Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Канали сатҳи
ба сифр

баробар

Истеҳсолку-Истеъмолку-

нанда нанда
Канали

яксатҳа

Истеҳсолку-Фурўшандаи Истеъмолку-

нанда чакана нанда
Канали

дусатҳа
Фурўшандаи

Истеҳсолку-яклухт Фурўшандаи Истеъмолку-

нанда чакана нанда
Канали
сесатҳа
Фурўшандаи
яклухт
Истеҳсолку-Фурўшандаи Истеъмолку-Фурушандаи
нанда чакана нанда яклухти майда

Расм. Каналҳои тақсимоти сатҳҳои гуногун.

Канали сатҳи ба сифр баробар (канали маркетингӣ мустақим) аз истеҳсолкунанда,

ки моли худро бевосита ба харидор мефурўшад иборат аст. Се усули асосии маркетинги

мустақимро мушоҳида кардан мумкин аст: савдо бо усули бурдарасонӣ, савдо бо усули

молфиристонӣ, савдо бо воситаи магазинҳои фирма(корхона).

Канали яксатҳа, як миёнаравро дар назар дорад. Дар бозори истеъмолкунандагон

ин миёнарав фурўшандаи чакана, дар бозори молҳои дар саноат истифодашаванда-

агенти фурўш ё худ брокер ба ҳисоб меравад.

Канали дусатҳа аз 2 миёнарав иборат аст. Дар бозорҳои истеъмолкунанда роли ин

миёнаравҳоро фурўшандагони яклухт ва чакана мебозанд, дар бозори молҳои дар саноат

истифодашаванда миёнаравҳо-дистрибютор (паҳнкунанда) ва дилерҳо (агентҳои савдо)

мебошанд.

Канали се сатҳа аз се миёнарав иборат аст. Мисол, дар корхонаҳои саноатии

гўшткоркунӣ дар байни фурўшандагони яклухт ва чакана, фурўшандагони яклухти майда

фаъолият мекунад. Онҳо молро аз фурўшандагони яклухти калон харида ба

фурўшандагони чакана мефўрушанд.

Роҳҳои ташаккулдиҳии таркиби каналҳо

Барои ташаккулдиҳии (ташкилдиҳии) каналҳои паҳнкунӣ доимо мувофиқ кардани

хоҳиш ба имконият зарур аст. Ба хотири маҳдуд будани захираҳои молиявӣ фирма ода-

тан хизмати миёнаравҳои мавҷударо истифода мебарад. Дар бозорҳои маҳаллӣ шумораи

миёнаравҳо на он қадар бисёранд: якчанд агентҳои савдои истеҳсолкунанда, якчанд сав-

догари кўтарафурўш, якчанд компанияҳои нақлиётӣ ва якчанд корхонаҳои анбордор.

пешина
аз 91
навбатӣ