Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун гард ба доманаш нашиштем,
Беҳавсала чун ғубор мондем.
Эй Нуринисо, кунун чӣ нолем,
Бигзашт ваю канор мондем.


Бинам агар хироми қади дилписанди ту,
Дил мениҳам ба сурату қадди баланди ту.
Дар ёди орази ту бас аз хоб мондаам,
Бар ёд оварам гули рўи писанди ту.
Эй шаҳсавори бахт, ба сўям яке нигар,
Бар дида тўтиё кунам гарди саманди ту.
Дар анҷуман ҳикояти дарди маро шунав,
Сад неш бар дилам расад аз нўшханди ту.
Заҳр аст бар мазоқи ман шаҳде, ки дар гул аст,
Рафт умри ман ба ҳасрати лаъли чу қанди ту.
Дар мулки сина бе туям Нуре намондааст,
Ин аст ҳоли он ки шуд побанди банди ту.


Ҳамватан, ид муборак бошад!
Ҷону тан, ид муборак бошад!
Навниҳоли ману гулбоғи умед,
Сарви ман, ид муборак бошад!
Чашмасорию пур аз оби зулол,
Хушсухан, ид муборак бошад!
Вақти хандидану болидани туст,
Ханда зан, ид муборак бошад!
Такягоҳи Нуру уммеди вафо,
Доиман, ид муборак бошад!


Ба боғи ошиқӣ боре гузар кун,
Ба чашмони пур аз розам назар кун.
Асири қомати зебоям, эй ёр,
Вуҷуди худ барои ман сипар кун.
Набошад равшанӣ дар дида бе ту,
Рухатро дар шаби торам қамар кун.

пешина
аз 73
навбатӣ