Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои каналҳои паҳнкунӣ Аксарияти истеҳсолкунандагон ба бозор молҳои худро ба воситаи миёнараваҳо пешниҳод менамоянд. Ҳар яки онҳо мехоҳанд канали тақсимоти шахсӣ ташкил диҳанд.
Канали тақсимот- ин маҷмўаи фирмаҳо ё шахсони алоҳидае, ки ҳуқуқи мулкии моли мушаххасро аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда ба каси дигар додан ёрӣ мерасонанд.
Барои чи истехолкунанда тайёр аст, ки қисми корҳои фурўшро ба зиммаи миёнарав гузорад? Ин чунин маъно дорад, ки ў қисман назоратро аз болои чи тавр ва ба ки фурўхтани мол гум мекунад. Бо вуҷуди он истеҳсолкунанда мешуморад, ки истифодабарии миёнаравҳо манфиати муайян меоранд.
Дар бисёри истеҳсолкунандагон барои баҷоории маркетинги мустақим захираҳои молиявӣ намерасад.
Дар бисёр ҳолатҳое, ки агар истеҳсолкунанда маблағҳоро ба фаъолияти асосии хеш равона созад, назар ба ташкили канали шахсии паҳнкунии мол бисёртар фоида ба даст меоварад.
Канали тақсимот: роҳе, ки бо ў мол аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда ҳаракат мекунад. Аъзои канали тақсимот якчанд функсияҳои муҳимро иҷро менамоянд:
*корҳои тадқиқотӣ: ғундоштани маълумот барои банақшагирӣ ва мубодила; *ҳавасмандкунии фурўш: ташкил ва паҳн намудани алоқаҳои намоиш оид ба мол; *муқарраркунии ҳамкорӣ: ташкил ва нигоҳ доштани алоқа бо харидорони потенсиалӣ; *мутобиқшавии мол: мувофиқкунии мол ба талаботи харидорон; *гузаронидани гуфтугузор: кўшиши мутобиқаи нарх ва дигар шартҳо барои баҷоории амали додани амвол; *ташкили ҳаракати мол: боркашонӣ ба анбор ҷойкунии мол; *маблағгузорӣ: ҷустуҷў ва истифодабарии чораҳо барои рупўш намудани хароҷот оид ба маблағгузории каналҳо; *қабули хавф: ба худ қабул намудани масъулият оид ба мавчудоти каналҳо.
Иҷроиши панҷ канали аввал барои бастани созишнома мусоидат мекунад.
Каналҳои паҳнкуниро аз рўи шумораи қисмҳои таркибӣ ва сатҳи онҳо тасвир кардан мумкин аст. Сатҳи каналҳои паҳнкунӣ- дар як миёнараве, ки ин ё он корро оид ба наздик кардани мол ё ҳуқуқи мулкии хешро ба истеъмолкунандаи охирин иҷро менамояд.
Якчанд каналҳои маркетинги дарозии гуногундоштаро дар расм нишон медиҳем.

пешина
аз 91
навбатӣ