АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Эй раҳнамою раҳкушо,
Эй давлати бемунтаҳо,
Дар синаам дорӣ ту ҷо,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!
Дар кунҷи ғам зиндониям,
Кай пурсӣ аз сарсониям?
Н-оӣ ту бар меҳмониям,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!
Дарёи ман будӣ, падар,
Саҳрои ман будӣ, падар,
Раҳпои ман будӣ, падар,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!
Бо модарам як ҷо шудӣ,
Аз мо ту бепарво шудӣ,
Танҳо шудӣ, танҳо шудӣ,
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!
Нуринисои беқарор,
Хоки ту гирад дар канор,
Гўяд ба чашми ашкбор:
Ёдат ба хайр! Ёдат ба хайр!
МОДАР
Модарам баҳри ман ту ғамхорӣ,
Рўзи сахтии ман ба ман ёрӣ.
Шод бошам, ту ҳам шавӣ хурсанд,
Ту шифои манӣ ба беморӣ.
Аз нигоҳи ту дил шавад равшан,
Ҳастӣ бар ҷисми хастаам ҷавшан.
Шуълаи гарми зиндагӣ ҳастӣ,
Аз кафи ман раҳо макун доман.
Дўстат дорам, эй паямбари меҳр,
Дўстат дорам, эй шукуфоӣ!
Дўстат дорам, эй таронаи бахт,
Ғами манро зи сина биздоӣ.
Орзуям, ки дар барам бошӣ,
Тахти ҳастию афсарам бошӣ.
Чун ҳумо солҳои тўлонӣ,
Сояафкан ту дар сарам бошӣ.
ҒАЗАЛҲО
Лаззат афзояд ба дил дидори боғ,
Чашм равшан гардад аз гулзори боғ.
Ин саҳар бо ёди лаъли ҷонфизо,
Нўш кардам об аз анҳори боғ.
Хонаи дил кардам аз меҳмон тиҳӣ,
То ту ойӣ сўям аз девори боғ.
Дар хаёли қомати дилҷўйи ту,
Кардаам оғўш исфедори боғ.
Чун расидӣ ҳамраҳи боди сабо,
Кард гул сарпанҷаи ҳар хори боғ.
Дўст медорам туро аз мағзи ҷон,
Эй баҳороғўши хушпиндори боғ.
Нуринисо месароям баъд аз ин,
Бо наю сози тараб ашъори боғ.
Дар ёди ту беқарор мондем,
Овораи ҳар диёр мондем.
Аз ханда нашуд мурод ҳосил,
Бо дидаи ашкбор мондем.
Дар ҳасрати рўи он парирўй,
Эй вой, чи хорузор мондем.
Афзуд ба сина чун ғами ёр,
Аз дидаи эътибор мондем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё