Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Давраҳои кор карда баромадани нақшаи эълон (реклама)

  1. Муқарраркунии нарх

  2. Муқарраркунии масъулиятнокӣ

  3. Муайян намудани буҷа

  4. Коркарда баромадани мавзўъ

  5. Интихоби воситаҳои эълонҳо

  6. Офаридани эълонҳои намоишӣ

  7. Интихоби вақти эълонҳо

  8. Таҳлили кўшиши муштарак

  9. Муайян намудани муваффақият / нобарорӣ

Истеҳсолкунанда дар давраи якум мақсади асосии эълон (рекламаи) моли худро муқаррар менамояд. Дар давраи дуюм барои муқарраркунии эълон (реклама) шахси мутасаддиро аниқ мекунанд.

Дар давраи сеюм фирма бояд барои эълон бюджети сарф мешудаи худро муайян кунад.

Дар давраи чорўм барои тартиб додани эълонҳо (рекламаҳо) мавзўъҳои аниқ кор карда мебароянд.

Дар давраи панҷум фирма бояд воситаҳои эълонро (рекламаро) интихоб кунад.
Интихоби воситаҳои эълон (реклама) бояд аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва маркетингӣ гузаронида шавад.

пешина
аз 91
навбатӣ