АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Биё танҳоии қалбам намо пур,
Ки дар танҳоӣ бас заҳмат кашидам.
Биё, то як нафас ҳамроз гардем,
Ба ҳам дар зиндагӣ дамсоз гардем.
Аниси синаи садпораи ман,
Ба боғи ишқ ҳамовоз гардем.
Кунам ҷони азизамро нисорат,
Кашам дар зиндагӣ ранҷи хуморат.
Ғами сарват, ғами давлат надорам,
Агар ҷоям диҳӣ андар канорат.
Сафои синаи Нуринисоӣ,
Ба ман чун ҷони ширин ошноӣ.
Ба чашмони базебу тарҳи воло,
Гулистони ҳаётамро сафоӣ.
Чу булбул дар баҳорон нағмасозем,
Суруди дилкаши гулҳои бозем.
Диёри ишқ гирад равнақ аз мо,
Ба меҳроби таманно дар намозем.
Ба бўстони ҳавас то дил бубастем,
Зи доми макри бадаҳдон нарастем.
Набурда соате бе дарди сар умр,
Дили худро ба санги ғам шикастем.
Агарчанде ба худ ғарқам, Худоё,
Асири ҳиллаву зарқам, Худоё.
Дар ин маъво дили бишкаста дорам,
Пур аз ғам пой то фарқам, Худоё.
Дар ин саҳро чу хошоки палаштем,
На ҳамчун лолаи озоди даштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё