АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Вале бо ин ҳама бечора будан,
Зи роҳи хештан вопас нагаштем.
ЗАРАФШОНИ ХУРОСОН
Зарафшони Абдураҳмон (Хуросон) 10 марти соли 1967 дар деҳаи Дараи Калоти ноҳияи Ҳамадонӣ дида ба олам кушодааст.
Ў маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 34-и ба номи Камолиддин Беҳзоди зодгоҳаш гирифтааст.
Шавқи донишҷўӣ ўро ба даргоҳи Университети давлатии Тоҷикистон овардааст. Шуъбаи танқиди адабии факултаи филологияи тоҷикро бо баҳои аъло хатм намудааст.
Зиндагӣ ўро водор намуд, ки барои маълумоти дуюм ба Донишгоҳи техники Тоҷикистон, ба номи Муҳаммад Осимӣ шомил шавад.
Аз соли 1996 то имрўз ба сифати нозири корхонаи саноатӣ ва ғайрисаноатии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе фаъолияти касбӣ мебарад.
Аз хурдӣ ба шеър меҳр меварзад ва шеърҳояш борҳо дар рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» нашр шудаанд. Ин силсила аз дафтари ба табънарасидаи ашъори ўст.
ПАДАРАМ
Падарам, ҷону ҷаҳонам падарам,
Падарам, зўру тавонам падарам.
Ба куҷо дидӣ ятими хушбахт?
Падарам, бахти ҷавонам, падарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё