдо мекунӣ, бо мо бикун».
НУРИНИСО

Акрамова Нуринисо Акбаровна 1- уми январи соли 1964 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Ў соли 1980 муассисаи таълимии рақами 16-и деҳаи Қалъаи Баландро хатм кардааст.
Нуринисо таҳсилро дар Донишкадаи санъати ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода идома додааст. Шавқи донишомўзӣ дубора ўро соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ меорад ва соли 2010 онро бо ихтисоси педагогика ва писихология хатм намудааст.
Соли 2016 хизматҳои дар соҳаи маориф кардаашро бо нишони «Аълочии маориф» қадрдонӣ кардаанд.
Алъон Нуринисо Акрамова дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳайси муовини дректор фаъолият дорад.
Маҷмўаи ашъораш бо номи «Ашъори боғ» дар дасти чоп аст.

ЁДАТ БА ХАЙР!

Болу парам будӣ, падар,
Тоҷи сарам будӣ, падар,
Кони зарам будӣ, падар,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!

Рўи туро пазмон шудам,
Бўи туро пазмон шудам,
Кўи туро пазмон шудам,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!

пешина
аз 73
навбатӣ