Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Эълон (реклама) на фақат ба мақсади харидоронро ба тамға ва намудҳои мол шиносонидан, балки асосан ба мақсади васеъ намудани фурўш офарида мешавад.
Дар ин асно функсияҳои мақсаддори эълон чунинад:
*барпо намудани обрўи корхона; *барои ин молҳо пайдошавии истеъмолкунандагон, мусоидат кунад, яъне талаботро офарад; *ба истеъмолкунандагон додани маълумотҳои зарурӣ оид ба мол; *фурўш таъмин карда шавад. Ҳаҷми фурўши ноилшуда нигоҳ ва васеъ карда шавад.
Эълони хуб истеъмолкунандаро водор мекунад, ки вай ба тариқи автоматикӣ оид ба талаботи муайян ба молҳои пешниҳодшуда фикр монандкуниро сар мекунад, ба мақсади он, ки маҳз ҳамин мол ба талаботи ў ҷавобгў мебошаду халос.
Барои ҳамин оид ба ҳамаи дигаргуниҳо ва навовариҳо доимо хабардор кардани истеъмолкунандагон:
*харидорро бедор менамояд, худро ба мол ва истеҳсолкунандаи ў (суханрованӣ) монанд мекунад; *ба ин мол симои (имидж) муайян медиҳад.
Пулро барои эълон на фақат фирмаҳои тиҷоратӣ, балки музейҳо, фондҳо ва ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои ба гурўҳҳои мақсаднок бурда расондани мақсади худ сарф менамоянд. Эълон (реклама) барои мақсадҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
Ўро барои ташкил додани симои дурудароз ташкилот (эълони обрўдор), барои муддати дурудароз ҷудо намудани моли тамғаи мушаххасдор ( эълони тамға), барои паҳнкунии маълумотҳо оид ба фурўш, хизматрасонӣ ё худ ягон ҳолат (эълони сарлаҳавӣ), барои эълон намуди фурўши мол бо нархи кам кардашуда ( эълони фурўш) (фурўхтан) ва барои симои ғояи (идеяи) мушаххас (эълони шарҳдиҳӣ-тарғиботӣ).
Одатан ҳамаи ин корҳоро агенства (шўъба) эълонҳо иҷро менамоянд. Ин агенства аз чор шўъбаи асосии зерин иборат аст:
*шўъбаи эҷодӣ, машғули кор карда баромадан ва баровардани эълонҳо; *шўъбаи воситаҳои эълон, масъулияти воситаҳои эълон ва ҷойгиркунии эълонҳо дар зиммаи онҳо; *шўъбаи тадқиқот, характеристика ва талаботи гурўҳҳоро меомўзад; *шўъбаи тиҷорат ба фаъолияти тиҷоратии агенства машғул аст.

Давраҳои кор карда баромадани нақшаи эълон ( реклама)
Кор карда баромадани нақшаи эълон аз давраҳои зерин иборатанд:

пешина
аз 91
навбатӣ